Рӯзгори фарзонафарзандони миллат барҳақ оинаи ибрат аст. Аз ҳар саҳифаи китоби зиндагии бузургон бояд сабақи ҷавонмардӣ омӯхт ва барои саодатманд шудан пайрави кору пайкори онон шуд. Дар тасарруфи ному ёди шахсоне, ки барои хушбахтии миллат ва ободии меҳан саҳм мегузоранд, дасти фаромӯшӣ кӯтоҳ аст. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мефармояд:

Сафҳаи даҳр бувад сафҳаи умри ҳама халқ,

Инчунин гуфт хирадманд, ки андеша гумошт.

Хуррам он кас, ки бар ин дафтари пок аз ҳама ҳарф,

Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт.

Ахиран китобе дар бораи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, омӯзгори фарҳехта, роҳбари чашми кордон, ташкилотчии масъулиятшинос, аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Ҳазратқул Ҳусейнов аз чоп баромад. Номбурда аз зумраи фарзонамардони ватани азизи мост, ки дар масири 74 сол ҳам рақами хайр кашидаву ҳам асари хайр гузоштааст. Ӯ як умр ҳамчун ватанпарасти ҳақиқӣ ва фарди хештаншинос зиндагӣ карда дар тарбияи садҳо ҷавонони зодгоҳаш, ки дар ҷомеа мавқеи муайян доранд, саҳм гузоштааст. Китоби мазкур дар асоси ёдномаҳо таҳти унвони «Сарбози ду ҷабҳа» бо сифати баланд дар ҳаҷми 468 саҳифа бо зевари нашр пероста гардид. Дар ин китоб меҳрномаи 34 нафар чеҳраҳои шинохтаи адабиёту санъат ва илму фарҳанги кишвар, ки роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Ҳазратқул Ҳусейнов ҷой дода шудааст. Китоб бо хатти имрӯзаи тоҷикӣ ва ҳуруфи форсӣ нашр гардида, ҳадяи хубе барои хонандагон маҳсуб мешавад.

Муҳаррири китоби «Сарбози ду ҷабҳа» Ҳусниддин Ғафурӣ, мутахассиси дараҷаи олии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд, ба китоб пешгуфтори зебое навишта, роҷеъ ба ҳаёт ва рӯзгори қаҳрамони марказӣ маълумоти мухтасар додааст. Муҳаррир дар фаровардаи пешгуфтор таъкид менамояд, ки хонандаи муҳтарам, аз мутолиаи ин китоб як ҷаҳон маънӣ бардошта, ҳамзамон аз қаҳрамони ду сангар Ҳусейнов Ҳазратқул дарси далерӣ, мардонагӣ, шуҷоат, азхудгузаштагӣ, меҳандӯстӣ, инсондӯстӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсониро хоҳад омӯхт. Ба ҳақиқати хулосаи Ҳусниддин Ғафурӣ пас аз мутолиаи китоб метавон расид.

Ҳар мақолаи китоб аз афроди мухталиф таҳти унвонҳои гуногун мунташир шудааст. Аз ҷумла, нигоштаи аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашур Мирзоев «Убургари Дон ва Днепр», ки дар жанри очерк таълиф шуда, пас аз пешгуфтор ҷой дода шудааст. Дар нигоштаи худ Ашур Мирзоев рӯзгори ибратомӯзи қаҳрамонро хеле зебо тасвир намудааст. Ӯ афзудаат, ки Ҳазратқул Ҳусейнов ягона фарзанди волидайн буд ва ӯро меҳри ватан бар корзори нангу ҷанг мебарад. Дар ҳимояи марзу бум қаҳрамониҳо нишон дода, дар охир ду пойи худро аз даст медиҳад. Номбурда алорағми номардиҳои қисмат гӯшашиниро ихтиёр накарда, балки ба хизмати халқу ватан камари ҳиммат мебандад. Ҳазратқул Ҳусейнов бо ду пойи чӯбин, вале бо иродаи оҳанин корҳоеро анҷом медиҳад, ки чунин иқбол дар зиндагӣ ба ҳар кас даст надодааст. Очерки «Убургари Дон ва Днепр» дар алоҳидагӣ худ як китоби мукаммал мебошад. «Ёдвораҳо аз падари бузургворам», ки ба қалами фарзанди Ҳазратқул Ҳусейнов, иқтисодшинос Раҳмонқул Ҳусейнов тааллуқ дорад низ хеле самимона ва хонданӣ баромадааст.

Бо истифодаи абёти шоирони муосиру классик Раҳмонқул Ҳусейнов андешаҳои худро тақвият бахшида, ки ин амал китобро хонданитар кардааст.  Мақолаи фарзанди дигари Ҳазратқул Ҳусейнов, рӯзноманигори шинохта Фаррух Ҳусейнов, ки «Ёди падар» ном дорад, дар асоси хотираҳо таълиф шудааст. Нигоштаи «Ёди падар» бадеӣ-публисистӣ буда, муаллиф симои падари соҳибфазилати худро бағоят табиӣ ва воқеӣ ба тасвир кашидааст.

Аз чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанг, ки бо Ҳазратқул Ҳусейнов ошно будаанд, ёдоварӣ кардан ба маврид аст ва ин раванд албатта ба хонанда писанд меояд. Дар муваффақияти Ҳазратқул Ҳусейнов саҳми ҳамсари ӯ Гуландом Шарифова бузург буд, навиштааст муаррихи тавонои тоҷик, зиндаёд Абдусаттор Мухторов дар очерки «Бо амри тақдир». Бо таълифи ин нигошта Абдусаттор Мухоторов насли ҷавони кишварро ба инсондӯстию ватанпарастӣ ҳидоят мекунад.

Чунончӣ аз мутолиаи китоб бармеояд, фаъолияти омӯзгории қаҳрамони марказии китоби «Сарбози ду ҷабҳа» аз соли 1938 оғоз шуда, ин омӯзгори соҳибфазилат дар тарбияи садҳо мутахассисони соҳибтаҷриба саҳми арзанда гузоштааст. Ҳазратқул Ҳусейнов ба ҳайси директор дар дабиристони зодгоҳаш 20 сол заҳмат кашидааст, ки маҳз бо ташаббуси ӯ мактаби нави деҳааш бунёд мешавад.

Корманди шоистаи Тоҷикистон, рӯзноманигори варзида Раҷабалӣ Қудратов, ки аз хизматҳои Ҳазратқул Ҳусейнов огоҳ аст, ёдномаи худро «Умри дубора дарёфт» ном гузоштааст, ки он дар жанри очерк таълиф гардидааст. Дар ибтидои навиштаи худ Раҷабалӣ Қудратов аз овони кӯдакии худ, ки ба замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост меояд ёдовар шуда, лаҳзаи аз Ҳазратқул Ҳусейнов омадани «Хати сиёҳ»-ро, ки иштибоҳ буд, бағоят таъсирбахшу воқеӣ тасвир намудааст. Шевани модар аз хабаре, ки асоси воқеӣ надошт, ба фалак мепечад. Муаллиф навиштааст: «Ҳанӯз аз сари сангу талу теппаҳо садои нолиш ва гиряи амаки Ҳусейну холаи Иззатмоҳ баланд мешуд. Аммо рӯзе фаро расид, ки ҷавоне аз деҳ омада ва бо садои баланд ин муждаро ба мардум расонид: Ҳазратқул зинда, имрӯз хати сафедаш омад». Он рӯз дар овул сокинони зодгоҳи Ҳазратқул Ҳусейнов чӣ ҳолат доштанд? Чаро Ҳазратқул Ҳусейновро мардум ба некӣ ёд мекунанд? Барои чӣ академик Муҳаммад Осимӣ ба хонаи Ҳазратқул Ҳусейнов рафт? Инҳо саволҳое ҳастанд, ки хонанда пас аз мутолиаи очерки «Умри дубора ёфт» ҷавоб пайдо мекунад.

Мақолаи дигари китоб «Дидори хотирмон» унвон дошта, ба қалами шодравон Субҳон Кошонов, раиси собиқи Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд тааллуқ дорад, ки дар он муаллиф бардошту хулосаҳои худ аз вохӯрӣ бо Ҳазратқул Ҳусейновро хеле зебо тасвир намудааст.

Ёдномаи узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, рӯзноманигори шинохта Карим Мӯсо «Марде бо чӯбӣ, вале бо дили инсонӣ» ном дорад, дар китоби «Сарбози ду ҷабҳа» ҷой дода шудааст. Ин нигошта бо тасвири манзараҳои дилфиреби зодгоҳи Ҳазратқул Ҳусейнов дар айёми Наврӯзи гул ба домон оғоз мешавад. Муаллиф роҷеъ ба шахсияти қаҳрамонаш бо меҳру самимият ёдоварӣ намуда, хизаматҳои дар рушди мактабу маориф кардаи ӯро ба риштаи тасвир кашидааст. Порчаҳои шеърӣ, ки дар ин нигошта оварда шудаанд, ба рӯзгори Ҳазратқул Ҳусейнов иртибот доранд ва истифодаи онҳо андешаҳои муаллифи мақолаи «Марде бо ду пойи чӯбӣ, вале бо дили инсонӣ»-ро ба маротиб тақвият мебахшанд. Дар анҷоми мақола ҳам табиати зодгоҳи Ҳазратқул Ҳусейнов табиӣ тасвир шудааст, аммо ҳар вожа оҳанги ҳузн дорад. Ҳадафи рӯзноманигор Карим Мӯсо аз таълифи мақола арҷ гузоштан ба рӯзгори ибратомӯзи бузургон мебошад.

Нигоштаҳои Шарофиддин Рустамов, Асламшоҳ Раҳматуллоев, Асадулло Саъдуллоев, Ваҳҳоб Бобоҷонов, Неъматулло Мирзоев, Шераки Ориён, Муродилло Ҷанобилов, Каримҷон Қодиров, Фармон Ҷӯрақулов, Холмурод Сафарзода, Шоиста Мирзоева, Олимҷон Салимзода, Нурмуҳаммад Исҳоқӣ, Муродалии Муҳиддин, Убайдулло Акрамзода ва Сангин Қурбонов ҳам ҷолибу хонданбоб ҳастанд.

Муаллифон аз дидгоҳи худ дунёи ботинии қаҳрамонашонро кушодаанд. Бояд бигӯем, ки дар китоби «Сарбози ду ҷабҳа» чакомаҳои Файзулло Ансорӣ, Камол Насрулло, Хайрандеш, Алӣ Муҳаммади Хуросонӣ, Занҷирбеки Яъқуб, Азизмуроди Алиакбар, Анварбеки Абӯнаср ва Сайёд Ғаффор, ки инъикоскунандаи рӯзгор ва фаъолияти Ҳазратқул Ҳусейнов мебошанд, ҷой дода шудаанд.

Достони қиссаи «Марди корзор» аз эҷодиёти шоир маҳбуб ва зиндаёд Муфаззали Аҷамрод мебошад. Муаллиф дар ҳошияи достони «Қиссаи марди корзор», ки дар вазни «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ эҷод шудааст, овардааст: «Дар ҳулули 90-умин солгарди ёдбуди устоди зиндаёд Ҳазратқул Ҳусейнзода, ки дар ҶБВ ҳарду пойи худро аз даст дода, баъдан сарфи назар аз маъюби гурӯҳи якум буданаш солиёни зиёд сарварии мактаби таҳсилоти умумии зодгоҳашро бар уҳда дошт ва чун «Марди ду майдон» дар байни мардуми диёр шуҳратёр буд. Достони мавриди назар бо васфи Ватан оғоз мешавад:

Ватан марзу буми ниёгони мост,

Ватан мазҳари ҷону имони мост.

Ватан модари оламорои мост,

Ватан қиблаи мову дунёи мост.

Ба гумони ғолиб Муфаззали Аҷамрод дар эҷоди достони «Қиссаи марди корзор» махсус вазни достони «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсиро интихоб намудааст. Чунин интихоб аз ҷониби шоир бесабаб нест, зеро баёни мавзӯи ватанпарастию шуҷоат ва далерию худфидоӣ бо ин вазн таъсирбахш мебарояд. Дар достони мазкур бори маъно асосан ба зиммаи қофия асту радиф хеле кам истифода шудааст, ки чунин иқдом пос доштани анъанаи достоннависии суннатӣ мебошад.

Китоби «Сарбози ду ҷабҳа» бо нигоштаи арзишманди Ҳасанбой Ҳусейнов, писари Ҳазратқул Ҳусейнов ҷамъбаст мешавад. Аз нигоштаи арзишманди Ҳасанбой Ҳусейнов хонанда бардоши хубе мегирад.

Номи фарзонамардони миллат ва фидоии Ватан ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири мардум зудуда намегардад. Ҳазратқул Ҳусейнов аз зумраи он нафароне буд, ки барои рушди илму маориф ҳастии худро фидо намудааст. Бо шарофати чопи китоби «Сарбози ду ҷабҳа» мо аз рӯзгори ибратомӯзи Ҳазратқул Ҳусейнов маълумоти пурра мегирем. Воқеан китоби «Сарбози ду ҷабҳа», ки дар асоси ёдномаҳо мураттаб гардидаст, хеле ҷолиб ва хонданбоб мебошад. Аз ин рӯ, ба ҳамагон тавсия медиҳем, ки китоби мазкурро мутолиа намоянд ва мутмаинем, ки ба ҳамагон писад меояд.

Синои Холиқ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь