Ба муносибати 115-солагии фарзанди фарзонаи миллат Бобоҷон Ғафуров

Мо акнун солҳои таъинкунандаеро мегузарем. Сонияҳову дақиқаҳо аз Истиқлол шукр мекунем ва онро қадр медорем. Ба ростӣ эҳсос мекунем, ки борони файзбори истиқлоли миллӣ фуруи боридан аст ба матлаби мо арзишҳои тоза халқ шудаанд, ки сарнавишти ояндаи мо акнун навишта мешуданд. Худогоҳии мо ва таквини истиқлолиятҷӯии мо бозгаштанро маҷмӯе аз таърихи қадим ва суннатҳои расои худогоҳона ба як даъват – ватанпаймоӣ рисолат гирифт, ки он чуноне, ки аз оғоз буд ба марҳилаи такомул расид ва душманонро ба ҳарос афканд, ки ин қавми бе ҳарос аз ҷойгоҳаш, ки нимаогоҳ ва ё заъф дошт, огоҳ гардид.

Ин аст, ки бисёре аз чеҳраҳои миллии мо, бисёре аз арзишҳо ва эътибороти моро аз таърих ба соҳиби таърих тақдим карданд, ки ҳамдастии нерӯҳои ақлиро мумтоз ба худ гирифтанд, ба «бегона»-ро аз таърихи миллӣ решакан карданд ва ҳатто дар байни бархе аз афрод ва ҳатто гурӯҳҳои худамон низ ошуфтагиро эҷод карданд ва ин аст, ки аз ҳама ҷиҳати ниёз – ба як тафсири амиқи таърихи тоҷик ва равшангарии он, бо таҳлили илмӣ масъала бо эҳсосият тавзеҳ дода шуд. Агар хоҳем дар як калимаи охирин нуқтаи авҷро, ки виҷдони фарҳангии миллатро дар сайри таърихӣ ва такомули фикри хеш бад-он расидааст, баён кунем кофист, бигӯем, акнун мо ба марҳилаи «қазовати Истиқлол» расидем. Қазоват дар қаламрави кишвар, огоҳӣ ва масъулияти миллат ё як ҷомеаи бедор аст. Қазоват нисбат ба ҷаҳоне, ки раҳм надорад ва миллат дар он нисбат ба вазъе, ки дорад ва нисбат ба таърих ва сарнавишти фардо ва билохира моҳияти хеш ва мояҳо, ниёзҳо ва ормонҳои хеш огоҳ аст. Инҳо ҳама муҳтавои равшан ва баёни ҳукми ин рисолати нави миллат аст, ки барпо шудааст ва тасмимгириҳо ва ояндагароӣ, таквини сарнавишти хешро дар ихтиёр дорад, аммо миллате, ки ҳушёрии онро дорад, ки як воқеияти сиёсӣ – Истиқлолро ба асоси хислатҳои зотии он ва бо шеваҳои мантиқӣ, бетарафона мешиносад ва миллате, ки тамиз дорад, наметавонад инкор кунад, ки он чи акнун дар баробари хеш дорад, як ҳаракат нав ва як идеологияи нав бо ҷаҳонбинӣ, рӯҳ, рафтору ахлоқи нав дар кишвар пайдо шудааст, ки фарҳанги худро ва имони худро ва муҳтавои худро дорад ва ҷиҳатгириву  забони худро ҳифз менамояд. Бо он ки Истиқлоли миллат ҷавон аст, вале амиқтарин, шадидтарин таъсири сиёсиро дар тағйири арзишҳои миллӣ дорад ва дар матни ҷомеа ва дар умқи хонаводаҳо, мисли суннат ҷой дорад ва вазну ҳузури хешро дар иштибоҳи сатҳи ҷаҳонӣ ба исбот гузоштааст. Ҳарчанд душмани миллат, ки ҳанӯз чашмони онҳо ба ин нури тоза одат накардааст, чеҳраи ин нурро дер мешиносанд. Наметавонанд асолати онро эътироф кунанд ва асоси моҳияташро ташхис диҳанд ва тибқи маъмул ба асоси «сабқатҳо»-и пеш сохташуда, ки дар зеҳн доранд, онро эзоҳ медиҳанд.

Имрӯз қазоватҳои миллат чун: таърих, фарҳангсолорӣ ва тамаддунсозӣ шуҳрат доранд, зеро Истиқлол бо чеҳраи нави хеш тулӯъ ёфтааст, зеро чунин қазоватҳо ба он созгор аст. Ҳисоби Истиқлолро аз ин қазоватҳо ғолибан дар ин бардоштҳо ва таъбирҳои Истиқлол, ба унвони як даъват ва як рисолат – худшиносии миллӣ шуҳрат мебахшад.

Истиқлоли миллат, ки сайри таҳаввулоти таърихиро паймудааст, масъала мавҷе, ки акнун дар ҷомеа падид омадааст, ҳаракат ва даъват ба насл худогоҳиро бошиддат ба хеш мазҳаб намудааст ва бо сароҳат, бо ҷаҳонбинии нав, бозгашт ба хештан аст. Истиқлол, ки ҷаҳонбинӣ аст ва бозгашт ба хештанро тақозо менамояд, даъват ба эҳёи миллат ва даъватсозӣ аст. Истиқлол ба унвони идеология дар матни замон ва дар саҳнаи пайкорҳои идеологӣ, дар масири ниёзҳо ва ормонҳои Истиқлол матраҳ аст ва танҳо аз замон ва таъбироти он дар низоми зиндагӣ ва системаи ошноӣ бо арзишҳои миллӣ рӯ ба рӯ аст, ки дигаргуниҳоро эҷод мекунад, балки муддаои роҳбарӣ ва масъулияти замони хеш аст, дар эҳёи фикри миллӣ бозгӯи менамояд, дардҳо ва изтиробҳоро даво мебахшад. Дар айни ҳол, набояд сатҳӣ қазоват кард ва Истиқлол як рӯйдод ва пешбинӣ аст, зеро хизмати он бунёдгароӣ ва фардогариҳоро тақозо дорад.

Ҳаргиз набояд нақши шахсиятҳое, ки бо андеша ё амал дар таквини эҳёи миллат, нақши бузург доранд, инкор кард, зеро маҳз чунин қадрдони таърихии миллат, мантиқи илмӣ эҷод мекунад. Ин шахсиятҳо қобили тафсиранд, зеро бо зарурияти кордастии онҳо, каҳрамонҳо, нобиғаҳо, чеҳраҳои маҳбуб дар муроди хеш таваҷҷӯҳ гирифтанд, зеро яке аз ҷойҳое, ки онҳо доранд, мантиқи эҳёи миллӣ қарор дорад. Дақиқан, пазириши шахсиятҳо, ки онҳо худро бо унвони дар бунёди давлат ва шарафи миллат, таърихнигорӣ ситоиш ва парастиши хеш мешиносанд, дар ҳол ҳар субҳу шом, ҳама умр такрорпазиранд.

Маҳз бо Истиқлол эҳёи миллӣ оғоз шуд ва Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии ин ҷабҳаи миллиро ба даст гирифт, шиори «миллӣ шудан» ва ҳадафи бозтоби истиқлоли сиёсии миллиро таҳким бахшид ва ва нил ба қонун, озодӣ, ҳуқуки башар, демократия, пешрафт ва пок кардани ҳама шуме, ки давраҳои гузашта ҷо гирифта буд, анҷом дода шуд. Акнун дар баробари ҷараён ва қудрати сиёсӣ ва фикри марксизм як ҷараёни миллии созандагиву асил ва мустақил дар кишвар оғоз шуд, ки дар матни ин ҳаракат ва пешопеши ин эҳё чеҳраҳои содиқи миллӣ, монанди Бобоҷон Ғафуров намояндаи садоқат, огоҳӣ ва масъулияти таърих аст, ки «Тоҷикон»-ро на ба сухангуӣ, балки таҳлили илмӣ созмон дод. Ин аст, ки ӯ дар ҳавзаи маҳдуди сиёсӣ ва хатарноки миллӣ, таърихи миллатро аз муваффақиятҳои маҳдуд, сатҳӣ ва зоҳирӣ ба даст овард. Ӯ бо созиш, бо қудрати ҳоким таҳқиқи таърихи тоҷикро пеш гирифт, ки подоши он сукут буд, чеҳраашро бедарду дарди сар ҳифз намуд, ки дар натиҷа, дар пойгоҳи Истиқлол эҳёи миллиро вусъат бахшид ва таърих дучори сарнавишти асли хеш гардид.

Бинобар ин, яке аз хусусиятҳои асри мо, ки миллат дар он зиндагӣ мекунад ин аст, ки пайванди хешро ба хотири худогоҳиву худшиносӣ, ба чеҳраи насли ҷавон пайванд намояд, зеро маҳз Бобоҷон Ғафуров кохи андаруни тоҷикро сайри таърихӣ дод, ки имрӯз бо тамаддуну фарҳангаш дар масири ҳаракат аст. Бобоҷон Ғафуров вуҷуд ва мавҷуди таърихи миллатро рисолат бахшид, ки рисолати инсони огоҳ аст. Китоби «Тоҷикон» як навъи эътироз ба бегонагоне, ки худро тамаддунсоз муаррифӣ менамуданд ва худро соҳибтаърих мешумориданд аст, зеро мегӯянд: «ман эътироз мекунам, пас ман ҳастам».

Ин аст, маҳз бо сайри таърихи кӯҳани тоҷик Бобоҷон Ғафуров, дар сатҳи ҷаҳон фарҳанги миллат, дар баробаре, ки он чи ки худ сохтааст, дар ҳама шакл дар ҳаракат аст ва ҷаҳон аз рӯҳу гароиши он мумтоз аст.

Дар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ҳамин тариқ, бо бофтани пиллаи таърих тамаддун чун пояи фарҳангу ҳунари миллат ҳоким гардид, андеша ва эҳсоси тоҷик баҳри сохтмони хештани хеш имконият бахшид, Истиқлолро қудрати рӯҳ ва арзишҳои зиндагиро маънӣ дод. Миллатро барои доштани тамаддун ва ҷомеаи созанда, барои тарҳи шакли беҳтари зиндагии моддиву маънавӣ ҳидоят намуд. Аз ҳама муҳим ин аст, ки ин китоб арз кард, ки омили аслии адами ҳама муваффақият рисолати ҳақиқати миллат дар таърих аст, зеро таърих наҳзати амиқи фикрӣ-иҷтимоӣ ва аз маънавиёт ва фарҳанг захира мегирад. Ҳеҷ гуна эҳтиёҷу режим ва идораи сиёсӣ наметавонад, аз хонае, ки миллат дар он зиндагӣ мекунад, ӯро дар ин хона бегона шуморад. Ин созандаи тамаддун, созандаи ин хона, ки миллат дар он зиндагӣ мекунад, ҳама ҳадафаш зебоии ин хона аст фонус будан, мантиқӣ будан ва самими будан дар ин хона, ҳадафаш ин аст, ки хонаи комилтар ва маҳкамтар сохтан аст ва мебинем, ки дар ин хостан муваффақ шудаем ва ҳар рӯз ҳам муваффақтар мешавем. Қабл аз он ки хонаи нав бисозем, бояд масъалаи фурутар ва муқаддамтари ин масъаларо омӯзем ва он ин аст, ки бибинем чӣ кас дар он хона зиндагӣ мекунад? Чӣ гуна шахс аст? чӣ эҳтиёҷоте дорад? Аз чӣ чиз лаззат ва аз чӣ чиз ранҷ мебарад? Пас аз шинохти касе, ки дар ин хона зиндагӣ мекунад, баъд аз баррасии кайфияти рӯҳу эҳтиёҷоташ, мушкилоту орзуҳояш, бояд бидонем, ки меъмори ин хона кист? Оё касе дар ин хона зиндагӣ мекунад, оё ҳадафаш зебоии ин хона аст? Оё касе дар ин хона зиндагӣ мекунад медонад, ки меъмори ин хона ки аст, ки дар тули сӣ сол дар рӯҳу биниш ва эътиқодаш онро чун шиносномаи хеш сохтааст? Оё касе дар ин хонаи зебои худ зиндагӣ мекунад, худ ва хештанро мешиносад ва дар ҳифзу нигоҳбонии хона қодир аст? Ин ҷо ҳадаф худшиносиву худогоҳӣ ва ватанпарастии касе, ки дар ин хона зиндагӣ мекунад, дар миён аст.

Бо усули мусаллам қобили қабул ин аст, ки ҳар меъморе, ки хона бунёд мекунад, роҳи наҷот ва камоли касеро, ки дар ин хона зиндагӣ мекунад, медонад, эҳтиёҷот ва ҳамчунин пешбинии амиқ ва дурусти онро дорад. Мактаби сиёсиро гузаштааст ва сиёсатро касб кардааст. Бинобар ин, меъморе, ки ҳар қадам роҳи бунёдгузории фарҳанг, ҷомеа созанда ва шакли зиндагиро дуруст медонад ва тарҳ мекунад, аз назари олӣ шинохта мешавад. Ин аст, ки мегӯяд: «ҳар касе, ки назария медиҳад, роҳи ҳал унвон мекунад, пешниҳод дорад, ки худ тарҳ ва санҷида аст».

Ба таъбири куллитар ҳар кишвар бояд дар муқаддамоташ, як инсонишиносии миллӣ дошта бошад, ки таҳқиқи илмии арзандаеро анҷом дода бошад ва аз назари бунёди беҳтарин асаре эҷод карда бошад, сохтмони илмӣ дар беҳтарин усули фаннӣ эҷод карда бошад. Бобоҷон Ғафуровро маҳз бо чеҳраи Истиқлол ба сокинони ин хона муаррифӣ гардид, ки бо меҳри миллӣ арҷ гирифт, бо ниёзи миллӣ ва шинохти миллӣ қадр гардид, зеро танҳо Бобоҷон Ғафуров бо китобаш фалсафаи таърихи тоҷикро рӯҳ бахшид ва бо ин фалсафа, заминаи худсозиро тақвият дод.

Дар сурате, ки чунин аст, ин кишвар дар сӣ сол сохта шуд, сӣ сол иборат аст аз таърихе, ки хотирот дорад. Кишваре, ки дар тӯли солҳо сохта шуд, на танҳо шакл гирифт, балки ҳар фарди он аз китоб, таърих, қавм, миллат, мантиқ ва иқболаш огоҳ гардид ва «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ҳамаи таърихе, ки моро аз қавмҳои кӯчӣ мушаххас кардааст, нақш гузошт. Ин китоб дар худшиносӣ, дар моҳияти иҷтимоии ҷомеа равнақ бахшид ва асар гузошт. Бобоҷон Ғафуров тасдиқ кард, ки умри ҳақиқии ҳар миллат аз умри ҳақиқии таърихи ӯ аст ва ҳар миллат бо андозаи таърихаш умр дорад. Бобоҷон Ғафуров муаррихе аст, ки дар ҳама асрҳои таърихӣ зиндагӣ кардааст, вале ҳарфи таърихро барои ғайримуаррих, содиқона бо шӯҳратҳояш ва ҳуввияти моддиву маънавияш падид овардааст. Бобоҷон Ғафуров маҷмуаи таърихиро бо сифаташ ва бо оразаш, ки миллат месозад, бо маҷмӯаи андӯхтҳо ва сохтаҳое рӯҳ бахшидааст, ки наслҳо ва солҳоро пайвастааст, ки ин рӯҳи сохтаи таърих рӯҳи тамоми асрҳои тӯлонии таърихи тоҷик аст. Пас ӯ ҳамаи мӯҳтавое, ки ба номи тоҷик мушаххас мекунад, аз таърихаш мегирад, ки гувоҳи он аст, ки як миллат бо як насл сохта мешавад. Як ҷомеа, як миллат маҷмӯаи ҳамаанд, хостаҳо ва сохтаҳои маънавӣ ва моддии ӯ аст, ки рӯи ҳам дар тайи замонҳои тӯлонӣ, ки гузаштааш ба асотир мепайвандад, сурати миллатро ва сармояи маънавии иҷтимоии ӯро месозад ва миллат ин сарчашмаҳои умқи таърихро мечашад.

Бобоҷон Ғафуров бо ин тартиб, як вуҷуди моҳияти таърих барои наслҳо ва солҳо сохт, таърихи худашро навишт ва хотироти тоҷикро ҳифз кард, ки миллат акнун эҳсостар дар ойинаи таърих худашро инъикос мекунад, зеро таърихаш ба ӯ шаклу сифат ва ранг додааст, зеро миллат дарахте аст, ки аз сарчашмаи моҳияти миллат, ки дар умқи таърих ҷорӣ аст об менӯшад ва бор мегирад, дарахте аст, ки дар замине, ки таърих ном дорад, такя  аз сарчашмаҳое, ки дар он сарчашмаҳои рангҳои миллат аст, яъне бо қатъи сарчашмаи моҳияташ, ки таърих аст, бегона мешавад. Миллате, ки аз ҳоли хеш, аз вуҷуди сохташудааш, ки моҳият надорад, миллати дуруғ аст. Миллате, ки пешрафт надорад, ҳеҷ гоҳ вориди марҳилаи тамаддун намегардад ва ба марҳилаи хатар наздик аст, агарчи дар гузашта маънавиёт доштааст. Тамаддуне, ки дар асри худаш мумтоз буд, ҳоло фарҳанги мушаххас намеофарад ва дар ин ҳол «будан» ҳанӯз тамаддун доштан нест, ҳол он ки соҳиби ҷомеаи таърихӣ, як фарҳанги азим ва сарвати бисёр бузург пушти сар дорад. Миллат дар ин марҳила метавонад аз сарчашмаҳои неруманди гузашта, моҳиятсоз, яъне аз таъриху фарҳанги худаш мазмуни андешаҳо ва сохтаҳои маънавии гузашта моя бигирад. Агар миллат худашро дар таърих ҳис кунад ва аз навъи роз худогоҳии шоистар ва асилтар дошта бошад, маҷмӯаи ин хусусиятҳо як миллатро соҳиби тамаддун мекунад, яъне миллате, ки ба худаш бовар дорад, аз назари моҳияти миллӣ, дар ҳар ҳолате бошад, ба шинохти худаш молик аст ва аз гузашта як роҳтушаи зебову фаровони таърихӣ дорад, худашро дар мизони ин андӯхтҳо ва бартар будани нажод ҳис мекунад. Тиҳӣ будан ва холӣ будан аз мӯҳтавои таърихӣ ба сурате аст, ки ӯро ба тарафе мекашад ва ҳис мекунад таърихе, ки дорад аз ӯ нест.

Миллате, ки ба адами таърих доштан бовар дорад ва аз нажоди ориёӣ-фарр аст, фазилаташ ва сифаташ бартар аст ва худ ба худ робитаи тақлид ва ҳамчунин робитаи ботинии хешро дороии хештан медонад. Вожаи «фарр» (фараҳмандӣ), ба нажоди ориёӣ, вобаста ба макони ҷуғрофӣ мансуб аст, ки асли он ҳамон додгарӣ ва ростгӯии зардуштӣ аст. Омадааст, ки Афросиёби туронӣ дар ҷустуҷӯи фарр, ки дар дарёи Фарохкарт шиновар аст, меравад, аммо муяссар намегардад, зеро ӯ берун аз асли ориёӣ аст. Ин тасдиқи он аст, ки нажоди фарр, танҳо мансуб ба зардуштиён аст ва маҳз ба ориёӣ тааллуқ дорад, ки ин нажод дар макони ҷуғрофӣ фарҳанг офаридааст ва тамаддун сохтааст. Баръакс, миллате, ки худогоҳии равшан надорад ва фарр нест, бедор нест ба фазилати худаш, ки дорои шоистагиҳо аст, бовар надорад. Ин миллат бовар дорад, ки метавонад бисозад, интихоб кунад ва ба асолаташ бовар дорад, вале ин миллат ночор бандаи нажоде мегардад, ки ҳаргиз гузашта надорад.

Бобоҷон Ғафуров хешро ба таърих, аз хештани бурида аз худашро аз бегонагии хеш раҳо бахшид ва бо маърифат намудани миллат ва хуб шинохтани худаш ба худаш ва ҳамчунин бо нишон додани миллат ба таърих заҳмат кашид. Ӯ дар имконоти маҳдуд тавонист бо фазилаташ ба таърихи тоҷик ҳаёт бахшад. Муҳим фаҳмидани мӯҳтавои ин китоб аст, зеро ин китоб дорои маҷмӯаи ҳама арзишҳое аст, ки соҳиби он ин миллат аст, ки тамаддунаш тамаддуне аст, ки таърих дорад ва фарҳанге аст, ки дар дунё ҳаққи ҳаёт дорад ва ҳар чӣ бо фарҳанги ӯ намехӯрад ва намехоҳад хурофот аст ва ҳар тамаддуне, ки ин тамаддун созгор нест кӯҳна ва пӯсида аст.

Чи коре Бобоҷон Ғафуров кард, чеҳраи таърихи тоҷикро бо имкониятҳои маънавию иҷтимоӣ ва фарҳангиаш шинохт. Ӯ таърихро бо сурати моҳиятҳои миллиаш нақш дод ва бо ҳама андӯхтаҳои илмӣ мушаххас кард, сурат ва қудрат бахшид. Моҳият ва сармояи ғании таърихи тоҷикро бо ҳама хусусиятҳое, ки қудрату истеъдоди миллӣ буд ба иҷтимои кишвар пайванд намуд. Чизеро анҷом дод, ки барои масрафи миллат аст, ки ба гунае ба чашму дида меафтад, зеро иншои китоби ӯ мутлақу ҷовидона аст ва вобаста ба хусусияту аҳамияти таърихияш миллат месозад, ӯ фозиле аст, ки қобили бовар аст, зеро ситоишҳое, ки дар гузашта ҳар чи тоҷик дошт, эҳё кард. Ситоишҳое, ки ба хотири ҷаззобаш ва шӯҳрати созандааш ба сӯи давлат чашм кушодани миллатро мусоидат менамояд. Ситоишҳое, ки дар санадҳои илмии бузург посух ёфтааст, ки ҳама сарчашмаҳои таърихӣ аст.

Пас Бобоҷон Ғафуров кист? Ӯ касе аст, ки миллатро бо эҷоди «Тоҷикон», аз таърихаш қонеъ кард. Нажодро бо одобаш, бо фарҳанги шоистааш ва бо тамаддуни мумкинаш рӯи тамаддуни башар гузошт, ҳоли хешро, ки дар таърихи бегона буд, ба таърихаш зебоии нақшу нигор бахшид. Аз ин лиҳоз, вақте мегӯем қабл аз ҳар коре ва қабл аз ин ки ба ҳар чизе имон биёварем, қабл аз ин ки ҳар нуқтаи назарро пазирем, бояд ба хеш баргардем, зеро ба хеш баргаштан на ба он маънӣ, ки гузаштагаро бошем, на ин ки қадимӣ шавем ё хурофотпараст шавем, ё ба пеш бинигарем, на ин ки нажодпараст бошем, на ин ки бартарии нажоди худро тафсирҳои беҳуда кунем… ба хеш баргардем, яъне хешро кашф кунем, маънӣ ин аст, ки аз андоми таърихи хеш огоҳ бошем.

Дар ин натиҷа, вақте, ки худогоҳӣ пайдо мешавад, вақте, ки бо сарчашмаҳои гузашта таҷриба карда мешавад, миллат сохтан осон аст. Таърих, ки мегӯем, яъне чашмаҳоро ба сарчашмаҳои асосӣ, ки моҳияти таърихӣ – фарҳангӣ ва манбаҳои ахлоқӣ доранд, ба ёд меорем. Намегӯем, ки ба гузашта баргардем, гузаштаро бо ин замон ҳол бидиҳем, ба он мутассил шавем, ки агарчи як суннати пешрафта ва арзанда аст, ки дар он рӯҳи миллат, вуҷуди миллат агарчи ҳаст ва қодир ҳастем ва метавонем ҳоло ҳам он нақшро бибозем. Вақте, ки миллат худро мешиносад ба худ бармегардад, яъне худро ба номи вуҷудаш касб мекунад, яъне он чи, ки моҳият ва васфи аслиаш аст, ки бунёд намудааст, онро ҳис мекунад, ҳам таърих ва ҳам фарҳангро, ки ҳулулдиҳандаи рӯҳаш буд ва миллатро созанда ва тавлидкунандаи маънавӣ ва моддӣ месозад ва онҳоро дар вуҷуди худ мегирад ва дар баробари он вақте, ки миллат дасташ холӣ аст ба миллати дигар (нажоди дигар) нерӯмандӣ, қудрату истеъдодашро мефӯрушад…

Бояд бидонем, ки ба Истиқлол ҳамеша дар мизони фарҳанг, ки таърих аст, илм эҳтиёҷ дорад. Бобоҷон Ғафуров дар китобаш илми тоҷикро дар муқоиса бо илми миллатҳои дигар ифтихоромезтарин имтиёзот, азимтарину амиқтарин ва инсонитарин васф намудааст ва собит кардааст, ки аз лиҳози қадимият илми фалсафаи ӯ аз ақвоми дигари Осиё бартарӣ дорад. Бобоҷон Ғафуров таъкид намудааст, ки илми гузашта марҳилаи нерӯмандӣ, яъне қадри ҳукумати он дар идораи давлатӣ арзёбӣ мегардад, яъне дастгоҳи шинохти воқеӣ дошт. Навои беҳудаву ночор илм, ки ҳоло ба хотири шӯҳратёбӣ аст, ки маъниву ҳадаф надорад ва равшан ҳам нест, ба замону шароит ва ба ҳадафҳои Истиқлол мувофиқ нест.

Аз китоби «Тоҷикон» маълум мегардад, ки маҳз илм рӯҳи миллат, маънии зиндагии ӯ, ҷиҳатёбии тафаккур ва навъи эҷод аст ва танҳо дар ресмони моддӣ мондан ва бо ғавғову ҳаёҳуй густурда «илм» доштан, манфиати миллӣ надорад. Бриффалт гуфтааст: «чизе, ки ҳеҷ гоҳ хор намешавад, ин илм аст, илм бузургтарин чизе аст, ки меваҳояш деррас аст, ки бо миллат рӯҳи тоза, шеваи ковишу ҷустуҷӯ, равиши мушоҳидаву қиёс медиҳад».

Ҳоло ҳифзи таърихи миллат ки онро Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшид, сангари мустаҳқиму қобили нуфӯзи кишвар аст. кишвари тоҷик, ки ҳоло дар ҳифзи таърихи кӯҳан, ки дар он оину русум ва осори гузаштагон аст, талош дорад ва онро ситоиш ва эҳтирому арзёбӣ мекунад. Ошноӣ бо ин мероси гузашта, шавқ ва алоқа бо гузаштагони миллат – фарзандони фарзонаи миллат, мисли Бобоҷон Ғафуров аст, ки бо касб ва тавсеаи илмиаш нишон дод, ки таърихи тоҷик бешак азим аст.

Хизмати донишманди равшанбини миллат – Бобоҷон Ғафуров ин набуд, ки таърихро аз роҳи таҳқиқу ихтилоф пажуҳиш намояд ва рӯҳи махсус ба қолаби он гузорад, балки ин буд, ки ба василаи таҳқиқи олии китоб онро ба дунё интиқол диҳад, зеро дар «Тоҷикон»-и ӯ робитаи қавмҳо, пайванди мардум, дӯстиву муҳаббат чун силсилаи одоби фардию иҷтимоӣ ва таълимоти дурахшони ахлоқии тоҷик сурат гирифтааст. Бобоҷон Ғафуров бо ин ҳангомагӣ вуҷуди миллати тоҷикро бо эҳсоси латиф бо нуру раҳматаш ба дунё муаррифӣ намуд. Ӯ тавонист аз нақши созандаи таърихи тоҷик дар зиндагӣ ва афкори қавмҳои ҳамсоя таъсири ҳолати рӯҳӣ вогузор намояд. Бобоҷон Ғафуров тавонист сарфи назар аз рақобатҳои илмӣ миллати хешро поягузори фарҳангу тамаддун таъкид намояд, ки имрӯз миллат метавонад дар шеваи баёни ориёиаш ба ҳуввияти он худро ҳамоҳанг созад. Миллате, ки мероси бузурги илмии таърих дорад, имрӯз метавонад, масъалаҳои муҳимро дар сиёсати ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад, зеро абарқудратҳо хуб медонанд, миллате, ки таърихи кӯҳан дорад, пешниҳодаш зиёни сиёсӣ надорад.

Каримҷон Қодиров,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь