Мактаби санъати бачагонаи ба номи Дилором Баҳромова и шаҳри Конибодом, собиқ мактаби мусиқии бачагона, таърихи бою ғанӣ дошта, чун муассисаи таълимӣ дар тарбияи эстетикии насли наврас ва тайёр намудани кадрҳои соҳаи ҳунар саҳми арзанда гузоштааст. Тӯли зиёда аз 70 соли фаъолияти пурсамар мактаб ба анъанаҳои хеш содиқ монда, садҳо наврасони болаёқату соҳибистеъдодро ба олами санъат ҳидоят намудааст.

Нахустин директори мактаб Носиров Рӯзихуҷа бо ҳамроҳии бастакори шинохтаи тоҷик дотсент шодравон Ҷурабой Охунов дар таъсиси мактаб заҳматҳои зиёде ба харҷ доданд.

Таълимгоҳ дар давоми мавҷудияташ роҳи душвору мураккабро тай намуда, минбаъд мавқеъ ва симои худро пайдо намудааст. Солҳои тӯлони чун мактаби мусиқии бачагона амал карда, дар биноҳои гуногун машғулиятҳои худро мегузаронид. Омӯзгорони мактаб: шодравон Латиф Ҷӯраев, Толиб Абдуллоев, Коленков Валерий Иванович, Аюб Шарипов, Икромхон Обидов, Яьё Юсупов, Худойберди Самандаров, Муҳаммадхон Маҳмудов, Абдумалик Болтаев, Маметова Вера, Ҷумъа Эргашев, Воҳид Абдуллоев дар тарбияи санъаткорони ҷавон ва дар азхудкунии нозукиҳои санъат заҳматҳои зиёд кашидаанд. Устодон: Рӯзихӯҷа Носиров, Солеҳ Холиқов, Латиф Ҷӯраев, Неъмат Обидов, Карим Ҳоҷиев, Охун Рӯзиев, Маҳмудов Муҳаммад, Юсупов Яхё, Шӯҳрат Эргашев, Тоҳир Ҷӯраев, Маъруф Норбоев тӯли солҳои гуногун роҳбарии мактабро дар тарбияи истеъдодҳои ҷавон, ҷалби онҳо ба олами зебоӣ, кӯшишҳои зиёд ба харҷ додаанд. Баъд аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳуриамон аз ҷониби давлату ҳукумат ба муассисаҳои фарҳангӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шуд. Бо қарори раиси шаҳр таҳти №430 аз 15.12.2008 мактаби мусиқӣ ба муассисаи таълимии давлатӣ «Мактаби санъати бачагона» табдил дода шуда, собиқ мактабҳои мусиқӣ ва рассомӣ муттаҳид карда шудаанд. Мувофиқи қарори маҷлиси вакилони халқии шаҳр аз 23.12.2010 сол мактаби санъати бачагона ба номи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Дилором Баҳромова гузошта шудааст. Имрӯз мактаб дорои биноҳои замонавӣ буда ва аз шӯъбаҳои созҳои миллӣ, рассомӣ, фортепиано, синфҳои алоҳидаи театрӣ, дӯзандагӣ, хореографӣ, сарояндагӣ, қолинбофӣ ва кулолгарӣ иборат буда, филлиалҳои он дар деҳаҳои дурдасти шаҳр пурсамар фаъолият мебаранд.

Дастпарварони мактаб дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии шаҳрӣ, вилоятӣ озмунҳои байналхалқӣ ширкат меварзанд. Шогирдони мактаб Шоҳрух Юнусов, Фирдавс Неъматов лауреатҳои озмунҳои байналхалқӣ, Миҷгона Иброҳимова, Собирҷон Шамсиев, Муҳиба, Аҳадҷон ва Муҳаммадҷон Шокиров дар озмунҳои гуногуни байналхалқӣ ширкат варзида, ғолибият ба даст овардаанд. Хатмкунандагони мактаб: Шукурҷонзода Далер, Умаров Фирӯз, Турсунматов Акмал, Марасулов Ойбек, Тӯхташев Абдуҷалил, Иномов Ҷамшед, Шокиров Муҳаммад, Ҳомидов Далер, Шарипова Ирода ва даҳҳо дигарон айни ҳол дар донишкадаҳои олии ҳам ватанӣ ва ҳам берун аз он таҳсили хешро дар соҳаҳои гуногуни санъат ва фарҳанг идома дода истодаанд. Айни замон дастпарварони мактаб пас аз хатми мактабҳои олӣ ва мактабҳои махсуси мусиқӣ, дар муассисаҳои фарҳангӣ баҳри пешбурду рушди санъати миллӣ саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Фаъолияти мактаб имрӯзҳо таҳти сарварии омӯзгори варзида, аълочии фарҳанги Ҷумҳурӣ Маъруф Норбоев хеле ҷоннок гардида ба дастовардҳои назаррас ноил гаштанд. Ҳарчанде таъмири капиталӣ ба мактаб зарурат дорад, ба ин нигоҳ накарда, дар он тамоми шароитҳо фароҳат буда, барои таҳсили бомувафақият ҳамаи имкониятҳо истифода мешаванд. Самараи ин кӯшишҳо буд, ки солҳои охир хонандагони мактаб дар тамоми чорабиниву озмунҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзида соҳиби ҷоизаҳо гардиданд. Дастпарварони мактаб Муҳаммад ва Муҳиба Шокиров соли 2015 дар озмуни ҷумҳуриявии телевизионии «Овози тиллоӣ» ғолиб дониста шуда, сазовори «Шоҳҷоиза» гаштанд, ки ин боиси ифтихори мактаб мебошад.

Ҳамчунин бо тавсияи Пешвои миллат – Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муҳаммад ва Муҳиба Шокиров ва овозхони ҷавон Миҷгона Иброҳимова барои идомаи таҳсил ба таълимгоҳҳои пойтахт, консерваторияи миллии Тоҷикистон ва мактаби махсуси мусиқӣ ба номи М. Атоеви пойтахт дохил шуданд.

Соли 2016 мактаб аз рӯи ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии муассисаи беҳтарин байни мактабҳои санъат, мусиқӣ ва рассомӣ ғолиб дониста шуда, дар миқёси ҷумҳурӣ бо қарори Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ «Муассисаи таълимии беҳтарин дар соли 2016» сазовор дониста шуд.

Рустам Ҷӯраев омӯзгори баян, аккордеон ва ҷурсоз дар он назар аст, ки мусиқӣ ба шахс на танҳо ҳаловат мебахшад, балки ӯро тарбия мекунад. Ҳамчунин мегӯяд, ки дар баробари ин ҳама давомдиҳандаи касби падар аст ва дар ин муассиса солҳои дароз яъне 9 сол боз фаъолият мекунад.

“Аз соли 2015 инҷониб дар мактаб кору фаъолият карда истодаам. Шогирдони зиёде ҳам ба озмунҳо, ҳам барои таҳсил дар дигар донишкадаҳои касбӣ-тахассусӣ тайёр кардаам. Мехоҳам дар оянда онҳо баъди таҳсил ба шаҳрамон Конибодом баргашта, ҷои моро барои тайёр кардани насли наврас дар ҷодаи санъат гиранд.” – мегӯяд Рустам Ҷӯраев.

Саида РУСТАМОВА,

мусиқишинос, мудири фарҳанг ва санъатшиносии

Пажӯҳишгоҳи илмӣтадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати Фарҳанг

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь