Дар арафаи ҷашни 3000-солагии Ҳисори Шодмон аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби ҳадяи бузург, яъне ба Ҳисор статуси шаҳрро дод. Ин бешубҳа қиматтарин тӯҳфа аст, ки мардуми шарафманди Ҳисор ба он муваффақ шуданд. Акнун ба мо, сокинон, лозим аст, ки сазовори шаҳрванди комили ин шаҳр буданамонро собит созем. Банда лозим донистам, ки оиди баъзе масъалаҳо андешаҳои худро рӯйи коғаз оварам.

Аввалан оиди хизматрасонии нақлиёти мусофирбар сухане чанд гуфтаниям. Насли калонсол нағз дар хотир доранд, ки терминали Ҳисор пур аз автобусҳо буд: ба колхозу совхозҳо, ба деҳаҳои дурдаст, хусусан ду хатсайри калон ба самти пойтахтамон шаҳри Душанбе бо ду роҳ ва ба самти Шаҳринав буд. Ин намуди нақлиёт, яъне автобусҳо, барои сокинон ҳам арзон ва ҳам қулай буданд. Ин анъана солҳои аввали Истиқлолият давом дошт. Вале баъдтар танзиму меъёри хизматрасонӣ бо сабабҳои номаълум барҳам хӯрд. Ҳоло бошад ҳар кас худаш медонаду дави аспаш. Ҳама маршруткачиву кирокаш шудаанд ва аз болои онҳо ягон назорате нест.

Ин ҷо қайд кардан лозим аст, ки дар давраи Шӯравӣ барои кирокаш шудан камаш 3 сол собиқаи ронандагӣ доштан зарур буд ва он ҳам баъди аз санҷиш гузаштан, иҷозат дода мешуд. Ҳоло бошад, ҳайҳот: мардак мошин ва шаҳодатномаи ронандагиро мехараду рост мошинро барои кирокаши ба самти муайян ба навбат мемонад.

Боре аз чунин навронанда пурсон шудам:

– Додар, охир дирӯз мошин харидиву рост дар навбати кирокаши истодаӣ?

– Бале, ака, – гуфт ӯ дар ҷавоб, -дар ҳамин кирокаши каме кор карда, дастам рост шавад гуфтам. Баъд ин суву он сӯ гардам мегӯям.

Ногуфта намонад, ки мо ҳам дар сари чанбарак менишинем. Лек борҳо шоҳиди он гаштаам, ки баъзе садамаҳои хурду калон бо айби чунин навшофирон рух медиҳад. Илова бар ин роҳҳо, хусусан маркази шаҳри Ҳисор қариб, ки ба талаботи ҳаракати нақлиёт ҷавобгӯ нестанд. Баъзе вақт чунон тамбашавӣ ба амал меояд, ки хаёл мекунӣ тамбашавии хиёбони бузурги Арбати шаҳри Маскав дар пеши ин ҳеҷ аст.

Ин бандаи камтаринро касе водор накардааст, ки ба камбудиҳо ва муаммоҳои ин шаҳри бузург дахолат намоям. Ба ҳар ҳол фикру андешаҳои худро баён намуданиям.

Санъату маданият воситаи бузурги рӯҳнавозиву хушиҳои инсонӣ аст. Чӣ дар давраҳои пеш ва ҳоло низ ин санъату маданият дар Ҳисори Шодмон дар авҷи аълост. Аммо, афсус, чорабиниву консертҳо қариб ки нестанд.

Дар идомаи андешаҳои худ як чиро қайд карданиям, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аснои нақшаи генералии Ҳисор пеш аз ҳама ба санъату фарҳанг, маориф ва илм, ба гузаштаи Ҳисор ва баланд бардоштани завқи китобхонии мардум таваҷҷӯҳ намуданд. Ба роҳбари ҳамонвақтаи Ҳисор Усмон Сабзов, супориш дода шуд, ки ин иншоотҳои ҳаётан муҳим сохта ба истифода дода шаванд. Дар андак муддат қасри бузурги фарҳанг, осорхонаи калон, китобхонаи барҳаво ва бинои шӯъбаи маориф дар муддати муайян сохта шуданд. Дар бораи Қасри фарҳанг дар боло гуфта гузаштам. Хаёл мекунам ба Осорхонаи миллии Ҳисор низ мардум хеле кам ташриф меоранд. Албатта, шахсони масъули муассисаву ташкилотҳои давлативу таълимиро лозим аст ба ин масъала ҷиддӣ рафтор намоянд.

Дар хусуси китобхона ва хизматрасонии кормандон воқеаеро нақл кунам, ки худи ман аз сар гузарондам. Ман хостам китоби шоири номдори доғистонӣ -Расул Ғамзатов “Доғистони ман”-ро ки 40 сол муқаддам мутолиа карда будам, бори дигар варақ занам. Бо ин мақсад ба китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор муроҷиат намудам. Бовар кунед, барои як китоб қариб як ҳафта давидам. Ба ман муяссар нашуд, ки китобро гирам. Хуллас баъди даъвоҳо корманди китобхона ба ман гуфт, ки “китобро медиҳам, вале шиносномаатонро ба гарав мемонед.” Баъди чанде ба идораи Муассисаи нашриявии “Адиб” бо кори шахсиам даромадам. Дар китобхонаи ин идора ҳамон китобро дида, илтимос кардам, ки илоҷаш бошад китобро гирифта мутолиа намуда, баргардонам. Корманди китобхона онро дар дафтараш қайд намуда имзоямро гирифту ман аз он китоб бархӯрдор шуда, баъди мутолиа онро баргардондам. Агар кормандони китобхонаи Ҳисор бо мардум чунин муомила кунанд, пас онҳо чӣ тавр китобхонӣ меоянд?!

Назаралӣ ШАРИФОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь