Устодамон Яъқубӣ ҳамеша мегӯянд, ки зудҳаракаттарин чиз ин фикри одамист. Фикрҳои ман ҳам як аз пайи селаи “гиринкартасупорон” як ба Амрико парвоз мекарданду як аз пайи муҳоҷирон ба Русия. Махсусан, ин рӯзҳо аҳволи муҳоҷирони тоҷик маро ба худ ҷалб сохтааст, ки ҳамеша фикрам банди онҳо мебошад. Фикри бесарунӯгам дар кӯчаҳои Маскав виззос карда ҳаракат менамуданд. Лекин баланд садо додани телефонам яку якбора фикрҳоямро парешон карданд. Баробари бардоштани занг сардори гурӯҳамон Иззатулло бепурсупос ба гап сар кард:

“Э бача, дар куҷо ҳастӣ? Хабар дорӣ? Бачаҳо Маҳмудро аз канори роҳе дар назди боғи ҳайвонот ёфтаанд, ки масту аласт хоб будааст. Агар дар ҳамин наздикиҳо бошӣ, биё, ба хонаашон барем…” Фикрҳоям дубора парешон шуданд. Маҳмуди ҳамкурсам, ки аз соли гузашта, яъне аз ибтидои донишҷуӣ бо вай дӯстони наздик будем, рӯзҳои охир рафторҳои аҷиб дошт. Худаш зодаи кӯҳистон буду дили шерона дошт, аммо рӯзҳои охир аз тағйир ёфтанаш бисёр озурда шуда будам. Як рӯз дар назди боғи ҳайвонот сигоркашиашро дида, сахт мазаммат карда будам. Оҳиста-оҳиста мутобиқи шунидаҳоям қалёнкашӣ ҳам мекардааст. Аммо шаробнӯшиаш тамоман бароям боварнакардани буд. Рӯзҳои охир ба дарсҳо намеомадагӣ шуда буд.

Вақте ки расидам, табъам дучанд тира гашт. Маҳмуд, ҳа, ҳамон Маҳмуде, ки ба рӯяш нигоҳ кунӣ, ҳавасат меомад, худи худаш,  лекин бисёр ҳам дар як ҳолати ногувор. Шиму костюми 1000 сомонааш соф ба лою хок олуда. Дар болои сараш бошад, ду ҳамкурсамон – сардори гурӯҳ Иззатулло ва ҳамкурсам Нуриддин истодаанд. Маҳмуд бошад, акнун ба ҳуш омада буду ҳазору як алоӣ мехонд. Новобаста аз бӯйи бади шароб, ки аз даҳонаш меомад, ба наздаш рафтаму як шаллоқи хубе ба рӯяш зада, кӣ буданашро пурсидам. Обҳои даҳонаш парида, бо садои паст ғунгос зад: “Ту кӣ ҳастӣ, ки маро намешиносӣ? Ҳаа? Ман писари Абдуллобой ҳастам. Абдуллобое, ки аз Помир то Регар ҳама мешиносанд. Шароб ҳам менӯшам, сигор ҳам мекашам, гап дорӣ? Лекин падарам нафаҳмад, ки ман мурдам. Майлаш ҷураааа?” – гуфту садояш хомӯш гашт. Аз он чеҳраи нурдору хушоянд асаре намонда буд. Ӯро ба хонаашон бурдан номумкин буд, зеро дар Душанбе дар хонаи тағояш зиндагӣ мекард ва мусаллам буд, ки тағояш ҳам аз ин корҳояш хабар надошт. Нақша кашида, ба хонаи Нуриддин, гирифта бурдем. Саҳарӣ соати ҳашт боз ба хонаи Нуриддин рафтам, то аз ҳоли Маҳмуд огоҳӣ ёбам. Ҳамин ки маро дид, ба зораву нола даромад, “Саид, бро, Ба Худо қасам охирон борам бошад, албатта ба падарам нагуфтагистӣ. Саид, ҳаа? Қасам мехӯрам, ки дигар наменӯшам, сигор ҳам намекашам. Дӯстам маъзарат, ки боз ваъдахилофӣ кардам, маъзарат.”

Бале,  ба ҳамааш ҷамъият гунаҳгор буд,  зеро аз боғи ҷавонон сар карда то атрофи Боғи ҳайвонот ва назди кули Душанбе ҳама донишҷӯҳои сигоркаш ҷамъ шудаанду касе ҳам кор надорад. Маҳмуд ҳам шояд ба кадом авбошони ҳаминҷоӣ ҳамроҳ шуду ба ҳамин роҳи бад рафт.

Он рӯз Маҳмудро ҳушдор додам, ки агар бори дигар шароб ку онтараф истад, ҳатто сигор кашиданашро бинам, аниқ ба падараш хабар хоҳам дод. Лекин аз куҷо як ман метавонам роҳи чунин донишҷӯи сигоркашро гирам, дар ҳоле ки ҷамъият бетараф бошад? Мисол, пеши роҳи Маҳмудро гирам ҳам, пеши роҳи  донишҷӯёни дигарро чӣ тавр мегирам???

Аз куҷо ба ин ҷавонҳо боварӣ кардан шояд,  ки дар оянда миллати солим месозанд? – суолест, ки хоҳу нохоҳ ҳар калонсоли моро ба фикр кардан водор месозад.

Қаландар НОРОВ,

 донишҷӯ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь