Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз куҳантарин муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ буда, таърихи бою ғанӣ дорад. Гузориши мо аз ин даргоҳи илму маърифат рӯзе оғоз шуд, ки маъмурияти коллеҷ дар якҷоягӣ бо устодону донишҷӯён 55-солагии фаъолияти эҷодии яке аз хатмкунандагони шинохтаи ин муассиса, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, раиси бахши хатлонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҳақназар Ғоибро ҷашн мегирифтанд. Воқеан, ин даргоҳ даргоҳи муқаддасест, ки чандин нафар шахсиятҳои бузургеро чун Ҳақназар Ғоиб ба воя расонида, обрӯи муассисаро на танҳо дар минтақа, балки дар кулли ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳам баланд бардоштааст.
Имрӯз коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо номи узви вобастаи АИ Тоҷикистон, профессор Соҳиб Табаров, академик Самариддин Каримов, профессорон Саймуҳаммад Одинаев, Худойназар Асозода, Раҳимҷон Саидов, Абдукарим Ҳалимов, Раҳматулло Акбаров, Абдукибор Гадозода, Каримҷон Қодиров, номзадҳои илм Аҳмад Алиев, Барот Нозимов, Борон Файзиев, Қодир Рустамов, Барот Латифов, ходимони намоёни давлатӣ Низорамо Зарифова, Бозгул Додхудоева, Мирзо Бекматов, Султон Мирзошоев, адибону ҳунармандон Шараф Шароф, Ҳақназар Ғоиб, Муҳаммад Ғоиб, Азизулло Авзалов, Салими Хатлонӣ, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Муқим Салимов ва дигарон ифтихор дорад, ки эшон номи муассисаи худро ба қуллаҳои баланди мурод расондаанд. Дар радифи ин бузургон метавон аз устодони зиёде ёдовар шуд, ки бештари фаъолияти худро сарфи хидмати ин муассисаи куҳанбунёд намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Нусратулло Неъматов, Соҷидамо Аккалаева, Абдукарим Ҳалимов, Тобусбӣ Ахмедова, Арӯс Абдураҳмонова, Фарҳод Шафизода, Қурбонбӣ Ҳамроева, Акрамхон Мираков ва дигарон дар ин боргоҳи маърифат хидмати шоиставу сазовор кардаанд.
Назаре ба таърих
Моҳи октябри соли 1931 нахустин маротиба дар шаҳри Кӯлоб курси педагогӣ таъсис дода шуд. Баъдан, 28 ноябри соли 1934 курси педагогӣ ба техникуми педагогӣ, 5 июли соли 1935 техникуми педагогӣ ба комбинати педагогӣ мубаддал гашт. Соли 1938 комбинати педагогӣ номи Омӯзишгоҳи омӯзгориро гирифт. Бо Қарори ҲҶТ аз 1 июли соли 1999 таҳти №262 ва Фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.08.1999 таҳти №449 Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ табдил дода шуд.
Бояд зикр кард, ки соли 1936 дар заминаи маҳфили ҳаваскорони санъати ин муассисаи таълимӣ Театри вилоятии мазҳака-мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб таъсис ёфтааст.
Муассисаи мазкур дар минтақаи Кӯлоб он вақтҳо аввалин муассисае буд, ки барои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мутахассис тайёр мекард. Ин маркази илмиву таълимӣ аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ тарбияи маънавии ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардуми ҷануби Тоҷикистони азизамонро вазифаи муқаддас ва рисолати таърихии худ медонист. Ба ин хотир, аз оғози амри таъсиси он устодони ин боргоҳи илму маърифат кӯшиш бар он доштанд, ки дар заминаи тарбияи мутахассисони баландпоя раванди инқилоби мадании ҷануби Тоҷикистонро суръат бахшанд.
Дар тӯли 87 соли фаъолияти хеш ин махзани илму ирфонро шумораи зиёди донишҷӯён бомуваффақият хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни илм, маориф маданият ва ғайра кору фаъолият карда, ба мартабаҳои баланди илмӣ мушарраф шудаанд. Тайи ин солҳо муассисаи мазкур на танҳо ҳамчун маркази асосии тарбияи мутахассисони таҳсилоти ибтидоӣ маъруф гардид, балки як зумра дастпарварони он ҳамчун олимону донишмандони номӣ, ҳунармандону адибони барҷаста, омӯзгорони шинохтаи ҷумҳурӣ тавонистанд симои ҳақиқии ин махзани илму ирфонро дар Тоҷикистон ва берун аз он дар беҳтарин ваҷҳ муаррифӣ намоянд.
Факултетҳо ва ихтисосҳо
То ба коллеҷ табдил ёфтан омӯзишгоҳ ҳамагӣ аз рӯйи 2 ихтисос – муаллими синфҳои ибтидоӣ ва мураббии боғчаи бачагона муаллим тайёр мекард, ҳоло дар муассиса 2 факултет-гуманитарӣ ва табиатшиносӣ амал мекунад, ки аз рӯйи 8 ихтисос донишҷӯёнро ба таҳсил фаро гирифтааст.
Ихтисосҳои факултети гуманитарӣ:
2-020301 – забон ва адабиёти тоҷик
2-020302 – забон ва адабиёти рус (барои мактабҳои миллӣ)
2-020306 – забони англисӣ
Факултети табиатшиносӣ:
2-010100 – математика,
2-010201 – таҳсилоти ибтидоӣ,
2-010101 – таҳсилоти томактабӣ
2-400101 – таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ
2-020101 – таърих
Ҳамаи ихтисосҳои мазкур бозоргир буда, хатмкунандагон баъд аз хатми коллеҷ ба муассисаҳои таълимӣ ба кор фаро гирифта мешаванд ва онҳо метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба сифати омӯзгор фаъолият намоянд.
Синфхонаҳои муосир
Муассиса дорои 103 адад компютер, 24 адад принтер, 9 адад воситаи нусхабардорӣ, 7 адад проектор, 4 адад тахтаи электронӣ, 1 адад крайнштейн мебошад. Факултетҳо, шуъбаҳо, кафедраҳо пурра бо компютер ва принтер таъминанд. Дар коллеҷ 3 синфхонаи бо асбобҳои аёнии муосир муҷаҳҳазгардонидашуда, 2 синфхонаи компютерӣ бо шумораи 11 ададӣ компютерҳо, 2 синфхона барои қабули имтиҳонҳо (маркази тестӣ), китобхонаи электронӣ, кабинетҳои фанни расм, таълими меҳнат, физика, мусиқӣ, майдончаи варзишӣ, толори хурди варзишии теннис ва шоҳмот фаъолият менамоянд.
Дарсҳои амалӣ дар синфхонаҳо ва кабинетҳои фаннӣ гузаронида мешаванд. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар асоси шартнома бо раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида мешавад. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 шаҳри Кӯлоб аз ҷониби коллеҷ кафедраи педагогика ва методикаи таълими фанҳои хусусӣ таъсис дода шудааст, ки ба таҷрибаомӯзон ёрии методӣ мерасонад.
Васеъшавии доираи фаъолияти коллеҷ
Соли 1999 дар ҳаёти омӯзишгоҳ воқеаи муҳимми таърихӣ ба вуқуъ пайваст. Табдили мақоми омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ба коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб имкон дод, ки доираи фаъолияти ин маркази илмию таълимӣ васеъ гардида, талабот ба раванди таълиму тарбия суръати куллии худро дигаргун намояд. Дар робита ба ин дигаргунсозии сохторӣ таваҷҷуҳ ба ихтисосҳои мавҷуда ва такмили сифати таълиму тарбия дар фаъолияти коллеҷ афзалият пайдо намуд. Коллеҷ вазифаи муҳим-тарбияи мутахассисон барои ихтисосҳои омӯзгориро ҳадафи фаъолияти худ қарор дода, ба раванди таълим беҳтарин олимону омӯзгоронро ҷалб намудааст.
Имрӯз дар коллеҷи омӯзгорӣ ҳамагӣ 180 нафар корманд, фаъолият менамояд. Аз инҳо 129 нафар омӯзгорон буда, 10 нафарашон ҳамкоронанд. Аз инҳо 12 номзади илм, 1 нафар доктор, профессор, 12 нафар аълочиёни маориф, 2 нафар Корманди шоистаи ҶТ, 1 нафар дорои Ифтихорномаи ҶТ мебошанд.
Шумораи донишҷӯён ҳамагӣ 2695 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин миқдор 2222 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Дар шуъбаи рӯзона 1083 нафар, дар шуъбаи ғоибона 1004 нафар ва дар гуруҳҳои мақсаднок 608 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҷалби духтарон аз ҷониби муассисаи таълимӣ бо ҳадафи иҷрои сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ба таҳсил фаро гирифтани духтарон ҳамаҷониба пазироӣ мегардад.
Тадқиқотҳои илмӣ
Марҳалаи кунунии инкишофи Тоҷикистон аз устодону омӯзгорон саҳми бештареро дар ҳалли масоили мухталифи иқтисодиву маънавии кишвар тақозо дорад. Барои ҷавобгӯ будан ба талаботи замон зарур аст, ки мактабҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олӣ дар баробари он ки боргоҳи таълиму тарбия ҳастанд, марказҳои бонуфузи илмӣ низ бошанд. Дар шаҳри Кӯлоб низ барои тавсияи нақшу нуфузи донишкадаҳо дар пешбурди риштаҳои гуногуни илм замина ва имконоти зарурӣ мавҷуданд. Дар ин замина тӯли солҳои охир ҷустуҷӯи шаклҳои муфиду самарабахши гузориши тадқиқоти илмӣ дар коллеҷ сурат гирифт ва самараи аввалини он падидор омад. Се нафар омӯзгорони коллеҷ Шафизода Фарҳод, Латифов Барот рисолаҳои номзадӣ ва Ҳалимов Абдукарим (руҳаш шод бод) рисолаи доктории хешро дифоъ намуданд. Омӯзгорон Сабзаали Раҷаб, Чоршанбиева Зайнабхон, Мирзоев Ҷумахон, Раҳимов Абулқосим, Мавлонов Нурмамед, Шарифов Шуҳрат, Гулямов Ҳайдар дар арафаи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ қарор доранд.
Омӯзгорони коллеҷ донишу малакаи худро ҳарчӣ бештар барои такмили вазъи таълиму тарбия харҷ намуда, кӯшиш намуда истодаанд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари маҳбубамон ба дастовардҳои нав ба нави илмиву таълимӣ ноил шаванд.
Китобхона
Дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ китобхона ва қироатхона амал мекунад, ки талаботи донишҷӯён ва омӯзгоронро то андозае қонеъ мегардонад. Миқдори умумии китобҳо 20681 ададро ташкил медиҳанд. Аз инҳо 1950 адад китобҳои тахассусӣ, 4850 адад китобҳои умумитаълимӣ, 2881 адад китобҳои бадеӣ, 8500 адад китобҳои методӣ, 2500 адад китобҳои сиёсӣ мебошанд. Китобхона дорои 5 адад компютер, 1 адад принтер буда, ба хати интернет пайваст аст ва китобхонаи электронӣ низ фаъолият менамояд.
Хобгоҳ
Хобгоҳи коллеҷ аз 4 ошёна иборат буда, дар назди биноҳои таълимии муассиса воқеъ аст. Дар ошёнаи якум писарҳо, дар се ошёнаи дигар духтарҳо истиқомат мекунанд. Шумораи умумии донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда 320 нафарро ташкил медиҳад. Аз инҳо 227 нафарашон духтарон мебошанд.
Дар хобгоҳ 4 қироатхона, 4 ҷойи хӯрокпазӣ мавҷуд буда, донишҷӯён зери назорати доимии маъмурият ва мураббияҳои хобгоҳ қарор доранд.
Дастовардҳои коллеҷ дар соли 2018
Бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оила ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, ҳифз ва нигоҳ доштани беҳтарин анъана ва суннатҳои миллӣ дар бахши хонаводагӣ ва кадбонугӣ, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ, шиносоӣ бо таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ ва умумибашарӣ, бузургдошти назокат, ободии хонадон ва зебоипарастӣ, баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон, ҳавасмандгардонӣ ва муаррифии ҷавондухтарони ҳунарманду соҳибистеъдод санаи 13.02.2018 озмуни шаҳрии «Зан-олиҳаи ҳунар» миёни донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, коллеҷҳои тиббию омӯзгорӣ, литсейи касбии техникӣ, раёсати маориф ва ҳамоҳангсозии соҳаи тандурустӣ баргузор гардид. Озмуни мазкур аз даҳ шарт иборат буд. Донишҷӯдухтарони коллеҷи омӯзгорӣ дар ҳамаи бахшҳо иштирок намуда, дар бахшҳои «Гул мондан дар матоъ» Шовализода Д. – донишҷӯи гуруҳи 202 ихтисоси забони англисӣ, «Чакандӯзӣ дар матоъ» -донишҷӯи гуруҳи 101 ихтисоси таърих Қурбонбии Аҳмадшо ва «Ороиши мӯйи сар» – донишҷӯи гуруҳи 102 ихтисоси забон ва адабиёти рус Саъдуллозода Наргис ҷойҳои аввалро ишғол намуда, бо дипломи Ҳукумати шаҳри Кӯлоб ва ифтихорномаи коллеҷ сарфароз гардонида шуданд.
Дар санаи 3-юми марти соли 2018 бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бахшида ба «Рӯзи Модар» ва эълон гардидани соли 2018-«Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Фестивали ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Суруди Модар-Алла» дар толори коллеҷи омӯзгорӣ баргузор гардида, дар ин фестивал-озмун Нимонова Навбаҳор донишҷӯи гуруҳи 101 ихтисоси таърихи факултети табиатшиносӣ сазовори ҷойи аввал гашт.
Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 9-10-уми марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид. Донишҷӯи гуруҳи 102 ихтисоси таҳсилоти томактабӣ Ҳабибаи Амиралӣ дар намуди «Дастхобонӣ» байни калонсолон иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид. Ҳабибаи Амиралӣ бо дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҲҶТ ва аз тарафи маъмурияти коллеҷ бо туҳфаи пулӣ қадрдонӣ гардид.
Аз 03.05 то 05.05 соли 2018 дар шаҳри Кӯлоб марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазнбардорӣ баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи варзишӣ донишҷӯи бахши аввал, ихтисоси математика, факултети табиатшиносӣ Исмонова Натиҷа фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал гашт.
Барои дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ санаи 5-уми сентябри соли равон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб озмуни «Сурудхони беҳтарин» байни муассисаҳои миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ гузаронида шуд. Дар ин озмун донишҷӯёни коллеҷи омӯзгорӣ Абдуллоев Бахтовар ва Нимонова Навбаҳор иштирок намуданд. Донишҷӯ Нимонова Навбаҳор бо гирифтани холи баланд сазовори ҷойи аввал гашт.
Ба ҷойи хулоса
Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дарахти маърифатест, ки дар шохаҳои он-тахассусҳои ҷудогона меваҳои ширину пурбори маърифат ҷой гирифтааст ва дар радифи дигар мактабҳои миёнаю олии касбии кишварамон рисолати худро дар ҳамин поя шинохтааст ва аз ҳамин пойгоҳ самтҳои фаъолияти илмиву таълимии хешро муайян кардааст. Боварӣ ҳаст, ки ин боргоҳи илму маърифат рисолати таърихии хешро идома дода, минбаъд низ барои соҳаи маорифи кишвар хизматҳои арзанда хоҳад кард. Мо ба ин итминон дорем. Зеро директори коллеҷ, номзади илмҳои филологӣ, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон Фарҳод Шафизода дар суҳбат бо мо чунин итминонро дода, гуфтанд: – «Ин даргоҳе, ки ман роҳбарӣ мекунам, барои ман азизу муқаддас аст. Чунки маҳз меҳри омӯзгорӣ аз ин даргоҳ аз дарсҳои устодони таҷрибадор чун Соат Чалишев, Барот Нозимов, Соҷидамо Аккалаева, Аҳмад Алиев, Кимиё Латифова, Майрамбӣ Набиева ҷой гирифт. Кӯшиш ва нерӯи созандаи хешро бо аҳли коллектив баҳри тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ равона менамоем, то тавонем саҳми арзандаи хешро дар ободию шукуфоии Ватани азиз гузорем ва машъалафрӯзи миллати хеш ва ин даргоҳи муқаддас бошем».
Марҳамат, ба Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ! Рамзи коллеҷ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 504 аст.
«МТЖТ»