Аз 17-уми июли соли 2020, ҳафт моҳ аст, ки дар ютубканали “Замонавӣ медиа” силсилафилми наве бо номи “Ишқ, пул, #Душанбе” ба корфармоёни тоҷики ин шабака пешниҳод мешавад ва аз омори ин саҳифа маълум аст, ки нафарони зиёде онро тамошо мекунанд.
Қаҳрамонҳо киҳоянд?
Дар силсилафилм нақшҳои асосиро Шоҳрух (Набиҷон Пирматов коргардон, ҳунарпеша), Қурбон (Шуҷоат Ҷалолиддинов, ҳунарпеша), Рияна (Амина Ҳафизова), падари Шоҳрух ва Қурбон (Ғаниҷон Олимов, ҳунарпеша), дӯсти Шоҳрух Ҷомӣ-Ҷонӣ (блогер Рафаэл Гулов), Карашма (блогер Сабринаи Назрӣ), Беҳрӯз (Беҳрӯз Насриддинов, ровии радио), Сардор (шоумен Беҳрӯз Зеваров), Мубориз (Мубориз Усмонов, ровии радио), ҳамсинфи Шоҳрух Чорш (Чоршанбе Аловатов, овозхон), Мадина (Марям), модари Мадина (Моҳпайкар Ёрова, ҳунарпеша) ва падари Рияна (Абдулмӯъмин Шарифӣ, ҳунарпеша) бозӣ мекунанд. Дар мавсими аввал ва қисме аз мавсими дуюм, чуноне маълум гашт, аксари нақшҳоро блогерон, шоуменҳо ва овозхонҳо меофариданд, ки ҳирфаӣ набуданд. Аз ин хотир дар нақшҳои Карашма, Беҳрӯз, Чорш, Мубориз ва Сардор, ки намояндагони дигар касбу кор ҳастанд, тасвири воқеият кам ба назар мерасад. Ҳамчунин дар филм ҷой доштани нақшҳои Сардор, Лейла, дояи Карашма ва духтараш зиёдатӣ ба назар мерасанд.
4 дар 1, ё чаро Набиҷон кори чор нафарро иҷро мекунад?
Дар силсилафилм муаллифи ссенария, коргардон, продюсер ва офарандаи нақши асосӣ Набиҷон Пирматов мебошад. Аз ин хотир дар филм фақат андеша ва хоҳишҳои як нафар ва тарғиби идеяҳояш дида мешавад. Ӯ, ҳарчанд дар соҳаи филмофарӣ таҳсил накардаааст, аммо бо офаридани чанд филм, ба монанди “Арӯси замонавӣ” (соли 2015), “Аз ман марав” (соли 2015), “Ҷавонони замонавӣ” (соли 2017) ва “Домоди замонавӣ” (соли 2018), машҳур гаштааст ва ин ба ӯ имкон медиҳад, ки тамошобинонро ба осонӣ ба дидани филми худ ҷалб кунад. Албатта, аз як ҷиҳат метавон гуфт, ки Набиҷон нақшашро дар филм хуб меофарад ва коргардони хуб ҳам ҳаст, вале ӯ ин маҳоратҳои худро дар филми охираш истифода накардааст.
Чаро қаҳрамонҳо зуд-зуд иваз мешаванд?
Дар силсилафилм аз чӣ сабаб бошад, ки қаҳрамонҳи зуд-зуд гум ва баъзан пайдо мешаванд. Мақсади муаллиф аз иваз кардану норӯшан мондани зиндагии баъдинаи қаҳрамонҳояш ба хотири рӯнамоӣ карданӣ чеҳраҳои нав аст, ё чизи дигар, маълум нест. Дар мавсими сеюм, ки қисмҳои 21 ва 22 ба тамошобинон пешкаш шудааст, шумораи ҳунармандон кам гашта, саҳнаҳо ҳаҷман дақиқаҳои зиёдро дарбар мегиранд. Дар ҳоле, ки агар силсилафилм 20 ё 25 дақиқаро дарбар гирад, бояд баъди ҳар даҳ дақиқа як ҳодиса, дигаргунӣ, эпизод ва чанд лаҳза дошта бошад.
Мушкил ва норасоиҳои филм
Филм ба худ хусусиятҳои аҷиб дорад. Бинанда дар аввал аз тамошои ин филм хеле дилтанг мешавад, чунки муаллифи он аз ҳодисаҳои воқеии зиндагӣ хело дур рафтааст. Дар баъзе мавридҳо як сухани гуфтаи қаҳрамони филм ба амалу рафторҳои баъдинаашон мувофиқат намекунад. Масалан, мо филмро бо дидани он шурӯъ мекунем, ки қаҳрамони филм ҳангоми варзиши пагоҳирӯзӣ дар бораи худаш маълумот дода, махсус қайд мекунад, ки ӯ вақти зиёдашро ба хоб сарф накарда, саҳар барвақт мехезад, аммо дар қисмҳои 7, 8 қаҳрамони филм дар ҳолати танбалона дер аз хоб мехезад, ки ин мантиқан ба суханони дар аввал гуфтааш рост намеояд. Дар баробари ин воҳима кардан ва ҳаракатҳои ноҷои қаҳрамон дар қисмҳои якум ва дуюми филм метавонад боварию эҳтироми бинандандаро нисбати қаҳрамони филм коста гардонад. Дар филм чунин ба назар мерасад, ки пайдо кардани пул барои баъзеҳо хеле осон буда, сарватмандон ҳам хеле зиёд ҳастанд. Ҳамчунин, дар филм бисёр таблиғ дида мешавад. Таблиғи ноҷо ва махсусан барои пул, ки ҳатто баъзан саҳнаҳо ба ҳамдигар намечаспанд.
…, аммо чаро тамошобинони зиёд дорад?
Қисми сербинандатарини ин силсилафилм, қисми якумаш аст, ки шумораи бинандагони он ба 431 523 (5.3 ҳазор писанд ва 467 шикоят) нафар мерасад. Шояд сабаб дар он бошад, ки ин қисм дар ютубканал муддати зиёд мондааст ва ё шояд баъзе аз бинандагон баъди тамошои қисми аввал майли тамошои дигар қисмҳои онро надоштаанд.
Дар баробари ин ҳама филм тавонистааст, ки бинандагони худро дошта бошад, гарчанд бо гузашти ду мавсим то ҳол дар он мақсад ва ҳадафи ягона дида намешавад. Худи Набиҷон Пирматов дар мусоҳибааш бо Мубориз Усмонов мегӯяд, ки силсилафилм сенарияи асосии пешакӣ надорад ва идеяҳои он дар рафти филм пайдо мешаванд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки муаллиф ҳар лаҳзаи филмро пеш аз он, ки ба навор гирад дар қисмҳои пешина чи рух дода буд, ба назар гирад. Масалан, аз қисмҳои пештара ҳангоми суҳбатҳо Қурбон падари Нушофаринро муаллим гуфта, аз ҳолаш мепурсад, вале дар қисми 21-ум муаллиф ӯро ба қассоб табдил медиҳад. Ин худ маънои онро дорад, ки муаллиф ҳама чизро хуб ба назар намегирад. Сабаб дар он аст, ки муаллиф аудиторияи худро аз ютуб интихоб кардааст ва медонад, ки бинандагони ютубканал ба ин чизҳо хуб аҳамият намедиҳанд.
Ҳамин тавр давом кунад, чӣ мешавад?
Агар силсилафилм ҳамин хел давом ёбад, бинандагон аз тамошои он фоидае намебинанд ва суханҳои Набиҷон Пирматов, ки “ман дар оянда барои рушди синамои тоҷик кӯшиш мекунам” (ҳам дар сӯҳбат бо Лайф-радио ва ҳам бо Мубориз Усмонов) гуфта буд, зери суол меравад. Филми тоҷик ҳамчун таблиғи рӯирост ва манбаи асосии пешбурди тиҷорат гашта, аз муаррифии анъанаю суннатҳои мардуми кишвар ва тарзи зисту зиндагонии онҳо чизе намемонад.
Сарвинози Сайдалӣ,
донишҷӯи ДМТ