Дар шароити табдилдиҳии рақамӣ ҷаҳонӣ, тиҷорати электронӣ ба як муҳаррики асосии рушди иқтисодӣ ва азнавсозии бозор табдил меёбад. Тоҷикистон, ҳамчун як ҷузъи фазои Авруосиё, ба рушди иқтисодиёти рақамӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, барои ҳамгиро шудан ба тамоюлҳои ҷаҳонӣ кӯшишҳо ба харҷ медиҳад.

Тавсеаи босуръати бозори тиҷорати электронӣ барои тиҷорати хурду миёна имкониятҳои нав боз мекунад ва ҳамкорӣ бо бозингарони бузурги байналмилалӣ, аз қабили платформаи тиҷоратии “Wildberries»-и Русия, ин равандҳоро инкишоф медиҳад (ба ин равандҳо такони махсус мебахшад).

Ба бозори Тоҷикистон ворид шудани Wildberries на танҳо як қадам ба сӯи таҳкими робитаҳои иқтисодии байни кишварҳо, балки ангезае барои ташаккули инфрасохтори муосири тиҷоратӣ дар кишвар мебошад.

Рушди тиҷорат

Русия ҳамеша шарики асосии иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар соли 2024 ҳаҷми тиҷорати мутақобила байни ду кишвар 1,79 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 19,8 фоиз бештар аст.  Ҳиссаи Русия дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 22,1 фоизро ташкил медиҳад, дар ин ҳангом ҳиссаи Чин қариб ба 21,8 фоиз расидааст. Қобили зикр аст, ки беш аз 90% муомилоти тиҷоратии дуҷониба бо рубли русӣ сурат мегирад, ки ин аз сатҳи баланди ҳамгироии молиявии кишварҳо шаҳодат медиҳад.

Русия инчунин аз рӯи ҳаҷми сармоягузориҳои ҷамъшуда ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ки дар охири соли 2024 1,9 миллиард долларро ташкил додааст, мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Ин сармоягузориҳо бахшҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика, истихроҷи маъдан, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, кишоварзӣ ва саноати сабукро фаро мегиранд. Лоиҳаҳои муштарак, аз қабили сохтмон ва истифодабарии Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1, ба рушди инфрасохтори энергетикии Тоҷикистон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунанд. Ширкатҳои энергетикии Русия ба ин лоиҳа қариб 16 миллиард рубл сармоягузорӣ кардаанд.

Соҳибкорони Русия омодагии худро барои афзоиши сармоягузорӣ ба Тоҷикистон нишон медиҳанд, бахусус агар ҷумҳурии мо ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил шавад. Ин барои амиқтар гардонидани ҳамгироӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии байни кишварҳо дурнамоҳои нав боз мекунад.

Иқтисодиёти рақамӣ      Тоҷикистон барои рушди иқтисодиёти рақамӣ ташаббусҳои фаъол пеш гирифтааст. Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030-ро “Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсияҳо” эълон карда, ба кӯшишҳои давлат барои рақамикунонии соҳаҳои гуногун ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир таъкид намуд. Бозори ҷаҳонии тиҷорати электронӣ босуръат рушд мекунад. Тибқи пешгӯиҳои коршиносон, то соли 2027 ҳаҷми он метавонад аз 5,9 триллион доллар (дар соли 2022) то 9,3 триллион доллар бо суръати миёнаи солонаи 9,5% афзоиш ёбад.

Иқтисодиёти рақамӣ дар Тоҷикистон на танҳо ба як абзори такмилдиҳии низоми идоракунии давлатӣ табдил меёбад, балки ҳамчун  ангезаи бузург барои рушди тиҷорати хурду миёна хизмат мекунад. Барои тасдиқи ин, платформаи “Wildberries”-и Русия соли гузашта дар бораи нақшаи худ барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон эълон карда буд. Ифтитоҳи нахустин нуқтаи қабул ва додани фармоишҳо дар Душанбе моҳи апрели соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Интизор меравад, ки бо воридшавии Wildberries ба бозори мо ҳазорҳо соҳибкорони тоҷик барои фурӯши маҳсулоти худ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар бозорҳои Русия ва дигар кишварҳои ИДМ низ имконият пайдо мекунанд. Ин каналҳои фурӯшро барои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ тавсеа дода, ба рушди тиҷорати электронӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Ифтитоҳи Wildberries дар Тоҷикистон ба далели зарурати ислоҳи масирҳои логистикӣ ва баҳисобгирии андозбандии маҳаллӣ ба таъхир гузошта мешуд, зеро ҷумҳурии мо узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё  нест.

Бо рушди тиҷорати электронӣ дар Русия барномаҳои омӯзишӣ барои соҳибкорон пайдо мешаванд. Соли 2023 Wildberries платформаи PRO Wildberries-ро ба кор андохт, ки ба соҳибкорон барои омӯхтани роҳҳои фурӯш ба тариқи онлайн ва такмил додани малакаҳои тиҷоратии худ  имконият медиҳад.

Директор оид ба рушди байналмиллалии Wildberries Рафаэл Абрамян қайд мекунад: “Мо қадамҳои аввалини худро дар бозори Тоҷикистон гузошта истодаем ва барои мо санҷида ва устувор будани ин қадамҳо бисёр муҳим аст. Дар ин раванд мо ба санҷиши Шӯрои тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон такя мекунем, ки барои сохтани траекторияи боэътимод ва аз ҷиҳати стратегӣ асосноки рушд кӯмак мекунад. Барои мо рақамикунонӣ на танҳо як тамоюл, балки шарти зарурии фаъолияти муваффақ аст. Дар Тоҷикистон моро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд, махсусан танзимгарон. Мо аллакай бо намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вохӯриҳо гузаронидем ва дар навбати худ барои табодули санҷишҳоямон  омодаем, ин барои рушди минбаъда заминаи мустаҳкам мегузорад. Ман боварии комил дорам, ки шарикии мо торафт таҳким меёбад.

Барои рушди тиҷорат шабакаи васеи шарикон зарур аст ва бо такя ба таҷрибаи муваффақи кишварҳои дигар мо кӯшиш мекунем, ки дар Тоҷикистон низ чунин системаи экологӣ эҷод кунем. Ин пеш аз ҳама соҳибони нуқтаҳои қабули фармоишҳо, истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва фурӯшандагонеро, ки маҳсулоти худро дар платформа ҷой медиҳанд, дар бар мегирад. Ҳамин тариқ, тиҷорат барои мо на танҳо дастрасӣ ба молҳоро таъмин месозад, балки барои пул кор кардан, таъсис додани ҷойҳои корӣ ва рушди соҳибкории маҳаллӣ имконият фароҳам меорад.

Мо бо гурӯҳи таҳиячиёнамон пайваста муошират мекунем, то ин ки амсилаи оптималии иштироки мустақим дар Тоҷикистонро пайдо кунем. Илова бар ин, мо ба ташаббусҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамоем: мо мунтазам ба лоиҳаҳои ҷавонон ва дастгирии кӯдакони лаёқатманд сармоягузорӣ мекунем. Мо бовар дорем, ки чунин ташаббусҳо дар Тоҷикистон низ муфид хоҳанд буд.

Мо ҳамчунин имкони роҳандозии барномаҳои таълимиро барои корхонаҳои маҳаллӣ, ки мехоҳанд ба бозорҳои кишварҳои ИДМ ворид шаванд, муҳокима карда истодаем. Барои мо бисёр муҳим аст, ки аз чунин имкониятҳо теъдоди ҳарчи бештари соҳибкорон огоҳ бошанд, ва дар ин кор ба дастгирии шариконамон дар ин кишвар умед дорем. Нақшаҳои мо бузурганд. Мо ба Тоҷикистон бовар дорем ва мутмаинем, ки як ҷузъи муҳими инфрасохтори рақамии тиҷоратии ин кишвар гардида метавонем”.

Ифтитоҳи платформаҳои тиҷоратии миллӣ, аз қабили LakLak, Wyzo ва Alif Shop, омодагии соҳибкорони маҳаллиро барои табдилдиҳии рақамӣ ва қонеъ кардани ниёзҳои истеъмолкунандагони имрӯза нишон медиҳад. Аммо, бо вуҷуди тамоюлҳои мусбат, бозори тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон бо як қатор мушкилот (чолишҳо) рӯбарӯ аст. Аз ҷумла, сатҳи пасти салоҳият дар соҳаи фурӯш ба тариқи онлайн, набудани низоми ягонаи баҳодиҳии бозори тиҷорати электронӣ ва зарурати фароҳам овардани шароит барои ворид шудани ширкатҳои тоҷикӣ ба фазои интернетӣ. Маҳз дар ҳамин масъалаҳо ба кишвари мо мутахассисони руси Wildberries кӯмак карда метавонанд.

Дар навбати худ, намояндаи Wildberries дар Тоҷикистон Айна Керимова чунин мешуморад: “Мо ба соҳибкорон дар васеъ кардани доираи фаъолияти онҳо ва имкониятҳо, инчунин баланд бардоштани сатҳи фурӯши маҳсулот кӯмак мерасонем. Имрӯз платформаи мо аллакай дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият фаъолият мекунад, ва акнун мо бо камоли хушнудӣ  фаъолияти (ҳузури) худро дар Тоҷикистон низ густариш медиҳем.

Вақте ки ширкат ба бозорҳои нав ворид мешавад, дастгирӣ ва таҷрибаи шарикони маҳаллӣ махсусан муҳим аст. Соли 2024 мо бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон як ёддошти ҳамкорӣ имзо кардем. Ин дар роҳи амалисозии ташаббусҳои муштарак барои рушд додани тиҷорати электронӣ дар ҷумҳурӣ як қадами муҳим гардид. Яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои мо – ин роҳандозии барномаҳои таълимӣ барои соҳибкорони тоҷик мебошад. Ин курсҳо (барномаҳо) ройгон буда, на танҳо барои аз ҷиҳати назариявӣ омода кардани соҳибкорон заруранд, балки ба рушди малакаҳои амалии онҳо барои кор дар чунин платформаҳои тиҷоратӣ нигаронида шудаанд.  Мо боварӣ дорем, ки ин гуна барномаҳо ба соҳибкорони тоҷик барои ба сатҳи нав баромадан ва дастрасӣ пайдо кардан ба доираи васеътари истеъмолкунандагон мусоидат хоҳанд кард.

Мо барои ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар масъалаҳои омӯзиш ва рушд омодаем. Махсусан муҳим он аст, ки дар назди соҳибкорони хурду миёна барои рушд  кардан ва расидан ба натиҷаҳои баланд имкониятҳои нав боз мешаванд. Барои мо ин на танҳо аз нуқтаи назари тиҷоратӣ, балки ҷиҳати инсонӣ низ муҳим аст. Мо касбият ва салоҳияти кормандони Палатаи савдо ва саноатро, инчунин зудамалӣ ва омодагии онҳоро барои пайдо кардани ҳалҳои барои ҳамаи ҷонибҳо муфид хеле баланд арзёбӣ мекунем. Дар навбати худ мо барои табодули таҷриба ва дониши худ омодаем, то ин ки соҳибкорони тоҷик дар пешбурд ва инкишофи тиҷорати худ ба таври самаранок аз он истифода баранд. Мо аз он хушнудем, ки як узви ҷомеаи фаъоли соҳибкории Тоҷикистон ҳастем ва боварӣ дорем, ки ҳамкориҳои мо ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ самараи мусбат хоҳад овард. Боварӣ дорам, ки Палатаи савдо ва саноат як таъминкунандаи ҳақиқии дониш ва таконбахшандаи рушди рақамӣ дар кишвар хоҳад гардид”.

Воридшавии Wildberries ба бозори Тоҷикистон аз кӯшишҳои умумии кишвар ба табдилдиҳии рақамӣ шаҳодат дода, маънои таҳкими мавқеи он дар тиҷорати электрониро дорад. Ин иқдом барои тавсеаи имконоти содиротии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, ҷалби сармояҳо ва афзоиши фаъолияти соҳибкорӣ замина фароҳам меорад. Тоҷикистон ба шарофати таҷриба ва технологияҳои Русия на танҳо барои тезонидани рақамикунонии иқтисодиёт, балки барои ишғол кардани ҷои сазовор дар бозори босуръат рушдёбандаи тиҷорати электронии ҷаҳонӣ имконият пайдо мекунад. Амалисозии бомуваффақияти чунин лоиҳаҳо ба амиқгардонии ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон мусоидат намуда, мавқеи ҳарду кишварро дар фазои иқтисодии АвруОсиё мустаҳкам мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь