Муъмин Қаноат аз номдортарин шоирони ҳавзаи порсии асри 20-уми адабиёти тоҷик аст, ки шуҳрату овозааш то кишварҳои Шарқу Ғарб расидааст. Устод Қаноат пас аз қофиласолори назми тоҷику форс- Фирдавсӣ, бузургтарин достонсарои адабиёти тоҷику форс мебошад. То кунун беш аз 12 маҷмӯаи ашъораш нашр шудааст. Достонҳои «Сурӯши Сталинград», «Тоҷикистон – исми ман», «Гаҳвораи Сино», «Масъуднома» ва силсилаи «Созҳои Шероз» ӯро ба пояи маъруфтарин шоирони садаи 20 расондаанд. Яке дигар аз тозатарин осораш достони «Масъуднома» аст, ки дар бораи сипаҳсолори бузург Аҳмадшоҳ Масъуд суруда шудааст.

Нахустин шеърҳояш дар поёни даҳаи 40-и садаи бист дар рӯзномаи вилоятии Ғарм чоп шудаанд. Ва нахустин маҷмӯаи ашъори устод Қаноат соли 1960 бо номи «Шарора» ба табъ расида буд.

Дертар соли 1964 достони ӯ «Мавҷҳои Днепр» ба табъ расид, ки ситойишномаи рӯҳи баланди ватандӯстию инсонпарварӣ ва дӯстии беназири байни миллатҳои шӯравӣ буд ва номи шоирро дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ ва берунтар аз он машҳур кард.

Соли 1967 «Достони оташ»-и устод Қаноат ба табъ расид, ки ба тасвири сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Норак бахшида шудааст. Дар ин асар устод Қаноат бо қудрати баланди суханварӣ ва сабку сухани тоза, бо такя ба фалсафаи қадимаи тоҷикон ҷараёни муборизаи нур алайҳи торикӣ ва бунёди олами нуронӣ аз ҷониби насли навро ба риштаи назм кашидааст.

Силсилаи шеърҳои «Созҳои Шероз» соли 1971 ба табъ расид, ки бо ҷаззобияти иқтидори волои сухан номи устод Қаноатро хеле боло бурд. Шоир дар қисмати аввал ба садоқати бепоёни худ ба духтари тоҷик ишора карда, сипас мавзӯи эҳсоси баланди миллиро, ки бар пояи решаҳои амиқи ватанпарастӣ пайванд аст, ба назм овардааст:

Кунун дар Қасри Доро ҷоми Ҷамшед аст, дар дастам,

Зи бӯйи бодаю мӯйи бути Шероз сармастам,

Лабамро бар лабони оби Рукнобод пайвастам,

Ба рӯят лаҳзае оҳиста дар бастам.

Қаҳрамони лирикии шоир аз дидани Қасри Доро, тахти Ҷамшед, оби Рукнобод, бути Шероз, ки ба таърихи ниёгони ӯ пайванданд, ба ваҷд меояд ва як лаҳза худро дар олами пурасрори дерин эҳсос мекунад. Дар шеъри «Тахти Ҷамшед» шукуҳу шаҳомати гузаштагон ва пайванди ногусастании онҳо ба ҳамзамонони мо дар пояи баланди андешаи миллӣ тасвир шудааст.

Соли 1973 достони «Сурӯши Сталинград»-и устод Муъмин Қаноат аз чоп баромад, ки дар он садои рӯҳи қаҳрамонони зиндаву ҳалокшудаи муҳорибаи бемисли Сталинград, навҳаи ҷонсӯзи падару модарони фарзандгумкарда тасвир  шудааст. Дар ин достони бемисл ҳунари баланди шоирӣ, қудрату вусъати волои як шоири андешаманд рӯнамо шуда, шуҳрати офаридгорашро ба зудӣ то гӯшаҳои дури Шарқу Ғарб бурд. Ҳунару истедоди бузурги устод Қаноат дар офариниши ин достон соли 1979 ба болотарин Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ қадр карда шуд.

Устод Муъмин Қаноат бо интишори достони тозааш – «Тоҷикистон – исми ман» дар соли 1977 дар бедории маънавии зиёиёни тоҷик нақши нозудуданӣ гузошт. Ин асар дар замзамаи бедории миллии мардуми тоҷик, талош барои эҳёи расму суннатҳои ниёгон, бавижа ҷашни бузурги Наврӯз нақши барҷаста дорад.

Эҷоди достони «Падар» дар соли 1974 садои марди бедорзамиреро баланд кард, ки аз оғӯши хомӯшиҳои куҳистони тоҷик садои суннати аҷдодии эътирофу эҳтироми бунёду решаҳои ҳамхуниву ҳамгуниро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Соли 1980 достони нави шоир «Гаҳвораи Сино», ки саршори андешаҳои амиқи фалсафӣ буда, ҳамагонро даъват ба шинохти бештару шоистагии ҳакими бузурги тоҷик Абуалӣ Сино, омӯзиши фарҳангу андешаи ғановотманду деринаи миллӣ ва пайравӣ аз офаридгорию бунёдкории ӯ мекунад, чоп шуд. Ин асари беназир ба Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қадр шудааст.

“Ситораи Исмат” (1990) ҳамосаи фалсафист оид ба қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Исмат Шариф, ки намунаи дурахшону барҷастаи фидокорию сарсупурдагист дар роҳи ҳифзи Ватану ҳимояти нангу номуси инсонӣ.

Достони “Ҳамосаи дод” соли 1995 эҷод шудааст, ки дар он мавзӯи ватандӯстӣ ва мушкилоти ватандорӣ ба хонанда арз мешавад. Шоир аз набудани ҷаҳонпаҳлавоне изҳори таассуф мепкунад, то миллатро ба пирӯзиҳо бирасонад.

Аммо достони «Масъудномаро»-ро, ки соли 2006 эҷод шудааст, давоми мантиқии «Ҳамосаи дод» метавон шумурд, зеро дар достони аввалӣ шоир аз мушкилоти миллат, набуди солори бузурги миллӣ дар асри имрӯз сухан карда, дар «Масъуднома», дар симои сипаҳсолори бузург Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони воқеъиро дарёфта, чеҳраи нуронию нерӯи армонияшро бо сухани сеҳрангези худ ҷилои раббонӣ бахшидааст.

Ба эътиқоди коршиносон, Муъмин Қаноат бо тозакориҳои шигифтангези худ дар адабиёти ҷаҳонӣ шуҳрати хос дорад. Ӯ солҳои 50-и асри 20 бо андешаҳои саршор аз ифтихори миллӣ ва назарҳои тоза дар фалсафаи шеър, ба майдони адабиёт қадам гузошт ва шуҳрати шеъри тоҷикро ба зинаҳои баланд бардошт. Низом Қосим – раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон навиштааст: “Устод Қаноат дар таҳаввули шеъри мо ва нав кардани шеъри тоҷик саҳми аввалиндараҷа дорад. Дар солҳои шастум тақрибан тани танҳо ин шеърро нав кард, бисёр заминӣ кард ва аз умумигӯйӣ ва ҳарфҳое, ки муносиби шеър набуданд, адабиётро пок кард. Устод як шеъре офариданд, ки муносиби адабиёти ҳазорсолаи мо буд. Чанд нафар шоире тарбия карданд, ки дар оянда кори ӯро идома доданд. Аз ҷумла, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва Гулрухсор аз шогирдони устод Қаноат ҳастанд».

Ашъори ғиноии Муъмин Қаноат дар бештарин жанрҳои суннатии назми тоҷик чун ғазал, мустазод, маснавӣ, рубоӣ, қитъа, мураббаъ, мусаллас ва ҳам дар қолабҳои нави шеърӣ суруда шудаанд. Қудрати устод Қаноат дар эҷоди ҳама навъи шеър аз тарафи адабиёшиносон эътироф шудааст. Аммо навкорӣ ва навгӯйҳои ӯ дар шеъри тоҷик наслҳои замонаш ва пасиниёнро ба сутӯҳ овардааст. Шоири қудратманди тоҷик Бозор Собир гуфтааст: “Қаноат аз оғози эҷодиёташ ба навгӯйӣ пардохта буд ва ашъораш мо насли навро ба ваҷд меовард. Ӯ дар шеъри «Пири гулфурӯшон» соли 1959 манзараи як гӯшаи назаррабои диёри Тоҷикистонро хеле зебо, шоирона ва ба услуби нав тасвир кард, ки мо ҳама бо ҳавас онро аз бар кардем. Ва мо пайрави Қаноат шудем”.

Куҳи Варзобро чӣ даврон аст,

Гӯиё пири гулфурӯшон аст.

Ҷомаи беқасаб ба бар дорад,

Локии шоҳӣ дар камар дорад.

Саллаи суф гирди сар дорад,

Сабади гул ба пеши бар дорад.

Дар ин шеъри сода таркибҳои ҷомаи беқасаб, локии шоҳӣ, саллаи суф ва сабади гул рӯҳи миллии тасвирро таъмин кардаанд ва хонанда дар он намунаи нави эҷоди шӯру шавқи шеъри миллиро эҳсос мекунад, ки дар гузашта камназир буд. Ин шеър табиати сеҳрангез ва баҳори куҳистони тоҷикро бо ҳама рангорангӣ ва дилрабоияш пеши назар меорад.

Маҳорати эҷодкории устод Қаноат дар мустазодҳои «Аҳсант ба одам», «Садди назар», «Ба ҳаводори забони тоҷикӣ» бармало эҳсос мешавад. Шоир бо васли мисраи иловагӣ мазмуни мисраъҳои комилро такмил дода, боиси возеҳии тасвир мегардонад. Шеъри «Ба ҳаводори забони тоҷикӣ» дар ниҳояти содагӣ ва самимият эҷод шудааст, ки ҳамин мисраъҳои иловагӣ ҳусни баёнро боз ҳам ҷаззоб ва хотирмон гардондаанд. Ин чакома аз дӯстдоштатарин шеърҳои мардуми тоҷик аст, ки дар замони тангназарии Шӯравӣ, ки хилофи густариши ҳар гуна масъалаи фарҳангу забони миллӣ буд, эҷод шудааст.

Қанд ҷӯйӣ, панд ҷӯйӣ, эй ҷаноб,

Ҳар чӣ меҷӯйӣ, биҷӯ.

Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб,

Ҳар чӣ меҷӯйӣ, биҷӯ.

Форсӣ гӯйӣ, дарӣ гӯйӣ варо,

Ҳар чӣ мегӯйӣ, бигӯ.

Лафзи шеъру дилбарӣ гӯйӣ варо,

Ҳар чӣ мегӯйӣ, бигӯ.

Муносибати шоир ба масъалаи миллӣ дар силсилаи шеърҳои «Созҳои Шероз» боз ҳам возеҳтар ба мушоҳида мерасад. Ашъори ғиноии Муъмин Қаноат ба қалбу рӯҳи хонанда таъсир расонда, ӯро ба дӯстдорӣ, худшиносӣ, ватанхоҳӣ ва покию некӯкорӣ ҳидоят мекунад.

Муъмин Қаноат 20-уми майи соли 1932 ба дунё омада, 18-уми майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе даргузашт. Вай дар мақомҳои баланди илмию фарҳангии ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлати Тоҷикистон кор карда, солҳои зиёд раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Ҷойгоҳи Муъмин Қаноат дар адабиёти Тоҷикистон хеле барҷаста аст ва шуҳрату овозааш берун аз адабиёти форсӣ то кишварҳои дигари ҷаҳон расидааст.

Аҳмадшоҳ КОМИЛЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь