“Тӯли фаъолияти пурсамари худ Вазорати молияи кишвар ба афзоиши сол ба соли буҷети давлатӣ, зиёд намудани даромадҳои воқеии аҳолӣ, инкишоф додани молияи давлативу пешбурди сиёсати молиявӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда ноил гардид, ки ин муваффақиятҳо бешубҳа ба некуаҳволии мардум мусоидат намудаанд”.

Эмомалӣ Раҳмон

Сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сафарзода Султон гуфт молиячиёни ноҳия дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати молияи мамлакат, Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои баланд бардоштани сифати муҳосибӣ, таъмини шаффофияти буҷет, таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории ташкилоту муассисаҳо пайваста талош намуда, уҳдадориҳои хешро сарбаландона иҷро намуда истодаанд.

Қисми даромади буҷет пурра иҷро шуд

Номбурда афзуд, ки давоми 3 моҳи соли ҷорӣ кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” баён доштанд, ҳамчунин баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД-и вилоят, ноҳия ва Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ин давра тадбирҳои зиёд андешида, корҳои назаррасро ба сомон расониданд. Заҳматҳои шабонарӯзии мақомоти маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати молия ва Нозироти андоз буд, ки дар давоми се моҳи соли ҷорӣ қисми даромади буҷети ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 100 дарсад таъмин карда шуд. Қайд гардид, ки нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия дар се моҳи соли 2025-ум 15 миллиону 726 ҳазору 501 сомонӣ буд, ки он дар ин давра 15 миллиону 782 ҳазору 85 сомонӣ таъмин карда шуд, ки ин нисбати нақша 55 ҳазору 584 сомонӣ зиёд мебошад.

Сафарзода Султон илова кард, ки нақшаи қисми хароҷоти буҷети ноҳия бештар аз 43 миллиону 500 ҳазор сомонӣ буд, ки он дар ин давра зиёда аз 42 миллиону 530 ҳазор сомонӣ яъне 98 дарсад таъмин карда шуд.

Дар се моҳи соли равон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети вилояти Хатлон маблағҳои мақсаднок пурра пардохт карда шуда, ҳамаи маблағҳои равонкардашуда барои фонди музди меҳнат мақсаднок пардохт гардидааст. Ҳоло дар ноҳия қарздории музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ вуҷуд надорад ва кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдурамҳони Ҷомӣ дар оянда низ баҳри иҷроиши саривақтии қисми даромади буҷет ва мақсаднок истифода кардани маблағҳо пайваста талош карда, кӯшиш мекунанд, ки музди маоши кормандони ташкилоту идораҳоро саривақт пардохт кунанд, то қарздорӣ ва қафомонии музди меҳнат ба миён наояд.

Кормандон ба забономӯзӣ ҷалб шуданд

Қайд гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши тахассусии кормандони соҳаи молия, сармуҳосиботи ташкилоту муассисаҳои ноҳия, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати молияи кишвар кормандони Раёсати молия доимӣ аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд. Дар Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳии Абдураҳмони Ҷомӣ ба масъалаи кадрҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад ва кормандони кордону соҳибтахассус бештар аз ҳисоби ҷавонон дар зинаҳои гуногун ба кор даъват карда мешаванд ва минбаъд низ ҷавонони боистеъдоду донандаи забонҳои хориҷӣ ҷалб мешаванд.

Мавсуф иброз дошт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 18 марти соли 2024 №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонӣ мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ, вазифадор гардидаанд, ки аз 1 апрели соли 2024-ум тамоми корманадони худро ба муҳлати якуним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, ангилисӣ ё забонҳои дигар) фаро гиранд.

Раёсати Вазорати молияи ноҳияи мазкур баҳри иҷрои Фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тадбирҳои заруриро руйи кор гирифта, кормандони Раёсатро ба забономӯзӣ ҷалб намудаанд.

Дастуру супоришҳо саривақт амали мешаванд 

Ӯ илова кард, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ таъкид намудаанд, ки ҷиҳати татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ, сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат мебошад.

Мусоҳиби мо дар фароварди суҳбат қайд кард, ки мекӯшем фаъолияти худро беш аз пеш пурзур намоем ва баҳри давлату миллати худ содиқона хизмат намоем. Чунончи, Пешвои муаззами миллат аз кормандони давлатӣ тақозо менамоянд, ки бо дилу нияти пок ба давлату миллат хизмат намоед ва ин панди Пешвои миллат шиори мо аст ва албатта, тамоми донишу малакаи худро баҳри пешрафти давлату миллат ва сарфакоронаву мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷет сарф хоҳем намуд.

Молия сутуни давлат аст

Кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳама талошҳои худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи вобаста ба татбиқи пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид кардани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ, равона кардаанд. Масъулони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза бахшида, ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь