Таърих гузаштаю имрӯзро ба ҳам мепайвандад, аз дуриҳои дур ба мо садои нидои ниёгон мерасад. Мо имрӯзиён, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қадрдонию арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ба фарзонафарзандони диёр, муҳофизати арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар сатҳи байналхалқӣ доимо кӯшишу талош мекунанд.
Оре, дар замони муосир зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллат ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ нишонрас давом диҳем. Ва ин буд, ки дар Паёми хеш аз соли 2024-ум Роҳбари давлат ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва фарҳанги Тоҷикистон дастур доданд то маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода карда, ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.
Дар асари хеш “Чеҳраҳои мондагор” Пешвои миллат дар бораи ин шахсияти таърихӣ баён карда буданд, ки: “Куруши Кабир дар миёни шоҳаншоҳони аҳди қадим яке аз оқилтарин, боинсофтарин, камозортарин ва дурандештарин шоҳаншоҳ буд, ки бо тамаддунофарию давлатсозӣ, инсонпарварию адолатпешагӣ ва рафтору ахлоқи ҳамидааш нуфузи оламгир ёфтааст”.
Мо, мардуми тоҷик аз давраи қадим то имрӯз ҳамчун миллати соҳибтамаддун ба ҳисоб рафта, бо сарчашмаҳои нодири ахлоқӣ-ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва тамаддуни беназири худ дар байни дигар халқиятҳои олам машҳур мебошем.
Оре, яке аз дастовардҳои бесобиқаи мо санадҳои таърихии қабулнамудаи фарзандони фарзонаи он, ки то имрӯз дар танзим ва таҳкими муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ҳимояи манфиатҳои инсон ва шаҳрванд нақши беандоза доранд, ба шумор меравад.
Дар воқеъ, халқи тоҷик соҳиби таъриху фарҳанги қадима буда, далели ин гуфтаҳо яке аз сарчашмаҳои муҳимми таърихӣ-ҳуқуқӣ: Эъломияи Куруши Кабир мебошад. Эъломияи Куруши Кабир ҳамчун сарчашмаи таърихӣ-ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳисоб рафта, бо меъёрҳои инсондӯстона, барои пешрафту инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, махсусан ҳуқуқу озодиҳои инсон дар аҳди қадим ва дар замони муосир нақши босазо дорад.
Халқи тоҷик, аз замони бостон дар ҳавзаи тамаддуни худ бо хулқу одоб, таълимоти пешрафтаи динию ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсати инсондӯстонаю бо хирад пайваста байни халқиятҳои дигар маълум ва машҳур буданд.
Дар давлати Ҳахоманишиён шоҳони зиёд ҳукмронӣ намуда, ҳар яке аз онҳо дорои рафтор ва хислатҳои хоси худ буданд. Аммо, дар байни шоҳони ин давлат Куруши Кабир (с. 558-530 т.м.) бо рафтору амали хеш мақоми хоссаро касб намудааст. Куруши Кабир аз нуқтаи назари файласуфи бузурги немис Гегел, “бузургтарин шахсияти сулолаи Ҳахоманишиён буда, нахустин империяи мутамаддини аҳди қадимро дар таърихи башарият бунёд намудааст”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар асараш “Чеҳраҳои мондагор” Куруши Кабирро ҳамчун шахсияти таърихӣ ва асосгузори нахустин империяи таърихи башар муаррифӣ намудаанд. Муаллиф иброз медоранд, ки Куруши Кабир дар таърихи тамаддуни башар бо сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, таъсиси империяи тавоною мутамаркази ориёӣ, усули нави идоракунӣ ва шакли мукаммали давлатдорӣ, ислоҳоти умури сипоҳу низоми лашкар, густариши тиҷорату тадбирҳои роҳсозӣ, алалхусус, пойдории адолату пуштибонии ҳуқуқи манзалату ҷумлаи халқиятҳои сокини қаламраваш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст.
Академик Бобоҷон Ғафуров дар шоҳасараш “Тоҷикон” чунин қайд карда буданд: “Ҳахоманишиҳо, бар хилофи дигар подшоҳони пешинзамони Шарқи қадим, нисбат ба оину мазҳабҳои соири халқҳо хеле ботаҳаммул муносибат карда, ҳатто маъбаду калисоҳои кишварҳои мухталифро ба мисли ибодатхонаҳои Бобул ва Яҳудистон дубора барқарор намуданд. Барои ҳамин, асосгузори давлати Ҳахоманишӣ Курушро форсҳо ҷадди кабир, бобулиҳо расули худои Мардук, юнониҳо раҷули бузурги давлатӣ ва яҳудиён наҷотбахши худо Яҳве номидаанд”.
Донишманде Куруши Кабирро чунин васф намудааст: “Куруш ба таърих ҳамчун сарлашкари додрас, ҳукмдори инсондӯсте, ки ба ҷангҳо аз рӯи зарурат ворид шуда, дар рафти он адолатро риоя мекард ва ба халқу қабилаҳо озодӣ ва хушбахтӣ мебахшид, дохил шудааст… Куруш ба халқҳо озодии виҷдон, ҳуқуқ ба худмуайянкунӣ пешниҳод намуда, шароит фароҳам овард, ки қавмҳои кӯчак дар баробари халқҳои бузург дар пешбурди мубодилоти байналхалқӣ бо ҳаққи баробар ширкат варзида, ба омезиши анъанаҳо ва фарҳангҳо ва шаклгирии тамаддунҳои бостон саҳмгузор бошанд”.
Дар воқеъ, Куруш як роҳбари одил ва меҳрубон буд, ки ба халқҳо озодӣ ва ба фарҳангҳо истиқлолият медод. Ин аст, ки дар давраи шоҳаншоҳии Куруши Кабир сарзамини аҷдодиамон ба маркази ҳамзистии осоиштаи халқҳои гуногун табдил ёфта буд. Курушро дар Бобул, Форс ва ҳатто дар дигар давлатҳо ҳамчун ҳокими одил, фотеҳи тавоно ва раҳмдил мешинохтанд. Бисёри аз халқҳо ӯро натанҳо шоҳи форсҳо, балки ҳомии адолат медонистанд. Дар шароити имрӯза, ки муноқишаҳои байни халқу миллатҳо зиёданд, таҷрибаи Куруши Кабир метавонад ҳамчун намунаи ҳамзистии осоишта бошад.
Империяи таъсисдодаи Куруши Кабир мутобиқи маълумоти катибаҳои Дорои Бузург ва муаррихони Юнонӣ қадим чандин давлатҳои ҷаҳони кӯҳан – Порсу Мод, Бобулу Ошур, Мисру Финикия, Лидияву Урарту, Парфияву Гиркания, Бохтару Суғд ва ғайраро дар қаламрави 22 вилоят муттаҳид намуда, дар ҳудуди се қитъаи олам – Осиё, Аврупо ва Африқо доман густурда будааст.
Амир Ҳусайни Лодин дар китоби худ “Худосолорӣ ва дармондагӣ” қисматеро доир ба зиндагиномаи Куруши Кабир бахшида, қайд мекунад, ки таърихшиносону пажӯҳишгарон Курушро шоҳе хирадманд, меҳрубон ва боирода медонанд ва мегӯянд, Куруш дар муқобила бо мушкилот ақлгаро буд ва бидуни андеша ва тафакур ба қудрат кор намегирифт намешуд…
Аввалин маншури ҳуқуқи башар, ки аз ҷониби Куруши Кабир таҳия гардидааст ва он яке аз куҳантарин санади хаттии додгустарӣ ҳуқуқи инсонӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад ва Куруши Кабир маншури ҳуқуқи башарро пас аз озод кардани асирон ва бардагон ба вуҷуд овардааст. Ин санад дорои 40 модда буда, соли 539 пеш аз мелод бо фармони Куруш бар устувонае нигошта шудааст ва он соли 1879 кашф гардида, дар осорхонаи Британия ва нусхаи он дар СММ нигаҳдорӣ мешавад. Бахши ҷудошудаи дигари ин устувона дар донишгоҳи Йил нигоҳдорӣ мешавад.
Дар ҳақиқат Куруши Кабир дар таърихи инсоният бисёр амалҳои наҷиберо ба фарҷом расонидааст, ки то ҳол мавқеи боризи худро дар ҳаёти инсоният иҷро менамоянд. Яке аз чунин амалҳо эълони Паём ё Эъломияи ӯ мебошад, ки дар байни мардуми тоҷик бо номи “Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир” ва дар умум дар ҷомеаи ҷаҳонӣ онро бо номи “Эъломияи Куруши Кабир” мешиносанд, ба шумор меравад.
Дар асоси ин Эъломия мардуми қаламрави давлати бузурги Ҳахоманишиён, ки бештар аз ҳафтод халқу миллатро ташкил медоданд, тавонистанд ҳуқуқу озодиҳои худро мавриди ҳифз қарор диҳанд. Эъломияи Куруш яке аз манбаъҳои муқаддаси давлати Ҳахоманишиён мебошад, ки дар он ҳуқуқ ба озодии эътиқод, озодии ҳаракат, интихоби манзил, ҳуқуқ ба моликият ва ғ. ба таври возеҳ дарҷ карда шудаанд.
Пешвои муаззами миллат дар асари “Чеҳраҳои мондагор” доир ба Эъломияи Куруши Кабир, қайд менамоянд, ки Эъломия аз фарҳанги ориёӣ ва ақоиди инсондӯстӣ сарчашма мегирад, нахустин ҳуҷҷати таърихиест, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст.
Матни Эъломияи Куруш бо забони аккадӣ боқӣ мондааст. Дарозии Эъломия 22,5 см ва бараш 11 см-ро ташкил медиҳад. Эъломия дар шакли гилнавишти силиндрмонанд тартиб дода шудааст. Яке аз аввалин санадҳои таърихии ҳуқуқи инсон ба шумор меравад. Ин санад, ки бо хатти мехӣ навишта шудааст, асосан дар бораи озодӣ, баробарӣ ва ҳуқуқи инсон изҳорот мекунад.
Мавриди зикр аст, ки 2550 сол муқаддам Куруши Кабир меъёрҳоеро муқаррар намудааст, ки онҳо то имрӯз ба ҳайси нишондиҳандаи рушди волои тамаддуни инсонӣ баромад намуда, ба санадҳои байналмилалӣ ва конститутсияҳои мамлакатҳои рушдкардаи ҷаҳон, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзиши пурқимат ворид гардида амал менамоянд, чунончӣ:
- Ҳуқуқ ба озодӣ. Дар банди дуюми Эъломия чунин зикр мешавад: “Дар подшоҳии ман ҳар миллат озод аст, ки маро ба шоҳии худ бипазирад ё напазирад”.
- Озодии эътиқод ва дин. Дар Эъломия чунин зикр гардидааст: “Ман эълон менамоям, ки ҳар кас озод аст, ҳар дину ойинро, ки майл дорад, баргузинад (интихоб намояд) … ва ҳар гуна ки муътақид аст, ибодат кунад”. Куруш ба миллатҳо ва мардумони зери ҳукмронии худ иҷозат дод, ки ба дин ва фарҳанги худ озодона амал кунанд. Ӯ ба онҳо имкон дод, ки озодона дар асоси фарҳангу арзишҳои миллии худ ба ин ё он дин ё мазҳаб пайравӣ намоянд.
- Ҳуқуқ ба баробарӣ ва адолат. Куруши Кабир дар эъломия зикр мекунад, ки ҳукмронии ӯ дар асоси принсипи адолат ва эҳтиром ба ҳуқуқи инсон асос ёфтааст. Ӯ ба ҳама халқу миллатҳо баробариро муҳайё намуда, зулму истибдодро аз байн бурд ва адолату озодиро ба тамоми мардум татбиқ намуд.
- Озодӣ аз ғуломӣ ва манъи шиканҷа. Дар матни Эъломияи Куруши Кабир, ки онро бо хатти форсӣ Амир Ҳусейн Ҳамзавӣ овардааст, чунин меъёре ҷой дорад: “То рӯзе, ки ман зинда ҳастам, нахоҳам гузошт, ки мардон ва занонро ба номи барда ва каниз ё номҳои дигар бифурӯшанд ва ин расми зиндагӣ бояд аз гетӣ рахт барбандад, аз Маздо мехоҳам, ки маро дар тааҳҳудоте, ки нисбат ба миллатҳои Эрон ва мамолики чаҳоргона гирифтаам, пирӯз гардонад”. Дар асоси ин меъёр ӯ ғуломонро озод намуда, ҳамаи касонеро, ки аз сабаби ҷанг асир шуда буданд, ба хонаҳои худ баргардонид. Дар замоне, ки мардуми асирафтода зери шиканҷа қарор мегирифтанд ин санад ба онҳо озодӣ аз шиканҷа ва асоратро эълон намуд то ҳар асирафтода тавонад берун аз шиканҷаву зулм ва асорат зиндагӣ намояд.
- Ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ. Таърих гувоҳ аст, ки аксари ҳокимон ва ҳокимони қаблӣ сиёсати давлатдории худро бо роҳи забту куштор, ғоратгарӣ ва несту нобуд намудани фарҳангу тамаддуни гуногун пеш мебурданд. Дар фарқият аз онҳо Куруш ба фарҳангҳои гуногун эҳтиром мегузошт ва онҳоро ҳифз менамуд. Ӯ ба мардумон озодӣ дод, ки бо забони модариашон гап зананд ва анъанаҳои миллии худро нигоҳ доранд.
- Ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва интихоби ҷойи зист. Дар банди 5-и Эъломия чунин меъёр оварда шудааст: “…ҳар кас озод аст… дар ҳар ҷо, ки мехоҳад, сукунат намояд...”. То эълом гардидани ин меъёр касе имконияти аз давлати худ берун баромадан ва зиндагӣ намуданро надошт. Ин санад ба онҳо озодии ҳаракат ва интихоби ҷойи зистро эълон намуд, то ҳар кас тавонад берун аз қаламрави худ макони зист интихоб намуда, зиндагии хешро пеш барад. Ҳамзамон, Эъломияи Куруши Кабир ба муҳоҷирати озодона ва баргардонидани онҳое, ки маҷбуран тарки ватан намуда буданд, ишора мекунад. Масалан, ӯ яҳудиёнро, ки аз ҷониби бобулиён асир шуда буданд, озод кард ва иҷозат дод, ки ба Еруссалим баргарданд.
- Ҳуқуқ ба моликият. Ҳуқуқ ба моликият дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавқеъи намоёнро ишғол менамояд ва барои амалишавии тамоми дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон замина муҳайё месозад. Ин аст, ки Куруши Кабир дар банди 3-и Эъломия ба ин меъёр чунин ишора менамояд: “…нахоҳам гузошт, ки касе молу амволи дигареро бо зӯр ва ё ҳар равиши нодурусти дигаре аз ӯ бидуни пардохти арзиши воқеии он бигирад”.
Меъёрҳои Эъломияи Куруши Кабир то имрӯз моҳияти худро гум накардаву истифодаи онҳо дар санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ ва дигар санадҳои миллию байналхалқӣ ба чашм мерасад. Воқеан, Эъломияи Куруши Кабир бозёфти нодире мебошад, ки ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар тӯли таърих баромад кардааст ва дар замони муосир низ ҳамчун сарчашмаи таърихӣ-ҳуқуқӣ аҳаммияти бузург дорад. Имрӯз, аксари давлатҳои ҷаҳон ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ меъёрҳои Эъломияи мазкурро ҳамчун сарчашма ба таври васеъ мавриди истифода қарор додаанд. Аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои Эъломияи Куруши Кабирро дар самти эъмори давлатдории муосири тоҷикон ва бунёди ҷомеаи соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона васеъ истифода бурдааст ва бурда истодааст.
Ба қавли файласуфи олмонӣ – Фридрих Гегел низоми давлатдории мутамаддин ва, умуман, таърихи тамаддуни умумибашарӣ маҳз аз таърихи пурҷозибаи порсҳо ва оини давлатдории Куруши Кабир ибтидо меёбад…
Сабзаалӣ Асозода