Таърихи афкори пешқадами башарӣ собит сохтааст, ки ақвоми муфаккир танҳо бо роҳи рӯшангарӣ ва бедории фикрӣ ба қуллаҳои баланди тараққиёт ва тамаддун расида, дар масири хушбахтӣ ва саодати иҷтимоӣ гомҳои сазовор бардоштаанд. Андеша ва фикре, ки бар пояи ақлу мантиқ созмон ёфтааст, таҷаддуд ва навгаройии тадриҷиро дар ниҳод ва баданаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд оварда, рушду таҳаввулро боис мегардад. Чуноне кифайласуфи англис Ҷон Локк гуфта буд: «Афкор оламро идора мекунад» ва дар партави ин ҳикмат метавон ба ин натиҷа расид, ки кори фикрии бар мабнои хираду мантиқи зинда роҳандозишудаи ниҳоди муҳимтарини иҷтимоӣ – зиёиёну рӯшанфикрон ҷомеаи инсониро аз дарун тағйир медиҳад ва роҳи мунсифонаи одилонаро манзур месозад. Ин зиёиёну рӯшанфикронанд, ки аз бомдоди таърихи инсонӣ то имрӯз муқобили зулму истибдод, ки аз ҷаҳолату хурофот ва таассуб реша мегиранд, мубориза мебаранд ва дар ин ҷода, ҳатто мухимтарин арзиши рӯҳию ҷисмӣ(саломатӣ ва ҷон)-ро аз даст медиҳанд. Фидокорӣ дар роҳи илму хирад ва наҷоти мардумӣ аз «вабои собиқадор» (ҷаҳлу хурофот) меъёри зиндагии зиёӣ ва рӯшанфикр аст.
Калимаи «зиёӣ» аз решаи арабии «зиё» баргирифта шуда, маъниҳои партав афкандан, тобон шудан (ниг.: Фарҳанги донишгоҳии арабӣ ба форси тарҷумаи «Алмунҷид-ул-абҷадӣ». Тарҷумаи Аҳмади Сайёҳ. -Теҳрон: Фарҳон, 1371. -С.564), нур ва рӯшноиро далолат мекунад (ниг.: Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. -Ҷилди дуввум. -Теҳрон: Муассисаи интишороти Амири Кабир, 1381. -С.1652; Муин Муҳаммад. Фарҳанги форсии Муин.(якҷилдӣ). -Теҳрон: Фарҳангнамо, 1368. -С.692). Рӯшноӣ бошад, аз решаи калимаи форсӣ-тоҷикии «равшан» (аз паҳлавии «rosh») муштақ шуда, ба маънои тобон, тобнок, дурахшон, афрӯхта, равшанӣ, нур, фурӯғ, зидди торикӣ) корбаст мешавад. Аз ин ҷо истилоҳи «зиё» ва исми шахси «зиёӣ» дар силсилаи вожагони ҳаммаънои форсӣ-тоҷикии «равшандил» (равшанзамир, зиндадил, огоҳу доно), «равшанрой» (равшанфикр, он кӣ дорои азм, рой, тадбир ва андешаи равшан аст), «равшанравон» (равшанзамир, равшандил, зинадил, ҳушёр, огоҳ ва доно), «равшанфикр» (доно ва боҳуш, он кӣ дорои фикр ва андешаи равшан аст), «равшангар» (равшансозанда, ҷилодиҳанда, сайқалгар ва низ ба маънии муфассир ва тафсиркунанда), «равшанниҳод» (хуштинат, поктинат, он кӣ табъу хӯйи пок ва равшан дорад) васеъ мавриди истифода қарор гирифта (ниг.: Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид.-Ҷилди дуввум. -Теҳрон: Муассисаи интишороти Амири Кабир, 1381. -С.1271), имрӯз низ дар гардиши фаъол аст. Ҳамин тариқ, зиёӣ ё ба шеваи тоҷикӣ, равшанфикр шахсиятест, ки дар андешидан, доварӣ ва санҷиши умур бар тааққул ва андешаҳои нав, мутараққӣ ва озодихоҳона такя мекунад, на бар боварҳои мутаассибона, иртиҷоӣ ва муҳофизакорона (Анварӣ Ҳасан. Фарҳанги кучаки Сухан. Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ.-Теҳрон: Сухан, 1383.-С.529).
Чун зиёӣ ва рӯшанфикр бо ҷаҳолат, хурофот, таассуб, суннаписандӣ ва вопасгаройӣ, ки умдатан, бо иртиҷоъхоҳӣ ва муҳофизакорӣ тавъаманд (иртиҷойӣ -вижагии он кӣ ба қавонин ва суннатҳои гузашта пойбанд аст ва бо дигаргунӣ ва пешрафти ҷомеа мухолифат мекунад, дар ҷиҳати ҳифзи вазъи гузашта мекӯшад ва бар зидди низому усули нав ва мутараққӣ талош меварзад – ниг.: Анварӣ Ҳасан. Фарҳанги кучаки Сухан. Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ.-Теҳрон: Сухан, 1383.-С.45; муҳофизакор – он кӣ тарафдори ақоид ва суннатҳои кӯҳна ва мухолифи тағйиру дигаргунӣ аст – ниг.: Анварӣ Ҳасан. Фарҳанги кучаки Сухан. Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ.-Теҳрон: Сухан, 1383.-С.925), ҳамвора дар муборизаву муқовимати шадид аст, зотан, ба хурофоту таассуб дар ҳар шакле даргир мешавад. Ин даргирӣ ва муқовимати ҳадафмандона хатти маши зиёиро аз табақоти дигари иҷтимоӣ ҷудо мекунад. Роҳу масири ҳаракати зиёӣ дар ҳар давру замоне муайян ва мушаххас аст: ҳалли мушкилот ва масоили фикрӣ, ақидатӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷомеа ва дар зимн, наҷоти иҷтимоъ аз хатар ва вабои доимӣ – хурофот ва таассуби динӣ-мазҳабӣ ва сиёсию миллӣ. Дар ин амр зиёӣ ҳатто ҷонашро ба гарав мемонад ва рисолати иҷтимоӣ, фикрӣ ва дар маҷмӯъ, инсониашро сомон медиҳад.
Албатта, кори рӯшанфикрӣ кори на як ё ду нафар, балки кори дастаҷамъии фикрӣ аст. Танҳо дар натиҷаи муколамаи мутақобилан судманд ва орӣ аз ғараз ва табодули назари табақоти гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фазои бози рӯшанфикрӣ дар ҷомеа доман густурда, роҳи наҷоти инсонӣ аз вартаи хурофоту таассуби саросарӣ тадриҷан дар ҳамаи сатҳҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсию иқтисодӣ имконпазир мегардад. Ин аст, ки файласуфи машҳури асри бистум Мишел Фуко навиштааст: «Кори рӯшанфикрӣ корест ҳамагонӣ, маҳсули хиради ҷамъӣ ва мантиқи муколама» (Аҳмадӣ Бобак. Кори рӯшангарӣ. Теҳрон: Марказ, 1384. -С.11.). Ба таври куллӣ, дар доираи фарҳанги муосири форсӣ таҳти мафҳуми «зиёӣ ва рӯшанфикр», асосан ду нукта шарҳу тавзеҳ ёфтааст:
1.Касе, ки дорои бинише огоҳона, мантиқӣ, дур аз хурофа ва таассуб бошад.
2.Касе, ки муътақид ба нақш ва арзиши донишу фарҳанг дар пешрафти ҷомеа ва беҳрӯзии мардум бошад (ниг.: Афшор Ғуломҳусайн Садрӣ, Ҳакамӣ Насрин, Ҳакамӣ Настаран. Фарҳанги муосири форсӣ. -Теҳрон, 1381. -С.683.).
Тибқи мутолиоте, ки дар заминаи кори фикрӣ ва равшангарӣ анҷом ёфтааст, меъёр ва далоили зиёде барои таҳаққуқи фаъолияти ин табақаи муассири иҷтимоӣ вуҷуд дорад, ки ҳамагӣ шахсияти комили зиёӣ ва рӯшанфикрро дар ҷомеа рӯнамо мекунанд ва рисолаташро таъйид месозанд. Барои намуна, ба мушаххасоти зайл таваҷҷуҳ мекунем:
а) зиёӣ ва рӯшанфикр ба қазову қадар бовар надорад; б) қолабӣ ва мутаассибу карахт нест; в) дар мавриди масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, динӣ, илмӣ, фарҳангӣ, қатъи назар аз шароит ва замон дидгоҳашро озодона баён мекунад; г) барои ба мардум хизмат кардан масъулият дорад; ғ) ба афкору ақоиди ғайриилмӣ (сеҳр, ҷоду, хурофот) пайваста дар мубориза аст; д) дорои шахсияти томи илмӣ, эҷодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аст; е) тафаккури интиқодиро меҳвари фаъолият дониста, барои интиқоди афкори хурофотӣ, таассубӣ ва умуман, ғайриилмӣ далел дорад; ё) пайваста дар пайи таҳаввули фикрӣ ва эҷодӣ буда, аз тариқи мутолиоти густурда ва мушоҳидоти рӯзмарра доираи донишу биниш ва таҷриботашро тавсеа мебахшад; ж) ба тақдири ҷомеа ва давлати миллӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ, бетафовут набуда, барои ислоҳи иҷтимоъ аз камбуду навоқиси гуногун ва рафъи буҳронҳои фикрию ахлоқӣ пайваста ҷаҳду талоши беғаразона меварзад; з) хушомаду тамаллуқ ва ба ин монанд разоили ахлоқиро, аслан қабул надорад; и) ҷаҳонбинии илмиро дар ҳама ҳолат, новобаста аз вазъу шароит тарғибу ташвиқ менамояд; й)бо зулму истибдод, ҷаҳлу хурофот ва таассубу риёкорӣ бардавом мубориза мебарад; к) доир ба шахсияти худ, ҷомеа ва ҷаҳони берун аз вуҷуди худ бо ақлу мантиқ қазоват мекунад; қ) ҳамеша ба оптимизм (рӯҳбаландӣ ва зиндагипарастӣ) тақя ва аз пессимизму нигилизм (маъюсиву нафратгаройӣ) интиқод мекунад. Ба сухани дигар, зиндагиро бо ҳама зебоию зиштиаш дӯст медорад;
л) ба зиндагии инсонӣ арзиши баланд қоил аст; м) озодӣ ва ихтиёрро тавъам бо масъулият медонад; н) дар ягон ҳолат, аз қатлу куштор ва зулму истибдод ҳимоят намекунад. о) шӯхтабъӣ, зарофат, зиндадилӣ, самимият ва садоқатро маҳаки муносиботу муошироти инсонӣ медонад ва аз ин шева, шахсан дар зиндагӣ ҳамеша пайгирӣ мекунад; п) нуқтаи назар, ақида ва афкори дигаронро, новобаста аз мақому манзалати иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ ва фарҳангӣ эҳтиром мегузорад; р) барои эҷоди ҳусни тафоҳуми фарҳангӣ ва табодули фикрӣ байни ақшори мухталифи иҷтимоӣ ҷаҳду талош меварзад; с) манофеи миллию мардумиро аз хоҳишҳои инфиродию гурӯҳӣ бартар медонад ва дар ин самт намунаи ибрати дигарон аст; т) ҷасур, ҷуръатманд ва фидокор аст.
Меъёрҳои фавқ табақаи зиёӣ ва равшанфикриро дар ҷомеа созмон дода, мустақилияти онро дар баробари ниҳодҳои дигари иҷтимоӣ таҳкиму тақвият мебахшанд. Набудани тафоҳуми фарҳангӣ ва иттиҳоди миллӣ миёни зиёиёну фарҳангиёни кишвар дар солҳои навадуми асри бистум боиси ба вуҷуд омадани шикофи бофтҳо ва комилан заиф шудани баданаҳои иҷтимоӣ гардида, минбаъд низоъҳои динӣ-мазҳабӣ ва сиёсиро дар шакли хашин ба бор овард. Таҷрибаи талхи солҳои навадумро насли зиёии кишвар бояд ҳамеша мадди назар қарор диҳад ва дар шароити феълӣ, пеш аз ҳама, нерую тавони илмӣ, сиёсӣ ва эҷодиашро сӯйи тафоҳуми фарҳангӣ, иттиҳод ва манофеи миллӣ равона созад.
Дар ҷомеаи муосири тоҷикӣ ниҳоди мустақили рӯшанфикрӣ, бо дарназардошти шароити нави сиёсӣ ва бархӯрдҳои тамаддунӣ дар ҳоли ташаккулёбист ва аз рӯйи тавону имконот, дар баробари ҷаҳлу таассуби дар муҳитҳои иҷтимоӣ решадор, муқовимат ва фидокорӣ мекунад. Танҳо иттиҳоду тафоҳуми неруҳои зеҳнии андешапарвар, пешрав, таҷаддудхоҳ, навгаро, мардумсолор, ҳувиятшинос ва инсонсоз, ки масири равшанфикрии миллиро таъйин мекунанд, ба ҷомеа таъсири ҳадафманд расонда, онро аз қайду бандҳои иҷтимоӣ ва бунбастҳои равонию ахлоқӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ наҷот бахшида метавонанд. Сарфи назар кардан ва тарки амиқи манофеи инфиродию гурӯҳӣ ва тадриҷан пайвастан ба иттиҳоди миллӣ заминаю шароити мусоиде барои ба вуҷуд омадани ниҳоди мустақилу корсози равшанфикрӣ дар ҷомеаи тоҷикӣ фароҳам меоварад. Ин кори мушкил нест, вале ҷуръат, ҷасорат ва муҳимтар аз ҳама, ҳамбастагию ҳамдигарфаҳмӣ металабад.
Рисолати зиёӣ ва рӯшанфикри имрӯз аз назари фикрӣ ва мафкуравӣ на танҳо огоҳ кардани ҷомеа аст, балки аз дарун, сифатан тағйир додани зеҳну тааққул ва тафаккури иҷтимоъ мебошад. Шароити муосири глобалӣ аз зиёии тоҷик кори фаъоли шабонарӯзиро тақозо менамояд, то сатҳи хатарҳои глобалӣ – фундаментализм, экстремизм, радикализм ва терроризми динӣ-мазҳабӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба дод овардааст, коҳиш ёбад ва дар баданаҳои иҷтимоӣ сироят накунад. Гузаштан аз назария ба амалия сарҳадафи кори равшанфикрӣ дар шароити феълӣ мебошад. Он чи ки гуфта мешавад ва тарғиб мегардад (манзур шиорзанӣ ва назарияпардозии хушку холии як идда зиёиён аст), бояд сараввал дар зиндагии шахсии худи мо, амалан татбиқ гардад. Дар ҳоле ки мо, аксаран аз назарияпардозӣ ба амалгаройӣ нагузаштаем, мароми тағйироти сифатии ҷомеа ноком мемонад. Кор кардан бо ҷомеа, омӯзиши ҳаматарафаи афкори иҷтимоӣ, мушоҳида, таҷриба, дарёфти механизмҳои фаъолсозии иҷтимоӣ, коркарди гузинаҳо (алтернативаҳо)-и гуногун ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, фикрӣ, фарҳангӣ, равонӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ-мафкуравӣ рисолати равшанфикрӣ ва зиёигарӣ маҳсуб меёбад. Ин аст, ки масуният ё иммунитети фикрӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, равонӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷомеа ба кори фаъоли зиёӣ аз ҳар ҷиҳат бастагӣ дорад. Ба қавли аллома Иқбол:
Чашми равшанбин амалро раҳбар аст,
Чун дурахши барқи пеш аз тундар аст.
Ҷомеаи вопасгаро ҳамеша ба кори фаъол ва мунсифонаи ин қишр (зиёӣ) сахт ниёз дорад ва танҳо зиёиёну рӯшанфикрон метавонанд ҷомеаро аз чоҳи амиқи ҷаҳолатписандӣ, вопасзадагӣ, хурофотпарастӣ, суннатгаройӣ, яксуянигарӣ, таассубталабӣ, худхоҳӣ, беинсофӣ, беадолатӣ, бетафовутӣ, саҳлангорӣ, фурсатталабӣ, ки ҳамагӣ аз ҷаҳолату нодонӣ сарчашма мегиранд, берун кашида, ба сӯйи ҷомеаи мутамаддини башарӣ ва орӣ аз вомондагию возадагӣ ҳидоят намоянд.
Нозим НУРЗОДА,
пажуҳишгар