Шогирдию устодии шаҳбонунии шеъри кунунии тоҷикӣ Фарзонаи Хуҷандӣ ва устод Лоиқ Шералӣ дар адабиёти мо падидаи камназир мебошад.
Фарзонабону худро шогирди “мактаби шеъри устод Лоиқ” мешуморад ва аз устодаш бо сифатҳои “устоди гиромӣ”, аз “муқаддамтарин…касони азиз”, “устоди бузургвор”, “устоди бешабоҳат”, “устоди беҳамто”, “бузургу меҳрубон”, “нобиға”, “шоири халлоқ”, “шоири фитриву ҷавҳвриву зотӣ”, “шоири орзуҳо”, “шоири бузурги Аҷам”, “шоири беназири порсигӯ”, “шоири хуршеду дарё” ва “имрӯзу фардо”, ”ягонаи бемасал”, “ҳампари шаҳбозу соҳири мумтозу ошиқи замзамапардоз”, “шоири дили ман”, муаллифи “таронаҳои офтобӣ”, “сурудаҳои малакутӣ” ва “шеъри ҳайратангез”, “қомуси ҳақиқат ва фарҳанги муҳаббат” ёд меорад. Ӯ дар ҷонсӯзтарин марсияе, ки дар сӯги устодаш навиштааст, ба шоир чунин хитоб менамояд: “Эй таронаи зебои одамият, эй дарёи раҳмат, эй кӯҳи побарҷо, эй шаҳиди худнисори миллат, эй ҳамосаи ишқи ватан, эй донои розу ормонҳои мо, аё бузургу фанонопазири мо!” Гузашта аз ин Фарзона устод Лоиқро “падари бузурги” маънавии худ медонад. Устод Лоиқ низ дар навбати худ Фарзонаро дар як навиштаҷоташ дар китоби “Дасти дуои модар” (1996) духтари хеш хондааст: “Ба писарам Озарахш, ба духтарам Фарзона аз мани ягона”. Шоира навиштааст, ки: “Аслан ман ҳазор сол бояд ба даргоҳи Худованд шукргузорӣ кунам, ки нобиғае чун Лоиқ маро фарзанд хонд ва инсони дили худ шинохт”.
Шиносоии нахустини Фарзона бо Лоиқ, тавре ки ӯ ба ёд меорад, дар бинои Иттифоқи нависандагон, дар дафтари кории устод буд. Онҳо чаҳор нафар донишомӯз буданд ва ба қироати навиштаҳои худ пардохтанд. Навбат, ки ба Фарзона расидааст, ӯ гуфтааст, ки “не, ман шеър нанавиштаам”. Устоди мавридшинос ва ҳозирҷавоб ҳангоми гусел изҳор доштаанд, ки “ин духтарак шеъри хубе хонд…Хомӯшӣ ҳам аҷибтарин шеър аст”. Вале баъди се сол устод Лоиқ дафтари ашъори шоираро ба даст гирифта, “аз оғоз бодиққату ботааммул ба хондан даромаданд ва дар сари ҳар шеъраке қариб соатеро ба харҷ медоданд. Дар ҳар мисраъ сактаеву иллатеро, ки ба чашмашон мезад, сабурона ба ман менамуданд ва баъдан бидуни камтарин душворие он зиштҳоро зебо мегардониданд”.
Устод Лоиқ бо шеърҳои Фарзона айнан ҳамон кореро анҷом додааст, ки дар вақташ устод Мӯмини Қаноат бо нахустин машқҳои шеъри худи устод Лоиқ карда буд. Ӯ дар мусоҳибаи худ бо рӯзноманигори рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (17-уми 1984) дар ҷавоб ба саволи он ки устодони Шумо киҳо буданд, пас аз зикри номи устодон Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода эътироф намудааст, ки: “Шоири номии мо Мӯмин Қаноат, ки бевосита калима ба калима, ҳиҷо ба ҳиҷо, сатр ба сатр шеъри маро таҳрир карда, печухам, пуштурӯ ва соярангҳои суханро батадриҷ омӯхтааст, дар фанни шеър муаллими ман аст”.
Устод Лоиқ шод аз он буд, ки Фарзона “ин шоираи тозаписандро бори аввал дар сафҳаи маҷаллаи “Садои Шарқ” ба алоқамандони шеър камина муаррифӣ карда будам”. Дар шумораи 1 соли 1986 ин маҷалла шеърҳои шоира “Одамони нек”, “Ба халқи Салвадор”, “Шеъри борон”, “Аввалу охир”, “Ду ғазал” ва “Рубоиёт” бо маншурномаи устод Лоиқ “Ҷодае ба диёри одампарастӣ” ба табъ расида буданд. Пешгуфтори маҷмуаи нахустини Фарзона “Тулӯи хандарез” (1987) низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.
Устод Лоиқ бо дарки тамоми масъулият дар назди “ҷаҳони улуҳияти шеъри Аҷам” ва бо вуҷуди он ки “шеърҳо саропо якдаст нестанд, сактаҳои қабеҳу малеҳ ҷой доранд, ки дар оғози кор бадеҳист,…аммо ҷо-ҷо пораҳои асил, ташбеҳу истиораҳои ғайримунтазира, паҳлугардониҳои хаёлангези сухан, суханбозиҳои ширин, назари поки ошиқона ба зиндагӣ, ба инсон, ба замон, нигариши хоссаи шоирона ба ашёи тасвиршаванда ва ҳаводиси ғарази шеър, иборапардозиҳо ва истифода аз таъбирҳои корхӯрдаи классикӣ ва фарҳанги мардум моро итминон медиҳад то ба ояндаи файзбахши назми Фарзона имон биёварем”. Фаромӯш набояд кард, ки ин пешгӯйи ҷасурона ва пайғамбарона дар бораи шеъри Фарзона 47 сол пеш, вақте ки шоира нав ба шоҳроҳи адабиёт қадам гузошта, “як дӯшизаи ҷавон, ки ҳанӯз ҷавҳараш нопайдост”, эълом гардида буд.
Ин доварӣ ва пешгӯйиҳои устод Лоиқ дар бораи “машқҳои нахустини шогирдонаи” Фарзона ба андозае барои баъзе аз мунаққидони тоҷик ғайримунтазира буданд, ки аз ҷумла яке аз онҳо Аҳмад Абдуллоев дар пленуми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамон сол ба таври ғайримустақим ба устод Лоиқ эрод гирифта буд, ки: “Вақтҳои охир шоираи навбаромаде бо номи Фарзона пайдо шудааст, ки шоирони номвари мо номи ӯро зиёд табл мезананд. Як шеъраш бо унвони “Одамони нек”, ки мисраи “Дини ман одампарастӣ бод” дорад, хеле таърифу таҳсин шуд, аммо аслан шеъри зоифу норасост”. Дар ин маврид гуфтаи Ҳофизи бузургвор ёд меояд, ки фармуда буд: “Бубин тафовути роҳ аз куҷост то ба куҷо!”
Фарзона, ки худро “шогирди мактаби шеъри устод Лоиқ” меномад, аз шахсияти маънавӣ ва эҷодии устоди худ чӣ сабақҳое бардоштааст? Мо дар асоси гуфта ва навиштаҳои худи шоира дар бораи шахсият ва шеъри устоди бузургвораш ва ҳам руҷӯе ба шеърҳои ҳардуи онҳо ба хулосае омадем, ки он сабақҳо кадомҳоянд, ки “ҳамвора раҳнамои ӯянд”.
- Яке аз аввалин маслиҳатҳои устод ба шогирдаш дар бораи забон тарзи баён ва сабки нигориш дар шеър буд, аз қабили “ мисраъҳоро нотамом нагузор, ба калимаи “ман” пасоянди “ро”-ро пайванд макун, дар ин сурат “моро” гӯй, калимаҳои дуруштро дар шеър наёвар,…мавқеи истифодаи вожаҳоро омӯз”, тарзи “вожабандӣ” дар забон, гуфтани шеър бо “сабки рӯшан” ва “содаву зебо”, “бо эҳтиёт ва муҳаббат ба вожаҳо рӯ овардан”, “вожаҳои тоза” офаридан, дурӣ аз “густохона таркиботу феълҳоро дарҳам шикастан” ва истифодаи “шаклҳои беҳтарини афъол ва вожаҳои куҳан”, худдорӣ аз “анбориш (калимоти нодаркори вазнпуркунанда)” ва омӯхтани “тариқи бозгӯйи калом”, “калимоти хушояндро ба қаламрави шеър бурдан” ва ғ. Ба мушоҳидаи Фарзона “забони шеъри устод тозаву ноб аст, забони олуда бо калимоти бегонааслу маснӯӣ, шеваҳои маҳдуди музофот (он қисме, ки лоиқи вуруд ба шеър нестанд), вожаҳои аз ҳад кӯҳнаи аҳди Дақёнус нест”, бисёр дастурҳои сохтмони забонро аз эшон омӯхтам”.
- Сабақи дигаре, ки Фарзонабону аз устоди бузургворашон гирифтаанд, вобаста ба маънӣ, муҳтаво ва паёмҳои шоирона дар шеър аст. Аз он ҷумла, устод Лоиқ ба шоира маслиҳат дода буданд, ки дар шеър “оҳанги нолишомезро кам кун…гуфтани шеъри бомаъниро ёд гир”. Аз нигоҳи Фарзона “шеъри Лоиқ шеъри мубҳаму маъҳуми рӯъёӣ нест, шеъре нест, ки дуррафтае аз он суд бардораду навроҳае бо он расидан натавонад. Ин шеъри заминии ҳамагонӣ ва ҳамзамон баланду воло аст, ки ҳар кӣ аз он ба қадри тавон чизе меҷабад. Ҳам барзгари камсавод ва ҳам муҳаққиқи гавҳаршинос”. Устод Лоиқ дар шеъри тоҷикӣ, ба мушоҳидаи шоира “ҳарфи заминӣ гуфтан, ашё, ҳодиса, инсонро дар шеър ҳузури зинда додан ва муҳаббати гарму эътиқоди содиқонаро ба зиндагӣ” ба расмият даровард. Шеъри ӯ “маъниҳои бикру номакшуф дорад”. Муҳимтар аз ҳама, ба назари Фарзона, шеъри устод Лоиқ “дарди ҷонсӯзи кулли мардуми тоҷик аст, дарди ман ҳам ҳаст”.
Фарзона ҳам мисли устод Лоиқ барои шоир доштани “нигоҳи тозаи шоирона” ба ашё, зиндагӣ ва ҷомеаро дар шеър муҳим мешуморад. Ӯ бовар бар он дорад, ки “ибтикороти устод Лоиқ на дар авзону буҳуру радифу қавофиву дигар аносири зоҳирӣ, балки дар навии нигоҳу пиндору афкор ва маъниву ҷавҳару мояву лояи ғазал аст”.
Устод Лоиқ, ки ҳунари шеъргӯйиро аз шеъри Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлоно, Соиб, Калими Кошонӣ, Бедил ва дигар саромадони шеъри форсии тоҷикӣ, намояндагони барҷастаи адабиёти кунунии форсизабонон ва ҷаҳон ва фаҳлавиёти мардумӣ (фолклор) омӯхта буд, ба шогирди “бисёр боистеъдоди” Хуҷандиаш Фарзона низ ҳамин роҳро талқин менамуд. Қиссаи дар фурудгоҳи Душанбе ба Фарзона додани “китоби ниҳоят вазнии” Девони кабири Мавлоно машҳур аст. Тавре ки маълум аст, Фарзона аз ишқу алоқаи хоси худ ба эҷодиёти Ҳофиз, Мавлоно, устоди беҳамтояш Лоиқ, Фурӯғи Фаррухзод, Ахавони Солис, Суҳроби Сипеҳрӣ, А.Пушкин, С.Есенин, А.Аҳматова ва дигарон эълом доштааст. Шоира таъкид намудааст, ки: “Устод Лоиқ аст, ки…офтобро ба ман муаррифӣ кардааст. Офтобро, яъне шеъри ниёгонро, шеъри Шамсрову шеъри Ҳофизро (Аввалин бор девони Шамси Табрезӣ ва шарҳи ғазалиёти Ҳофизро аз устод гирифтам)”.
Андешаҳои Фарзона дар бораи шинохти хеш аз шахсият ва шеърҳои устод Лоиқ, ки ӯро “дар пояи нардбони ҳунар бо Фурӯғи Фаррухзод, Ахавони Солис, Суҳроби Сипеҳрӣ ва дигар нобиғагони шеъри муосир қарор медиҳад”, худ ба худ бисёр ҷолиб ва шоистаи нақду баррасии ҷудогона мебошанд. Ӯ менависад, ки: “Ман устод Лоиқро рӯзгоре, ки мактабхон будам, аз “Марди роҳ”-аш шинохтам. То он давра маҷмӯоти “Сари сабз”, “Соҳилҳо”, “Резаборон”-ро хонда будам. Аммо “Марди роҳ” барои ман роҳи нуронии ношинохта, роҳи рафтан ба аслҳо ва дарёфти ҳақиқатҳо, роҳи сафеди муъҷизаҳоро, ки номаш Шеър аст, боз кард”. Шоира дар ҷойи дигар, ваде ба ҳамин муносибат гуфтааст, ки: “Шеъри устод барои ман ба ҷуз шеъри дил буданаш беҳтарин фарҳангнома аст. Шеърест, ки рӯҳи маро бисёр таҷҳиз кардааст ва рӯшанӣ бахшидааст, барои он ки ба маърифати ашъори ниёгон омода шавам. Агар устод чароғ намедод, дар ин ҷодаи ношинос раҳгум мезадам. Нерӯи ҷозибаи шеъри устод ба ҳаддест, ки як марҳалаи том таҳти таъсираш ҳарф мезадам ва чун соя дунболгири офтоб будам”.
Сабақи шоириро Фарзона на танҳо аз мутолиаи осори адибони гузашта ва кунунии форсизабон ва дунё, аз он ҷумла устод Лоиқ, гирифтааст, балки аз тариқи суҳбатҳои бевоситааш бо устод Лоиқ низ бардоштааст. Фарзона бо қаноатмандӣ таъкид намудааст, ки: “Дигар хушбахтии ман ин аст, ки бисёр дар суҳбатҳои устод ҳузур доштам ва он ҳама бароям дарси бузурги суханшиносӣ буд. Устод, ки фарҳангномаи муҳташами шеър аст, муҳимтарин аносири шеърро, аз қабили авзон, сохтмони забон, маънӣ, муносибат ба вожаҳо, нигоҳу тасвир, бозкарди уфуқи дид ва дигар қавонинро ба ман омӯхт”. Шоира ба идомаи ин мулоҳизаҳояш навиштааст, ки: “Абёти фаровоне, ки аз забони устод мешунавам, ба як бор дар зеҳнам менишинанд, зеро чунон мехонанд, ки маънии бикру каломи рӯшан ҳарду дар пайванди зебо баногаҳ таҷаллӣ мезананд. Агар ин абётро аз кутуб мехондам, чун насиме гузарон мерафтанд”.
Фарзонабону дар фуроварди мақолаи “Дарёи сӯзон”, ки нақди шеъри Фурӯғи Фаррухзод аст, дар пайравии суханони маълуми Фурӯғи Фаррухзод дар мавриди шеъри Нимо Юшич, ки “ман ҳаргиз намехоҳам муқаллиди бевиҷдони Нимо бошам”, навиштааст, ки: “Ман ҳаргиз намехостам муқаллиди маънирабои Фурӯғи Фаррухзод бошам ё Ахавони Солис, ё Сипеҳрӣ ё устодон Лоиқу Гулрухсор ё каси дигар”. Дарвоқеъ, шеъри Фарзона дар беҳтарин намунаҳояш ба шеъри ҳеч яке аз онҳо монанд нест, на аз ҷиҳати муҳтавою паёмҳояш ва на аз ҷиҳати бадеият, забон ва тарзи баёнаш. Он шеърро метавон шеъри фарзонавор номид. Вижагиҳои ин навъи шеър ва ибтикороти муаллифи он дар шеъри кунунии форсии тоҷикӣ мавзуи баҳси дигар ва мавриди дигар аст.
Абдунабӣ Сатторзода,
профессор