Дар вилояти Хатлон аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят сохтмони Бемористони бисёрсоҳавӣ бо харҷи бештар аз 5 миллион сомонӣ оғоз мегардад.

Дар ин бора имрӯз сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Иброҳим Мусозода дар нишасти хабарӣ  иттилоъ дода, афзуд:

– Беморхонаи мазкур аз 5 ошёна иборат буда,  аз ҳисоби  маблағҳои буҷети вилоят дар заминҳои  Беморхонаи чашми вилоят сохта хоҳад шуд. Дар дохили он  маркази ташхисӣ,  эндокринологӣ  ва ҷарроҳии дилу рагҳо амал хоҳандк ард. Айни замон ҳуҷатгузорӣ мешавад ва лоиҳаи он пурра омода гардидааст.

Қайд гардид, ки Бемористони бисёрсоҳавӣ  то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ба истифода дода мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь