Аз қабули қонуни танзим 13 сол сипарӣ шуд, аммо он то имрӯз ба пуррагӣ натавонист вазифаи худро иҷро кунад, ҳатто дар шароити пандемия…
Вақте Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд, ки мардуми кишвар дар рақобати шадид қарор доштанд ва ин ақида хеле роиҷ шуда буд: ман аз ҳамсоя дида, тӯйи бодабдабатар мекунам!
Аз тартибу рафти тӯйи тоҷирону мансабдорон, ки ба иттилои як манбаъ дар як тӯйи арусӣ ками кам 50 000 сомонӣ масраф мешуд, муҳоҷирону деҳқонон тақлид карда, миён шикастанд.
Баъди он ки Қонуни танзим қабул гардид, аз ҷониби мардуми оддӣ ба хубӣ пазируфта шуд. Аммо, то замони ворид намудани тағйиру иловаҳо, ки дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони мамлакат зимни вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рӯзи 11-уми июли соли 2017 баён гардида буданд, таҳия шуд, Қонуни амалкунанда натавонист ба таври бояду шояд пеши роҳи исрофкориҳоро бигирад. Баъди тағйиру иловаҳо, ки масъалаҳои аз кор сабукдӯш шудану ҷаримаҳои сангин ва ҳатто рафтан ба маҳбас ба миён омад, то ҳадде ашхоси мансабдорро такон дод. Аммо то ба имрӯз қонун пурра татбиқ нагардидааст.
Ҳамин тариқ, аз охири моҳи апрел, ки бемории КОВИД-19-ро ба таври расмӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифтанд, ҳудуди 2 моҳ гузаронидани тӯю маъракаҳо манъ карда шуд. Пас аз он бо иштироки то 100 нафар гузаронидани тӯйи арӯсӣ иҷозат шуд, ки он ҳам баъдтар то 40 нафар маҳдуд гардид. Аммо дар ин шароити буҳронӣ, ки ҳам муҳоҷирон бекоранду ҳам сокинони дохили кишвар, танҳо дар вилояти Суғд дар 6 моҳи аввали соли равон 74 ҳолати қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта шудааст. Ва ба гуфти мақомот, дар байни онҳо ягон мансабдор вуҷуд надораду аз ҷониби ашхоси бекор ва нафақагирон ба қайд гирифта шудааст. Яъне, мансабдорон «ба роҳ даромадаанд» ё нафақа зиёд шудааст? Ё гапи дигарест?
Лекин, бояд гуфт, ки одатан тӯю маъракаҳо дар кишвар дар моҳи март, бештар дар арафаи Наврӯз оғоз меёбанд ва дар фасли зимистон бошад, хеле кам баргузор мегарданд. Бо вуҷуди ин, агар дар 6 моҳи аввал, ки дар 2 моҳаш баргузории маъракаи тӯй манъ буду 4 моҳ ҳисоб меёбад, танҳо дар як вилоят дар ин шароит 74 ҳолат ҳоло ҳам зиёд аст.
Бо вуҷуди ин, ҳам дар шароити пандемия ва ҳам пеш аз он мо шоҳиди ягон маъракаи 20-нафара набудем.
Ҳафиз Раҳмон – адабиётшинос, муҳаққиқ ва рӯзноманигори тоҷик аз сафараш ба кишвари Украина хеле мутаассир шуда, «ман дар Украина дар тӯйи 20-нафара иштирок доштам» гӯён, бо шавқ аз он тӯй қисса кард:
– Гуларӯсони мо то 2,5 – 3 метр либоси дарози арӯсӣ доштанд ва то ҳол доранд. Аммо он арӯсе, ки ман дидам, ба худ як либоси мувофиқ ва шинами миллии худро дошт. Дар мо 4-5 намуд хӯрок, болои миз боз ниҳоят зич ва пур, ҳеҷ набошад 5-6 намуд обҳои газноку масткунанда… Болои он миз мавод кам, аммо зебо ороиш дода шуда буд, дар ҳоле, ки марди сарватманди кишвари худ буд.
Ҳамчунин мавсуф ёдовар шуд, ки “дар пойтахт дар тӯйе иштирок кардем. Чун ба тарабхона бо як гуруҳи рафиқон ворид шудем, сароянда сурудеро месароид. Пас аз 2 суруд боз ҳамон суруди пештара садо дод. Ҳини рафтан будем, ки боз ҳамон суруди такрор дигарбора сароида шуд, дар ҳоле, ки мо ҳудуди 20-25 дақиқа дар он ҷо будем. Кӣ медонад, ки он “булбули хушовоз” чандсад доллари соҳибтӯйро бо як суруд гирифта бошад? Инро ҳам агар муқоиса кунем ба ҳамон тӯйи зикршуда, аҷаб нест: дар он на сароянда буд, на раққоса, на динамикҳои баланди гӯшхарош. Танҳо оҳанги гӯшнавозе садо медоду халос”.
Шояд дар ин шароите, ки дар Тоҷикистон теъдоди сироятшудагони коронавирус аз 8000 нафар гузаштааст, тӯйҳои 20-нафара ташкил шаванд?
Меҳрофарин НАҶЕВУЛЛОЕВ