Мардуми муғул нисбати дигар халқҳо, дар ҳаёти имрӯза пеш аз ҳама ба маснаднишинҳои худ ва ё рӯҳонӣ фармонбардор ҳастанд. Онҳоро зиёд ҳурмат карда, камтар наздашон дурӯғ мегӯянд. Байни онҳо суханпардозӣ бисёр кам ба амал меояд. Ҳамчунин занозанӣ, ҷангу ҷанҷол, ранҷдиҳӣ, одамкушӣ байнашон ҳеҷ гоҳ рух намедиҳад. Дар онҷо роҳзанҳо ва дуздон амволи мардумро ба ғорат намебаранд. Аз ин ҷост, ки онҳо бошишгоҳ ва борашонро, ки он ҷо молҳои қиммати худро нигоҳ медоранд дар қулф нигоҳ намедоранд. Агар чорвои касе гум шавад, ҳар касе онро меёбад ё онро сар медиҳад ё ба соҳибаш бармегардонад. Одамоне, ки чорвояшонро гум кардаанд, онро аз ин одамон рафта гирифта, бе ягон монеъагӣ мебаранд. Онҳо ҳамдигарашонро хуб ҳурмат карда, байни ҳам бисёр дӯст ҳастанд. Агарчанде, ки маводи хӯрокаи ин мардум кам аст, лекин онҳо бисёр вақт хӯрокро бо камоли дил байни ҳам тақсим мекунанд. Хело зиёд пуртоқатанд. Аз ин рӯ, вақте, ки як ё ду рӯз чизе намехӯранд, ягон бетоқатиро аз худ нишон намедиҳанд, балки суруд ва рақс намуда, гумонеро пеш меоранд, ки онҳо хуб тановул кардаанд.
Ҳангоми сафарҳои дуру дароз онҳо ба машақату азобҳои бузург тоқат мекунанд. Ин мардум нисбати худ хусумат надоранд. Ҳасаду баландназарӣ низ ба назар мерасад, ки байнашон нест. Байни онҳо ягон баҳси вазнин вуҷуд дошта наметавонад, балки чи қадаре ки тавонанд бо пешниҳоди амвол ба ҳам ёрӣ мерасонанд.
Занҳои онҳо оқила буда, оид ба беҳаёгӣ байни онҳо чизе нашунидаам, лекин баъзан вақт ин занҳо ба таври шӯхӣ бисёр алфози қабеҳ ва ғайришаръиро ба забон меоранд. Нофаҳмӣ байни онҳо ё кам рӯй медиҳад ё умуман рух намедиҳад. Бо вуҷуди он, ки хеле маст мешаванд, лекин суханпардозӣ ва ҷанҷол намекунанд(аз саҳифаҳои таърих хуб ба мушоҳида мерасад, ки ин мардум дар он замон шаробхори гузарое будаанд-шарҳи Варқаи Зайниддин).
Дар бораи хулқи хуби муғулҳо навиштем. Ҳоло бошад, оид ба амалҳои бади онҳо мегӯем.
Онҳо дар қиёс бо дигар халқҳо калонфахр буда, нисбати дигар халқҳо нотавонбинӣ мекунанд. Ба замми ин мардум, ҳалқҳои дигарро ҳатто шоҳону олимонро низ эҳтироме нагузошта, ба чизе баробар намекунанд. Маҳз ҳамин рафтори беандешаи онҳоро дар кушки хоқон, ки онҷо марди машҳур¸ князи бузурги Руссия, ҳамчунин писари шоҳ ва шоҳзодахонуми Гурҷистон ва дигар султонҳои бузург, шоҳони дигар халқҳо қарор доштанду аз тарафи онҳо ягон ҳурмату ифтихореро надида, ҳамчунин муғулҳои ба ин сафирон чун дастёр вобаста карда шуда, дар кӯшк аз пеш истода, он ашхоси машҳур аз қафои онҳо ҷой ёфта буданд ба хуби мушоҳида кардем.
Нисбати халқҳои дигар ин мардум адовати бисёр ва бадбинии амиқу ҳасудии зиёде доранд. Онҳо нисбати дигар халқҳо, мардуми аз ҳама дурӯғгӯй маҳсуб меёбанд. Аз онҳо ягон сухани ҳақиқӣ шунида намешавад. Ин мардум бисёр сангдил ва фиребгаранд. Агар тавонанд ҳамаро бо ҳилла ҳал мекунанд. Ин халқ халқи бисёр ифлос аст.
Онҳо хӯрокро ҳангоме, ки ба дигар корхои худ машғуланд, тановул мекунанд. Онҳо чӣ бадиеро, ки нисбати касе кардан мехоҳанд ба таври ҳайратовар амалисозии онро пинҳон медоранд. То ӯ аз ин кор дарак наёбаду барои ҳимояи худ чорае набинад, ё ин ки муқобили ҳиллаи онҳо воситаеро ба кор набарад. Бадмастӣ байни ин мардум ифтихор ҳисоб меёбад ва вақте, ки касе зиёд менӯшад ва он ҷо қай мекунад, ӯро барои ин кораш ва боз барои дигарбора нӯшидан манъ намекунанд (мастӣ ва дар пайи он расвоӣ байни ин мардум ягон кирдори баде ҳисоб намеёфт ва баръакс боиси тараҳҳуми ҷомеъаи боданӯшони муғул мегардид-шарҳи Варқаи Зайниддин).
Онҳо бисёр маккор ва хасис ҳастанд, устодони моҳири талбандае ҳастанд, лекин нисбати порадеҳҳони худ бошанд, бисёр мумсик буда, онҳоро маҳкам медоранд. Куштори халқҳои дигар барои онҳо ҳеҷ чизе ҳисоб намеёбад. Дар ин хусус мухтасар фикри худро баён дошта, иброз медорам, ки тамоми хулқи аблаҳонаи муғулҳоро дар муҳити паҳнгаштаи онҳо навиштан бисёр маҳол аст.
Дар бораи хӯроки онҳо:
Хӯроки онҳоро ҳама чизе, ки хоида мешавад, ташкил медиҳад.
Алалхусус онҳо саг, гург, асп, рӯбоҳ ва дар ҳолати зарурӣ гӯшти одамро низ мехӯранд.
Аз ин ҷост, ки вақте ки онҳо дар муқобили як шаҳри Чин меҷангиданд ва ба онҷо императорашон рафта буду онро ба муҳлати тӯлонӣ ба муҳосира гирифтанд, маводи хӯрокаи муғулҳо ба итмом расида, барои истеъмол чизе намонда буд, онҳо аз ҳисоби даҳ нафар як нафар одамро ҷудо карда, сар зада гӯшти ӯро нӯши ҷон мекарданд. Ҳамчунин пардаи бо тойча баромадаро баъди зоиданаш чун хӯрок истифода мебаранд. Гузашта аз ин мо дидем, ки ин мардум ҳар гуна кирмҳоро низ мехӯранд ва мегӯянд: «Наход ман ин кирмро нахӯрам, дар ҳоле, ки онҳо гӯшти писарамро хӯрда, хунашро хоҳанд макид?!»
Мо дидем, ки онҳо чи гуна мушҳоро дошта, истеъмол мекунанд. Дастархон ва дастпоккунак надоранд. Нон, сабзавот ва мевагӣ надоранд, ғайр аз гӯшт ва онро низ он гуна кам истеъмол мекунанд, ки дигар халқҳо бо чунин истеъмол бо душвори зиндагӣ хоҳанд кард.
Онҳо дастонашонро аз гӯшт бо равған зиёд ифлос мекунанд.
Баъзан нафарони каме фаросат доштаашон бошад, баъди таом дасташонро асосан бо порачаи либос ё матоъи дар дасташон буда пок менамоянд. Гӯштро яке аз онҳо майда карда мебурад, дигаре бо кордчаи тез пораҳои гӯштро гирифта ба яке пораи калону ба дигаре пораи хурдтар тақсим мекунад. Тақсими пораи хурду калон барои он аст, ки агар касеро гӯё ҳурмат кунанд пораи калон насибаш мегардад.
Зарфҳоро онҳо намешӯянд, агар шӯянд ҳам боз онҳоро бо пасмондаи хӯрок ба сатили зарфшӯӣ меандозанд. Бо қошуқу дигар зарфҳо низ баъди хӯрокхӯрӣ ҳамин гуна рафтор мекунанд. Занҳои муғул ба даҳонашон об гирифта, онро аз даҳон пош дода, ҳамин тавр дастонашонро гуё мешӯянд.
Онҳо гуноҳи бузург медонанд агар таоми дода ё нӯшокӣ нобуд шавад. Барои ҳамин устухонҳоро ба сагон надода, мағзи онро мемаканд. Либосҳои худро низ онҳо намешӯянд ва барои шустан низ намедиҳанд, махсусан вақте, ки раъду барқ бошад, то он замоне, ки он қатъ нашавад (бояд қайд намуд, тибқи асотири қадимаи муғулҳо раъду барқ ин як даҳшату қаҳру ғазаби Тангри ба ҳисоб мерафт ва бесабаб нест, ки аз ин ҳодисаи табиат Чингизхон низ сахт метарсид-шарҳи Варқаи Зайниддин).
Шири аспро агар дошта бошанд бо миқдори зиёд менӯшанд, ҳамчунин шири гӯсфанд, гов ва уштурро низ онҳо истифода менамоянд. Шароб, оби ҷав ва асал онҳо надоранд. Зимистон ҳатто шири аспро агар сарватманд набошанд надоранд.Онҳо ҳамчунин обро бо равған омезиш дода ҷушонда менӯшанд.
Ҳар кадоми онҳо рӯзона, пагоҳӣ, як коса ё ду коса обҷӯш нӯшида, рӯзона дигар чизе намехӯранд, бегоҳӣ бошад ба ҳар кадомашон камтар гӯшт дода мешавад ва онҳо оби гӯштро менӯшанд.
Тобистон бошад, онҳо миқдори зиёди шири байтал доранд, агар тасодуфан ба онҳо гӯштро тақдим накунанд, ё дар шикор ягон ҳайвон ё паррандаро шикор накунанд истеъмоли он камтар аст.
Ҷованни Плано
Карпини «Таърихи муғулҳо»
Чопи Москва, «Мысль» – 1997.
Карпини, сайёҳи итолиявӣ, солҳои 1245-1247 ба бошишгоҳи хони муғул сафар кардааст.
Ӯ бо супориши махсуси Папаи Рим чун сафири расмии Ватикан ба бошишгоҳи набераи Чингизхон – Ботухон омада, аз онҷо ӯро ба пойтахти муғулҳо ба Қароқурум ба назди Гуйюкхон фиристоданд.
Мақсад як чиз буд, – барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ, муайян кардани мақсади муғулҳо оиди ҳуҷум ба Аврупо ва агар шавад, созмони иттифоқ дар мубориза бо муқобили мусулмонҳо. Бояд гуфт, ки ин хатогии Папаҳои Рим ва сиёсатмадорони яқ қисми давлатҳои Аврупои он замон низ буд. Ба ҷои ташкил намудани як блоки муттаҳидаи кишварҳои дини иброҳимӣ дошта (кишварҳои барои он замон хело пешрафтаи ҷаҳон-кишварҳои мусулмонӣ ва насоро аз аввалин ҳуҷумҳои Чингизхони алайҳилаъна ва дигар ворисонаш дар андешаи зиёдтар расонидани зарар дар нисбати кишварҳои исломӣ буданд ва ин амал ҷаҳони муттамаддинро барои садсолаҳо сӯхт ва пешравию фановарии мардуми ҷаҳонро ба андешаи банда барои 500 сол қафо партофт – шарҳи Варқаи Зайниддин).
Аз русӣ тарҷумаи Варқаи ЗАЙНИДДИН