8 сентябр – Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии рӯзноманигорон аст. Вале оё рӯзноманигорони тоҷик воқеан ба принсипҳои ахлоқӣ содиқанд? Ғарб саъй дорад, ки майдони иттилоотии Тоҷикистонро зери назорат гирад ва расонаҳои русиву ҷонибдори Русияро аз он берун кунад ва ин барнома солҳо боз муҳим аст. Барои расидан ба ин «ҳадаф» ҳама гуна лоиҳаҳои «башардӯстона», ки тавассути ВАО ва блогерҳо амалӣ гардонида мешаванд, истифода бурда мешавад, инчунин, ба мақомот фишор оварда мешавад.
“Дар ҷараёни фаъолияти иттилоотӣ барои халал расонидан ба робитаҳои неку судманди Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя аз истифодаи дилхоҳ роҳу василаҳо худдорӣ намекунанд”– Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ.
ВАО ва блогерҳо
Ҳамасола Ғарб барои пешбурди ҳадафи сиёсии худ дар саросари ҷаҳон маблағ ҷудо мекунанд.
Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ва сармуҳаррири маҷаллаи “Иқтисодчӣ” бар ин назар аст: “Худи хоҳиши таъсир расонидан ба майдони иттилоотии давлати дигар нодуруст аст. Ва вақте як давлат саъй мекунад, ки берун аз ҳудуди қаламрави худ як ҳавзаи рӯзноманигорону блогеронро таъсис диҳад, ки аз рӯйи барномаи иттилоотии ин давлат амал мекунанд, ин худ аллакай як рисолати нодуруст барои кишваре, ки гирифтори таъсиррасонии чунин сиёсат аст.
Агар мо ба кори Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар масъалаи пешбурди рӯзнома таваҷҷуҳ кунем, қариб ки ягон матлаберо дар бораи дастовардҳои Амрико ва Иттиҳоди Аврупо намебинем, зеро онҳо намехоҳанд рӯзноманигорони моро дар кишвари худ бубинанд. Дар ин кишварҳо шумори хеле маҳдуди шаҳрвандони мо зиндагӣ мекунанд ва ҳикояҳо дар бораи зиндагонии онҳо ба ҷомеаи мо таъсири мусбат намерасонанд, зеро воқеан чизе барои гуфтан нест”.
Асоси идеологии рӯзноманигории муосири ғарбиро русбадбинӣ ва бадном кардани Русияву иттифоқчиёнаш ташкил медиҳад. Паҳлӯи дигари ин мавзуъ тарғиби арзишҳои неолибералӣ мебошад, ки барои мардуми Осиёи Марказӣ бегона мебошанд.
«Ҳоло байни Русия ва кишварҳои Ғарб қариб дар тамоми майдонҳои имконпазир ҷанги иттилоотӣ ҷараён дорад. Ин ҷанг на танҳо минтақаи мо, балки қариб тамоми қитъаҳои заминро фаро гирифтааст. Сатҳи эҳсоси ин ҷанги иттилоотӣ дар минтақаҳои гуногун фарқ мекунад. Дар мавриди Осиёи Марказӣ, мо дар хотир дорем, ки тамоми кӯшишҳои Русия барои наздик кардани мавқеъҳои давлатҳои мо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ бо талошҳои давлатҳои ғарбӣ барои ҷилавгирӣ аз ин наздикшавӣ рӯ ба рӯ мешуданд.
Русбадбинӣ, ки дар пасманзари он гуфта мешавад, ки мо бояд бо ин кишвар ҳамкорӣ накунем, нав нест. Барои ин мақсадҳо ҳамеша пул ҷудо карда мешуд, вале кӯшишҳои онҳо натиҷа надоданд. Муносибатҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле хуб аст.
Кишварҳои Ғарб минбаъд низ кӯшиш хоҳанд кард, то таъсири мусбати Русияро ба минтақаи мо кам кунанд. Ҳамаи ин амалҳои Аврупо ягон ҳадафи бунёдкорона надорад. Дар ҷавоб, онҳо чизе пешниҳод намекунанд, барои шаҳрвандони мо то ҳол дарёфти раводид ба ИМА ё Иттиҳоди Аврупо мушкил аст, ҳарчанд ба шаҳрвандони онҳо барои сафар ба Тоҷикистон қисман сабукиҳо ҷорӣ карда шудаанд. Вале дар бораи ягон хел шарикӣ ва ҳампоягӣ сухан намеравад. Тамоми рӯзнома дар асоси он, ки як давлати бузург кӯшиш мекунад шартҳои худро ба як кишвари хурд илқо (дикта) кунад, сохта шудааст, ки ин ба аҳкоми дипломатияи байналмилалӣ комилан мухолиф аст” , – мегӯяд коршинос Фаридун Усмонов.
Ғарб тавассути блогероне, ки маблағгузорӣ мекунад, дар ҷомеаи Тоҷикистон ақидаи онро, ки «ҳукмронии Шӯравӣ ва Русия дастрасии аҳолиро ба маълумоти воқеӣ маҳдуд кардааст» таблиғ мекунад. Барои онҳо, ҳақиқат ин гӯё ғурури мустамликадории Русия, муносибати беэътиноёна нисбат ба иттифоқчиёнаш ва дигар афсонаҳои ба ин монанд аст.
Ташкилотҳои ғайридавлатӣ
“Кишварҳои ғарбӣ тӯли 30 сол талош доштанд, то Русияро дар назари Тоҷикистон бадном кунанд ва ба ин тариқ мехостанд робитаҳои байни моро маҳдуд намоянд”- Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ.
Тӯли якуним соли ахир дар Тоҷикистон беш аз 700 созмонҳои ҷамъиятӣ барҳам дода шуданд, ки ин рақам аз омори се соли пеш 2 баробар зиёд аст. Ин ташкилотҳо аслан қобилияти фаъолият надоранд ва худро таъмин карда наметавонанд. Кишварҳои ғарбӣ пас аз анҷоми лоиҳаҳои худ ва адои барнома тоҷиконро ба сарнавишти худ вогузор мекунанд ва дар натиҷа онҳо аз ҷойҳои кории доимӣ маҳрум мешаванд.
Дар ибтидои соли ҷорӣ бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 26-уми январи соли 2023 фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» қатъ карда шуд. Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлия тасмими бастани марказро бо сабаби нақзи талаботи қонунгузорӣ, ки зимни санҷиши Вазорати адлия ошкор карда шуд, маънидод кард. Дар қатори камбудиҳо «сари вақт пешниҳод накардани маълумотнома дар бораи ҳисоботи молиявӣ ва идомаи фаъолият» ва боз як қатор қонуншиканиҳои дигар дар кори ташкилот номбар карда шуданд.
Дар соли 2022 теъдоди ташкилотҳои ғайридавлатии барҳамхӯрда дар Тоҷикистон ба сатҳи рекордӣ расид: қариб 500 ташкилотҳои ҷамъиятӣ баста шуданд (беш аз 100-тои онҳо бо ҳукми додгоҳ баста гардиданд).
Таҳлили омори Вазорати адлияи кишвар оид ба бақайдгирӣ ва барҳамдиҳии ташкилотҳои ҷамъиятӣ нишон медиҳад, ки шумори барҳамдиҳии ташкилотҳо сол то сол меафзояд. Дар давоми 4,5 соли охир дар ҷумҳурӣ 715 ташкилоти ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуда, 1103 ташкилот барҳам дода шудааст.
“Вақте ки маблағҳои дар як давраи муайян ҷамъоваришуда пурра сарф ва истифода бурда мешаванд, ташкилот бо ариза оиди худбарҳамдиҳӣ ба мақомот муроҷиат мекунад ва мо онро барҳам медиҳем. Сабаби асосии барҳамдиҳӣ ҳамин аст”, – мегӯяд Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон.
“Фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон, инчунин бастану боз шудани онҳо масъалаи дохилии кишвари мост.
Тавре мушоҳида мекунем, дар давлати мо то ҳол фаҳмиши ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул наёфтааст, созмонҳои ғайридавлатии қавӣ пайдо нашуданд ва тақрибан ҳеч кадоме аз ташкилотҳо бар асоси манфиатҳои шаҳрвандон фаъолият намекунад. Фаъолияти тамоми ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ танҳо ба дастгирии грантҳо аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ нигаронида шудааст. Ҳамаи инро мушоҳида намуда, метавон гуфт, ки аксар вақт барномаи барои мо бегона хамчун барномаи асосии фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ пешниҳод карда мешавад. Тааҷҷубовар нест, ки созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ аз сабаби мувофиқат накардани фаъолият – бо масъалаҳое, ки ҷомеаи моро ба ташвиш меорад, баста мешаванд. Ташкилотҳое, ки барои амалӣ гардондани нақшаҳои Ғарб таъсис дода шуда буданд, фаъолияташон дер давом накард.
Тобистони соли 2023 USAID аввалин траншро ба маблағи 12 миллион доллар барои баланд бардоштани “саводи расонаӣ” ва мубориза бо “маълумотҳои бардурӯғ” ва “таблиғоти” Русия ҷудо кард. Ин маблағ, аз ҷумла барои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ба ҳайси оператори грант ташкилоти ҷамъиятии Қазоқистон KazAID хизмат мекунад, ки соли ҷорӣ аз амрикоиҳо 50 миллион доллар дарёфт хоҳад кард.
Дар кишвари мо ташкилотҳои дастгирии техникӣ, аз ҷумла USAID, ташкилотҳои олмонии GIZ ва бритониёии DFID, агентии швейтсарӣ, инчунин, ташкилотҳои як қатор кишварҳои дигари Ғарб низ фаъолият мебаранд.
Ин ташкилотҳо дастгирии техникӣ мерасонанд ва кӯшиш мекунанд, ки лоиҳаҳои ҷомеаи шаҳрвандиро амалӣ созанд, ғайр аз ин онҳо бо роҳи маблағгузорӣ кӯшиш мекунанд, ки шабакаи шариконро эҷод кунанд ва тавассути он ба нақшаҳои ин ё он кишвар таъсир расонанд. Замоне буд, ки ҳар як давлати минтақаи Осиёи Марказӣ ба дастгирии техникӣ, аз ҷумла аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар солҳои 90-ум технологияҳо ва кумаки башардӯстона дастрас мекард, ниёз дошт”, – хулоса мекунад Фаридун Усмонов.
Дар Тоҷикистон USAID ба қабули қонуне, ки ба 60 фоиз аз 3000 ташкилотҳои ғайридавлатии бақайдгирифташуда имкони дубора аз қайд гузаштанро дод, мусоидат кард.
Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии аз хориҷи кишвар маблағгузоришаванда манъ карда шудааст, Ғарб талош дорад роҳҳои дастгириро дар арсаи иттилоотии кишвар пайдо кунад.
Солҳои 2018-2023 дар Қазоқистон барномаи расонаии Осиёи Марказиро (MediaCAMP) амалӣ мегардонанд, ки ба “рушди муҳити мутавозини иттилоотӣ” ва муқовимат ба “таблиғоти Русия” равона карда шудааст. Ёвари котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Марказӣ Доналд Лу дар бораи зарурати идома додани ин барнома пас аз соли 2023 изҳор дошт.
Аммо чаро ин корро мекунанд? Зери назорат гирифтани фазои расонаии Тоҷикистон амалигардонии нақшаҳоро оид ба барқарорсозии ҳузури низомиву сиёсӣ дар минтақа пас аз фирор аз Афғонистон осон мекунад.
Матлубаи Қ.