(Бардошт ва чанд мулоҳизаи муҳим аз рӯзи 11-уми озмуни “Фурӯғ”, яъне 18-уми ноябр)
Тибқи назарияи такомул бояд баръакс бошад: хонандагони макотиби миёна дар зинаи аввали дарёфти донишу фаросату ҳикмат қарор доранд ва барои коркарду “ҳазм”-и он иттилооте, ки аз кутуби бадеӣ дармеёбанд, сатҳи муайяни рушди тафаккур лозим аст. Дар чӣ гунагии ин сатҳ, яъне сатҳи тафаккур синну сол ва қобилиятҳои дигар нақши муҳим доранд.
Дар назарияи таълим метод ё принсипи “кумон” (аз номи бунёдгузораш Тору Кумони ҷопонӣ) хеле маъруф аст, ки маънояш хеле одист- омӯзиши илму дониш оҳиста-оҳиста аз чизҳои сода ба мураккаб… Дар гузаштаи мо ҳам ин асли таълим фаровон истифода мешуд ва имрӯзҳо низ.
Аммо дар амал тамоман манзараи дигар ба мушоҳида мерасад: дар ҳамин озмуни “Фурӯғ” банда дидам, ки дар миёни ҳама гурӯҳҳои синнусолӣ аз ҳама беҳтар маҳз мактабиён буданд, ҳам хурдсолони синфҳои 1-у 4 ва ҳам синфҳои 5-у 11.
Қишри донишҷӯён ва инак бузурсолон (муаллимон, ходимони фарҳанг, бознишастаҳо ва намояндаҳои касбу кори гуногун), ки ду рӯз боз мавриди пурсупос қарор мегиранд, нисбат ба мактабиён хеле заифу сустанд.
Он манзараи зебову гуворои сухангӯйиҳои пурваҷду боҳарорат ва кӯшиши бештар фаҳмонидани маънову муҳтавои китобҳои хондашуда, ки дар рӯзҳои санҷиши дониши мактабиён буд, дар қишри донишҷӯёну муаллимону бузургсолон ба назар намерасад…
Аммо мантиқ мегӯяд, ки бояд баръакс бошад: ҳар қадар инсон бузургтар шуд (аз нигоҳи синну сол), бояд захираи дониш, ҳунари суханварӣ ва дигар қобилиятҳои зеҳниаш бештару густардатар шавад… Дар ин ҷараёни рушд ба ҷуз синну сол инчунин таҷрибаи ҳаёт, дониши азхудшуда аз дигар илм ё соҳаҳои дониш бояд кумакрасони одам гардад.
Дар замонаш Систерон, ки баъди Арасту назарияи суханварии комилтаре ба вуҷуд овард, мегуфт, ки инсони ноогоҳ аз фалсафа суханвари дуруст намешавад, чунки таҳкурсии суханварӣ ё зербинои он тафаккури таҳлилии фалсафист…
Баъдан сутунҳояш мантиқу равоншиносиву ахлоқ ва ниҳоят сарпӯшҳояш адабиёту таърих аст… Ҳамин панҷ илми номбурда (мантиқу равоншиносиву этикаву адабиёту таърих) дар пояи фалсафа ё ҳадди ақал донистани асосҳои фалсафа бинои суханвариро мустаҳкам нигаҳ медоранд.
Як сабаби (балки сабаби асосии он ки) чаро дар мо журналистону таҳлилгарон, адибону публисистони донишманду фарохназар ангуштшуморанд, ҳамин аст, ки дар макотиби олӣ ба сохтмони таҳкурсии тафаккур аҳаммият намедиҳанд, дар низоми таълим барномаҳои дурусти илмӣ нест ва чанд сабаби дигар…
Дар ин хусус муфассалтар гуфтану навиштан мумкин аст, аммо ҳоло ин фурсату маҷолро надорем…
Кас дар ҳайрат мемонад, вақте дар рӯйхати доншҷӯёну муаллимону одамони калонсол миқдори зиёди афсонаву ҳикоёти хурду масалу ривоётро мебинаду аз романҳои қиссаҳое, ки ба адибони кишварҳои гуногун шуҳрати ҷаҳонӣ овардаанд, нишоне нест… Дар рӯйхати кӯдакони мактабхон буд, дар инҳо нест…
Ин тамоили бад аст. Агар ин тамоилро образнок ифода кунем, чунин метавон гуфт: дарёи пурхурӯшеро дар ибтидо мебинем, мисли Зарафшон, ки рафта-рафта камобу оқибат хушк мешавад… Ё тантанае, ки оқибаташ хомӯшист… Кӯдакон бо шавқу завқи зиёд озмунро оғоз карданд, донишҷӯёну бузургсолону муаллимон онро бо безавқию адами шӯру шарар ва сустиву заъфи зиёд ба анҷом мерасонанд…
Якбора аз мавзуъ дур нарафта, пешниҳод мекунам, ки дар сохтори мактабҳои олӣ ба ҷойи шуъбаву раёсатҳои тарбия ва даҳҳо идораҳои марбут ба корҳои ғайритаълимӣ Ҷамъиятҳои китобдӯстон бояд ташкил шавад.
Ба китобу китобхонӣ ҷалб кардани ҷавонон беҳтарин усули тарбия аст, аз ин ки фақат дар ҷашнвораҳову тантанаҳои мавсимӣ ширкат мекунанд, ё лексияҳои умумии масъулини ин ё он сохторро ҳафтае як бор, ё моҳе ду бор мешунаванд фоидае барои тафаккури ҷавонон нест ва аслан чунин “насиҳатгӯйиҳо” манфиате надоранд.
Мантиқ мегӯяд: кор ё тадбирҳое, ки система надоранд, натиҷа намедиҳанд.
Бунёди Ҷамъияти китобдӯстон идеяи нав нест, ин кор дар даврони шуравӣ буд: ҳатто аъзои ин ҷамъият мошин доштанд ва онро “китобхонаҳои сайёр” меномиданд. Ҳатто ба сари киштзорони пахта, ба фермаҳои чорводорӣ ин мошинҳо китоб мебурданд…
Ҳамин тавр, агар ин ҷамъиятҳо тасъис шаванд, бояд китобхонаҳои махсуси худро дошта бошанд, то ки кори таблиғи китоб натиҷа дошта бошад…
Акнун меоям сари мушоҳидаҳои дирӯза.
Дина, 18-уми ноябр дар номинаи мо, яъне адабиёти ҷаҳон, 10 кас – Мирзоалӣ Ҷобиров (муаллими мактаби № 43-и Данғара), Садбарг Саъдиева (муаллимаи мактаби № 74-и ноҳияи Рӯдакӣ), Мунира Абдураҳмонова (муаллимаи мактаби № 9-и Конибодом), Роҳбарой Аминова (муаллимаи мактаби № 8-и Душанбе), Ҷасурбек Маматқулов (муаллими гимназияи № 6-и Ашт), Дилфузаи Ислом (муаллимаи коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), Толиб Ахунов (бознишаста аз Истаравшан), Сиротулло Зоиров (муаллими литсейи № 3-и Душанбе), Сурма Алифбекова (муаллимаи мактаби № 23-и Роштқалъа) ва Саодат Шарифова (муаллимаи литсейи № 1-и Конибодом) аз китобҳои хондаашон ба қавле ҳисобот доданд.
Аз инҳо се кас донишу фаҳми хуб ва таҳлилҳои ҷиддӣ доштанд ва умуман аз парерӯза вазъият каме беҳтар буд.
Аммо баъд: яке умуман ба суол додан имкон намедод ва сабр ҳам надошт, ки суолро то ба охир гӯш кунад (ҳамасола бо баъзе бузургсолон ҳамин ҳодиса рух медиҳад: мегӯяд “хондам, ҳамаро хондам”, аммо имкон намедиҳад, ки довар пурсиш кунад, ё гапро мебурад, ё аз мавзуъ ба ҷониби дигар меравад…). Дигаре як асарро дар се ҷойи дафтар менависад (шояд ба хотири он ки сабти дафтараш пурратар шавад…), севумиро намефаҳмӣ, ки сокини Тоҷикистон аст, ё ягон кишвари дигар…
Агар мунсифона бигӯем, чандон натиҷаи бад нест, ки аз даҳ кас – ду нафар ё се кас довталабони мувофиқ ба талаботи низомнома бошанд. Албатта, инро шартан ва дар қиёс бо дигарон гуфтан мумкин аст.
Дар асл бояд дигар бошад: масъулин дар вилояту маҳалҳо принсипи “ту порсол рафтӣ, имсол ҳам бирав”-ро набояд ба кор баранд, чеҳраҳои навро кашф кунанд, китобхонҳоро ду солу се сол омода кунанд, махсусан бознишастаҳоро аз ҷиҳати модӣ барои китобхонӣ ва намояндаи ҳамон ноҳияву шаҳр буданашон ҳавасманд кунанд, барномаи китобхонӣ ташкил кунанд ва ғайра…
Хулоса, ҳазору як методҳое ҳаст, ки одамон (ҳатто бознишаставу собиқадорон) ба китобхонӣ ҷалб шаванд, аммо, мутаассифона, масъулини вилояту шаҳру ноҳияҳо, ҳукуматҳои маҳалҳо, мудирони шуъбаҳои маориф ва ниҳоят директорони мактабҳо ин методҳоро як кори барзиёд (ба забони барои баъзе тоҷикон фаҳмо – “нагрузка”) меҳисобанд.
Ҳол он ки сарнавишти маънавияти мардуми мо аз ҳамин “нагрузка”-ҳо сахт вобаста аст…
Ин аксиома аст: намешавад, ки бидуни китоб ҷомеа солим бошад ва солим бимонад…
Ҳафиз РАҲМОН