Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, субҳи дуюми январи соли равон бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва тармабории зиёд ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз тариқи роҳи автомобилгарди Душанбе–Чаноқ муваққатан боздошта шуд. Ба шарофати меҳнати пурмаҳсули кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон, ки дар давоми ду рӯз зиёда аз 30 тармаро бартарф намуданд, чоруми январ ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз тариқи роҳи мазкур имконпазир гардид.
Ҳоло бартарафсозии пайомадҳои тармаборӣ идома дошта, роҳбарияти филиали Ширкат, масъулини Вазорати нақлиёт, раёсати БДА ВКД ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки бориши барф дар ин масир охири соли гузашта шуруъ гардида, рӯз то рӯз шадидтар шуда истодааст. Арзандаи арҷгузорист, ки кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” филфавр тармаҳоро бартараф, роҳро аз барф тоза ва онро бо маводи зиддилағжиш коркард карда истодаанд. Муҳим он аст, ки ин раванд зери назорати ҷиддии роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, имкониятҳои мавҷуда самаранок мавриди истифодаанд.
Мушкилӣ асосан дар километри 48 -73 мавҷуд аст, ки хавфи тармафароӣ ва бориши пуршиддати барф дар онҷо хеле зиёд ба амал меояд. Сарфи назар аз ин, кормандони филиали Ширкат ҳамарӯза аз субҳи барвақт ба поккории роҳ шуруъ карда, коркарди роҳ бо моддаҳои зиддилағжиш дар фаъолияташон падидаи маъмул маҳсуб мешавад.
Дар маҷмуъ, дар аксар қитъаҳои роҳи Душанбе – Чаноқ баландии барф зиёд буда, дар ҳолати зарурӣ маҳдуд кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар навбати аввал ба бехатарии ронандагону мусофирон рабт дорад.
Ҳарчанд баъзеҳо иддао доранд, ки чун роҳи Душанбе-Чаноқ роҳи пулакӣ аст, бояд 24 соат боз бошад, вале филиали Ширкат дар баробари шаҳрвандон масъулият дораду таъмини бехатарии мусофирону ронандагон болотар аз ҷанбаҳои дигар аст. Биноан, дар сурати ба вуҷуд омадани эҳтимоли хатар ба ҳаёти ронандагон ва мусофирон ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиётро муваққатан бозмедорем.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки роҳбарияти филиали Ширкат низ тамоми вақт дар канори кормандон қарор дошта, умури корҳо зери назорати ҷиддӣ қарор дорад. Омодагии филиали Ширкат ба ин мавсим ҷиддӣ (18020 тонна маводи зиддилағжиш, 273000 литр сӯзишвории дизелӣ, 3345 литр равғанҳо, 91 тонна ангишт, 54 метри кубӣ ҳезум, 113 автошина ва ба қадри зарурӣ сарулибоси зимистонаи махсус барои кормандон) буда, шароит фароҳам аст, ки рисолати ба зимма вогузоршуда дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро гардад.
Дар робита ба ҳолати баамаломада аз шаҳрвандон даъват менамоем, ки муқаррароти аз ҷониби филиали Ширкат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати нақлиёт, БДА ВКД ҶТ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҷоришударо ба эътибор гиранд.
Боварӣ дорем, ки ронандагону мусофирони гиромӣ ба иқдоми мазкур, ки идомаи мантиқии корҳои амалишуда дар самти таъмини ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт дар роҳи зикршуда маҳсуб мешавад, дар заминаи ҳамдигарфаҳмии комил ва ҳусни тафоҳум муносибат хоҳанд кард.
Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон