Хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин навбат бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, ки аз марказҳои муҳими саноативу кишоварзии мамлакат ба шумор рафта, мардуми заҳматкашу меҳанпарасташ бо обилаи дастони пурэъҷози хеш дар ободу пешрафта намудани Ватани маҳбубамон ва фаровонии дастархони аҳолӣ саҳми арзанда мегузоранд, ошноӣ пайдо намуд. Гузориши ӯ аз дастовардҳои сокинони меҳнатқарину роҳбарони ғамхори ин шаҳри диловезу замини зархез дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ва сатҳи омодагиҳо ба таҷлили пуршукуҳ аз ҷашни фархундаи 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ манзури хонандагони “Самак” мегардад.
Талош барои зиндагии шоиста
Тавре дар оғози суҳбат раиси шаҳри Левакант Зарина Давлатзода Дилмурод иброз дошт, фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Левакант ба таъмини волоияти Қонун, риояи талаботҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 январи соли 2021) бармеояд, равона гардида, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, беҳ кардани сатҳу сифати зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити арзандаи меҳнатию фароғатии мардум ҷаҳду талоши зиёд ба харҷ медиҳад.
– Яке аз самтҳои барномавии рушди иқтисодиёти шаҳри Левакант, пеш аз ҳама ҷалб намудани самти фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баҳри бартараф намудани мушкилоти аввалиндарҷа ва хизматрасонии босифати иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ маҳсуб меёбад, ки дар ин ҷода ҷиҳати беҳтар намудани шароити зисти аҳолӣ, таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ чораҳои саривақтӣ андешида мешавад. Айни замон тибқи барномарезиҳои умда дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ нишондиҳандаҳо назаррас мебошанд, – бо итминон изҳор дошт раиси шаҳри Левакант.
Дахлу харҷи буҷет
Зарина Давлатзода дар идомаи суҳбат афзуд, ки бо мақсади бартараф намудани омилҳои беруна ба иқтисодиёт ва нигоҳ доштани сатҳи мутавозуни буҷет, роҳ надодан ба хароҷоти ғайримақсаднок ва дуюмдараҷа дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор нақшаи қисми даромаду хароҷоти буҷетҳои давлатию маҳаллӣ бознигарӣ гардид. Дар ин замина Зарина Давлатзода дар такя ба нишондиҳандаҳои омории рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳри Левакант зикр намуд, ки:
– Мувофиқи маълумотҳо нақшаи даромадҳои буҷети шаҳри Леваканти вилояти Хатлон аз рӯи контингенти умумӣ бо назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 135,3% иҷро гардида, ба буҷет 37,4 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 9,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар алоҳидагӣ бошад, иҷрои нақшаи андозҳои буҷети маҳаллии шаҳр бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 145,9% таъмин гардида, ба буҷет 26,3 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 8,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Иҷроиши нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ба андозаи 117,3% таъмин гардида, ба буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 9,9 млн. сомонӣ, аз ҷумла андози иҷтимоии буҷетӣ 3,3 млн., ё худ 100% ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 6,7 млн. сомонӣ, ё 127,8%-ро ташкил дода, ки нисбат ба нақша дар умум 1,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамин тариқ, аз рӯи ҳиссаҷудокунӣ ба буҷети вилоят аз андозҳои танзимшаванда 4,4 млн. сомонӣ гузаронида шуд, ки 101%-ро ташкил медиҳад.
Тавре дар идома Зарина Давлатзода иброз намуд, бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1-уми январи соли 2021 дар маҷмуъ 2 млн. 682,5 ҳазор сомониро ташкил медод. Ин нишондод ба ҳолати 1-уми июли соли 2021 ба 2 млн. 606,1 ҳазор сомонӣ фуроварда шуд, ки нисбатан 76,4 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Бақияи қарзи мазкур бо истифода аз тамоми имкониятҳо давра ба давра пардохт карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, қисми хароҷоти буҷети шаҳр 18,1 млн. сомонӣ муқаррар гардида, дар давраи ҳисоботӣ 17,9 млн. сомонӣ ё 98,9% маблағгузорӣ карда шудааст. Боиси фараҳмандист, ки то имрӯз қарзи музди меҳнат ва фонди нафақа аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ вуҷуд надорад.
Дастгирии соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Нозироти андози шаҳри Левакант тайи шаш моҳи аввали соли 2021 шумораи андозсупорандагон 709 нафарро ташкил дода, аз ин ҳисоб 238 шахсони ҳуқуқӣ, 471 соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла 279 нафар тариқи патент, 74 нафар бо шаҳодатнома ва 108 адад хоҷагиҳои деҳқонии бе таъсиси шахсони ҳуқуқии ба қайд гирифташуда фаъолият менамоянд.
Дар ҳамин ҳол, дар шаҳри Левакант 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи татбиқшуда 83,6 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад.
Ба итминони Зарина Давлатзода, дар ин замина бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант аз 28-уми декабри соли 2020, №47 “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Левакант барои солҳои 2021-2025” тасдиқ гардида, ба барномаи мазкур 77 лоиҳаи афзалиятнок ба маблағи умумии 665,4 млн. сомонӣ ворид гардида, аз ин 34 лоиҳа бо маблағи 174,9 млн. сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 22 лоиҳа ба маблағи 88,6 млн. сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 17 лоиҳа бо маблағи 400,6 млн. сомонӣ ба бахши инфрасохтор, 1 лоиҳа бо маблағи 0,9 млн. сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулодда ва 3 лоиҳа ба маблағи 0,3 млн. сомонӣ ба бахши таъминотӣ рост меояд. Таъкид кардан айни муддаост, ки шумораи лоиҳаҳои амалигардида 4 адад буда, хаҷми маблағи он 41,8 млн. сомониро дар бар гирифта, 23 лоиҳа мавриди амал қарор дорад. Иҷроиши барномаи мазкур бошад, тибқи лоиҳаҳои амалигардида 5,2%-ро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, тавре аз нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, дар давоми шаш моҳи соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Левакант ба 144,5 млн. сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020-ум 4,5 млн. сомонӣ зиёд буда, дар маҷмуъ 103,1%-ро ташкил медиҳад.
Вазъи сохтмон ва меъморӣ
Дар ҳамин ҳол, тибқи омори пешниҳодшуда дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маблағгузории асосӣ ба соҳаи сохтмон 21,8 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55,5 млн. сомонӣ кам мебошад. Сабаби нисбати соли гузашта кам ворид шудани маблағҳо дар соҳаи сохтмон, аз ҷумла дар кам маблағгузорӣ шудани сармояи хориҷӣ арзёбӣ мегардад. Аз маблағҳои азхудкардашуда 20,2 млн. ба сармояи хориҷӣ ва 1 млн. сомонӣ ба соҳибкорон рост меояд. Корҳои сохтмону васлкунӣ бошад, ба маблағи 14,4 млн. сомонӣ иҷро шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,7 млн. сомонӣ зиёд буда, 215%-ро ташкил медиҳад.
Дар ин росто ҳамчунин ба маблағи 1,2 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шудаанд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9,1 млн. сомонӣ кам мебошад. Таъкид гардид, ки иншооти сохташаванда аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорон мебошад.
Амнияти озуқаворӣ ва ғизои хушсифат
Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки пешбурди иқтисодиёти шаҳри Левакант маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди созаҳои саноат, афзоиши имкониятҳои содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим аст.
Кишоварзони шаҳри Левакант ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба 79,5 млн. сомонӣ расонданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,4 млн. сомонӣ зиёд буда, 120,2%-ро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии шаҳр дар майдони 2524,9 га кишти зироатҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ гузарониданд. Аз ҷумла 601,9 га ғалладона, 31 га ҷуворимакка, 1080 га пахта, 348 га сабзавот, 134 га полезӣ, 95,4 га картошка ва 234,5 га хӯроки чорворо ташкил медиҳад.
Хоҷагидорон дар шаш моҳ 2696,4 тонна ғалладона, 1713,2 тонна картошка, 7108,8 тонна сабзавот, 3811 тонна маҳсулоти полезӣ, 527,9 тонна мева истеҳсол намуда, аз ин ҳисоб 660 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 600 тонна пиёз ва 60 тонна мева ба хориҷи кишвар содирот намуданд, ки 120% дурнаморо ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 116 тонна зиёд мебошад.
Дар заминҳои холишуда бошад, то имрӯз кишоварзон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 777,5 га кишти такрорӣ гузарониданд ва ҳанӯз рафти кишти такрорӣ идома дорад.
Дар баробари ин, пиллапарварони Левакант дар мавсими имсола 3100 кг пиллаи хушсифат истеҳсол намуданд, ки 110% дурнаморо ташкил дода, нисбати соли сипаригашта 272 кг зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 7474 сар, моли майда ба 30102 сар, 213 сар асп, саршумори паранда ба 72383 сар, занбӯри асал ба 265 оила расонида шуд.
То имрӯз дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории шаҳр 1796 сар гӯсола, 11859 сар барраю бузғола ва 57 сар тойча насл гирифта шуд. Инчунин, дар ин давра 419,4 тонна гӯшт, 2573,1 тонна шир, 2741,6 ҳазор дона тухм, 32,7 тонна пашм, 6,4 тонна моҳӣ ва 2 тонна асал истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 75,1 тонна шир, 0,6 тонна пашм, 7,9 ҳазор дона тухм ва 1,4 тонна моҳӣ зиёд мебошад.
Занони ояндаофари Левакант
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД шаҳри Левакант Нуқрамо Халилова, аҳолии шаҳри мазкур айни замон 49638 нафар буда, 24671 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Саҳми занон дар соҳаҳои мухталифи шаҳр назаррас буда, занон ва бонувон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр кору фаъолият намуда истодаанд. Ба иттилои Нуқрамо Халилова, аз шумораи умумии занон 3350 нафар коргар, 92 нафар роҳбар, 12 нафар хизматчии давлатӣ мебошанд. Ҳамчунин, 491 нафар бонувон дар соҳаи маориф ва 540 нафари дигар дар соҳаи тандурустӣ кору фаъолият доранд, ки мутаносибан миёни онҳо низ 38 нафар ва 18 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда ҳастанд. Дар соҳаи кишоварзӣ бошад, ба қавли мудири бахши занон ва оилаи шаҳри Левакант 2228 нафар бонувон саҳми босазои худро гузошта истодаанд, ки аз ин шумора 12 нафарашон раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Ҳамзамон, дар соҳаи иқтисодиёт 5 нафар зани фаъол дар бонкҳои шаҳр кору фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 1 нафарашон дар вазифаи роҳбарикунанда корбарӣ намуда истодааст. Дар соҳаҳои фарҳанг, коммуналӣ ва почта 73 нафар зан, аз ҷумла 5 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият намуда истодаанд. Ин нишондодҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯзҳо занон ва ҷавондухтарони лаёқатманди шаҳри Левакант ҳамқадами замон буда, дар бунёди ҷомеаи пешқадаму демократии мамлакат мавқеи махсуси худро соҳиб гардидаанд, – мутмаин аст Нуқрамо Халилова.
Ҳамчунин, ба итминони ӯ, бо андешидани тадбирҳои амалӣ ҷиҳати ҷалби бештари занон ба хизмати давлатӣ имрӯзҳо дар шаҳри Левакант 42% занон дар хизмати давлатӣ кору фаъолият доранд. Шумораи занони намояндагони Маҷлиси вакилони халқи вилоятӣ 1 нафар, вакилони шаҳрӣ 15 нафар ва вакилони ҷамоатҳои деҳоти «Ваҳдат»-у «Гулистон» 19 нафарро ташкил медиҳанд.
Вусъати шуғли пурмаҳсул
Таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат аз татбиқи босамар ва оқилонаи он вобаста буда, даромади пулии аҳолӣ ва музди меҳнат бозгӯйи сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ ба шумор меравад. Музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандони шаҳр ба 1065 сомонӣ расонида шуда, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115 сомонӣ зиёд буда, 112,1%-ро ташкил менамояд.
Тибқи ҳисоботи оморӣ 1954 нафар шаҳрвандон ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар кардаанд, ки аз ин теъдод 1662 нафар мардон ва 292 нафар занон мебошанд. Муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар бо тариқи филиалҳои бонкҳои амалкунанда 12,6 миллион доллари америкоӣ фиристодаанд, ки нисбати соли гузашта 2,7 миллион доллар зиёд мебошад.
Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр 530 нафар барои таъмин ба ҷойи корӣ муроҷиат карданд, ки аз онҳо 309 нафар зан мебошад. Бо ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 314 нафар таъмин шудаанд, ки 166 нафар зан мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ 9 ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 302 ҷойи кории холӣ гузаронида шуда, дар онҳо 42 корхона ва 1111 корҷӯй иштирок намуданд. Аз ин теъдод 97 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, 82 нафар бо кор таъмин шуданд ва 120 нафари дигар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифта, 40 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар гардиданд. Барои рушди соҳибкорӣ ба 14 нафар шахсони бекор ба маблағи 38100 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.
Дасти имдод ба сӯи ниёзмандон
Шумораи ятимони кулл 28 нафарро ташкил дода, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, корхонаву муассисаҳо ва шахсони саховатпеша ба оилаҳои камбизоат, эҳтиёҷманд ва маъюбон дар умум ба маблағи умумии 707176 сомонӣ кӯмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шудааст, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба маблағи 18150 сомонӣ ва корхонаву муассисаҳои шаҳр ва шахсони саховатпеша ба маблағи 689026 сомонӣ мебошад.
Дар ҳамин ҳол, шумораи нафақахӯрон 4066 нафар буда, талаботи моҳонаи нафақапулии эшон 1402,2 ҳазор сомониро ташкил дода, андозаи миёнаи нафақапулӣ 345 сомонӣ мебошад.
Омодагиҳо ба ҷашни пуршукуҳ
Бо мақсади бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани санаи таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар 64 банд бунёд ва таҷдиди зиёда аз 90 иншооти ҷашнӣ пешбинӣ гардида буд. Баъди ворид гардидани тағйироту иловаҳо ба нақшаи кории нав 96 иншооти ҷашнӣ ба маблағи 61,8 млн. сомонӣ ба қайд гирифта шуданд. Аз ин миён 8 иншоот бо арзиши 1,9 млн. сомонӣ дар соли 2018, 19 иншоот бо арзиши 4,4 млн. сомонӣ дар соли 2019, 45 иншоот бо арзиши 18,3 млн. сомонӣ дар соли 2020 ва 24 иншоот бо арзиши 37,3 млн. сомонӣ дар соли 2021 ба нақша гирифта шудааст. Аз иншооти мазкур то имрӯз 80 адад бо арзиши 29,8 млн. сомонӣ ва таъсиси 369 ҷойи кори нав, ки 83,3 % иншооти ҷашниро дар бар мегирад, мавриди истифода қарор гирифтааст.
Боиси фараҳмандист, ки ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми Стратегии миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар санаи 22-уми сентябри соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегатҳои 2 ва 6-и Неругоҳи барқӣ обии Сарбанд ва инчунин ҷиҳати арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ, «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар боғи фарҳангиву фароғатии шаҳри Левакант бо баландии 41 метр мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Инчунин, бо иштироки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбоналӣ Ҳакимзода 4-уми сентябри соли 2020 муассисаи таълимии нав дар деҳаи Вахш бо дастгирии БМИМТ ва маблағгузории Бонки олмонии рушд барои 240 хонанда дар як баст ба маблағи 3,7 млн. сомонӣ ва бо маблағгузории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маъмурии ниҳоди мазкур дар шаҳри Левакант бо арзиши 2,7 миллион сомонӣ сохта ва мавриди истифода қарор гирифт.
Ободонӣ аз озодагист
Ҷиҳати вусъати ободониву сабзкориҳо ва ободу зебо гардонидани 10 га Боғи марказии шаҳр корхонаю ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ сафарбар гардидаанд. Айни замон корҳои ободонӣ, тахту ҳамворкунӣ, шинонидани майса (газон) ва гулҳои ороишӣ ба анҷом расидааст.
Ҳамзамон, барои ободонии Боғи фарҳангии шаҳр соҳибкорон ҷалб гардида, то имрӯз ба маблағи зиёда аз 1,5 млн. сомонӣ як қаҳвахона ва 8 намуд арғунчак насб гардида, мавриди истифодаи аҳолӣ қарор доранд.
Қайд кардан зарур аст, ки қитъаи замин барои кабудизоркунию дарахтшинонӣ ва гулу бутта дар боғи мазкур майдони 4,8 гектарро ташкил дода, пурра нарм ва тахту ҳамвор гардида, дар он 1509 дарахти ороишӣ, 7 ҳазор дона гули садбарг ва 16 ҳазор дигар гулҳои ороишӣ шинонида шуда, барои таъмин бо об 8979 метр қубури пластикӣ, 1985 обпошак васл шуда, бо майса (газон) таъмин мебошад.
Баҳри чароғонкунии шаҳр дар се марҳила корҳо оғоз гардида, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ кӯчаи марказии Борбад ва бо дастгирии соҳибкорон ва фаъолони шаҳр дар кӯчаҳои Н. Хусрав, Лоҳутӣ, Обшорон ва қисман кӯчаи Н. Абдуллоев корҳои чароғонкунӣ ба анҷом расонида шуд, равшаннамоӣ дар ин самт идома дорад.
Инчунин, вобаста ба таҷдиду азнавсозии роҳҳои автомобилгард то имрӯз 1,8 км роҳ дар деҳаҳои Гулистон ва Баҳодурон, 13 км роҳи автомобилгарди деҳаи Зағертут мумфарш ва дар деҳаи Хуррамдеҳ 4 км роҳ мумфарш шуда, дар деҳоти шаҳр сангфаршкунии роҳҳо идома дошта, феълан 5,5 км дар ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» ва зиёда аз 5 км роҳ дар ҷамоати деҳоти «Гулистон» ба анҷом расонида шудааст.
Дар баробари ин, ҷиҳати бо оби нӯшокӣ ва техникӣ таъмин намудани аҳолӣ дар шаҳр як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла, дар деҳаи Гулистон дар масофаи 2 км хатти об, дар деҳаи Эшонобод 2 километр хати об ва дар деҳаи Хурамдеҳ дар масофаи 1,6 километр хати об гузаронида шуд.
Ҳамзамон, ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни пуршукуҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолии шаҳри Левакант пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад. То имрӯз ба миқдори 7900 дастур ба аҳолӣ ва иншоотҳои тиҷоратӣ ҷиҳати ислоҳ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла ободонии манзилҳои зист, ҳудуди маҳаллаҳо, васею зебо гардондани роҳу кӯчаҳо ва ғайра огоҳӣ дода шуда, баҳри иҷроиши супоришҳои мазкур кормандон ва фаъолони маҳаллаҳо сафарбар карда шудаанд.
Бо шукргузорӣ аз неъмати Истиқлол
Зарина Давлатзода бо зикри нишондиҳандаҳо аз дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Левакант ҳамчунин бо итминон бо итминон зикр намуд, ки:
– Имрӯз дар ҷомеа фазои созгори маънавӣ ҳукмфармост, мардуми шукргузори шаҳри Левакант ба қатъияти том сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлатро пуштибонӣ намуда, бо бунёдкориву созандагӣ машғул мебошанд. Кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки нисбат ба ҳама зуҳуроту падидаҳои номатлуб муҳити оштинопазир фароҳам гардад ва дар ин замина ба тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз ватани соҳибистиқлол ва худшиносии миллӣ афзалияти бештар зоҳир гардад.
Зеро маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Левакант марҳила ба марҳила афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар шаҳри Левакант густариши тоза пайдо намуд ва дар ин замина рушди устувори ҳамаи соҳаҳо фароҳам гардид.
Дар ин замина мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сокинони меҳнатқарини шаҳри Левакант минбаъд низ ҷиҳати таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва вусъат бахшидани фаъолият дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр тадбирҳои зарурӣ меандешад ва бо мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, инчунин ҳидоятҳое, ки дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба шаҳри Левакант ва шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дода шуданд, тадбирҳои зарурӣ андешида, иҷрои ҳамаи нақшаҳои истеҳсолиро таъмин карда, чорабинии муҳими сиёсии дарпешистодаро дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ гузаронида, соли ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас сарбаландона ҷамъбаст менамоянд.
Муҳаммадалӣ МАҚСАДУЛЛОҲ,
МТЖТ