Ҳарчанд дар оғози даҳаи 1990 бо иҷрои таронаҳои поп вориди майдони ҳунар шуд ва дурахшид, имрӯз ӯро бештар ба унвони вориси асили ҳунари волои устодони бузурги «Шашмақом»Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов, Нериё Аминов, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Мастона Эргашева, Ҷӯрабек Набиев, Музаффар Муҳиддинов мешиносанд.

Устодоне, ки тамоми нерӯю ҳастияшонро барои рушду такомули «Шашмақом», шоҳасари безаволи мусиқии классикии мо бахшиданд ва шогирдони зиёдеро ба камол расониданд. Фурқати Саид, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дотсенти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ва роҳбари бадеии ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Ф. Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон худро бо ифтихор шогирди Барно Исҳоқова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва устоди беҳамтои “Шашмақом” медонад.

Солиёни зиёдест, ки масири ҳунарии Фурқати Саидро пайгирӣ мекунам. Чанд омиле маро ба ин кор раҳнамун карда: рафоқату дӯстӣ бо Фурқат, эҳтирому эътиқод ба шахсият ва ҷойгоҳу манзалати ӯ дар арсаи ҳунар ва ишқу алоқаи шахсие, ки ба «Шашмақом» дорам, мусиқие ки дар суруду навои он руҳи тавонои ниёгони бузурги мо нуҳуфтааст.

Пойизи имсол Фурқат 55-умин солгарди таваллудашро дар шаҳри Шерози Эрон, зодгоҳи Ҳофизу Саъдӣ пешвоз гирифт. Он айём дар Эрон рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешуд ва Фурқати Саид яке аз аъзои ҳайати фарҳангиёни кишвари мо буд. Ӯ дар оромгоҳи Шайх Саъдӣ  бадоҳатан ғазали «Эй сорбон оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад» – ро замзама карда ва мо видеои онро дар фейсбук дидем. Зери аксҳо ва тасвирҳое, ки аз ҷараёни сафари аҳли фарҳангу ҳунари тоҷик ба Эрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта шуд, навишта будам, ки ба ҳар тоҷик фурсате пеш намеояд то 55-умин солгарди таваллудашро дар шаҳри Шерози Эрон, зодгоҳи бузургони адаби порсӣ истиқбол гирад.

Баъд аз бозгашт аз сафари Эрон, Фурқат шоме дар Душанбе чанд тан аз дӯстони худро гирди суфрае фаро хонд. Маҳфили хотирмоне барпо шуд. Дастурхонаш хоксорона, аммо пур аз ғизои маънавӣ – шеъру сухан ва оҳангу мусиқӣ буд. Ҳузури шоироне монанди Муҳтарам Ҳотам, Ворис, Назри Яздонӣ, ҳунармандони соҳибсабку шинохташудаи мо – Исмоили Назрӣ, Баҳодури Неъмат, Ҳотами Равшан, Ҳалими Сангин, коргардон ва Арбоби ҳунари Тоҷикистон ва Авазмуроди Шоймардон, доиранавоз ва устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба ин маҳфил таровату шукӯҳи хосе бахшид. Дар пайкҳои шодбошӣ андешаҳои зиёде дар бораи  истеъдоду ҳунари асил ва маҳорату тавоноиҳои як ҳунарманди воқеӣ садо доданд. Дар он маҳфил бори дигар аз забони Фурқати Саид шунидем, ки роҳнамои ӯ барои интихоби риштаи таҳсил дар факултаи санъати мусиқии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ҳамдиёраш Авазмуроди Шоймардон будааст. Ва баъд аз Авазмурод, амаки Фатҳулло (Худо биёмурзадаш!), падари раҳматии Фурқат ӯро талқин карда, ки бояд хонандаи «Шашмақом» шавад. Вагарна ин бародари арҷманди мо таҳти таъсири филмҳои ҳиндӣ дар сар ҳавои ҳунарпешаи синамо шуданро дошт! Банда ҳам дар он маҳфил чанд нуктаро пиромуни вежагиҳои ҳунари Фурқати Саид баён кардам. Суҳбатам  бештар дар бораи нукоте буд, ки мутаассифона, хоси ҳамаи ҳунармандони мо нест.

Нахуст, ба эътиқоди бархе аз донандагони илми мусиқӣ, ки банда ҳам комилан бо онҳо мувофиқам, Фурқати Саид дар замони раҳбарии худ ба ансамбли давлатии “Шашмақом”-и ба номи Ф. Шаҳобов, лаҳн ва шеваи иҷрои таронаҳои «Шашмақом» – ро  хеле тоҷикӣ кард. Иддае бар ин боваранд, ки як сабаби аз маҳбубияти зиёд бархӯрдор набудани ин мусиқии ҳирфаӣ дар миёни мардуми бархе аз манотиқи Тоҷикистон, сабки сарояндагии афроде будааст, ки бештар бо лаҳни туркӣ тарона мехонанд. Албатта, бояд дар назар дошт, ки бар асоси маълумоти рисолаҳои мусиқӣ, дар садаҳои гузашта бахше аз оҳангҳои «Шашмақом» бар мабнои матни шеърҳои туркӣ иҷро мешуд ва ин сабк то солҳои ахир дар суннати шашмақомхонии мо роиҷ будааст. Аммо идомаи ин раванд метавонист мунҷар ба бетаваҷҷуҳии бештари тоҷикҳо ба мусиқии «Шашмақом» шавад, шоҳасари мусиқие, ки пояи аслӣ ва қуллаи баланди фарҳангу мусиқии мардуми мост.

Фурқати Саид дар бахши пажуҳиши мусиқии миллӣ ва тарбияти ҳунармандони ҷавони шашмақомхон ҳам саҳми босазое мегузорад. Таронаю оҳангҳои нав менависад, таҳқиқоте дар бораи «Шашмақом» анҷом медиҳад ва дар муаррифии беҳтари ин мусиқии асили миллии мо саҳми арзишманди худро мегузорад. Зеро наку дарёфта, ки “Шашмақом” шоҳасари комили  мусиқии ҳирфаӣ ва классикии тоҷикон буда, мо бояд онро шунавем, омӯзем, таҳқиқ кунем ва ба наслҳои оянда ба мерос гузорем. Талошу заҳматҳои Фуқати Саид дар ҳифзу бузургдошти «Шашмақом» аз назарҳо дур науфтод ва соле қабл, дар остонаи 30 – умин солгарди истиқлоли кишвар ӯро ба унвони ифтихории Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор донистанд. Қадршиносии шоиста аз ҷойгоҳ ва мақоме, ки ин ҳунарманди асил дар «Шашмақом» дорад!

Вежагии дуввуми Фурқати Саид ин аст, ки дар кӯлвори эҷодиаш ҳамзамон бо иҷрои даҳҳо таронаи “Шашмақом” ва ба дӯш доштани масъулияти роҳбарии ансамбли давлатии «Шашмақом» – и ба номи Ф.Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, боз оҳангҳои зиёди поп эҷод ва иҷро мекунад. Дар ин сабк, ӯ зиндаёд Субҳони Саид (1960 – 4 июли 2016), овозхони маҳбуби моро устоди худ медонад. Консерти «Талоши зиндагӣ» – ро, ки 3 декабри соли 2011, ба ибтикори Фурқати Саид ва рӯзноманигори соҳибном Хуршеди Атовулло дар Кохи Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев баргузор шуда буд, намунаи беҳтарини хидмати як шогирд нисбат ба устод метавон арзёбӣ кард. Фикр мекунам, ки баъд аз бемории дарозмуддати Субҳони Саид маҳз ҳамин барномаи консертӣ малҳаме ба ҷони хастаи Субҳон ва “таваллуди дубора”-и ӯ шуд.

Ҳоло ки сухан аз боби устоду шогирд рафт, месазад инро ёдовар шавам, ки ҳунармандони ҷавони зиёде худро бо ифтихор шогирди Фурқати Саид ва пайрави мактаби ҳунарии ӯ медонанд. Яке аз онҳо Садриддини Наҷмиддин, ҳунарманди пуровозаи тоҷик аст. Садриддин ба ҷодаи ҳунар дар овони  мактабхонӣ ворид шуд. Бобои раҳматии Садриддин, Ҳоҷӣ Аҳмад, ки бо наберааш дар рубаруи хонаи  Фурқати Саид, дар маҳаллаи 33 пойтахт зиндагӣ мекард, аз Фурқат хоҳиш мекунад, ки Садриддинро ба шогирдӣ бипазирад. Оғози даҳаи 1990 авҷи шуҳрати ҳунарии Фурқат буд ва ба шаҳодати худи ӯ, тақрибан рӯзе набуд, ки ӯро ба маҳфили шодию сури мардум даъват накунанд. Ҳамин тавр, Садриддин ба гурӯҳи Фурқати Саид мепайвандад ва дар видеоҳои он солҳо мебинем, ки ӯ дар канори Фурқати Саид дар ҷашнҳои арӯсӣ ва сури мардум овоз мехонад. Имрӯз шуҳрати Садриддини Наҷмиддин аз марзҳои Ватани азизаш-Тоҷикистон берун рафта ва акнун ӯро ба унвони як хонандаи форсизабон дар саросари ҷаҳон мешиносанд ва ба ҳунару истеъдодаш арҷ мегузоранд. Фурқат ҳамроҳ бо Садриддин  таронаеро бо номи “Озурдадилам”  (шеъри Гулшан, оҳанги Фурқати Саид) дар яке аз барномарезиҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев иҷро карданд, ки аҳли толор онро басо гарм истиқбол карданд ва имрӯз ин тарона вирди забони алоқамандони ҳунар аст. Чанд соли ахир Садриддин бо хонаводааш муқими Канада аст, аммо пайваста бо Фурқати Саид дар иртибот аст ва ӯро бо ифтихору эҳтиром “Устод” ном мебарад.

Нуктаи сеюми ҷолиб, фазо ва муҳити ҳунарие аст, ки Фурқат дар хонаводааш фароҳам сохтааст. Фараҳноз, духтари бузурги Фурқати Саид аслан пизишк аст, аммо дилбастагии зиёде ба ҳунар дорад. Баҳори гузашта ӯ  барандаи озмуни таронаҳои амрикоӣ таҳти унвони “Battle of the Bands” шуд. Пештар аз он, дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ҷойгоҳи сеюмро ба худ ихтисос дода буд. Иҷрояш дар фестивали саросарии аллахонӣ назир надошт. Фараҳноз дар иҷрои таронаҳои суннатӣ, шашмақом ва мусиқии ҷоз, рок ва поп истеъдоди олӣ ва дасти болое дорад.

Ҳеҷ аз лавҳи хотирам зудуда намешавад, чи тавр Фараҳноз ҳамроҳи Фаридун меҳмонони ҷашни арӯсиашонро ғофилгир карданд ва таронаеро ба забони арманӣ хонданд. Лоро Петросиён, ҳамкори арманитаборам видеои ин иҷрои муштараки Фараҳнозу Фаридунро дар сафҳаи Инстаграми ман тамошо карда ва навишт «чӣ хуб ва зебо мехонанд».

Чаҳорумин нуктае ки арзиши таваҷҷӯҳро дорад, ишқу алоқаи Фурқати Саид ба шахсият ва ҳунари Аҳмад Зоҳир аст. Барномаҳои телевизиониашро дар шабакаи мусиқии телевизиони «Шаҳнавоз» бо номи «Пайванди меҳр» дар бораи ин хунёгари зиндаёд дар ёд дорем. Худи Фурқати Саид оҳангҳои зиёдеро аз Аҳмад Зоҳир ҳунармандона бозхонӣ карда аст.

Ба шарофати талошҳои бедареғи ӯ ному осори ҳунармандони бузурге, назири Зафар Нозиму Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Назриву Кароматуллоҳи Қурбон, Ҳусайн Насриддину Боймуҳаммад Ниёз, Акашариф Ҷӯраву Мирзоқубон Солеҳ, Барот Яхшиву Тоҷиддин Муҳиддин ва даҳҳо тани дигар дар қолаби барномаҳои ҷолибу дидании телевизионӣ барои ҳамзамонони мо ва наслҳои оянда муаррифӣ шудааст.

Нуктаи бебаҳси панҷум ин аст, ки сарнавишти Фурқати Саид бо “Шашмақом” сахт гиреҳ хӯрда. Дар ҳар маҳфиле ки ӯ ҳузур пайдо кунад, ҳатман суҳбат аз ин мероси гаронбаҳои ниёгони мо дар миён аст.

Ёдам ҳаст, ки охири моҳи марти соли 2019 бо Фурқат ва чанд тан аз дӯстони дигар сафаре ба водии Фарғона доштем. Моро як шаб дар рустои Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангони Ӯзбекистон меҳмон карданд. Фурсате пеш омад то бо ҳамсафарон дар кучаю гузар ва маҳаллаҳои ин русто чанд соате қадам занем.

Варзик деҳи бузурге бо наздики 30 ҳазор ҷамъият аст ва сокинонаш умдатан тоҷиканд. Медонистам, ки ин ҷо зодгоҳи бархе аз бузургони адабу ҳунари тоҷик, аз ҷумла Сотим Улуғзода, нависандаи бузурги тоҷик, Мутеулло Наҷмиддинов, нависанда ва рӯзноманигори шинохта ва Матлуба Дадабоева, Ҳунарпешаи халқии Узбакистон ва Тоҷикистон аст. Аммо бояд иқрор шавам, ки дар бораи ромишгари мумтоз Носирҷон Азизов нахустин бор дар Варзик аз забони Фурқати Саид шунидам. Ба гуфтаи ӯ, Носирҷон-ака, зода ва парвардаи деҳаи Варзик, солиёни зиёд дар ансамбли “Шашмақом”-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият доштааст. Барои хидматҳояш дар арсаи  ҳунар ӯро ба унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сазовор донистанд.

Дар идомаи он сафари хотирмон ба Самарқанду Бухоро рафтем. 31 марти соли 2019 бо пешниҳоди Фурқати Саид ва роҳнамоии нависандаи маъруф, устод Адаш Истад ва муҳаққиқу рӯзноманигори шинохтаи самарқандӣ, бону Амина Шарофиддинова оромгоҳи Ҳоҷӣ Абдулазизро дар шаҳри Самарқанд зиёрат кардем. Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов (1852-11.01.1936) сароянда, навозанда ва оҳангсози тоҷик аз устодони бузурги мусиқии “Шашмақом” аст. Муҳаққиқон ӯро мусанниф ва иҷрокунандаи чанде аз суруд ва оҳангҳои мансуб ба “Шашмақом” ва халқӣ медонанд, ки ганҷинаи ҳунари мусиқии миллии моро зебу зиннат мебахшанд. Дар оромгоҳи ӯ, ки он вақт чандон обод набуд, зикри хайрашро кардем. Хушбахтона, дар Наврӯзи гузашта дубора ба зиёрати Самарқанд рафтам ва дидам, ки мазори Ҳоҷӣ Абдулазиз тармим шуда ва дар маркази шаҳри Самарқанд дари осорхонаашро ба рӯи алоқамандони ҳунар боз кардаанд.

Дар ҷараёни диду боздидҳо дар Самарқанду Бухоро ҳар куҷо ки мерафтем, суҳбат аз адабиёту фарҳанг ва ҳунару мусиқӣ буд. Дидори деринтизори Фурқат бо Асадулло Атовуллоев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва овозхони пешини ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Ф.Шаҳобов ва Ихтиёр Султонов, ҳамсабақи донишгоҳии Фурқат, ки аз мубаллиғони таронаҳои “Шашмақом” дар Самарқанд аст, дар майдони Регистон воқеан хотирмон ва ҷолибу таъсирбахш буд…

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, роҳбари бадеии ансамбли давлатии “Шашмақом”-и ба номи Ф.Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон Фурқати Саид ҳамеша дар такопӯ ва ҷустуҷуст. Ба доштаҳояш қаноат намекунад ва пайваста дунболи андӯхтани донишҳои тоза, анҷоми пажуҳишҳои ҷадид ва таснифи оҳангу эҷоди суруду таронаҳои нав аст. Дар ин ҷода барояш орзуи пешрафту муваффақият дорам.

Бузурге фармуда, ки “Ҳеҷ як аз мо наметавонем корҳои бузург бикунем, вале метавонем корҳои хурд бо ишқи бузург анҷом бидиҳем.” Ба назарам, ангезаи ҳар талошу пайкоре ки Фурқати Саид дар ҷодаи ҳунар, бахусус дар гиромидошти мақому манзалат ва тарғиби мусиқии “Шашмақом” то ҳоло анҷом дода (ва мутмаинам дар оянда низ анҷом хоҳад дод) ишқ аст. Ишқ ба таъриху тамаддун, фарҳангу ҳунару адаб ва мусиқии миллии мо! Дуруд бар ӯ!

Суҳроби Зиё, рӯзноманигор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь