8-уми декабри соли 2024 хукумати беш аз нимасраи (аз соли 1971) сулолаи Асад дар Сурия суқут кард. Пойтахти кишвар – Димишқро 8-уми декабр нерӯҳои мухолифини хукумати қонунӣ – муҷоҳидони исломӣ таҳти назорати худ гирифтанд. Дар 12 рӯз нерӯҳои гурӯҳи террористии «Ҳайъат Таҳрир-аш-Шом», Артиши Сурияи озод, Артиши миллии Сурия ва гурӯҳҳои муҷоҳидони алоҳида тамоми қаламрави кишварро қариб, ки бе ҷанг ба даст оварданд. Нерӯҳои ҳукуматӣ бе муқовимат ба муҷоҳидон шаҳрҳоро мегузоштанд ва ё ба тарафи мухолифин мегузаштанд. Дар Димишқ ғоратгарӣ сурат гирифт. Дар наворҳои ТВ ва шабакаи ютуб ғорат кардани қасри Башор Асад аз ҷониби ҷангиён мечархид, ки чунин ҳодисаҳо аллакай барои бинандагон шинос буд. Воқеан ҳам, ҳодисаҳои инқилобҳои ранга ва табадуллотҳои солҳои охир аз рӯи як тарҳ анҷом ёфта, коргардонаш ҳам як нерӯ аст.

Дар оғози амалиёти мухолифин президенти Сурия Башор Асад барои боздоштани ҳуҷуми онҳо аз президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон кумак пурсид. Вале Туркия кумак накард, зеро Эрдуғон мухолифинро дастгирӣ мекард ва яке аз тарроҳони табадуллот буд. Ҳамчунин Б. Асад барои кумак бо силоҳ ба роҳбарони Мисру Урдун ва Ироқу Аморати муттаҳидаи Араб муроҷиат кард. Вале онҳо ҳам расонидани кумакро ба Сурия рад карданд. Ҷумҳурии исломи Эрон, ки солҳои тӯлонӣ Сурияро дастгирӣ мекард, ночору танҳо монд. Ба қавли таҳлилгари эронӣ Меҳдӣ Раҳмат дар мусоҳибааш ба рӯзномаи «Ню-Йорк таймс» низомиёни эронӣ наметавонанд, ки ба Артиши Сурия кумак бикунанд, «агар худи онҳо ҷанг кардан нахоҳанд».

Шарики дигари Сурия – Русия, ки бе кумаки ҳарбӣ ва гуманитарии он ҳукумати Башор Асад ҳанӯз соли 2015 суқут мекард, худ дар Украина се сол боз ба гирдоби ҷанг ғӯтидааст ва наметавонад ба ҷанги дигаре дарояд. Ҳамчунин шуруъ аз соли 2020 муносибати Сурия бо Русия сард шуда буд. Зеро Б. Асад узви Лигаи кишварҳои Араб шуда, ба кумаки онҳо умед дошт. Ҳамчунин Туркия ва Эрон ба ӯ наздиктар буданд. Шояд ҳоло Русия аз он ки ба Башор Асад ва аҳли оилааш паноҳгоҳи сиёсӣ дод, дигар кумаке карда наметавонист. Воқеан, тақдири Сурия дар музокироти намояндагони формати Остона – Русия, Эрон, Туркия ва панҷ кишвари арабӣ – Қатар, Арабистони Саудӣ, Урдун, Миср ва Ироқ, ки 7-уми декабр дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа баргузор гардид, аллакай ҳал шуда буд.

Ба назар мерасад, ки ин табадуллот ба ғайр аз ҳадафҳои аслӣ боз ба хотири аз Сурия дур кардани нуфузи Русия ва Эрон тарҳрезӣ шуда буд. Дар ин табаддулот ҷангиёни Украина низ даст доштанд. Шояд тарроҳон гумон мекарданд, ки Русия ба кумаки Б. Асад мешитобад ва як қисми нерӯҳояшро аз ҷабҳаи зидди Украина берун мекашад. Дар натиҷа бо ин пешравии нерӯҳои Русия дар Украина суст мешавад. Аз ҷониби дигар, Эрон аз ин табаддулот долони кумакрасониро ба гурӯҳи «Ҳизбуллоҳ» дар Лубнон аз даст дод.

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия расман соли 2011, баъди сарнагун шудани давлати Либиё оғоз шуда, ҳамон вақт яке аз ҷузъҳои тарҳи ИМА ва Аврупо барои табаддулот дар давлатҳои худкома бо номи «Баҳори Араб» амалӣ мегардид. Вале Б. Асад тавонист, ки истодагарӣ бикунад. Соли 2014 бо таъсиси ДОИШ, ки дар ҷаҳон ҳамчун созмони террористӣ шинохта мешавад, мухолифини ҳукумати Башор Асад ҳамчун нерӯи ягона ташаккул ёфт. Соли 2015 Артиши Сурия аллакай 75 фоизи нерӯҳояшро дар ҷанг бо мухолифин аз даст дод. Як қисми сарбозон дар ҷанг куштаву маҷруҳ шуданд, қисми дигар фирор карданд. Афсарони фироркарда Артиши озоди Сурияро ташкил карданд ва якҷоя бо муҷоҳидони ДОИШ (дар Тоҷикистон созмони террористӣ дониста мешавад) зидди нерӯҳои ҳукуматӣ ба ҷанг даромаданд. Ҳамон сол Русия, Эрон, Чин ва гурӯҳи ҷангиёни «Ҳизбуллоҳ» аз Лубнон ба Башор Асад кумак расониданд ва ба 9 соли дигар ҳукмронии ӯро дароз карданд.

Ин муҳлат имконе буд, ки президент Башор Асад дар мамлакат ислоҳот гузаронад, барои некӯаҳволи мардум тадбирҳои назаррас анҷом диҳад. Вале дасти президент кутоҳ буд: ӯ барои ислоҳот захира ва нерӯ надошт. Конҳои нафту газ дар дасти ҷангиёни ИМА буд ва фоидаи ин захираҳоро онҳо мегирифтанд. Дар Сурия бошад, коррупсия, бекорӣ ва камбизоатӣ меафзуд. Ин ҳама барои сарнагун кардани Хукумати Асад шароит муҳайё мекард. ИМА, Туркия ва шарикони онҳо аз ин ҳолат истифода карда, мухолифини Асадро маблағгузориву дастгирӣ карданд ва ба ҳадафи худ расиданд.

Ҳоло дар Сурия хукумати нав барпо гардид ва Муҳаммад ал-Башир то 1-уми марти соли оянда ба мақоми нахуствазири ҳукумати муваққатии Сурия таъин шудааст. Ба иттилои телевизиони «Ал-Ҷазира», ӯ аз соли 2022 дар Ҳукумати наҷоти Сурия, ки аз ҷониби ҷангиёни “Ҳайят Таҳрир аш-Шам” дар қаламрави таҳти назорати онҳо дар вилояти Идлиб ташкил шудааст, ба ҳайси вазири рушд ва умури башардӯстона кор кардааст. Ба қавли расонаҳои арабӣ ӯ яке аз наздикони роҳбари гурӯҳи «Ҳайят Таҳрир аш-Шом” Абу Муҳаммад ал-Ҷулонӣ (номӣ аслиаш Аҳмад Ҳусейн ал-Шароа, ё аз руй маълумоти дигар – Усома ал-Абси ал-Воҳидӣ) мебошад. Ӯ тахаллуси Абу Муҳаммад ал-Ҷулониро ба хотири зодгоҳи падараш теппаҳои Ҷулон гирифтааст. Соли 2017 ИМА барои сари ӯ, ки размандаи Созмони террористии «Ал- Қоида» буд, 10 миллион доллар мукофот эълон кард.

Гурӯҳи «Ҳайъат Таҳрир аш-Шом» (ҲТШ), ки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон созмони террористӣ эътироф шудааст, ҳоло нерӯи асосӣ дар Сурия ба ҳисоб меравад. Воқеан, боқимондаҳои гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва “Ҷабҳат-ан-Нусра” муттаҳид шуда “Ҳайъат Таҳрир аш-Шом” ном гирифтааст. Барои ба сари қудрат омадани созмони террористӣ дар Аврупо на ҳама мувофиқанд. Вале маълум аст, ки агар Созмони «Ҳайъат Таҳрир-аш-Шом» аз рӯи қоидаҳои сарпарастони худ бозӣ кунад, ИМА, Британия, Туркия ва кишварҳои шарики онҳо хориҷ кардани ин гурӯҳи исломиро аз феҳристи террористон дархост мекунанд.

Артиши Сурия бешубҳа чунин пешравии босуръати мухолифонро интизор набуд. Дар зарфи 12 рӯз ба онҳо муяссар гардид, ки шаҳрҳои калонтарини мамлакатро қариб бе ҷанг забт кунанд. Дар шарқи кишвар, ба истилоҳ “Нерӯҳои Сурияи демократӣ”, курдҳои таҳти ҳимояти Амрико, ҳоло вилоятҳои Раққа, Ҳасака ва Дайр-аз-Зорро тақрибан пурра назорат мекунанд. Дар гирду атрофи он калонтарин конҳои нафт воқеъ гардидаанд. Барои нигоҳ доштани назорат аз болои онҳо ИМА омода аст, ки бо иттифоқчиёни худ дар НАТО ҷанҷол кунад. Сенатори ҷумҳурихоҳ Линдси Грэм аллакай ба Туркия таҳдид мекунад, ки агар бо курдҳо ҷанг оғоз кунад, таҳрим ҷорӣ мекунанд. Воқеан, нафту газ ашёи хоми муҳимест, ки барои он ИМА тӯли даҳсолаҳо Шарқи Наздикро террор мекунад. Набудани ҳукумати қавии қонунӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ барои тиҷорати Амрико монеа нахоҳад буд.

Воқеан, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пойгоҳи низомии Танфро пас аз тасарруфи заминҳои назди марзӣ аз ҷониби гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” дар соли 2015 таъсис дод. Пойгоҳи мазкур, ки дар сарҳади Урдун воқеъ аст, барои тайёр кардани гурӯҳҳои муҷоҳиддини ба Иёлоти Муттаҳида содиқ истифода мешуд.

Кишварҳои дигар низ дар Сурия соҳиби иншооти низомӣ ҳастанд. Аз ҷумла, Туркия дар Идлиб ва дигар манотиқи шимоли кишвар пойгоҳҳо дорад. Аммо моликияти Русия аз ҷиҳати миқёс ва аҳамияти стратегӣ хеле калонтар ва осебпазиртар аст. Пойгоҳӣ ҳарбии Русия дар соҳили баҳри Миёназамин дар Тартус (аз соли 1977) ва пойгоҳи ҳавоии Хмеймим дар Латакия (аз соли 2015) ҷойгиранд. Солҳои 2015 ва 2017 ин пойгоҳҳои ҳарбиро Русия тибқи созишнома бо Сурия ба иҷораи 49-сола гирифт.

Сиёсатмадор Муҳаммад Аллуш, ки аз мақомоти нави Сурия намояндагӣ мекунад ва қаблан раҳбарии ҳайати мухолифони Сурияро дар музокироти сулҳ дар Женева ва Остона бар уҳда дошт, зарурати бознигарии вазъи пойгоҳҳои низомии Русияро дар ин кишвар изҳор дошт. Ба гуфтаи вай, тасмим дар ин бора бо назардошти манофеи мардуми Сурия ва ҳамчунин бо назардошти шарикии стратегӣ бо Русия гирифта мешавад. Дар ҳамин ҳол ба қавли ОИ «Блумберг» Русия дар бораи нигоҳ доштани пойгоҳҳои низомии худ дар Сурия ба созиш наздик аст, зеро дар мавриди идомаи ҳузури нерӯҳои Русия дар иншооти муҳими стратегӣ барои ФР – бандари баҳрии Тартус ва пойгоҳи ҳавоии Хмеймим музокироти фаъол идома доранд.

Бояд гуфт, ки исломиҳо Исроилро эътироф намекунанд ва вай барои онҳо душман боқӣ мемонад. Ҳамин аст, ки баъди суқути ҳукумати Асад нерӯҳои дифоии Исроил аз фурсати муносиб истифода карда, бештари минтақаи буферӣ дар тепаҳои Ҷулонро дар ҷануби Сурия ишғол карданд. Сарвазири Исроил Нетаняҳу изҳор кард, ки ин минтақа то абад дар ихтиёри Исроил боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол Артиши Исроил дар 25-километрии ҷанубу ғарби Димишқ қарор дорад. Ишғоли пойтахт барои нерӯҳои Исроил мушкил нест ва онҳо иҷозати хоҷаҳои амрикоии худро интизоранд. Албатта, ИМА айни замон чунин иҷозат намедиҳад. Зеро ИМА Созмони террористии «Ҳайъат Таҳрир-аш-Шом»-ро сари қудрат овард ва аз он дастгирӣ хоҳад кард. Ҳоло Исроил ба хароб кардани инфрасохтори низомии Сурия идома медиҳад. Феълан Артиши Исроил флоти баҳрӣ ва тамоми нерӯҳои зиддиҳавоии Сурияро аз байн бурдааст. Дар маҷмуъ, тибқи гузориши Созмони Дидбони ҳуқуқи башар Артиши Исроил ба ҳадафҳои мухталиф дар Сурия беш аз 320 зарба задааст. Дар натиҷа тақрибан 80 фоизи иншооти низомие, ки аз ҳукумати Асад боқӣ монда буд, хароб гардидааст.

Дар ҳамин ҳол сарвазири Исроил Нетаняҳу силсилаи изҳороти худро идома медиҳад: “Мо мехоҳем бо ҳукумати нави Сурия равобит барқарор кунем. Аммо агар вай ба Эрон иҷозат диҳад, ки пойгоҳҳояшро дар ин кишвар дубора ба даст орад ва ё интиқоли силоҳ ба «Ҳизбуллоҳ»-ро иҷозат диҳад, ё ба мо ҳамла кунад, мо ба таври қатъӣ посух хоҳем дод. Он чӣ, ки бо режими пештара руй дод, бо ин режим ҳам мешавад».

Дар посух ба ин изҳороти Нетаняҳу дар шабакаҳои иҷтимоии араб наворе паҳн шуд, ки дар он ҷангиёни ифротии суриягӣ бидуни ишора ба мансубияташон ба ягон гурӯҳ чунин муроҷиат мекунанд: «Сарвари режими Исроил мегӯяд, ки, Сурия ҷабҳаи нави онҳост. Ҷавоби мо ин аст: мо ба назди шумо, исроилиён меравем!».

Ба гуфти генерал-майори Пентагон Патрик Райдер аз 900 сарбози амрикоӣ, ки дар Сурия ҷойгиранд, аксарашон дар минтақаи шимолу шарқии кишваранд. Минтақаи мазкур таҳти назорати «Нерӯҳои демократии Сурия», буда, аз курдҳо таъсис ёфтааст. Амнияти сарҳади Сурия ва Ироқро воҳидҳои курдҳои «Нерӯҳои демократии Сурия», ки аз ҷониби ИМА дастгирӣ мешаванд, таъмин мекунанд.

Туркия ба шарофати Артиши миллии Сурия, ки аз ҷониби Анқара дастгирӣ мешавад ва ҳам ба нерӯҳои худ, ки дар Идлиб ва атрофи он пойгоҳҳо таъсис додааст, як нерӯи муҳим дар шимол боқӣ мемонад. Манфиати аслии Анқара дар Сурия мубориза бар зидди «Нерӯҳои демократии Сурия» аст, ки бо гурӯҳҳои курд дар Туркия иртибот доранд. Ба наздикӣ Артиши миллии Сурия Манбиҷро аз курдҳо бозпас гирифт ва аз 12 то 16-уми декабр дар ин ҷо оташбас ҷорӣ шуда буд. Оташбас барои минтақаро тарк кардани размандаҳои «Нерӯҳои демократии Сурия» пешбинӣ шудааст. Аммо ба гуфти коршиносон бо тарки курдҳо аз ин минтақа, ҳамлаҳои ҷангҷӯёни ДОИШ дар Сурия меафзояд.

Ба қавли коршиноси Маркази таҳлилии Арабу Авруосиё Дмитрий Бриҷ ҳоло гурӯҳҳое, ки ба қудрат расидаанд, бо ҳам даргиранд ва низоъҳои қавмию эътиқоди динӣ низ авҷ гирифтааст. Мувофики шартномаи ҷамъиятӣ Сурия қаблан давлати дунявӣ буд. Аксари аҳолии кишварро мусалмонҳои суннимазҳаб ташкил медиҳанд. Боқимонда шиъамазҳабон ва насрониён (13-14%) мебошанд. Аз нигоҳи этникӣ дар Сурия аслан арабҳо зиндагӣ карда, курдҳо тақрибан 10-12 дарсади аҳолиро ташкил мекунанд.

Оё ҷанги мазҳабиву қавмӣ фарогир мешавад?

Бино ба маълумоти охирин дар Латакия (наздикии Хмеймим), ки насрониҳои алавӣ дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, поксозии этникӣ ва мазҳабӣ шуруъ шудааст. Воқеан, президент Б. Асад аз қабилаи алавӣ буд ва аз ҷониби онҳо дастгирӣ меёфт. Алавиҳо тақрибан 15 фоизи аҳолиро ташкил мекунанд. Алавиҳо аслан арманитабор буда, араб шуда бошанд ҳам, насронӣ монданд. Дар давраи ба сари қудрат омадани Ҳафизулло Асад алавиҳо аз ҷониби ӯ иҷборӣ шиъамазҳаб шуданд. Зеро мувофиқи сарқонун ғайримусалмон наметавонист президент бошад. Соли 1973 дар Сурия алавиҳоро расман ҳамчун мусулмони шиамазҳаб шинохтанд. Аз нигоҳи диншиносӣ онҳоро метавон масеҳӣ ҳисобид. Алавиён манъи расму оин ва ахлоқии исломро рад мекунанд ва идҳои насронӣ – Мавлуди Исо, Пасхаро ҷашн мегиранд. Дар таълимоти динии алавиҳо исломи боқимондаи исмоилӣ бо унсурҳои фирқаи қадимии астралии шарқӣ ва масеҳият омехта шудааст. Китоби муқаддаси алавиён «Китоб ал- Маҷмуъ» аз 16 сура иборат буда, аз ҷиҳати шакл монанд ба Қуръон аст. Алавиҳоро дар хориҷ аз Сурия ҳамчун мусалмон намешиносанд, аммо дар Сурия онҳоро зерҷамоаи шиъаҳо медонанд.

Қаблан мухолифин барои тарафдорони ҳукумати Асад авф ваъда дода буданд, вале ҳоло боздошти афсарони собиқи артиши ҳукумат шурӯъ шудааст. Ёдовар мешавам, ки пештар бисёре аз онҳо аз ҷониби шӯришгарони исломӣ ба таври оммавӣ ба қатл расонида шуда буданд.

Ҳамчунин, мақомоти нави Сурия аз маҳрум кардани аҳолии шиъа аз шаҳрвандии ин кишвар хабар доданд. Ҳайати нави Вазорати иттилооти Сурия ошкоро изҳор кардааст, ки рӯзноманигорони низомие, ки инқилобро дар Сурия дар канори ҳукумати Башор Асад инъикос мекарданд, муҷозот хоҳанд шуд. Ба асоси рӯйдодҳои қаблӣ, эҳтимоли эъдоми ғайридодгоҳӣ дар назар дошта шудааст.

Ба гуфти блогнависи низомӣ Олег Тсарев ҷангиёни Артиши миллии Сурия дар Манбиҷ китобхонаи Имом Муҳаммад Ғазолиро, ки дар он ҳазорон китоб мавҷуд буд, ғорат карданд ва сӯзонданд.

Бояд гуфт, ки ба наздикӣ музокироти курдҳо ва мақомоти нав дар бораи ҳалли осоиштаи низоъ сурат гирифт. Курдҳо бояд ҳукумати навро эътироф бикунанд ва айни замон мухторияташонро дар минтақаҳои шарқӣ нигоҳ доранд. Аммо “Нерӯҳои Сурияи демократӣ” бо дархости ҲТШ бояд Раққа, Табқа ва Дайр-аз-Зорро тарк намоянд. Дар иваз мақомоти нав Тел Абяд ва Рас-ал-Айнро дар шимоли Сурия ба курдҳо медиҳанд ва ҳамлаҳои Туркия ба курдҳоро қатъ мекунанд. Ҳанӯз маълум нест, ки гуфтугӯҳо то ба куҷо амалӣ мешаванд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷануби Сурия, шаш ҷамъияти друзҳо (ақаллиятҳои вилояти Даръа) хоҳиши як қисми Исроил шуданро изҳор кардаанд. Сокинони деҳаи Ҳадер, ки дар наздикии сарҳади ҷанубӣ воқеъ аст, аз Артиши Исроил хоҳиш карданд, ки ин деҳаро ба Ҷулони Исроил ҳамроҳ кунанд.

Давлатҳои ҳамсоя мехоҳанд, ки дар Сурия нуфуз дошта бошанд

Воқеан, Эрон, Туркия, Ироқ ва Исроил аз мубориза барои нуфуз дар Сурия даст намекашанд.

Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Туркия изҳор доштааст, ки агар Исроил барои дастгирии нерӯҳои курд ба дигарон зарба бизанад, системаҳои дифоии ҳавоӣ ва ҳавопаймоҳои ҷангии мо омодаанд, ки онҳоро нест бикунанд.

Қаблан раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон зимни музокирот бо котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфта буд, ки Анқара ҷонибдори ҳифзи тамомияти марзӣ ва сохтори воҳиди Сурия аст. Вале дар сурати таҳдид ба амнияти миллӣ Анқара алайҳи террористҳо дар Сурия иқдом хоҳад кард.

Наздиктарин иттифоқчии ҲТШ Артиши миллии Сурия (АМС) мебошад, ки аз ҷониби Туркия дастгирӣ мешавад. Вай ҳукумати Асад, курдҳои «Нерӯҳои демократии Сурия» ва террористҳои исломиро рақибони худ медонад. Ҳоло ҲТШ ва Артиши миллии Сурия манотиқи сераҳолиро дар шимол, марказ ва ҷануби Сурия, аз ҷумла Димишқро назорат мекунанд.

Ба ғайри АМС як созмони дигари мусаллаҳи дунявӣ – Артиши озоди Сурия (АОС) амал мекунад, ки онро ИМА ва дигар давлатҳои ғарбӣ дастгирӣ мекунанд. АОС ҳамлаи худро ба Димишқ аз ҷануб роҳбарӣ карда, қисматҳои ҷанубии Сурияро дар марз бо Урдун назорат мекунад.

Шимолу шарқ аз ҷониби «Нерӯҳои демократии Сурия» назорат мешавад, ки аз воҳидҳои худмуҳофизати курдҳо ба вуҷуд омадааст ва аз ҷониби ИМА дастгирӣ мешавад. Дар замони ҳукмронии Асад курдҳо аз таъсиси мухторияти худ дар дохили Сурия бо номи Роҷава эълон карда буданд, ки эътироф нашуд. Он вақт «Нерӯҳои демократии Сурия» бар зидди террористони исломӣ муборизаи фаъол мебурданд. Пас аз истеъфои Б. Асад Артиши миллии Сурия зуд силоҳи худро ба муқобили курдҳо равона намуда ба мавқеъҳои онҳо ҳамла карданд. Онҳо аллакай Манбиҷ, яке аз калонтарин шаҳрро дар шимолу шарқи Сурия таҳти назорат гирифтанд.

Инкубатори террористон

Сурияи нав метавонад инкубатори тайёр кардани террористон шавад ва ба минтақаҳои мусулмоннишини дунё хатар эҷод намояд. Зеро ҳоло аз рӯи маълумоти санҷиданашуда ҳазорҳо нафар хориҷиён дар ҳайати размандаҳои ҲТШ меҷанганд. Масалан, размандаҳои Ҳизби исломии Туркистон ки дар ҷангҳои Сурия дар канори ҲТШ ва дигар гурӯҳҳои тундрав ширкат доштанд, дар интернет навори таҳдиди Чинро нашр карданд. Террористони уйғур гуфтаанд, ки ҳадафи навбатии онҳо пас аз сарнагунии Башор Асад дар Сурия ба даст овардани қудрат дар Вилояти Мухтори Шинҷон-Уйғур ва ҷудо шудани он аз Чин хоҳад буд.

Бинобар наворҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои Радиои «Озодӣ» дар ҳайати ҷангиёни «Ҳайъат Таҳрир аш-Шом» дар Сурия зодагони кишварҳои Осиёи Миёна низ ҳастанд. Аз ҷумла, ба қавли Радиои «Озодӣ» 374 нафар тоҷикистонӣ шомили ин гурӯҳи террористӣ мебошанд. Коршиносон ҳузури онҳоро дар Сурия мушкилоти амниятӣ дар Тоҷикистон медонанд. Зеро онҳо бо ҳар роҳу восита метавонанд ба зодгоҳашон баргашта, вазъи кишварро ноором бикунанд.

 Бозгашти паноҳандаҳо мушкилоти навбатӣ

Ногуфта намонад, ки бозгашти гурезаҳои ҷангу таъқиб, ки шумораашон аз соли 2011 ба ин ҷониб қариб ба 8 миллион нафар дакка мехӯрад, барои ҳукумати нави Сурия дарди сар хоҳад буд. Бино ба маълумоти Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи СММ аз замони авҷ гирифтани ҷангҳои охир дар саросари Сурия ҳудуди 1,1 миллион нафар, ки аксари онҳо занону кӯдакон мебошанд, хонаҳояшонро тарк карда, овора шудаанд. Онҳоро ба манзилашон баргардондан яке аз мушкилоти ҳукумати нав мебошад. Ба ғайри ин агар гурезаҳои қаблӣ, ки аз таъқиби ҳукумати Асад аз Сурия фирор кардаанд, ба ватан баргарданд, ҳукумати кунунӣ наметавонад ҳамаи онҳоро бо манзилу кор таъмин намояд. Воқеан, дар давраи ҷанги шаҳрвандии Сурия беш аз 6,6 миллион нафар суриягиҳо гуреза шуда, берун аз кишвар паноҳ бурданд. Аз рӯи баъзе маълумот 3,6 миллион нафари онҳо дар Туркия, 950 ҳазор нафар дар Лубнон, 675 ҳазор нафар дар Урдун, беш аз 250 ҳазор дар Ироқ ва 1 миллион нафар дар Аврупо, аз ҷумла 500 ҳазор нафар дар Олмон, 100 ҳазор нафар дар Австрия, 30 ҳазор нафар дар Британия ва боқимонда дар кишварҳои дигар сукунат ихтиёр кардаанд.

Баъди сарнагун шудани ҳукумати Б. Асад зуд кишварҳои аврупоӣ додани паноҳандагиро ба сокинони Сурия манъ карданд ва мехоҳанд, ки гурезаҳоро ба ватанашон баргардонанд. Аз ҷумла, Австрия барои баргаштан ба Сурия ба ҳар нафар додани ҳазор евроро ваъда кардааст. Албатта, на ҳамаи онҳое, ки паноҳандагӣ гирифтаанд, мехоҳанд баргарданд ва ба мушкилоти иҷтиомоиву иқтисодӣ гирифтор шаванд. Вале онҳое, ки бармегарданд, бояд бо манзилу кор таъмин шаванд. Ба гумон аст, ки тули ин солҳо хонаҳои гурезаҳо харобу амволашон ба яғмо нарафта бошад. Аз ҷониби дигар, дар кишвари ҷангзада оё кори муносиб пайдо кардан мумкин аст? Ҳамчунин шояд баъзе аз паноҳандаҳои сиёсӣ баргашта даъвои мансаб дар ҳукумат ва зерсохторҳои онро бикунанд. Оё исломиҳо омодаанд, ки қудратро бо онҳо ба ҳам бинанд?

Дар воқеъ, ояндаи Сурия ва субот дар кишвар аз ҳукумати нав вобаста аст. Ҳоло вай муассисаҳои мутамарказеро, ки Б. Асад дошт, дар ихтиёри худ надорад. Иёлоти Муттаҳида омода аст «Ҳайъат Таҳрир аш-Шом»-ро ҳамчун ҳукумати қонунии Сурия эътироф кунад, агар он принсипҳои пешниҳодкардаашро риоя намуда, ҳукумати фарогир ташкил кунад, – гуфтааст Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА.

Воқеан ҳам агар дар Сурия ҳукумати фарогир бо намояндагии ҳамаи қавму миллатҳо ва дину мазҳабҳо сохта нашавад, дар кишвар оромӣ нахохад буд.

Ҷовид МУҚИМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь