Тибқи дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо кӯшишу талошҳои шабонарӯзии Сафорати ғайримуқимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Сурия (бо қароргоҳ дар Кувайт) санаи 25- уми апрели равон 47 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар урдугоҳҳои Ҷумҳурии Арабии Сурия қарор доштанд, тариқи ҳавопаймои махсус ба Ватан баргардонида шуданд.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар ин самт давоми чанд рӯзи охир Сафири ғайримуқимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Сурия Зубайдулло Зубайдзода дар ин кишвар қарор дошт ва бо роҳбарияти мақомоту сохторҳои гуногуни он масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Ватан матраҳ намуд.

Пас аз мулоқоту музокироти созанда, иҷрои муваффақонаи масъулияти бар дӯш дошта ва касбияти баланди дипломатӣ ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Сурия (бо қароргоҳ дар Кувайт) таҳти роҳбарии ҷаноби Сафир Зубайдулло Зубайдзода муяссар гардид, ки 47 нафар тоҷикистониён аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шаванд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нафарони ба Ватан баргардонидаро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифтанд.

Ҳамин тавр, шурӯъ аз соли 2019 то имрӯз, яъне дар чор марҳила дар маҷмӯъ 381 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзадаи давлатҳои Ироқу Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.

Ин руйдоди таърихии навбатӣ бори дигар собит месозад, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан дар самти баргардонидани шаҳрвандони хеш аз урдугоҳҳои Ироқу Сурия воқеан ҳам бобарор ва барои дигар давлатҳо намунаи ибрат аст, чунки дар замони имрӯз кам андар кам кишварҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки баҳри баргардонидани шаҳрвандони худ аз минтақаҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия ба мисли Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдому ташаббус ва талошҳои бесобиқа амалӣ намуда бошанд.

Маҳз пайравӣ ба анъанаҳои неки инсондӯстии гузаштагон ва бетараф набудан аз тақдири ояндаи ҳамватанони хеш дар хориҷи кишвар, махсусан занону кӯдакони бегуноҳ боис бар он гардид, ки роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон чунин силсилаташаббусҳои беназири ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони хешро аз урдугоҳҳои кишварҳои болозикр амалӣ намояд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло Наҷот ҳамзамон Сафири ғайримуқимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ ва Ҷумҳурии Арабии Сурия (бо қароргоҳ дар Кувайт) таъйин гардида, масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз урдугоҳҳои ин кишварҳо бар души ӯ вогузор шудааст.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки Зубайдзода Зубайдулло Наҷот аллакай тавонист аз уҳдаи ин масъулияти бар душ доштааш барояд ва рисолати касбиву инсонии худро дар назди давлату миллати хеш сарбаландона иҷро намояд.

Ба ҷаноби Сафир дар идомаи иҷрои ин масъулияти бузург боз ҳам муваффақияту бурдбориҳои нав ба навро таманно дорем.

Хусрав Шосаидзода,

журналист

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь