Хатмкардагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни иқтисоди миллӣ кору фаъолият намуда, дар пешрафту тараққиёт ва таҳкими пояи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши арзанда мегузоранд. Мояи ифтихору сарфарозист, ки ман хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастам.

                                                                                                         Эмомалӣ Раҳмон

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бонуфузтарин маркази таълимию илмӣ ва фарҳангии мамлакат ба ҳисоб рафта, дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат дар пешрафти давлати мустақили Тоҷикистон, рушду равнақи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

ДМТ дар рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илм ва маорифи кишвар саҳми босазо гузошта, аз давраи таъсисёбӣ то имрӯз ин боргоҳи илму маърифатро беш аз 150 ҳазор мутахассис хатм намудааст, ки беш аз 90 ҳазори онро хатмкардагони давраи соҳибистиқлолии мамлакат ташкил медиҳад.

Таъмини тадриҷии пояи моддӣ-техникӣ дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба афзудани теъдоди ихтисосҳо, тахассусҳо, озмоишгоҳҳои илмӣ-таълимӣ, синфхонаҳои электронӣ, кабинетҳои методӣ ва кафедраҳо мусоидат намуд. Дар оғози соҳибистиқлолии кишвар дар Донишгоҳ ҳамагӣ аз рӯи 25 ихтисос дар 13 факултет мутахассисон омода карда мешуд. Вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва иқтисодиёти мамлакат имрӯз дар Донишгоҳ аз рӯйи 134 ихтисос мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир омода карда мешавад. Ҳамчунин, вобаста ба гузаштан ба фазои ягонаи таҳсилот ва гузариш ба низоми сезинагии таҳсил имрӯз дар зинаҳои бакалавр, мутахассис ва магистратура мутахассисон омода карда мешаванд.

Айни замон ДМТ дорои 19 факултет, 126 кафедра, 134 ихтисос, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии назди Донишгоҳ, Институти илмию таҳқиқотӣ, Литсейи равияҳои табиию риёзӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, Донишкадаи Конфутсий, озмоишгоҳҳои илмию таълимӣ ва таҳқиқотӣ, марказҳои интернетӣ, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраҳои лингофонӣ, марказҳои хизматрасонии таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, бунгоҳи тиббӣ, Маҷмааи муосири варзишӣ ва майдончаҳои варзишӣ мебошад.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон феълан беш аз 2500 устоду корманд ва наздик ба 23 ҳазор донишҷӯро муттаҳид карда, барои таълим тамоми шароитҳои заруриро фароҳам сохтааст. Таҳсил дар Донишгоҳ бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, омӯзгорони беҳтарини дорои дараҷа ва унвони илмӣ ба машғулиятҳои дарсӣ сафарбар гардидаанд. ДМТ бо зиёда аз 300 муассисаи илмию таълимии кишварҳои хориҷ дар самтҳои гуногун ҳамкорӣ дорад.

Бо мақсади муназзамсозии раванди тайёр кардани мутахассисони соҳаи технологияи информатсионӣ барои ҷумҳурӣ ва дар хориҷи кишвар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияи коммуникатсионӣ, мутахассисон дар соҳаи ташхиси тиб, технологияи химиявӣ ва ҳифзи муҳити зист раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаяҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Белорус шартнома ба тасвиб расонида, қабули донишҷӯёнро аз рӯйи ихтисосҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ дар пояи факултети муштарак ба роҳ мондааст.

Дар ДМТ бо мақсади муаррифии шоистаи корнамоиҳои беназир ва фаъолияти густурдаи Пешвои муаззами миллат Осорхонаи Пешвои миллат ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат таъсис дода шудааст. Ҳамзамон, Студияи таълимии телевизион ва радиои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ Донишгоҳи миллӣ тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намуд. Бо ин мақсад Донишгоҳ 10 ихтисоси муҳиму зарурӣ барои иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла ихтисосҳои кори табобатӣ, кори тиббию ташхисӣ, дорусозӣ, математика, физика, кимиё, биология, муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшиносӣ ва молия ва қарзро аз аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ гузаронида, ҳар як ихтисос аз ҷониби Агентии байналмилалии аккредитатсионии Ҷумҳурии Қазоқистон (НААР) бо сертификати байналмилалӣ ба муҳлатҳои гуногун сарфароз гардонида шуданд.

Дар Донишгоҳ ҳамасола донишҷӯёни фаъол Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стипендияи Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Стипендияи ба номи Исмоили Сомонӣ, Стипендияи ба номи Садриддин Айнӣ, инчунин, Стипендияи ба номи олимону донишмандон, аз қабили Абулқосими Лоҳутӣ, Нурулло Ҳувайдуллоев, И.Қ. Нарзиқулов, И.Д. Давлатов, М.Назаршоев, С.Табаров дода мешавад.

Имрӯз раёсат ва аҳли омӯзгорону кормандони ин боргоҳи илму маърифат баҳри татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амру фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи барномаю стандартҳои давлатии соҳаи маорифи кишвар ҷиҳати баланд бардоштани нуфузу эътибори Донишгоҳ бештар кӯшиш карда истодаанд, то дар пешрафту татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат саҳмгузор бошанд.

Довталабони азиз! Агар шумо мехоҳед дониши замонавӣ гиред, истеъдоди худро сайқал диҳед, аз мактабҳои бузурги илмӣ сабақ омӯзед ва ҳамчун, мутахассиси дар бозори меҳнат рақобатпазир бошед, пас Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро интихоб намоед.ДМТ ҷавонони соҳибистеъдоду хушзеҳнро интизор аст. Рамзи Донишгоҳ дар ММТ 101 мебошад.

Марҳабо ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон!

Сомонаи Донишгоҳ:  www.tnu.tj

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь