Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар 17 соли охир ба 2 ҳазору 269 омӯзгори ҷавон қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дода шудааст. Дар ин бора сардори Раёсати маорифи вилоят Зиёдулло Абдулозода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Номбурда афзуд, ки танҳо дар соли 2024-ум 61 омӯзгори ҷавони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз имтиёзҳо бархурдор шуданд.
Дар маҷмуъ 3212 омӯзгори ҷавони вилоят соҳиби имтиёз гардиданд, аз ин 189 нафар соҳиби замини полезӣ ва 754 омӯзгори дигар соҳиби қарзҳои имтиёзнок гардидаанд.
Блоки рекламавӣ