Исфара. Минтақае, ки дар чанд соли охир дар сархати хабарҳо қарор дорад. Аз як ҷониб муноқишаҳои марзӣ боис шуда, ки таваҷҷуҳи ҷомеа ба ин шаҳр бештар гардад ва он ҳамчун рамзи ваҳдати мардуми кишвар баромад кунад. Аз ҷониби дигар мардуми меҳнатқарин, соҳибкорони бо нангу номус ва роҳбарони масъулиятшиносаш бо меҳнати худ ин гӯшаи диёрро боз ҳам ободтару зеботар гардонидаанд. Натиҷаҳои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар Исфара далели ин гуфтаҳо буда, дар саргаҳи ин дастовардҳо бешак раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода меистад.

Иҷрои нақшаи буҷет ва сармоягузорӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар зарфи нӯҳ моҳи соли 2023 ҳамаи тадбирҳоро ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр сафарбар намуда, пешравии нишондиҳандаҳои асосиро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таъмин намуд. Дар ин  давра нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ 104% иҷро шуда, ба буҷет ба ҷои 118 млн. сомонӣ 122,67 млн. ворид гардид, ки нисбати нақша 4.64 млн. сомонӣ ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда қариб 8,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 103,9% иҷро шуда, ба буҷет 86,6 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки  нисбати нақша 3,2  млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Яъне маҳз корбарии дуруст ва пеш гирифтани сиёсати мутобиқ ба замон боис шуда, ки дар Исфара нақшаи ҷамъоварии андоз барзиёд таъмин карда шавад. Ин иҷрои барзиёд бошад, имкон медиҳад, ки корҳои ободонӣ равнақи тоза гиранду маоши кормандони соҳаи буҷетӣ сари вақт ва пурра пардохт гардад.

Илова бар ин туфайли корбариҳо бо аҳолӣ ва ҷалби нерӯи соҳибкорон имрӯз дар Исфара шояд деҳае набошад, ки кӯчаҳои дохили он асфалтпӯш нагардида бошанд. Танҳо зикри он кофист, ки дар давоми ҳамин сол дар ҷамоатҳои деҳоте чун Чоркӯҳу Навгилем, Сурху Чилгазӣ мумфаршкунии роҳҳои дохили маҳаллаҳо сурат гирифтанд. Маводҳои зиёд оид ба ин раванди кор дар Исфара дар шабакаҳои иҷтимоие, ба мисли Фейсбук паҳн карда шудаанд ва шоҳиди ваҳдату ягонагии мардум ва сарҷамъии онон дар атрофи мақомоти маҳаллӣ, хосса раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода мебошад.

Истеҳсол зиёд шуд

Далелҳо аслан гарданшаханд ва наметавон онро бо салоҳдиди худ тағйир дод. Балки факту рақамҳо шаҳодати чӣ гунагии вазъ мебошанд. Ин нукта дар мисоли Исфара низ истисно нест. Ба маълумоти зер диққат диҳед:  Дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар Исфара ба маблағи умумии 427 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ки дар қиёс ба соли пешин 47,9 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати рушди истеҳсолот 112,6% таъмин карда шуд.

Дар ин давра 17 корхонаҳои ин шаҳри ҳамешаҷавон суръати рушди истеҳсоли маҳсулотро аз 130,6%  то 269% таъмин намуданд.

Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ бошад, дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 891,5 миллион  сомониро ташкил намуда, суръати афзоиши он 113,5  фоиз  таъмин  гардид.

Бунёдкорӣ ва хонаҳои бисёрошёна

Исфара дигар шаҳри кӯчак ва ё шаҳре, ки аз даврони Шӯравӣ ба мерос мондааст, нест. Балки дар баробари маркази фарҳангӣ буданаш, инчунин нуқтаи ободкориҳову созандагиҳост. Имрӯзҳо дар ин шаҳр биноҳои баландошёна қомат рост карда истодаанд, дар муассисаҳои таълимӣ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома доранд. Ивази мебелу таҷҳизоти хониш, таъмин бо мизу курсиҳои замонавӣ, таъмини бунгоҳҳои тиббӣ, хона ва марказҳои саломатӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ дарак аз рушду нумӯъ дар Исфараро медиҳанд. Ин ободкориҳо бо миллионҳо сомонӣ анҷом дода шуда истодаанд ва барои ин кор шароити хубу мусоид аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара фароҳам оварда шудааст.

Дастгирии кадрҳои ҷавон

Дар таърих сухане ҳаст: Кадрҳо ҳамаро ҳал мекунанд. Дар Исфара низ ин масъала истисно нест. Маҳз роҳбарии дурусти кадрӣ аз ҷониби шаҳрдори Исфара боис шуда, ки дастгирии кадрҳои ҷавони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ рӯйи кор ояд. Чанде пеш беш аз 40 нафар омӯзгорони ҷавон ва кормандони соҳаи тиб бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд ва ин гуна рӯйдод дар кишвар кам рух медиҳад.

Дар шароити кунунӣ, ки одатан аз камбуди кадрҳо ва фирори мағзҳо сухан меронанд, таҷрибаи Исфара ва дастгирии иҷтимоии мутахассисони ҷавон дар ин минтақа намунаи ибрат мебошад.

Хизмат ба Ватан қарзи ҳама мардон аст

Яке аз нахустинҳо шуда дар миқёси Ҷумҳурӣ деҳаҳои Ворух ва Чоркӯҳ дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ нақшаро иҷро карданд. Таъмини нақша дар ҷои холӣ ба даст наомадааст, балки туфайли корбариҳои дуруст ва тарғиботу ташвиқот имрӯз ҷавонони исфарагӣ бо амри дилу виҷдон хизмати ҳарбиро ихтиёр кардаанд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик шаҳри Исфара нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбиро таъмин намояд.

– Мо, – мегӯяд раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, – таҳти дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош дорем, ҳамеша бо мардум бошем ва барои ҳалли мушкилоти онҳо, беҳдошти зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии онон аз ҳамаи имкониятҳо истифода барем. Мардуми Исфара аз азал ободкоранд. Аз ин рӯ он ободкориҳое, ки дар Исфара рӯй дода истодаанд, маҳз дар ҳамбастагӣ бо мардум ба даст меоянд. Дар баробари ин ҳамеша аз тарафи роҳбарияти шаҳр ва сохторҳои марбута афзалият ба баррасии муроҷиати шаҳрвандон ва дар муддати кутоҳтарин ҳал намудани онон дода мешавад. Зеро маҳз туфайли халқ, сарҷамъии он мо тавониста истодаем корҳои ободониро дар Исфара ба роҳ монем ва баҳри гулгулшукуфии ин гӯшаи диёр талош варзем.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь