Шумораи тасдиқшудагони гирифторони ҳодисаи нави вируси тоҷдори илтҳоби шуш дар ҷаҳон зиёда аз 400 000-ро дар бар гирифта, шумораи фавтидагон наздик ба 20 000 расид. Бо иловаи Чин, кишварҳои аз 10 000 зиёд ҳодисаи тасдиқшудагони беморӣ – Италия, ИМА, Испания, Олмон, Эрон ва Франсия мебошанд.
Эпидемия дар зиёда аз 180 мамлакат ва минтақаҳои ҷаҳон паҳн гаштааст. Аз ҳодисаи нахуст, дар 67 рӯз то 100 000 ҳодиса, дар 11 рӯз зиёдтар аз 100 000, вале аз 100 000 то 200 000 ва аз 200 000 то 300 000 ҳодиса ҳамагӣ 4 рӯз кифоя буд. Ин афзоишёбии босуръат кифоягӣ мекард, то ҳама чизро нобуд созад ва ҷомеаи инсонӣ бо буҳрони бузург рӯ ба рӯ шуд.
Шумораи умумии табобатёфтагон дар Чин 90,15 %-ро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, истеҳсолот ва ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ муътадил мегардад.
Чин ин эпидемияро аз замони ҷанги эпидемияи умумимиллӣ дар Ухан ба сифати кӯргиреҳи 23-юми январи соли 2020 сахт зери назорат гирифта, на танҳо дар ин раванд вақтро барои тамоми инсоният бурд кард, то пеши роҳи ин ваборо гирад, балки ҳамзамон таҷрибаи муваффақу бойеро ба даст овард. Айни замон тамоми ҷаҳон аз эпидемияи нави вируси тоҷдор ба ҳарос омадааст, вале Чин аз ҳама бехавфтарин паноҳгоҳи намоён гардид. Бригадаҳои касбии тиббии Чин имрӯзҳо нақши асосиро барои пешгирии ин эпидемия дар Италия, Эрон, Сербия ва Камбоҷа мебозанд. 6 миллиард юан кумаки бебозгашт ба кишварҳои бисёри ҷаҳон таҳвил намуда, саривақт ва бечунучаро дар сатҳи профлактикаи эпидемия табодули таҷриба ва назорат дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ намуд.
Вирус сарҳадношинос аст ва эпидемия аз нажод вобастагӣ надорад. Ин вазъи даҳшатзо айни замон тамоми курраи заминро фаро гирифта, ба иқтисодиёт ва ҷомеа зарбаи басо сахте зад. Бисёр мамлакатҳо чораҳои дурустро оид ба бастан ва ҳифз намудан баъди Чин қабул карданд. Дар дилхоҳ кишвар, дар мубориза бар зидди ин эпидемия ҳеҷ кас бетараф буда наметавонад. Танҳо бо қувваи ҳамдигар ва амалҳои якҷоя ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад эпидемияро маҳв ва Ватани ягонаи инсониятро аз ин бало ҳифз намояд.
Дар ҷараёни назардӯзӣ ба буҳрони азим маълум гардид, ки барои ҷомеаи тандурустӣ оҷилият ва муҳимияти ташкил кардани як иттиҳоди хоси ҷомеаи умумии оянда барои ҳифзи саломатии инсоният зарурат дорад.
Дар соли 2003 академик Чжун Наншан, ки озмоишгарони тиббии чиниро бо муборизаи муваффақона бар зидди илтиҳоби махсуси шуш (СОРС) роҳбаладӣ менамуд, боз аз нав яроқи илмиро бар зидди вируси нави тоҷдор ба кор бурд ва дар якҷоягӣ бо мардуми кишвараш зери роҳбарии дурусту оқилонаи Ҳизби комунисти Чин ва ҳукумати он эпидемия босамарона зери назорат қарор дорад.
Академик Чжун на танҳо гузаронидани омӯзишҳои дақиқро оид ба мубориза бо эпидемия дар Чин идома медиҳад, балки таҷрибаи ба даст овардаашро бо ҳамкорони хориҷиаш қисмат мекунад. Аз ҳама асосиаш ин ки, академик Чжун оид ба тадбирҳои пешгирӣ аз беморӣ ва мубориза бо эпидемия маслиҳатҳо медиҳад.
Вирус худ воҳиманок набуда, балки аз мо ҳушёриро тақозо менамояд. Айни замон дар бештари кишварҳо ҷаҳолат ба вируси нави тоҷдор боло гирифта, нарасидани дарки сохтори босамари воҳимаи эҳсосиро бедор мекунад, ки он аз вирус бадтар аст.
Чораҳои самараноки Чин оид ба пешгирӣ ва назоратро метавон хулосаи ҷамъбастии қарори илмӣ қабул кард. Сафарбарии тамоми мардум, мавҷуд набудани сарбастагӣ ва маҳдудияти тамоми шабакаҳои намоиши ТВ.
Далел овардани мамлакатҳои дигар барои амалӣ намудан ва шароитҳои хусусии миллии онҳо ҳатман ба инобат гирифта мешаванд. Дар маҷмуъ, ҳолати имрӯзаи эпидемияи ҷаҳонӣ хеле вазнин аст. Ёварӣ ба дигарон – ин ёварӣ ба худ аст. Ҳамкорӣ чораи басо босамари назорат мебошад.
Билл Гейтс бисёр бамаврид қайд карда буд: “Ҳуқуқ ба зиндагӣ бояд бештар нисбат ба фоидаҳои иқтисодӣ бошад”. Директори генералии СУТ Тедрос Адханом Гебреесус даъват намуд: “Доман густурдани ҳамрайъии инсоният бояд аз ҳама боло бошад, нисбат ба сирояткунии худи вирус”. 26-уми марти соли 2020 президенти Чин Си Сзинпин дар саммити махсуси пешсафони Гуруҳи 22 ширкат намуд, то ба эпидемияи вирусии нави тоҷдор дар Пекин таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Ва дар баромадаш зикр намуд, ки дар мубориза бо эпидемия барои тамоми инсоният таҷриба ва самимияти Чин тақдири ҷомеаи ҷаҳониро беҳтар ба шакли муайян медарорад. Мардуми Чин ва мардумони тамоми гуруҳҳои миллӣ дар ҷаҳон бо хараҷу мараҷҳои якхела умр ба сар мебаранд, то мушкилотро паси сар намоянд. “Барои мо басо мушкил аст бозгашт ба ҷаҳони аввала ва зиндагӣ кардан дар ҷаҳони нав”,- гуфт торихнигори яҳудӣ Ювал Херали. Си Сзинпин даъват намуд, ки эпидемия душмани умумии тамоми инсоният ба шумор равад. Мардуми ҷаҳон бояд даст ба дасти ҳам бидиҳанд ва роҳ паймоянд, то ки як шабакаи бисёр ҷиддӣ оид ба тадбирҳои пешгирӣ ва назорат аз бемориро бисозанд. Дар Чин маркази интернетии донистани тадбирҳои пешгирии эпидемияи вируси нави тоҷдор барои тамоми кишварҳо созмон дода шудааст. Чин оид ба таъмин намудани АФИ сайъу кӯшиши худро доир ба маҳсулоти ниёзи аввалиндараҷа ва воситаҳоро барои тадбирҳои пешгирии эпидемия дар бозори ҷаҳонӣ пурқувват менамояд. Ҳамзамон, воридотро босуртъат васеъ намуда, сармоягузории хориҷиро вусъат бахшида, ба ин васила ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Мутобиқи навигариҳои охирон аз Observer.net, аз 21-уми март расман гузаронидани “Фаза 1, озмоиши клиникии ваксинаи нави тавсияшудаи вируси нави тоҷдор (2019 СОV)” аз Донишкадаи биоинженерии академияи илмҳои ҳарбии Чин роҳандозӣ шудааст. Дар нигоҳи аввал ин чунин нишон медиҳад, ки ваксинаи нави чинӣ оид ба корона ба тазриқи инсон озмоишро оғоз намуд. Аз рӯи сухани шахси масъул ва академики Академияи илмҳои Чин, усули ваксина шарҳ дода шуд: дар чаҳорчӯбаи “омӯзиши вирус, дахолати ҷарроҳии вирусро барои шакливазкунӣ кор карданд ва барои мо вируси векторӣ зарур шуд, то онро ба организми инсон барои ба вуҷуд овардани иммунитет ворид намоем”.
Айни замон волонтёрҳо барои аҳолии Ухан маҳдуд шудаанд. Ихтиёриён ба се гуруҳ (36-нафарӣ дар ҳар гуруҳ) ҷудо шудаанд: поиниҳо, миёнаҳо ва вояҳои баланд.
КАМЧБЕК, хабарнигори рӯзномаи Global Times