Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ҳангоми сафари корӣ ба ҷамоати деҳоти Косатароши ин шаҳр шоир ва рӯзноманигор Шодӣ Сатторро аёдат кард.

Маркази матбуотии шаҳри Панҷакент хабар додааст, шаҳрдор бо ин адиб гуфтугӯ карда, барои хидмат ва саҳми шоиста дар адабиёти кӯдакон, таълифи мақолаҳои зиёди публисистӣ ва парвариши насли ҷавон аз вай сипосгузорӣ кард.

Гуфта мешавад, Шодӣ Саттор ҳарчанд 80-солагиро пушти сар намудааст, бардам аст ва ба донишомӯзони мактаби зодгоҳаш алифбои ниёгон меомӯзонад. Ҳамчунин дар корҳои ҷамъиятӣ ва тарбияи ҷавонон фаъолона ширкат мекунад. Бояд гуфт, Шодӣ Саттор 3-юми феврали соли 1944 дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, пас аз хатми дабиристони деҳааш ва Донишсарои Хуҷанд дар дабиристонҳои гуногун ба унвони омӯзгор ва рӯзноманигор кор кардааст.

Ӯ муаллифи ашъори зиёди кӯдакона мебошад, ки дар китобҳои «Зангӯла» (1971), «Гулдаста» (1972), «Ин қадар ширин» (1980), «Сӯфитурғай» (1981), «Аллаи модар» (1986), «Дарвозаи тилло» (1988) ва «Маро талаб» (2007) гирд оварда шудаанд.

Шодӣ Саттор ҳамчунин шеърҳои Мирсаид Миршакар, Убайд Раҷаб, Бобо Ҳоҷӣ, Гулчеҳра, Муҳйиддин Фарҳат, Абдумалик Баҳорӣ ва Нуъмон Розиқро аз забони форсии тоҷикӣ ба ӯзбекӣ баргардон кардааст. Чанде аз шеърҳои худаш ба забонҳои русӣ, қазоқӣ, туркмонӣ ва ӯйғурӣ тарҷума шудааст.

Гуфтанист, Шодӣ Саттор узви иттиҳодияҳои нависандагон ва рӯзноманигорони Тоҷикистон буда, барандаи Ҷоизаи Абулқосим Лоҳутӣ шумурда мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь