Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур яке аз аввалин мактабҳои олии ҷумҳурӣ буда, соли 1931 дар Хуҷанд бо номи Донишкадаи меваю сабзавотии Осиёи Миёна (ДМСОМ) ташкил ва соли 1934 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон номида шуд. 7 августи соли 1944 Институти хоҷагии қишлоқ аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Сталинобод (Душанбеи ҳозира) кӯчонида шуд ва соли 1992 ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон табдил кард. Барои абадӣ гардонидани хотираи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик-Шириншоҳ Шоҳтемур, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10.2009 таҳти №603 дар бораи ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон гузоштани номи ин қаҳрамони миллат қарор қабул кард.
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ягона муассисаи олии касбии кишоварзӣ буда, дар самти ихтисосҳои биологӣ, иқтисодӣ, техникию муҳандисӣ мутахассиси сатҳи баланд ва афсари эҳтиётӣ омода менамояд.
Таълим дар ДАТ бисёрзинагӣ буда, бакалавр, мутахассис, магистр ва доктор аз рӯйи ихтисос (PhD) омода карда мешавад. Дар 10 факултети Донишгоҳ айни замон аз рӯи 53 ихтисос донишҷӯён ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 7-тои он ҳамгиро буда, хатмкунандагон якбора соҳиби 2 тахассус мешаванд. Донишгоҳ ягона муассисаи таҳсилоти олии касбии кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки дар тӯли 94 соли фаъолияти худ барои истеҳсолоти кишоварзии ватани азизамон ва берун аз он зиёда аз 60 618 мутахассиси сатҳи баланд омода намудааст.
Дар 49 кафедраи (38 кафедраи тахассусӣ ва 11 кафедраи умумидонишгоҳӣ) Донишгоҳ 348 омӯзгор, аз ҷумла 6 академик ва 7 узви вобастаи АМИТ ва АИКТ, 46 доктори илм, 53 профессор ва 146 номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд. Дар кафедраи ҳарбӣ, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад, афсарони эҳтиётӣ тайёр карда мешаванд. Барои босифат гузаштани машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ 13 бинои таълимӣ, 222 синфхона, 72 озмоишгоҳи таълимӣ, 15 озмоишгоҳи илмӣ-таълимӣ ва 13 маркази компютерӣ, 3 маркази интернетӣ, 2 хоҷагии таълимӣ-таҷрибавӣ дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Ёвон, Институти илмӣ-тадқиқотии биотехнологӣ, Маркази такмили ихтисоси мутахассисони муҷтамеи агросаноатӣ, майдон ва толорҳои варзишӣ, толорҳои барҳавои фарҳангӣ, осорхона, китобхона, хобгоҳҳо, дармонгоҳ, боғи намунавию гармхонаҳо мавҷуданд.
Дар моҳҳои март-апрели соли 2024 Донишгоҳ аз Аккредитатсияи навбатии давлатӣ барои пешбурди фаъолият ба муҳлати 5 соли оянда гузаронида шуда, бо қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.03.2024, №3/10 соҳиби Шаҳодатномаи Т-АД №0001991 гардид. Барои муваффақиятҳои шоён дар таъмини сифат ва афзалият Донишгоҳ соли 2003 бо ҷоизаи байналмилалии “ЭРАИ СИФАТ” мукофотонида шуд. Моҳи марти соли 2017 Кумитаи байналмилалии Суқрот (Оксфорд, Британия Кабир) ДАТ-ро бо ҷоизаи байналмилалии “Донишгоҳи беҳтарини сол” мукофотонид. Донишгоҳ аъзои шабакаи Донишгоҳҳои Евроосиё, Атлантика ва Алянси муассисаҳои олии касбии Хитой ва Осиёи Марказӣ мебошад. ДАТ бо 135 муассисаи олии касбии 24 давлати дунё ва 19 ташкилоти бонуфузи хориҷӣ доир ба тайёр намудани мутахассисон, олимони ҷавон, мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён созишномаҳои ҳамкорӣ дорад.
Ҳамасола, зиёда аз 40 омӯзгори ДАТ ва бештар аз 50 донишҷӯ дар мамлакатҳои хориҷӣ, қитъаҳои Аврупою Осиё коромӯзӣ ва бозомӯзӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва табодули таълимӣ мегузаранд. ДАТ дорои шароити хуби таҳсил буда, мустақилияти донишҷӯён таъмин карда шудааст ва онҳо дар руҳияи омӯзиши арзишҳои умумибашарӣ, азхуд намудани забонҳои сернуфузи хориҷӣ ва ифтихор аз Ватану забон тарбия меёбанд.
Рамзи тартибии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №103 мебошад.
Довталабони гиромӣ, марҳамат ба ДАТ-даргоҳи таълим ва илму ҳунар!