Пажӯҳандагони санъати театрӣ бо иттифоқи оро доктори илми санъатшиносӣ, профессор Низом Нурҷоновро поягузори илми театршиносии тоҷик медонанд. Низом Нурҷонов зодаи шаҳри куҳанбунёди Бухоро, вале парвардаи Тоҷикистон буд ва тамоми умр чун фарзанди содиқу вафодор ба Тоҷикистон хидмат кард. Шаҳрҳои тоҷикии Бухорову Самарқанд дар дарозои таърих аз марказҳои муҳимми илму маърифату фарҳанги Шарқ буданд. Баъд аз Инқилоби Октябр садҳо, шояд ҳазорҳо аҳли фазли ин ду шаҳри қадим бо ишқу умеду орзуву ормонҳои нек ба ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон омаданд, дар бунёд ва рушду равнақи он сидқан заҳмат кашиданд. Ба таъкиди профессор Иброҳим Усмонов “дар охири солҳои бистуму аввалҳои сиюм бо таблиғ ва роҳбаладии яке аз фарзандони бузурги асри ХХ тоҷик Абдуқодир Муҳиддинов қариб панҷсад оилаи зиёиёни шаҳри Бухоро ба Душанбе кӯчиданд, то дар сохтмони ҷумҳурии нав – давлати худи тоҷикон саҳм гиранд. Дар байни онҳо хонадони Нурҷоновҳо низ буд” ва ба гуфтаи Ортиқи Қодир- Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон – ин равшинфикрон “Бухороро бо худ ба Душанбе оварданд”. Нишони қадршиносӣ мебуд, агар мо дар ҳар мавриди муносиб хидматҳои ононро ёдрас шавем, то аз ин баъд низ дилҳо гарму меҳру муҳаббат самимӣ бошад ва решапайвандӣ канда нагардад, робитаҳои фарҳангӣ бо ин ду шаҳри ниёгонамон- Бухорву Самарқанд пайваста густариш ёбад ва дар сояи ин дӯстӣ аз илму фарҳанги ҳамдигар бохабар бошем, таҳқиқотҳои пурарзиш ба сомон расонем ва сафҳаи таърихи дирӯзу имрӯзамонро ҷилои тоза бахшем. Ин ваҳдату рафоқату муруввату дӯстӣ хосса дар ин замон, ки сиёсат ба як мӯ меравад, зиёда зарур аст.

Бо кӯшишу ҳиммати Муҳаммадуллоҳ Табарӣ– театршинос, номзади илмҳои таърих, аз шогирдони содиқи Низом Нурҷонов, корманди шуъбаи санъатшиносии ПТИФИ ба табъ расидани китоби “Низом Нурҷонов ва театри тоҷик” нишони сипоси хотир ва ба ёд овардани кору фаъолияти пурсамари ин донишманди фозил аст. Китоб ҳовии навиштаҳои санъатшиносон, хотироти ҳамкорону шогирдон ва мусоҳибаҳои рӯзноманигорон буда, дар заминаи ҳамин мундариҷа дар чор фасл ба ду забон – тоҷикӣ ва русӣ баҳам омадааст. Дар фасли аввал –“Саҳми Низом Нурҷонов дар рушди театри тоҷик ва илмҳои театршиносӣ” хидматҳои ин донишманди пуркор дар рушду равнақи илми театршиносии тоҷик аз дидгоҳи муҳаққиқон мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. М. Табарӣ пас аз ковишу ҷусторҳо ба хулоса расидааст, ки илми театршиносии тоҷик аз оғози садаи ХХ ибтидо мегирад, вале аслан рушди бесобиқаи он ба солҳои 50 -ум рост меояд ва мӯътақид аст, ки Арбоби санъати Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ – Низом Нурҷонов поягузори илми театршиносии тоҷик мебошад. Қобили зикр аст, ки дар ин ақида ӯ танҳо нест, аксари муаллифон ин гуфтаро таъкидан исрор мекунанд. Афзун ба гуфтаи М. Табарӣ, доктори илмҳои фалсафа, фарҳангшинос Саъдулло Раҳимов андеша дорад, ки Н. Нурҷоновро метавон на танҳо поягузори илми театршиносӣ, балки умуман санъатшиносӣ дар Тоҷикистон шумурд. Дар воқеъ, зиндаёд С. Раҳимов мухтасар навиштааст, аммо ҳамин мухтасар бори маънии як рисоларо мекашад. Ин сатрҳои пурмуҳаббат шаҳодати эҳтирому эътимоду эътиқод ба як нафар пажӯҳишгари сарсупурдаи илм аст, ки дар кору зиндагӣ дар радифи меҳрубониҳо номеҳрубониҳо низ дидааст, вале шикаста нашуда, носипосиҳоро мардона таҳаммул карда, муҳаббат ба корро қуввату мадори дил дониста ва боз ҳам ба ифодаи И. Усмонов “санъат ва ҳақиқати санъат барояш баландтар аз ҳар зуҳурот ва андешаи дигар будааст”. Ба ҳамин ованд доктори илмҳои таърих, мусиқишинос Баҳринисо Қобилова ӯро падидае дар илму фарҳанг ва намояндаи барҷастаи санъатшиносии муосир медонад ва дар зимн омӯзишу таҳқиқоти Н. Нурҷоновро дар бораи асбобҳои мусиқӣ арҷ мегузорад. Нигора Ҷӯраева–ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ҳаёту фаъолияти Н. Нурҷоновро нукта ба нукта ва сол ба сол омӯхтаасту медонад, ӯро аввалин донишманди мардумшиноси (этнографи) тоҷик мешуморад, ки бо осори мондагори хеш беҳтарин анъанаҳои мардумшиносон-тоҷикшиносони русро рушду такомул бахшид. Дилшод Раҳимӣ -номзади илмҳои филология, дар осори илмии Н. Нурҷонов инъикоси ҷашну маросимҳои миллиро меҷӯяду таҳқиқ мекунад ва ба хулосае мерасад, ки пажӯҳишҳои Н. Нурҷонов “дар ҳамаи самтҳои фарҳангу санъат ва фолклори тоҷик нодиру бебаҳоянд”.

“Ин Бухоро манбаи дониш бувад” -чунин васф мекунад Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ Бухороро. Баъд аз чанд қарни Мавлавӣ мардумшинос -этнографи машҳури рус М.С. Андреев суннатҳо, расму одат, бовару эътиқоди бошандагони ин шаҳри куҳанбунёдро омӯхта, Бухороро “маркази ақлу рӯҳи Осиёи Миёна” меномад. Ҳамин шаҳри “манбаи дониш ва ақлу рӯҳи Осиёи Миёна” ҳуши ёди Н. Нурҷоновро, ки гуфтем зодаи он ҷост, ҳамеша ба худ мекашид, зеро хуб медонист, ки ин шаҳр ва атрофу акнофи он махзани бепоёни ганҷи шойгон – расму суннату анъанаҳои гузаштагон, сарчашмаи омӯзиши театри халқӣ, рақсу суруду мусиқӣ, масхарабозону созандагону мавригихонон аст, ки ҳар кадом реша дар умқи садаҳо доранд. Аз ин рӯ, вазифаи худ медонист, то ин ганҷи бебаҳоро омӯзад, таҳқиқ кунад ва ба аҳли завқу дониш пешкаш намояд, мабодо ки фаромӯши хотирҳо нагардад. Ба ҳамин мақсад оғоз аз соли 1958 то соли 1991 борҳо бо гурӯҳи коршиносон ба Бухоро сафар кард. Ҳосили ин сафару омӯзишу таҳқиқҳоро дар китоби “Ҳаёти театриву мусиқии пойтахти Сомониён” (Театральная и музыкальная жизнь столицы государства Саманидов) ҷамъбаст кардааст. Дар китоби мазбур як давраи муайян – вазъи театр ва суруду мусиқии нимаи дуюми садаи Х1Х ва нимаи аввали садаи ХХ Бухоро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтааст. Устоди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Т. Раҷабов мазмуну мундариҷаи ҳамин китобро мавриди омӯзишу таҳлил қарор додааст. Дар ин китоб Н. Нурҷонов бо чанд нафар аз муҳаққиқони русу ӯзбек, ки анвоъи санъати мардуми Бухороро мансуби як халқ медонистанд, сари баҳс мекушояд ва навиштаҳои бебунёд ва яктарафаи эшонро ба боди интиқод мегирад. Ба рағми ин муҳаққиқон Н. Нурҷонов саҳми намояндагони миллату қавҳои гуногун, аз ҷумла яҳудитаборонро дар рушду равнақи санъати Бухоро мунсифона ёдовар мешавад ва таҳсину тамҷид мекунад. Ҳамчунин гӯшрас оварда мешавад, ки чандин нафар санъаткорони барҷаста баъд аз Инқилоби Октябр ба Душанбе омаданд ва дар рушду равнақи санъати тоҷик саҳми арзанда гузоштанд.

Фасли дуюм “Театри тоҷик: дастовард ва мушкилот” ном гирифтааст. Дар ин фасл муҳаққиқон сари бурду бохти театрҳои тоҷик, маҳорати коргардонӣ, рақси тоҷикӣ баҳс меороянд ва бад-ин васила кори донишманди баном Н.Нурҷоновро идома медиҳанд.

Фасли сеюмро мураттиб аз ёддоштҳои ҳамкорону шогирдони Н.Нурҷонов зевар бастааст. Профессор Малика Ҷӯрабекова солҳо бо Н.Нурҷонов ҳамсояву ҳамнишину ҳамкор будааст, аз суҳбатҳояш файз бурдааст, розҳои дили захмхӯрдаи ӯро шунидааст, ёди гузаштагони хешу бузургони санъат кардаанд ва дар зимни нишасту бархостҳо сари сарнавишти фардои театр, коҳиш ёфтани мавқеъ ва аҳаммияти он ва умуман санъат борҳо хони баҳс оростаанд ва ба хотири он ки дилсарду афсурдаву рӯҳафтода нагарданд, умед ба оянда бастаанд, ки “Рӯзе ҳамааш хуб хоҳад шуд”. Навиштаи ӯ аз оғоз, аз сарлавҳа (Ёд дорам… дӯст медорам… сипосгузорам) то анҷом шоирона, самимона, дилчаспу хонданист. Таваҷҷуҳи ӯро ҳамчун санъатшинос бештар аз ҳама асари Н. Нурҷонов “Таърихи театри советии тоҷик” ҷалб кардааст, онро таҳқиқоти фавқулода муҳим дар театршиносии тоҷик медонад ва аз он афсӯс мехӯрад, ки ин асари бунёдӣ дар вақташ баҳои сазовор нагирифт. Профессор Н. Нурҷонов солҳо дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дарс гуфтааст ва дар ин айём М. Ҷӯрабекова низ дар он ҷо кору фаъолият доштааст, аз ин рӯ, ҳунару маҳорати ӯро дар таълиму тарбияи донишҷӯён низ хуб медонад. Аз назари ӯ ҳар як дарси устод Н. Нурҷонов мушобеҳ ба як саҳнаи хурди театрӣ буд, ба вижа ҷараёни имтиҳонгириаш. Аз донишҷӯ иҷрои ин ё он нақшро хоҳиш мекард, агар хуб офарид, ба завқ меомад, таърифу тавсифаш мекард, худ низ вориди ҳамон нақш мешуд, агар хуб набарояд, бо лаҳни хуш ислоҳ мекард, то донишҷӯ дилсарду малул нашавад ва хотираш озурда нагардад. Ҳамин маҳорату санъат, истеъдоди нодири дарс гуфтани Н. Нурҷонов дар навиштаи Ортиқи Қодир, ки ба шунидани дарсҳои ӯ шарафёб шудааст, бори дигар таъкид мешавад. Ба гуфти Ортиқи Қодир дарсҳои нотакрори устодаш, бемуҳобо, аз дониши амиқи вай дар бораи театр маншаъ мегирифт. Ӯ ёдрас мешавад, ки Н. Нурҷонов на танҳо таърихи театри тоҷикро хуб медонист, балки дар бораи театри ҷаҳон низ вуқуфи комил дошт, ҳаёту фаъолияти бисёр ситорагони театру киноро омӯхта буд, нағз медонист, ҳини нақли саргузашташон ба шавқ меомад, мисли он ки дар саҳнаи театр бошад, овозаш гоҳ нарму ором, бонишот, гоҳ дардангезу пуралам садо медод ва шуморо низ номаълум ба шодиву хурсандӣ ва дарду алами қаҳрамонҳои хеш шарик мекард.

Хондани мусоҳиба бо шахсиятҳои маъруф ҳавасангез аст, он мактаби ҳаёт, мактаби зиндагӣ, дарси ибрат аст, ба туфайли мусоҳиба метавон аз ҳаёту фаъолият, аз андешаҳо, аз назари қаҳрамони мусоҳиба ба зиндагӣ ва ҳаводиси рӯзгор хубтару беҳтар ошно шуд ва маънӣ бардошт. Фасли чоруми китоби мавриди назар низ “Мусоҳиба” номгузорӣ шуда, мусоҳибаи ду рӯзноманигори шинохта – Талъат Нигорӣ ва Одили Нозирро бо Н. Нурҷонов дар бар мегирад. “Таҳқиқи санъат маънии зиндагиам гардид”. Ҳамин тавр изҳори назар мекунад Н. Нурҷонов дар мусоҳиба бо Талъат Нигорӣ ва дар шарҳи ин гуфта аз рӯзҳои нахустини ба таҳқиқи санъат рӯ оварданаш, таълифи осори илмиаш, таҳқиқи рӯзгори чеҳраҳои намоёни санъати тоҷик ва сарнавишти хеш хуш ҳикоят менамояд.

Барои муҳаққиқе, ки як умр фарҳанги миллаташро омӯхтааст, комёбию комгории театри азизашро дидааст, дар бораи таърихи он ва устодони саҳнаи он китобҳо навиштааст, дидани чунин вазъ, албатта, дарднок буд.

Китоби “Низом Нурҷонов ва театри тоҷик” китоби хонданӣ ва омӯзишист, ба вижа барои онҳое, ки даст ба домани таҳқиқи санъат мезананд. Афзун бар ин, чунонки ишора рафт, чунин китобҳо дар баробари аҳаммияти илмию таърихӣ доштан аҳаммияти тарбиявиро низ моликанд. Рӯзгори чунин одамон мактаб аст: ба сахтиҳо тоб овардан, итминону эътимоду эътиқод доштан ба неруи худ, иродатро тақвият бахшидан ва хушбин буданро меомӯзанд, то дар печутоби зиндагӣ устувор бимонӣ ва шикаста нагардӣ.

Ф. Ҷӯрақулов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь