Ҳамасола донишҷӯёни соли 4-ум муассисаҳои таҳсилоти олиро бо сари баланд хатм намуда, бештарашон таҳсилро дар зинаи магистр давом медиҳанд. Баъзеяшон кори муносиб пайдо мекунанд, вале баъзеи дигарашон бо сабаби кам будани маош ба муҳоҷирати меҳнати мераванд. Аз ин рӯ, аз якчанд донишҷӯён ба саволи “Пас аз хатми донишгоҳ кӣ ба куҷо меравад?ро пурсон шудем, ки фишурдааш пешкаши хонанда мегардад.

“Айни ҳол тамоми вақтам ба таҳсил равона карда шудааст. Шумо медонед, ки факултаи мо равияҳои сиёсӣ буда, барои кору фаъолият кардан дар созмону ширкатҳои байналхалқӣ, исботи хатми зинаи магистратура муҳим аст. Аз ин рӯ, пас аз хатми донишгоҳ, таҳсиламро дар зинаи магистр давом хоҳам кард. Донишҷӯёне, ки дар ҷомеъа мехоҳанд шахсияти комил бошанд, таҳсил дар зинаи магистратура, хатми ҳимояи рисолаи магистри зарур аст. Имрӯз мо медонем, ки сиёсати кишвар ҷавононро раҳнамои мекунанд, то ки донишҳои муосирро аз худ кунанд. Мо бояд ба талаботҳои ҷаҳони муосир, ва байналхалқӣ ҷавобгӯ бошем. Онҳое, ки дар баробари таҳсил кардан боз кор мекунанд, қаҳрамон ҳастанд. Хело мушкил аст, мизони кору таҳсилро нигоҳ доштан”.

Насриддинзода Раъно – донишҷӯйи бахши 4-уми факултаи муносибатҳои байналхалқӣ, барандаи озмуниФурӯғи субҳи донои китоб аст“.

“Вақте, ки бахши якумро хатм намудам, дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” муддате коромӯзи кардам. Баъдан маро ба ҳайси хабарнигор ба кор қабул карданд. Дар ҳафтаномаи мазкур тули яксол кору фаъолият кардам. Аслан ман зодаи шаҳр ҳастам. Баъд аз хатми донишгоҳ, таҳсилро дар зинаи магистр давом хоҳам кард. Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани нестам. Айни ҳол дар расонаи онлайнии “Your tj” кору фаъолият мекунам”.

Идибек Шарипов-донишҷӯйи бахши 4-уми факултаи журналистика.

Хабарнигори расонаи онлайнии “Your tj”

“Бо нияти рӯзноманигор шудан, ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи журналистикаи ДМТ супорида будам. Хушбахтона, тақдирам баланди карда, номи донишҷӯро гирифтам. Ин ҳадафу мақсади ман буд. Дар оянда дар шаҳр кору фаъолият кардани ҳастам. Барои ба парвозҳои баланди эҷоди расидан, таҳсилро дар зинаи магистр давом хоҳам кард. Муҳоҷират кардан на он қадар хуб аст. Ба ақидаи ман муҳоҷират ба шарти кору фаъолият кардан дар соҳаи худ хубтар аст. Ман ҳам дар гурӯҳи умуми ва ҳам дар гурӯҳи русӣ таҳсил карда истодаам. Аз ин рӯ, ман метавонам дар давлати Русия ҳамчун рӯзноманигор кору фаъолият кунам”.

Каримов Шарофиддин -донишҷуйи бахши 4-уми факултаи журналистика.

“Ман Комилов Расул донишҷуйи курси 4-уми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи устод Мирзо Турсунзода буда имсол бо сари баланд ин макотиби олири хатм менамоям. Ҳадафу мақсадҳои ман баъд аз хатми донишгоҳ бо як ғурури мардона ва бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ раҳсипор шудан аст. Баъдан мехоҳам дар ин ҷодаи интихоб кардаам кор ва фаъолият намоям”.

Комилов Расул-донишҷӯйи факултаи журналистикаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷистон.

 “Тӯли 4 сол аст, ки дар факултаи Осиё Аврупо аз рӯйи ихтисоси форсӣ ва англисӣ таҳсил карда истодаам. Дар оянда мехоҳам, ки дараҷаи илмиямро баланд бардошта, дар риштаи тарҷумон дар шаҳр кору фаъолият кунам”.

Абдурофеъ Гадоев-донишҷӯйи соли 4-уми факултаи Осиё Аврупои ДМТ

“Дар баробари таҳсил дар факултаи филологияи рус, боз дар мактаби хусусӣ аз фанни забони рӯсӣ дарс медиҳам. Бо мақсади ассистенти кафедраи адабиёти ҷаҳон шудан дар факултаи мазкур, ҳуҷҷатҳоямро дар зинаи магистр месупорам”.

Замира Шоева-донишҷӯйи соли 4-уми факултаи филологияи рус.

“Айни ҳол дар тв “Синамо” коромӯзи карда истодаам. Ман зодаи шаҳр ҳастам ва пас аз хатми донишгоҳ дар тв “Синамо” кору фаъолият хоҳам кард. Дар аввал ба касби журналисти майлу хоҳиш надоштам, лекин бо гузашти вақт ин касб ба дили ман ҷой шуд, шавқу ҳавас пайдо кардам”.

Кишварова Лутфия- донишҷуйи бахши 4-уми факултаи журналистикаи ДМТ.

“Пас аз хатми донишгоҳ дар соҳаи иқтисод кор хоҳам кард. Агар шароити молиявии хуб дошта бошем, бо хонаводаамон дар давлатҳои хориҷа кору фаъолият хоҳам кард”.

Сафарзода Хушнуда-донишҷӯйи соли 4-уми факултаи иқтисод ва идораи ДМТ.

Таҳияи Маҳина ОРЗУЕВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь