Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар баробари давра ба давра рӯ ба тараққӣ ниҳодани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ, инчунин дигар самтҳои муҳими рӯзгори ҷомеаи тоҷик, соҳаи тандурустӣ низ бо талош ва назари хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат, давлату Ҳукумати мамлакат рушд ёфта, дар заминаи он имрӯзҳо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мутобиқ ба талаботи давр роҳандозӣ шудааст”, иброз дошт зимни як суҳбати ихтисосӣ сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент Раъно Абдуллоева.

Ҳамзамон, мавсуф тазаккур дод, ки дар давраи ҳисоботӣ таҳкими заминаи моддӣ техникии соҳа идома дорад. Дар беморхонаи марказии шаҳр томографи компютерӣ ба кор шурӯъ намуд. Инчунин, дар БМШ бо ёрии молии ташкилоти USAID-и ИМА сехи истеҳсоли туршизой/ кислород сохта ба истифода дода шуд. Маркази байнишаҳрии дилшиносӣ бо дастгоҳҳои нави ЭКГ, монитори наздикатӣ ва нафасдиҳии сунъӣ таъмин гардид. Бо истифода аз имконоти дохилӣ ва буҷети маҳаллӣ тармини БМД-и Рукнобод идома дорад.

Сохтор

Ҳамзамон, мавсуф қайд намуд, ки ба аҳолии дар шаҳру деҳоти Панҷакент 159 муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла 23 адад муассисаҳои тиббии бахши госпиталӣ бо захираи 1290 кат: беморҳои марказии шаҳр 375 кат, таваллудхонаи шаҳрӣ 80 кат, беморхонаи бемориҳои сироятӣ 70 кат, беморхонаи бемориҳои кӯдакона 100 кат, маркази дилшиносии байнишаҳрӣ 40 кат, марказҳои зидди бемориҳои сил 40 кат, маркази солими руҳӣ 50 кат, наркологӣ 10 кат, маркази бемориҳои пусту зухравӣ 60 кат, 13 адад беморхонаҳои минтақавӣ 420 кат, МНДСЭ, маркази саломатии шаҳрӣ, 40 адад марказҳои саломати деҳот, 65 адад хонаҳои саломатии деҳот, марказҳои стомотологӣ, маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, маркази солимии репродуктивӣ, маслиҳатгоҳи психологӣ-тиббӣ- педагогӣ, маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, маркази иммунопрофилактика, маркази бемориҳои тропикӣ, маркази тибби машварати ҷавонон ва 22 адад муассисаҳои тибби хусусӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

Захираи кадрӣ

Дар идома номбурда қайд намуд, ки ба 1.07.2022 дар муасисаҳои тиббии госпиталӣ ҳамагӣ 171 духтурон ва 681 нафар кормандони миёнаи тиб кору фаъолият доштанд.

Аз ҷумла, 191, 75 ва 679 воҳиди кории духтурӣ ва 660 воҳиди кории кормандони миёнаи тибб батартиб 186,75 ва 679 воҳидҳои корӣ банд аст.

Пас аз ҳисобу китоб ва таҷдиди назари нав индикатори дараҷанокии тахассусии духтурон то ба 76,2 %, кормандони тибб бошад то ба 66,2 % боло рафтааст. Дар БМШ як нафар ҷарроҳ номзади илмҳои тибб фаъолият дорад.

Дар давоми 6 моҳи аввали соли равон 41 нафар ба кор қабул карда шуд.

Дар давоми 6 моҳ 4 нафар духтурон ва 48 нафар кормандони миёнаи тибб ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд.

Нақша ва иҷроиш

Ба мо маълумот дода шуд, ки ба аҳолии шаҳру деҳоти Панҷакент 22 статсионар бо захираи 1245 кат, аз ҷумла БМШ, 13 адад беморхонаҳои минтақавӣ, 5 марказ хизмати шифохонагӣ мерасонад.

Структураи тахассусии захираи катҳо бетағйир боқӣ монда, катҳои терапевтӣ 20,3 %, барои таваллуд 12% ва ҷарроҳӣ 8,9 % бартарӣ доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар статсионарҳо ҳамагӣ 18 061 бистарӣ гаштанд.

Маврид ба тазаккур аст, ки захираи катҳои маркази дилшиносӣ 115,4 %, шуъбаҳои таваллуд 262,2% ва патологияи ҳомиладории таваллудхона 206,2 % бо сарбории аз ҳад зиёд кор кардаанд.

Ба ҳисоби миёна як кат 135,3 рӯз банд буд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021 12,1 рӯз зиёдтар аст.

Гардиши кат яке аз индикаторҳои асосии тиббӣ ва молиявӣ буда, ба 14,5 баробар аст.

Яке аз нишонгарҳои асосии фаъолияти статсионар фавти беморхонаӣ мебошад. Индикатори фавқуззикр аз бистаригардонии саривақтии беморон, сифати табобати тогоспиталии онҳо ва ташкили протсеси ташхису табобат дар бемористон шаҳодат медиҳад.

Ҳамагӣ як ҳодисаи фавти модарон дар статсионар ба қайд гирифта шудааст.Индикатори фавти модарон аз 31,1 % -и нимсолаи аввали соли 2021 дар ҳамин давраи соли 2022 то ба 27,9% поин рафтааст.

Ҳамагӣ 44 ҳодисаи фавти перинаталӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 12.3 (2021-16,4) промилеро ташкил медиҳад. Дар структураи фавти перинаталӣ афгона 52,2% ва фавти бармаҳали неонаталӣ 47,8 фоизро ташкил медиҳад.

Таваллуд бо буриши қайсарӣ 338 (2021-413) нафар гузаронида шудааст.

Барои амалӣ намудани ҳадафҳои Барномаи милли “Муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва алоими муктасабаи норасоии масуниятдар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” чорабиниҳои зарурӣ роҳандозӣ шудаанд. Дар қайди Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/АМНМО-и шаҳри Панҷакент шумораи умумии ҳомилон ва мубталоёни ВНМО ба 473 нафар расидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бори нахуст 20 нафар сироятёфтагони ВНМО, аз ҷумла як нафар кӯдаки синну соли то 18 сола ба қайд гирифта шудаанд.

Индикатори сироятёбӣ ба ВНМО/АМНМО ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ аз 140,8 %-и соли 2021 то ба 14936% дар соли 2022 боло рафтааст.

Дар ҳудуди шаҳру деҳот 7895 нафар бо усули озмуни тестӣ ва 7100 нафар бо усули иммуноферменти ҷиҳати ошкорсозии вируси норасоии масунияти одам ташхис шудаанд.

Рафти иҷрои Фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.10.2018 №994 ва фармоиши Раёсати тандурустии вилояти Суғд аз 03.06.2019 №97 “Дар бораи тасдиқи тартиби гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон”пайваста зери назорат қарор дорад.  Дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 1284 амалиётӣ хатна, аз ҷумла 198 (2021-282) амалиёт дар байни кӯдакони синни то 20 рӯза гузаронида шудааст.

Дар суҳбат ба мо сардухтур изҳор дошт, ки албатта, мо тамоми имкониятҳоро баҳри беҳдоштӣ ва пешгирии бемории аҳолӣ равона кардаем, зеро шиори мо табибон ин гуфтаи ҳикматомези Пешвои муаззами миллат аст: Саломатии миллат бойигарии давлат аст! Дар оянда низ талош мекунем, ки донишу малакаи худро баҳри саломатии мардум сарф намоем, зеро ҳамагон медонем, ки саломатии миллат ин ганҷи ноёби давлат аст.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь