30-юми апрел аз эълони аввалин ҳодисаҳои сироят аз коронавирус дар кишвар як сол пур мешавад. Ба ҷомеа дар бораи вазъи COVID-19 то чӣ андоза воқеъбинона иттилоъ дода шуд, мубориза бо пандемӣ чӣ гуна сурат гирифт ва кишвар дар ин давра чӣ сабақ гирифт? Дар ин бора вебгоҳи nukta.tj навиштааст.
Расо як сол қабл, дар ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявии пешгирии паҳншавии бемории COVID-19, ки таҳти роҳбарии раиси ситод, сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода баргузор шуда буд, қайд карда шуд, ки тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, 29 апрели соли 2020-ум 15 ҳолати тасдиқшудаи COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳам ҷомеа ва ҳам бештар – мутахассисон як қатор пурсишҳо доштанд (ки то ҳол беҷавоб монданд): аввалин интиқолдиҳадани вирус кӣ буд? Дар Тоҷикистоне, ки ба муддати тӯлонӣ сироят надошт, якбора 15 ҳолати ба қайд гирифташудаи COVID-19 чӣ гуна ва аз куҷо пайдо шуд? Қарантин «кор надод»? Ё ин вирус пештар сироят шуда буду танҳо 29-уми апрел 15 ҳолати аввалин ташхис шуд? Агар пештар шуда, кай? Дар моҳи апрел? Дар моҳи март? Бо назардошти кушода будани марзу рафту омади чашмрас ба Тоҷикистон ва аз он, шояд ҳатто қабл аз он?
Набарди ҳаррӯзаи шадид бо хуруҷи COVID-19
Ҳодисаҳои баъдӣ босуръат ба вуқуъ пайвастанд: аз 4 майи соли 2020 мутобиқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ ба донишҷӯёни мактабҳои олӣ таътили тобистона, барои хатмкунандагон имтиҳонҳои давлатӣ то 15 майи соли 2020 эълон карда шуд. Ба зудӣ мактаббачагон низ ба таътили тобистона рухсат дода шуданд.
Ситод инчунин дар бораи истифодаи ҳатмии моски тиббӣ барои аҳолӣ қарор қабул кард, рӯзҳои санитарӣ дар бозорҳои либос ва чораҳои безараргардонӣ дар ҷойҳои серодам, дар мактабҳо ва муассисаҳо, кӯчаву хиёбонҳо, ҷойҳои истироҳат, истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва ғайраҳо эълон карда шуданд.
Дарҳол 1 майи соли 2020 фармони Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и давлатӣ интишор ёфт, ки мувофиқи он ба Вазорати молия супориш дода шуд, ки «ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти ҳармоҳа дар муддати се моҳ ёрдампулӣ дар ҳаҷми як маош ба маоши ҷории кормандони соҳаи тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоӣ, ки бевосита дар муоина ва табобати COVID-19 дар муассисаҳои сироятёфтаи тиббӣ ва дар қарантин қарордошта мебошанд, 12 416 250 (дувоздаҳ миллиону чорсаду шонздаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо кунад”.
Қариб дар ҳама муассисаҳои давлатии кишвар маъракаи ҷамъоварӣ ва интиқоли маблағҳо барои мубориза бо COVID-19 оғоз ёфт. Фаъолии бесобиқа аз ҷониби шаҳрвандони оддии кишвар нишон дода шуд, ки дастгирии ихтиёрӣ, хайрия ва ёрии онҳо имкон доданд, ки дар маҷмӯъ кормандони тиб дар мубориза бо хуруҷи коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон “тоб оранд”.
Дар муддати кӯтоҳ як қатор муассисаҳои тиббии кишвар барои қабули беморони COVID-19 қисман ё пурра мутобиқ карда шуданд, бо дастгирӣ ва ёрии кишварҳои дӯст ва шарикони байналмилалии рушд беморхонаҳои муваққатӣ бунёд шуданд, равиши кори як қисми пизишкони кишвар барои кор дар “минтақаҳои сурх” тағйир дода шуд . “Чархи COVID-19» дар кишвар бо суръати барқ мечархид.
Каҷ шину рост гӯ: Омор барои таҳлил буд?
Тибқи иттилои расмӣ, “барои пурра ва саривақт шифо ёфтани шахсони гирифтори бемории сироятии COVID -19 дар кишвар, зиёда аз 30 беморхона бо 7000 кат омода карда шуда, 5400 нафар пизишк ва корманди тиб сафарбар карда шуданд”.
Бояд тазаккур дод, ки тибқи маълумоти расмӣ, соҳаи тандурустии Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Кишвари мо (мутобиқи ҳамон омори расмӣ) дар давраи хуруҷи COVID-19 тавонист, беҳтарин ҳам набошад, барои таъмини беморони COVID-19 бо пизишкон ва кормандони тиб яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарини ҷаҳонро дошта бошад: ба ҳар 10 бемор 4 корманди соҳаи тандурустӣ сафарбар карда шуданд.
Тоҷикистон дар давраи пандемӣ аз рӯи як қатор дигар нишондиҳандаҳои муҳиме аз пешсафони ҷаҳон буд.
Тибқи иттилои расмӣ, ки аз ҷониби роҳбарияти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ дар моҳи феврали соли 2021 садо дод, “аз оғози пандемӣ 13308 нафар бемори COVID-19 ба қайд гирифта шуданд, ки 99,3% онҳо шифо ёфтанд, шумораи қурбониён 90 нафар буд”.
Ҳамин тариқ, дар асоси ин маълумот, ҳисоб кардан мумкин аст: COVID-19 тақрибан дар 0,14% аҳолии кишвар ба қайд гирифта шудааст ва сатҳи фавт дар Тоҷикистон 0,68% -ро ташкил додааст, ки ин нисбат ба фавти миёнаи COVID -19 дар ҷаҳон (2,15%) 3 маротиба камтар аст. Муваффақиятҳои расмӣ дар табобати беморон низ хурсандибахшанд. Тибқи маълумоти расмӣ, пизишкон дар Тоҷикистон тавонистаанд 99,3% беморонро табобат кунанд, ки ба ҳисоби миёна дар ҷаҳон ин рақам дар беморони шифоёфта базӯр марзи 57 дарсадро убур кард.
Дар ҳақиқат ҳамин тавр буд ва изҳорот ба воқеият мувофиқат мекунадро танҳо ҳадс задан мумкин аст, чаро ки сайти омори тиббӣ чун пештара «аз холигӣ сӯрох аст» ва солномаи Агентии омор маълумоти “тозатаринаш” дар бораи фавт аз бемориҳои гуногун барои соли 2019 аст.
Мубориза бо «инфодемӣ» дар давраи пандемӣ
Шояд ин барои баъзеҳо дуруст ба назар расад. Дар ҳақиқат, ба шарофати ин, дар якҷоягӣ бо иловаҳои воридшуда ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶT аз 4 июли соли 2020, N1698), васоити ахбори оммаи Тоҷикистон нашри ҳама гуна маводеро, ки интиқодӣ, таҳлилӣ ё ба нуқтаи назари Вазорати тандурустӣ андешаи алтернативӣ доранд, қатъ карданд.
Ин тааҷҷубовар нест, зеро тибқи моддаи нави 374, қисми 1 барои ВАО ҷазои хеле сангин – ҷарима “аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо” ҷорӣ карда шуд. Гузашта аз ин, ибораи дар мақола истифодашуда, ки шумораи зиёди рӯзноманигорон ба пуррагӣ дарк накардаанд, беҳтарин фаъолкунандаи худсензура буд.
Маълум, ки барои як рӯзноманигори оддӣ “паҳн кардани барқасдонаи маълумоти дурӯғ” дар мавриди COVID-19 душвор аст, аммо ба ҳар ҳол ба гунае имконпазир аст.
Аммо фаҳмидани он, ки зери таърифи “паҳн кардани … маълумоти бардурӯғ дар бораи усулҳову роҳҳои муҳофизат ва дигар чораҳо оид ба таъмини амнияти аҳолӣ аз вазъи нишондодашуда» дар мавриди COVID-19 чӣ дар назар дошта шудааст, хеле мушкил аст. Ҳатто барои як мутахассиси соҳаи тандурустӣ ё мутахассиси вирусшинос низ ва ин ҳам дар марҳилаи ибтидоии пандемӣ, вақте ки протоколҳо, тавсияҳо ва фикрҳо ба мисли “калейдоскоп” тағйир меёфтанд.
Ба ёд меорем. Аз як тараф, фазои ВАО аз шарҳҳои хушбинона пур шуда буд, ки “эпидемия дар Тоҷикистон метавонад тобистони имсол ба поён расад”.
Аз тарафи дигар, пешгӯиҳои бадбинонаи зиёде мавҷуд буданд, ки “пешсафии ғайрирасмӣ” дар байни онҳо, бешубҳа, ба нашри “Лоиҳаи вокуниши фавқулодда ба сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Бонки ҷаҳонӣ тааллуқ дорад.
Вақт нишон дод, ки хушбинҳо, мутаассифона, хато карданд, пирӯзӣ бар COVID-19 то тобистон ва ҳатто то тирамоҳи соли 2020 имкон нашуд.
Аммо, хушбахтона, бадгумонҳо низ хато карданд ва сарфи назар аз талафоти ҷиддӣ ва вазнин ҳам барои кишвар ва ҳам барои бисёр одамон, Тоҷикистон тавонист бо вуҷуди мушкилоти азим қариб дар ҳама соҳаҳо – сар карда аз тиб то иқтисод “озмоиши ковид”-ро паси сар кунад.
COVID-19 ба мо чӣ омӯхт?
Якум, зарурати муколамаи софдилона ва ошкоро байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеа. Воқеан, дар сурати набудани иттилоот сару садоҳо, тахминҳо, тарсу ҳарос, ғайбат, – новобаста аз чораҳои андешидашуда, – афзоиш меёбад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2019, як сол пеш аз пандемӣ, дар Тоҷикистон (тибқи маҷмӯаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои соли 2019), афзоиши ғайри қобили таваҷҷуҳи шумораи пневмония зиёда аз 2,5 маротиба мушоҳида шудааст. Ин афзоиш чиро мефаҳмонад? То ба имрӯз барои мардуми оддӣ маълум нест.
Дар соли 2020, мувофиқи матлаби рӯзноманигорон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, афзоиши бемориҳои роҳҳои нафас ва пеш аз ҳама, пневмонияи этиологияҳои гуногун идома дошт. Гузашта аз ин, мувофиқи ҳамин хел навиштаҳои сершумор дар фазои ВАО, бар хилофи “давраи токовидӣ” шумораи фавтҳо низ афзудааст. Дар бисёр кишварҳо ин динамикаро пайгириву омӯхтан осон аст ва дар асоси маълумоти оморӣ хулоса баровардану пешгӯӣ кардан мумкин аст. Ин дар оянда барои осон мубориза бурдан ба бемориҳои гуногуни сироятӣ роҳҳал шуда метавонад.
Аммо, бо вуҷуди фармони Пешвои миллат, ки масъулини тамоми сатҳҳоро вазифадор кард, ба аҳолӣ маълумоти комил, ҳамаҷониба ва объективӣ диҳанд, то ҳол омори тиббӣ дар дастраси оммавӣ мавҷуд нест.
Ногузир саволҳо ба миён меоянд: агар системаи тандурустии мо сарфи назар аз пешгӯиҳои ноумедонаи мутахассисони ҳамон Бонки ҷаҳонӣ тавонистааст, ки хуруҷи COVID-19-ро бо талафоти ҳадди аққал муқобилат кунад, пас чаро омор дар дастраси ҷомеа нест? Охир, ба қавле, маҳз маълумоти оморӣ метавонад аҳолӣ ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба муваффақияти барҷастаи системаи тандурустии миллӣ бовар кунонад.
Агар мушкилот ҳаст ва фавти баъзе намуди бемориҳо афзоиш ёфтааст (ба истилоҳ “фавти барзиёд”), пас ҳама бояд донанд, ки чӣ шуд. Ва масъулини Вазорати тандурустӣ дар таҳлили муфассал ва муҳокимаи васеъ бояд пеш аз ҳама манфиатдор бошанд, зеро танқиди созанда ва мухталиф калиди эътимоди шаҳрвандони кишвар ба соҳаи тандурустӣ мебошад.
Дар ин миён, бо назардошти вазъи мавҷуда, саволҳо бештар ва бештар мешаванд.
Саволи маъмулӣ: “COVID-19 ба куҷо рафтааст, зеро ҳеҷ як вируси роҳи нафас бе ному нишон нопадид намешавад ва ҳатто агар ҳолатҳои ҷудогона ҳам бошанд, дар назария бояд вуҷуд дошта бошанд?».
Ва баъдӣ: “Агар дар Тоҷикистон дигар COVID-19 набошад, чаро воксин лозим аст?”.
Дар байни саволҳое, ки ҳар касро ба ташвиш меоранд, аз ҷумлаи маъмултарин инҳоанд: «Хуруҷи «сармохӯрии» номафҳум – ин зукоми мавсимӣ ва одатӣ аст? Ё, Худо накунад, боз ҳам, чун дар баъзе кишварҳои ҷаҳон, мавҷи дигар?», “Дар куҷо, чӣ гуна ва кӣ воксин карда мешавад?», «Бо пул аст, ё ройгон?», “Кӣ воксин карда шуд?», «Кадом воксин?», «Оё мушкил вуҷуд дорад?», «Мавориди манъи масраф ҳаст?» «Агар ҳаст, кадомҳо?”…
Саволҳо мисли барфи пушти бом афзуда, нобовариҳои бештарро ба масъулини Вазорати тандурустӣ ба бор меоранд.
«Маркази вазъ»
Ситоди ҷумҳуриявӣ, ки бо қарори Пешвои миллат дар мубориза бо хуруҷи COVID-19 таъсис ёфтааст, вазифаҳои худро иҷро кард. Бо вуҷуди ин, пандемӣ, ба гуфтаи як қатор коршиносон, ба таври возеҳ исбот кард, ки зарур аст, ки як иерархияи қатъии идоракунии зиддибӯҳрониро таҳти роҳбарии ситоди ҷумҳуриявӣ бо сарварии Президенти ҷумҳурӣ ё сарвазир ҷорӣ кунем. Аммо идоракунии фаврии ҳама хадамот бояд аз ҷониби байниидоравии “Маркази вазъ” амалӣ карда шавад, ки шахсан дар назди Президент ё Шӯрои амният ҳисобот диҳад.
Ғайр аз ин, ҳамчун чораҳои пешгирӣ алгоритмҳо (“харитаи роҳ” барои мубориза бо ҳама гуна ҳолатҳои фавқулодда) ва протоколҳои амалиёт ва маҷмӯи чораҳои таъҷилӣ бояд таҳия карда шаванд.
Дар байни чораҳои таъҷилӣ метавон ташкили платформаи иттилоотии онлайн барои «Маркази вазъ» бо ҷалби рӯзноманигорони беҳтарини кишвар, чат-ботҳои махсус, мушовирони онлайн, созмон додани фаъолияти ҳирфаии маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ, сафарбаркунии кормандони тиббии эҳтиётӣ, ҷойгиркунии беморхонаҳо ва нуқтаҳои ташхис дар истироҳатгоҳҳо, дармонгоҳ, варзишгоҳ ва иншооти дигар, ташкили курсҳои омӯзишӣ барои фелдшерҳо аз ҳисоби ихтиёриён, ташкили гурӯҳҳои махсуси “дафн” ва ғайраро ба роҳ монд.
Ин пешниҳодҳо аҳамияти худро гум накардаанд ва метавонанд ба Консепсияи ояндаи вокуниши Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ, эпидемия, офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда дохил карда шаванд.
Бояд қайд кард, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиаи шаҳрвандӣ” дар кишвар системаи вокуниши ҳамаҷониба ба вуҷуд омадааст ва амал мекунад, ки “… ба ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва қаламрави кишвар пеш аз оғоз ва дар сурати амалиёти ҷангӣ равона карда шудааст”.
Аммо, бо чунин таҳдиди бузургмиқёс ба амнияти миллӣ, ба монанди пандемии COVID-19 ва зиёда аз он, дар замони осоишта, Тоҷикистон (бо вуҷуди ин, ба мисли аксари кишварҳои ҷаҳон) бори аввал дар таърихи худ рӯ ба рӯ мешавад ва миқёси таҳдиду таъсири манфии он равишҳои комилан навро талаб мекунанд.
Мо бояд иқрор шавем: сарфи назар аз гузоришҳои пурмасъули мансабдорон ва “пирӯзӣ бар COVID-19”, Тоҷикистон дар муқобили эпидемия, офатҳои табиӣ ва техногенӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда ниҳоят осебпазир боқӣ мемонад. Ва манфиатҳои миллии кишвари мо ташкили барвақти як низоми корбурди хуби касбӣ идорашаванда ва маблағгузории дурустро талаб мекунанд.
Дар акси ҳол, «пирӯзӣ» шояд ба мағлубияти сартосарӣ барад.