Вақте ки Дидавар-фарзанди устод Комил Бекзода, китоби падараш- “Девони шеърҳои фалсафӣ” ва китоби устод Умари Рустамзод- “Ёде аз ёру диёр”-ро ба инҷониб дод, ҳайратзада шудам, зеро аз шеър гуфтани устод Комил Бекзода бохабар бошам ҳам, аммо ҳеҷ гумон надоштам, ки устод Умари Рустамзод ҳам шеър мегӯянд.
Воқеан, ба Умари Рустамзод, ки аз пайвандону ҳамнишинони устод Комил Бекзода аст, борҳо ҳамнишин будам. Устод як марди муаддаб, хоксору маданӣ ва хеле камгап буда, ба нудрат ба суҳбатҳо шарик мешавад.
Умари Рустамзод фарзанди кӯҳистон аст. Ӯ 24-уми январи соли 1945 дар деҳаи Вравзи деҳшӯрои Водхуди ноҳияи Ванҷ дида ба дунё кушодааст. Касби асосиаш омӯзгорист. Ба қавли мураттиби маҷмуаи ашъораш, “Аз соли 1992 инҷониб дар Федератсияи Руссия кору фаъолият дорад. Баъди бозгашт ба Тоҷикистон ин шеърҳои парокандаро дар шакли маҷмӯа ба ҳаводорони сухани бадеъ пешкаш намудааст” (ниг.: Умари Рустамзод. Ёде аз ёру диёр-Душанбе, 2024. -С.5).
Маҷмуаи “Ёде аз ёру диёр” аз ишораи мураттиб, пешгуфтор ва бахшҳои “Таронаҳо ва рубоиёт”, “Таронаҳо ва дубайтиҳо” ва “Нуқтаҳо” фароҳам омадааст.
Устод Умари Рустамзод, ҳеҷ гуна даъвои шоирӣ ва шеъргӯӣ надорад, аммо чун тамоми тоҷикон ба адабиёт, ба вижа шеърро дӯст медоранд, аз ин рӯ, таҷрибаю мушоҳидаҳояшро рӯи саҳифа меорад ва тақдими хонандагон менамояд. Маҷмуаи “Ёде аз ёру диёр” шоҳиди гуфтаҳои мо метавонанд буда бошанд. Албатта, шеърҳои Умари Рустамзод, яку якбора аз қаламаш берун нарехтааст, балки натиҷаи сафару таҷрибаю мушоҳидаҳои ӯст, аммо аввалтар аз ҳама ҳосили мутолиа ва ошноияш бо осори адибони гузашта ва муосири тоҷик мебошад. Устод Мирзо Турсунзода дар ин маврид гӯяд: “Агар гӯем, ки халқи тоҷик табиатан шоир аст, ҳеҷ муболиға нахоҳем кард”.
Агарчи ӯ омӯзгор аст, шоири касбӣ нест, тавқи шогирдии касеро дар гардан набастаанд, шеърҳояш аз ғалбери танқид нагузаштааст, аммо самимонаву аз сидқи дил гуфта шудааст. Бинобар ин ба дил чанг мезанад, зеро паём дорад, паёми зиндагӣ, бедорӣ, ҳушёрӣ. Ба ин намуна мутаваҷҷеҳ шавед:
Чашмро пушида дорӣ то ба кай,
Чашм бикшою ба Мағриб ҳам нигар.
Ончи хуб аст андар он ҷой ёд гир,
Аз бадаш бояд бипушидан назар.
Вақте мо шеъри болоро мехонем, шеъри поёни Хусрави Деҳлавӣ, ки ҷанбаи дастурдиҳанда дорад, ба ёдамон меояд:
Қиссаи Заҳҳок ҳамэдун бихон,
Номаи Ҷамшеду Фаридун бидон.
Неку бад аз дафтари эшон биҷӯй,
Нек ба хотир куну бадро бишӯй.
Албатта, ингуна ашъор ки моҳияти иршодгароёна доранд, барои мардуми мо ва ба вижа ҷавонон, ки дар оғози роҳи зиндагӣ қарор доранд, аз ҳар лиҳоз омузандатар ҳастанд. Чунин намунаҳо дар маҷмуаи шоир фаровонанд ва ин аз масъулияти гӯянда дар ҷомеа хабар медиҳад. Чун адиб муаллим аст, талхиву ширинии ҳаётро чашида аст ва ҳатто ранҷи ғурбатро ҳам кашидааст, ногузир аз қаламаш ҳамин гуна ашъори пандомуз, таълимӣ ва ибратдиҳанда метаровад.
Бояд гуфт, ки калидитарин мавзӯи рубоӣ ва дубайтиҳои шоирро ватандӯстӣ ташкил медиҳад. Бадин маънӣ метавон гуфт, ки тору пуди маҷмӯаи ӯ аз тасвир ва бозгӯии ғурбат, дурӣ аз ёру диёр, ранҷи мусофирату ғарибӣ ва ёди ватан фароҳам омада аст. Ба ҳарфи равшантар устод Умари Рустамзод, ки бо амри тақдир муддате дар муҳоҷират будааст, ҳамеша дар ёди Ватан, ёру дӯстон, хешу таборон, бо як сухан бо ҳамватанон зистааст.
Махсусан, Меҳанномаҳои шоир, ки дар шакли рубоӣ иншо кардааст, саршор аз меҳру муҳаббати ӯ ба ватан яъне Тоҷикистон мебошанд.
Ишқи Ватанам ҳамеша андар сари ман,
Хоки Ватанам тоҷи сару афсари ман.
Ончи ки навишта шуд, дар дафтари ман.
Монад ба ҷаҳон чу ёд баъди сари ман.
Зимнан бояд гуфт, ки рубоиёти шоир танҳо фарогири мавзуи Ватан нест, балки мавзуоти дигар, аз ҷумла мавзуи панду ҳикмат, шикваю ҳасрат, ишқу ошиқӣ, пирию ҷавонӣ, ғанимат донистани умр, васфи табиат, ба вижа баҳор, тазодҳои зиндагӣ, фалсафаи ҳаёту мамот, неку бади рӯзгор, некиву накӯкорӣ, аҳамияти касбу ҳунар, илму дониш, ақлу хирад, дурӣ аз таассубу хурофот, ҳамдуши замон рафтан, наъфрасонӣ ба инсон ва ғайраро низ фаро мегирад. Дар ин замина омузишҳои ахлоқии шоир ҷолиби диққатанд. Аз онҳо ҷавонони мо дорои зиндагӣ, одамият ва ахлоқи воло мегарданд. Барои мисол мо ин рубоиро, ки роҷеъ ба аҳамияти ҳунар гуфта шудааст, ба хониш мегирем:
Мардро воло бигардонад ҳунар,
То тавонӣ дар ҳунар кӯш эй писар.
Бо ҳунар қадри ту боло мешавад,
Зиндагият боз гардад беҳтар.
Сабки сухани устод Умари Рустамзод нишон медиҳад, ки ӯ ба ашъори шоирони пешин, аз ҷумла А. Рӯдакӣ, А. Фирдавсӣ, Носири Хусрав, У. Хайём, Низомӣ, Саъдӣ, Ҷомӣ, Сайидо ва ҳамзамонони мо-Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Қаноат, Лоиқ, Бозор, Гулрухсор, Иқбол ва дигарон ошно будааст. Дар воқеъ, забону баёни шоир содаву равон ва олимонаву ҳакимонаву андарзиёт ва таълимӣ аст. Аз ин нуқтаи назар, ӯ воқеан ҳам шоири таълимдеҳу паёмрасон аст, на санъатгарову лафзгарову ороишгар. Ин чун муродаш аз шеър ҳунарнамоӣ нест, балки расондани паём аст. Лиҳозо, ба нудрат аз санъатҳои бадеӣ кор мегирад. Масалан, ӯ дар ин шеър аз санъати ташхис суд меҷӯяд, аммо ҳадафаш санъатгарӣ нест, балки муассир сохтани паём, яъне тартиби некиву накукорӣ мебошад, ки яке аз мавзӯҳои ҷовидонии адабиёт мебошад.
Гуле гуфто шунав ин достонам,
Агар чанде, ки ман зеби ҷаҳонам.
Ду серузе ба дунё меҳмонам,
Бикӯшам то ки номи нек монам.
Дар дубайтиҳои шоир низ мо ба ҳамон мавзуъҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки дар рубоиҳояш баён кардааст. Ба сухани дигар, дубайтиҳояш низ аз ҳолу ҳавои рубоиёташ бархурдоранд. Зарбу оҳанги баёнаш шабеҳи зарбу оҳанги баёни Бобо Тоҳир, Лоиқ, Иқбол мебошанд:
Маро бо достон гуфтан чи кор аст,
Туӣ, эй Тоҷикистон достонам.
Бихоҳам то абад поянда бошӣ,
Бароят ман дуои нек хонам.
Лозим ба тазаккур аст, ки шоир умари Рустамзод ба устод Муъмин Қаноат ва ашъори ӯ алоқаи хос доштааст. Тавре ки дар ин шеър мушоҳида менамоем:
Дар баҳорон шодии бисёр мехоҳад дилам,
Сайру гашти гулшану гулзор мехоҳад дилам.
Дашту саҳрою чаман шуд гулфишон дар ин замон,
Шеъри Муъминшою Гулрухсор мехоҳад дилам.
Ҳатто аз тарҷумаҳои шоир низ бохабар будааст. Ҳамин аст, ки мо дар шеъри ӯ:
Чаро охир дар ин дунёи каҷрав,
Яке доро дигар бечора гардад?
Яке бо айшу ишрат гашта доим,
Дигар хору забун саргашта гардад.
Бахши нуктаҳои маҷмуа ки аз такбайтҳои шоир иборат аст, ҳукми масъалаҳои дигарро доранд. Аз онҳо буи насиҳатҳои Носири Хусрав ба вежа маснавиҳои ахлоқии ӯ- “Саодатнома” ва “Рушноинома” ба машом мерасанд. Бинобар ин, хусусияти қавии таълимиву тарбиявӣ доранд:
Ҷустуҷуи илм кун эй навҷавон,
Зон шавад машҳур номат дар ҷаҳон.
***
Роҳи осонро маҷӯ дар зиндагӣ,
Оқибат орад туро бар бандагӣ.
***
Ҳар як қадами замона панд аст,
Омуз варо, ки судманд аст.
Хулоса, мо ба таври мухтасар дар бораи шеъри Умари Рустамзод изҳори назар кардем. Таҳлили муфассали он кори оянда аст. Ҳоло бошад, устодро ба 80-солагии зодрӯзаш табрик намуда, барояш тандурустӣ ва муваффақиятҳои эҷодӣ таманно менамоем. Ва аз номи Саъдӣ мегӯем:
Солу моҳат мубораку рузу шабат ба хайр,
Бахтат баланду гардиши гетӣ ба ком бод!
Ҷамолиддин Саидзода,
адабиётшинос