Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг баҳри татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карда, нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоиро бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст намуда, ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ ноил гардид.
Дахлу харҷи буҷет
Тибқи маълумоти Раёсати молия ва Нозироти андоз дар ин давра ба маблағи 31,9 млн сомонӣ андоз ба буҷети маҳалии ноҳия ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 млн сомонӣ зиёд мебошад. Ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ 21,6 млн. сомонӣ ворид карда шуда, фонд аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ 168% таъмин гардид. Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 44,7 млн. сомонӣ ё 100 фоиз иҷро гардидааст. Нақшаи солонаи соли 2021, 44,8 млн. сомонӣ муқаррар шуда, ба буҷети ноҳия 47,2 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид. Ба ҳолати 30 ноябри соли 2021 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо, (бо назардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 3,1 млн сомониро ташкил дод, ки ин нисбати аввали сол ба маблағи 281 ҳазор сомонӣ кам гардидааст. Музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандони ноҳия 1473 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 109,6 сомонӣ зиёд мебошад. Қарздорӣ аз ҳисоби музди меҳнати ташкилотҳои буҷетии ноҳия ва фонди нафақа вуҷуд надорад.
Соҳибкорӣ
Ҳамагӣ дар ноҳия 2600 субъектҳои соҳибкории фаъолияткунанда амал мекунанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 176 адад, яъне 93,2 фисад зиёд мебошад. Аз тарафи соҳибкорон дар ин давра дар маҷмӯъ 21,6 млн сомонӣ андози иҷтимоӣ ворид гардид. Дар ин давра, аз тарафи филиалҳои бонки дар ноҳия фаъолиятдошта ба соҳаи кишоварзӣ 4,9 млн сомонӣ, соҳибкорӣ 7,9 млн сомонӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва истеъмолӣ 9 млн сомонӣ, ҳамагӣ 21,9 млн сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6,9 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Истеҳсолот
Ба қавли раиси ноҳия Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло, кишти зироатҳои кишоварзӣ дар соли сипаригардида дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 8161 гектарро ташкил намуд. Аз ҷумла, истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 14474 тонна, картошка 4957 тонна, сабзавот 6639 тонна ва полезӣ ба 611 тонна расонида шуд. Нақшаи кишти тирамоҳӣ имсола 3503 гектарро ташкил дод, ки пурра ба иҷро расонида шуд. Ба рушди соҳаи моҳипарварӣ диққати махсус дода шуд. Истеҳсоли гушти моҳӣ дар ноҳия ба 2000 кг расонида шуд, ки ҳоло ҳам қаноатбахшкунанда нест. Нишондиҳандаҳои соҳаи чорводорӣ пурра ва барзиёд таъмин гардида, саршумори чорвои калони шохдор ба 25536 сар, моли майдаи шохдор ба 36988 сар, саршумори парранда ба 32399 сар, асп ба 2159 сар расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, мутаносибан саршумори чорвои калони шохдор 323 сар, моли майдаи шохдор 955 сар, парранда 650 сар ва асп 33 сар зиёд гардидааст.
Маориф
Дар 52 муассисаҳои таълимии ноҳия 12476 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 25 нафар гирандаи стипендияи президентӣ мебошанд. Дар соҳа 938 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд. Хонандагон дар озмунҳои вилоятӣ 22 медали тилло, 25 медали нуқра, 27 медали биринҷӣ ва 20 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ гаштанд. Аз 14 нафар хонандагони иштирокчии озмунҳои даври ҷумҳуриявӣ 3 нафар соҳиби медали тилло, 5 нафар соҳиби медали нуқра, 5 нафар сазовори медили биринҷӣ ва 1 нафар соҳиби ҷойи ифтихорӣ гаштанд. Дар озмунҳои байналмилалӣ 2 нафар хонандагони ноҳия ғолиб гардида, соҳиби ҷойи дуюм гаштанд.
Шуғли аҳолӣ
Аз тарафи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия 12 ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ, бо пешниҳоди 662 ҷойи кори холӣ гузаронида шудааст. Барои пайдо кардани ҷойи кори доимӣ муроҷиати 975 нафар ба қайд гирифта шудааст ва аз ин шумора 392 нафарро занҳо ташкил медиҳад. Тибқи маълумотҳо дар давоми солҳои 2018-2021 аз ноҳия ҳамагӣ 909 нафар шаҳрвандони дар муҳоҷирати меҳнатӣ (ФР) қарор доранд, ки 43 нафарро занҳо ташкил мекунад.
Шумораи нафақахӯрон дар ноҳия 4456 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин 2425 нафар нафақаи пиронсолӣ, 463 нафар аз рӯи маъюбии меҳнатӣ, 151 нафар маъюбони бесаробон, 5 нафар барои хизматҳои дарозмуддат ва 3 нафар нафақаи аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта мебошад. Шумораи нафақахӯрони иҷтимоӣ ба 1409 нафар расидааст. Нафақапулиҳои нафақагирон дар соли 2021 пурра пардохт карда шудааст.
Ба қишри камбизоати аҳолӣ, маъюбон, ятимон ва бепарасторон аз ҳисоби МИҲД ноҳия соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ба маблағи 1,4 млн сомонӣ кӯмаки яквақтаи моддӣ ва молиявӣ расонида шуд.
Фарҳанг
Дар ноҳия 35 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, гулгашти “Ҷавонон”, Осорхонаи таърихии мақоми ҷумҳуриявидоштаи ба номи “Восеъ”, Хонаи фарҳангӣ, 7 клуб, Китобхонаи марказӣ, Китобхонаи бачагона, 15 китобхонаи деҳот, Мактаби мусиқии бачагона, 2 амфитеатр, осорхона, Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ, Осорхонаи шахсии ба номи Ҳабибулло Файзулло ва Хона-музейи ба номи Ҷӯрабек Назриев ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ мерасонанд. Теъдоди фонди китобҳо дар ноҳия 61,2 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад. Давраи дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Маркази ҷавонони ноҳия бо иштироки 223 нафар баргузор гардид. Аз 223 довталаб 30 нафарашон ба давраи сеюм ва аз даври сеюм ба даври ҷумҳуриявӣ 3 нафар соҳиби роҳхат шуданд.
Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
Шумораи ҷавонон дар ноҳия 21872 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди умумии майдончаҳои варзишӣ ба 68, толорҳои варзишӣ ба 11 ва ҳавзҳои шиноварӣ ба 3 адад расонида шуда, бо асбобу анҷомҳои варзишӣ ҷиҳозонида шудаанд. Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, сазовори 2 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд.
Дар ноҳия 2 ширкати сайёҳӣ ва 15 меҳмонхона ва мусофирхонаҳо фаъолият доранд. Вобаста ба рушд ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар ноҳия заминаҳои зарурӣ муҳайё гардидааст. Теъдоди сайёҳон дар соли 2021, ба 76414 нафар расид, ки 123 нафарро хориҷиён ташкил медиҳанд.
Иншооти ҷашнӣ
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 330 иншоот ба нақша гирифта шуда, 341 иншоот сохта ба истифода дода шуд, ки 103,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар соли 2021 бо иштироки Пешвои муаззами миллат муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48, корхонаи банду басти асал, бинои маъмурии ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо, чойхонаи “Чилчанор”, корхонаи парвариши мурғи марҷон, Амфитеатр ва бо иштироки ҳайати ҳамроҳон хона-музейи Ҷӯрабек Назрӣ, 3 майдончаи варзишӣ, ҳаммом, бунгоҳи тиббӣ, толори варзишӣ, китобхонаи марказӣ, меҳмонхона, китобхонаи деҳоти Лоҳутӣ ва 3,8 км роҳи мумфарш дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
С. Халилиён, МТЖТ, ноҳияи Ховалинг