Оғоз аз соли 1960 то инҷониб дар санъати (дикламаторӣ) хониши ифоданок ва иҷрокунандагӣ саҳми ҳунарпешаи Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Артисти халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Маҳмудҷон Воҳидов равшан ба чашм мерасад. Маҳмудҷон Воҳидов аз соли 1960 то соли 1970 санъати хониши ифоданок ва иҷрокунандагии тоҷикро  ривоҷдода, ба зинаҳои  баланд баровард. Ӯ дар асоси ба ҳам омезиш додани хусусиятҳои хоси санъати иҷрокунандагии гузаштагони форсу тоҷик ва русро омӯзиш дода, бо маҳорати хуби ҳунарвариаш, тобишу таровати нав дар санъати театрии тоҷик ворид намуд. Устод Саъдулло Наимбоев дар китоби «Хониши ифоданок» чунин қайд мекунад: «Маҳмудҷон Воҳидов санъати иҷрокунандагиаш дар ду соҳа – актёрӣ ва декламаторӣ зоҳир шудааст». Бояд зикр намуд, ки Маҳмудҷон Воҳидов истеъдоди шеърхони декламаторӣ худро такмил дода, зина ба зина ба пояи баланди ҳунар расонд. Ӯ ҳангоми офаридани нақшҳои Незнамов («Гунаҳкорони бегуноҳ»), Митя («Камбағалӣ айб нест»), Воҳид ( «Духтари кӯҳистонӣ»), Ромео («Ромео  ва Ҷулиетта»), Бежан («Бежан ва Манижа»), Рӯдакӣ («Рӯдакӣ»), Эзоп («Рӯбоҳ ва ангур, Эзоп»), Хизирхон («Фарёди ишқ») кӯшидааст, ки гуфтору рафтор ва пиндораш ба фикру зикр ва эҳсосу ҳаяҷонҳои қаҳрамонаш мутобиқ бошад. Ӯ дар ин ҷода бо заҳматҳои касбӣ ва тамринҳои пайваста ба ҳадде муваффақ шуда буд, ки ҳангоми бозӣ, чунон ки нависанда Сорбон дар романи худ  – «Актёр» гуфтааст: «метавонист ба осонӣ Рӯдакӣ шавад, Эзоп шавад, Артур шавад, Отелло шавад, Ромео шавад. Умуман, ӯ метавонист, ки ҳама шавад».

Муяссар гаштани ҳунарпеша ба мартабаи баланди эҷодӣ дар он аст, ки ӯ дар рафти омодашавӣ, суботкорона барои жарфтар дарк кардани фикру эҳсос, тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва рафтору кирдори образро меомӯхт, то ки андешаву эҳсосҳояш ба андешаву эҳсосҳои қаҳрамони асар мувофиқат намояд.

Ҳунарманди нотакрори тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов дар театр нақши файласуф ва донишманди Юнони қадим Эзопи зиштсурату нексириштро офарид, ки писанди ҳамагон гардида буд. Ӯ ҳикояҳои донишманди Юнониро дар консертҳо қироат намуда, тамошобинонро ба инсондӯстӣ, озодию ободкорӣ, меҳанпарастию ҳамдигарфаҳмӣ, ишқи пок ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ даъват менамуд. Имрӯз ҳам аз радиои фарҳанг гоҳ – гоҳ пораҳои он сабтҳоро бо садои Маҳмудҷон Воҳидов манзури шунавандагон мегардонанд. Шунавандаи собиқадор овози Маҳмудҷонро, ки шунидаанд ба назди радио меоянду ӯро гӯш мекунанд, то лаҳзае фориғ аз ғаму ғусса гардаду аз овози ширини ӯ лаззат бубарад. Ин ҷо ба маврид аст, ки пораеро аз намоишнома орем, то ба жанри хониши бадеӣ равшанӣ бахшем:

«Ксанф – Акнун чӣ овардӣ?

Эзоп – Забон.

Ксанф- Боз забон? Магар ба ту нагуфта будам, ки барои меҳмони оликадри ман беҳтарин пиво биёрӣ? Барои чӣ фақат забон овардӣ? Мехоҳӣ маро шарманда намоӣ?

Эзоп -Чӣ чизбеҳтар аз забон шуда метавонад? Забон моро ба ҳам дигар муттаҳид мегардонад. Бидуни забон мо аз ифодаи мақсаду мароми хеш оҷиз будем. Забон калиди дониш ва силоҳи ҳақиқату хирад аст. Бо василаи забон шаҳрҳо ва қасрҳои бошукӯҳ месозанд. Мо тавассути забон ишқу муҳаббати хешро баён менамоем. Ба воситаи забон дарс меомӯзанд, ҳақро ба субут мерасонанд, панду насиҳат мегӯянд, ситоишу ибодат ба ҷо меоваранд, ҳарфе мефаҳмонанд, месароянд, исбот мекунанд, ва тасдиқу таъкид менамоянд. Ба воситаи забон вожаҳои «модар», «ёр» ва «парвардигор»-ро зикр мекунем. Мо ба воситаи забон «бале» мегӯем. Сипаҳбуд сарбозашро тавассути забон ба ғолибияту зафар раҳнамоӣ мекунад. Мо бо василаи забон назми дилнишину марғуби Ҳомерро месароем. Забон олами Эҳсилро эҳё мекунад ва каломи Демосфонро зинда мегардонад. Эй Ксанф, тамоми мамлакати Юнон: аз сутунҳои Парфинон то ҳайкалҳои Фидий аз худоҳои  Олимп то ривоятҳои Троя, аз қасидаҳои шоир то философҳои донишманд, хулоса, саросари Юнонистон тавассути забон офарида шудааст, василаи лаҳни зебо ва шевои Юнон, ки садояш дар давоми асрҳо дар тамоми ҷаҳон баланд шунида хоҳад шуд.

Ксанф- Офарин! Офарин, Эзоп! Сухани ҳақ гуфтӣ… Ту ҳақиқатан беҳтарин неъмати ҷаҳонро барои мо овардӣ. Боз ба базор рав, ин бор бадтарин чизро гирифта биёр… Ман ба хирадмандии ту боварӣ пайдо кардан мехоҳам…

(Эзоп пас аз муддате бо лаълии болопӯшидае вориди каср, хона мегардад).

***

Ксанф- Ҳо­ло ки чӣ будани беҳтарин чизи дунёро фаҳмидем, биё бубинем, ки ба фикри ин маъюби  зишт бадтарии  чизи  дунё  чӣ  будааст?

Эзоп -Забон?

Ксанф – Боз забон?… Эй кундфаҳм, магар худат нагуфта будӣ, ин забон  беҳтарин чизи дунёст? Магар боз шаллоқ хӯрдан мехоҳӣ?

Эзоп – Забон, ҷаноб, бадтарин чиз дар дунёст. Забон манбаи ҳамаи дасисаву балоҳост, оғози фитниву фасодҳо ва модари кулли баҳсу ҷанҷолҳост. Забонро шоирони беҳунар беҷо истифода бурда, озори гӯши мардум мешаванд. Файласуфоне, ки қобилияти тафаккур надоранд, забонбозӣ мекунанд. Забон дурӯғ мебофад, ҳақиқатро пинҳон месозад. Забон ғайбат мекунад, ба касон таҳқир меоварад ва буздилона пинҳон мешавад. Забон барои садақа пурсидан  ва гадоӣ кушода мешавад, забон ба мардум лаънату нафрин мегӯяд, аҷзу ҳақирӣ баён менамояд. Забон хашму ғазаб зоҳир месозад, туҳмат мекунад, мефурӯшад ҳиллаву найранг ба кор мебарад. Забон хиёнат мекунад, фасод меандозад. Ба воситаи 3абон мо мегӯем: «Бимир», ба воситаи забон  носазо мегӯем ва лафзҳои «бандаву ғулом»- ро ба кор мебарем. Мо ба воситаи забон «не» мегӯем. Олиҳа Ақил хашму  ғазаби худро ба воситаи забон ба кор бурд. Ксанф, ана барои чӣ забон бадтарин чизҳои дунёст, ки мо огаҳ ҳастем!».

Шунаванда ва тамошобин на танҳо ба хотири масалҳои шакарини Эзоп, балки ба хотири овози ширину гуворо ва махмалин доштани ҳунарпеша Маҳмудҷон Воҳидов, ба хотири пурра талаффуз кардани калимаҳо, дуруст гузоштани задаҳои мантиқӣ, дуруст кушодани маънии ҷумла ва порча, дуруст ифода намудани ҳадафи матн, аз рӯи мантиқ гузаштан аз як ҳолат ба ҳолати дигар, ки ба шунаванда таъсир мерасонаду ба фикр ғуттавар мегардонад, гӯш ва тамошо мекарданд. Дар порчаи якум ҳунарпеша ончунон бо меҳр ва муҳаббати беандоза дар бораи забон қироат менамояд, ки муҳаббати шунаванда ба забон меафзояд ва тассаввур мекунад, ки аз ҳама чизи хуб ин забон аст. Дар порчаи дуюм баракси онро мо мешунавем, ки нафрати шунаванда нисбат ба забон пайдо мегардад ва аз бадтарин чизҳои дунё меҳисобат. Ин ҷо ҳунарпеша гуфтаи яке аз олимони забардасти санъати театрии рус К. С. Станиславский «Я впредлагаемий обстаятельство» Ман дар ҳолати муқараршудаи қаҳрамонро бо маврид истифода намудааст. Дар ҳақиқат, гуфтаи ин ҳунарманди беҳамто ҳамин аст, ки шахси қироаткунанда матнро бояд моли худ намояд. Аз ин лиҳоз, ҳунарпеша масалҳои қаҳрамонашро моли худ намуда, эҳсосот ва самимияти ботинияшро ба фикр омехта карда, қироат менамуд, ки гӯё ин масалҳо эҷоди худаш буд ва аз вуҷудаш садо медод. Ҳунарпеша ҳар як масалро бо тарзи хоси ҳунариаш ва мувофиқи мақсади масал қироат менамуд, ки ба шунаванда таъсир мерасонду маънӣ ва ифодаҳо ранго-ранг мегардид, тамошобин ва ё шунаванда онро дарҳол дарк мекард ва хулосабарорӣ менамуд.

Ҷиҳати дигари санъати иҷрокунандагии актёр Маҳмудҷон Воҳидов хониши бадеӣ буд. Ӯ баъди мутоилаи асарҳои тадқиқотии олимон ва донишмандонӣ соҳаи санъат, ки шавқангез будани намудҳои театри суннатии тоҷиконро исбот намуданду моҳияти онро нисбати ин мероси ганҷинаи бадеӣ қайд намудаанд ба худ хулосабарори намуд, ки бояд аз санъати хониши ифоданок ба санъати хониши бадеӣ гузашта онро аз нав эҳё намояд. Донишманди маъруф Низом Нурҷонов чунин қайд менамоянд: «Театри суннатии тоҷикон театри пантамима, театри рақс, театри мусиқии мардумӣ, театри суруд, театри сухану фикру эҳсос, театри лӯхтак, театри масхарабозҳоро дар бар мегирифт. Ҳар яке аз онҳо дорои чандин намуди гуногун, услуб, василаҳои тасвири хос буда, ҳама якҷоя манзараи хушобуранги театриро ба вуҷуд оварданд».

Дар ҳақиқат дуруст аст, ки шакли театрҳо бо василаҳои тасвири хоси халқӣ инкишоф ёфта вазифаи худро дар назди ҷомеъа ба анҷом мерасонд. Аз ин лиҳоз, Маҳмудҷон Воҳидов дар вақти фаъолияти эҷодӣ ба худ вазифа гузошт, ки театри сухану фикру эҳсосро аз нав эҳё гардонад, ки дар он василаҳои театри касбӣ пурра истифода гарданд.

Дар ин театри сухану фикру эҳсос «маданияти нутқ, тобишҳои рангорангии сухан, тарзи бурро таллафуз кардани он, тавассути матн зоҳир намудани лаёқати драмавӣ, ба шунавандагон таъсир расонданро инкишоф дод».

Маҳмудҷон Воҳидов ба фарҳанги саҳна ва нутқ, тобишҳои рангорангии сухан,тарзи бурро таллафуз кардани калима, тавассути матн зоҳир намудани лаёқати ҳунармандиро нигоҳ дошта,дар ин соҳа театри шоиронаи андешаву гуфторро таъсис дод. Ӯ дар  асоси шеъру достонҳои шоирон моноспектаклҳои «Ватан ва фарзандон» – ро аз ашъори шоирони муоссири тоҷик, «Гуфтугӯ бо худ» аз рубоиёти Умари Хайём, «Ишқи зиндагӣ»-ро аз ғазалёти шаккарини Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ рӯи саҳна овард, ки ҳар як намоишаш равияи хоси бадеии худро дошт. Мувофиқи он равия ва мақсад, ҳунарпеша камбудиҳои замони худро вориди он намуд, ки тамошобинро  ба андеша ғуттавар гардонда, тобеъи вазифаи гузоштаи худ намояд.

Ҳунарпеша Маҳмудҷон Воҳидов жанри шеърхонии дар санъати тоҷик таърихи қадимадоштаро аз нав эҳё намуда, ба системаи имрӯзаи андешаву гуфтори К.С. Станиславский ворид гардонда, инкишоф дод. Ӯ бо овози ширину гуворои махмалини мусиқиомез ва бо фикру зикри пухта, фикри тамошобин ва шунавандаро ба мазмун ва лаҳни дилнавози  сухани навоомез ҷалб кард. «Дар мавриди шеърхонӣ овози ӯ ба қудрате ноил мешуд, ки хурдтарин эҳсосу ҳаяҷон ва шодиву ғамҳои инсониро ифода менамуд» Дар ҳақиқат, ин маъниро нависандаи маъруфи тоҷик  Фазлиддин Муҳаммадиев дар «Мах» ном қайдҳои сафариаш ин тавр баён кардааст: «Асари Абулқосим Фирдавсӣ. Тарҷумаи Илья Сельвинский. Гуфтор андар ҳаҷви Султон Маҳмуд.

Пас  аз чанд  лаҳзаи  таваққуф ба гуфтан шурӯъ кард. Зал хомӯш шуд. Баъди фосилае  гумон кардан  мумкин буд, ки мардум ҳатто нафаскаширо бас карданд. Дар зали калон, гирду атрофи он, гӯё дар ҳама олам фақат овози боиқтидор, овози ширадор, овози фораму хушоҳанги дӯсти мо ҳукумфармо буд. Ӯ дар ин асно гӯё як нафар актёри тоҷик не, вориси одии назми ҳазорсолаи форсу тоҷик не, балки фиристодаи худи шоири шаҳири тӯсӣ, садои тавонои аз тӯли садсолаҳо гузашта то ба имрӯз  расидаи ӯ буд, ки ҳусни ватан, корномаҳо, сидқу вафои аҳли  заҳмат ва аҳли набарди адолатҷӯёнаро ситоиш  кардааст ва бар зулму тааддии дунону бедодгарон нафрин  хондааст.

Маҳмудҷон ҳаҷвияро  мехонду зимни сатрҳое, ки шоир аз ниҳоди пасти султон ё аз ройгон рафтани умедҳои худ шиква мекард, овозаш меларзид. Он ҷое, ки овозаш меларзид, дили сомеон низ ғайриихтиёр такон мехӯрд. Ҳатто дили мо барин сомеон, ки ҳаҷвияро борҳо  хондаему гӯш кардаем.

Ин, бешак, муъҷизаи санъат буд.

Дар ҳақиқат дар вақти хондани шеър тани равони Маҳмудҷон ҳам дар оташи назму насри ҳазор сотоҷик месӯхт. Ӯ ин сӯхтанро дар протсеси андешаҳои дурру дарози амиқ ва дар тамрини бардавом меёфт. Ӯ дар вақти таҳлил тамоми ҷузиёти шеърро аз маънӣ сар карда то саволу ҷавоб, баёну хитоб ва ҳар як имову ишораро дар ҳар сатр ба худ муайян намуда, бо чунин ҷустуҷӯ шаклу мазмуни матнро пурра гардонда, ба маънӣ мутобиқ менамуд ва овозашро ба ифодаи калима вобаста намуда, барои табииву боварибахш садо додани он кӯшиш ба харҷ медод. Маҳмудҷон Воҳидов суханро бо овози шаккарину махмалин якҷо намуда, маънӣ ва матни муаллифро бо овози гуворои худ рангоранг намуда, дар дилу фикри тамошобин (шунаванда) ҷой мекунонд. Театршиносӣ маъруфи тоҷик Низом Нурҷонов чунин кайд қардааст:      “Маҳмудҷон Воҳидов сооатҳои дароз дар хона баланд-баланд шеър ё порчаи насриро мехонданд, роҳи нафас, овоз ва талаффузи худро сайқал медоданд. Кӯшиш менамуданд, ки дар саҳна фарҳанги суханвариашонро баланд нигоҳ доранд. Ин пайдарҳамии машқҳо буд, ки овози ӯ тоза аз рӯи тобишҳои оҳангу ифода бойтар, буррову гуворотар шуда, суръат пайдо мекард, ибораҳо суфта мегардиданду суханҳо вазн ва  салиқаи мусиқӣ ҳосил менамуданд. Хулоса, оҳиста-оҳиста таносуби шакл ва мазмун, яъне баёни фикр, ҳиссиёт ва садо, мувофиқат,хушоҳангӣ, пластикаи олиҷаноби нутқ, талаффузи бурро ва бенуқсон ба даст оварда шуд.

Артист ҳангоми хондани монологҳо ё шеърҳо ҳар мисраъро фикр карда мебаромад,тобиш, зада, ритми суханро, тарзи ифодаи таъсирбахши онро ҷустуҷӯ мекард. Вай мантиқи суханро қувват медод. Барои ин ӯ сатрҳои на чандон муҳимро тез, сатрҳои мазмунаш чуқурро мад кашида ё ду бор такрор намуда (бори дувум пурҳарораттар),ё худ ягон калима ва ибораи мисраъро таъкид намуда, тафсидани фикр ва эҳсосро ифода мекард”.

Дар ҳақиқат, бо воситаи мутоилаи китоб, машқ ва бедорхобиҳо Маҳмудҷон Воҳидов ифодаи нутқашро олиҷаноб гардонда, талаффузи бенуқсону бурро ва идора кардани ҳаракати мавзунро дар саҳна ба даст  овард.

Ҳунарпеша ҳангоми хондани монолог ё шеърҳо ҳар мисраъро таҳлил карда, талабот ва меъёрҳои муайяни орфоэпии забон- дурусти талаффузи калима, ибора, ҷумлаҳо, гузоштани задаҳои ҳиҷоӣ ва мантиқӣ, муносибати овоз ба матн ва вобастаги ба муҳтавои он, тобиш, зада, оҳанги сухан ва тарзи ифодаи таъсирбахшии онро ҷустуҷӯ мекард. Вай бо ҳамин тарз мантиқи суханро қувват медод. Ӯ сатрҳои мазмунаш чуққурро ду бор такрор намуда, ё худ калимаи асосии мисра ва байтҳоро  ҷудо намуда бо таъкид, фикру эҳсосро бо ҳам пайваст намуда ифода мекард, ки ба гӯш форам мерасид.

Бояд ёдрас намуд, ки чунин тарзи хониши ҳунарпеша муҳимтарин хусусиятҳои санъати хониши  бадеиро ифода мекарданд.

Нависанда маъруфи тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиев аз сафарҳояш бо Маҳмудҷон чунин ёдовар мешавад: «Ҷамъомаде дар шаҳри Брест, дар наздикии Қалъаи қаҳрамони Брест ҳеҷ аз ёд намеравад. Биное, ки моро пазироӣ мекарданд, дар сохт, қаср ё қалъа ё хонақоҳи қадимаи машриқзамонро мемонд. Сақфаш аз чанд гунбад ба ҳам расида буд, ки ба сутунҳои сафеди мармарӣ такя мекард. Дар интиҳои суханрониҳо, ки ба мушоира гузашта рафт, Маҳмудҷон бо талаби ҳозирон ба шеърхонӣ даромад. Аз Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ибни Сино, Ҳофиз, Ҷалолиддини Балхӣ ғазалҳо, қитъаҳо, рубоиёт мехонд. Мардум бо қарсак қаноат накарда, бо овози баланд «Бис!», «Браво!» гӯён талаб менамуданд, ки боз хонад. Маҳмудҷон дар саҳнаи кох миёни қатори курсиҳо, гоҳо пушт ба сутунҳои сангин такя дода ва гоҳе ба гунбади нақшин чашм дӯхта, бар сари бародарони белорусамон дурдонаҳои назми пурлутфу ҳикмат меафшонид. Вале ёрон ҳамчунон хоҳиш мекарданд, ки боз хонад. Маҳмудҷон Воҳидов дар вақти кор дар болои матн на танҳо ба оҳанги хониш ва вазни шеър, мавзӯъ, мундариҷа, муайян кардани мақсади шеър, муайян кардани маъноҳои таҳтонии калимаҳо, талаффуз, ист,(пауза) ба тобишу тароватҳои махсуси калимаҳо ва ҳатто муайян кардани сохту тартиби  ҷойгиршавии садоноку ҳамсадоҳоро низ сахт диққат медод. Аз ин лиҳоз, хониши ӯ дар ҳама баромадҳояш таъсирнок ва гуворо садо медод.

Омӯзгорони мактабҳои олии театрӣ баробари омӯхтани қоидаву қонунҳои хониши бадеӣ, асосҳои психологиву физиологии ҳиссиёт ва тарзи маънидод намудани матн, табии ба вуҷуд овардани онро дар фикр ва ботинӣ донишҷӯёне, ки оянда ровӣ мешаванд бояд омӯзонанд. Дар вақти ба вуҷуд овардани ҳолатҳои физиологӣ ба шитобкорӣ роҳ надиҳанд. Дар вақти омӯзиш зина ба зина ҳолатҳои физиологии донишҷӯёнро бедор намудан лозим. Зеро дар асоси органикаи бадан: намуди чеҳра, ҳолати афту андом, дар чашм ҷойгирнамудани ифода, дар фикр пухта расондани мақсад, ки он ифодаи сухан ва оҳанги баёнро пуртаъсир мегардонад, хонишро низ ба роҳи дуруст раҳсипор намуда, онро роҳбаладӣ менамояд. Чунки нутқ ва оҳанги ифодаи он дар санъати ровигӣ яке аз омилҳои асосии ба вуҷуд овардани ҳиссиёти олӣ ва ба фикр ғутавар гардондани шунаванда ба шумор меравад. Он имкон медиҳад, ки шунаванда мазмуни суханро дарк ва эҳсос намояд. Ёд дорам,боре Маҳмудҷон баъди сафари рӯзҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон ба ман нақл карда буданд. “Вохӯриҳои мо дар шаҳрҳои Волгоград, Калач ва райони васлшавии канали Волга – Дон басе шавқовар гузашт. Аз ҳама шавқовар дар заводи Киров буд, ки дар хотирам монд. Вохӯрии мо дар саҳни завод байни коргарон баргузор гардид. Нисфирӯзӣ буд. Офтоб нурпошӣ мекард. Як рӯз пеш аз вохурӣ шеъри устод Боқӣ Раҳимзодаро мутоила намудам, писандам омад. Аз устод хоҳиш намудам, ки розигӣ диҳанд шеърашонро тарҷумаи таҳтуллафзӣ намуда, дар ягон вохӯрӣ қироат намоям. Қироати шеър ба ин вохӯрӣ рост омад. Ҳама занону духтарон дар саҳни завод ба по рост истода, айнаки сабз дар чашм санъати моро тамошо ва гӯш мекарданд. Матни шеър чунин буд:

Ин чӣ бераҳмие ту сар кардӣ,

Банд пеши раҳи назар кардӣ.

Айнаки сабз монданат чӣ зарур,

Ё ки аз чашми ман ҳазар кардӣ?

Гарчи дил мешавад дубора асир,

Илтимос ин, ки айнакатро гир!

Ман, ин шеърро чунон бо маҳорати баланди артисти қироат намудам, ки худам аз тарзи хониши худ лаззат мебурдам. Ҳама занону духтарон дар тан либоси сафед (халат) доштанду дар чашм айнаки сабз. Ба назарам онҳо чунон зебо менамуданд, ки чунин духтарони зеборо дар ҳаётам надида бадам ва аз онҳо илҳом мегирифтам. Бовар мекунед? Ҳамаи занону духтарон ҳар боре, ки мисраи

Гарчи дил мешавад дубора асир,

Илтимос ин, ки айнакатро гир!-ро такрор менамудам он духтарон якто- якто айнаки сабзи худро аз чашмонашон мегирифтанд. Он вохӯрӣ абадан дар хотири ман нақш баст. Пас аз ин, ёднома маълум мешавад, ки самимӣ, хушбаёнӣ, хушхонӣ, ба маънии шеър эҳтибор дода, фикрро расондан, ба чашми тамошобин нигоҳ карда хондан, гузариш аз як фикр ба фикри дигар, аз як ҳолат ба ҳолати дигар, ин ҳама аз самаранокии хониш ва ҳунари волои ҳунарпеша шаҳодат медиҳат, Пас маълум мегардад, ки мақсади ровӣ ва маънии шеър дар мағз андар мағзи қалби шунаванда, ҷойгир шудааст ва ё сӯзан бар дили онҳо задааст, ки шавқу ҳавас, ҳиссиёт ва фикрронии тамошобинро бедор намуда,ба андеша водоргардондааст, ки он лаҳза хулосабарорӣ намуда, духтарон як, як айнакашонро аз чашмонашон гирифтаанд. Донишманди маъруф К.С.Станиславский, мегӯяд: “Ба гӯш не, ба чашми шунаванда  гап зананд ва дар хаёлоти ӯ бо ёрии маъниву оҳанги калом “ кинолентаи биниш” -ро ба вуҷуд оваранд”.  Аз оғози ба саҳна баромадан Маҳмудҷон Воҳидов бо чашмони пурмаъно ба чашми тамошобин нигоҳ менамуду чашмонашро аз чашми тамошобин намеканд, то он даме,ки фикри тамошобин табеъи ӯ нагардад.

Маҳмудҷон Воҳидов дар вақти кор аз методи ҷорӣ кардаи К.С.Станиславский берун намебаромад, баракс онро бо ҳунар ва фаҳмиши худ такмил медоду ба он хусусиятҳои хоси миллиро зам менамуд. Ӯ ҳаракати зоҳирӣ, амалиёти ботинии худро ба ҳаракату амалиёти сухани қаҳрамонаш тавъам мекард ва ифодаи суханро дар мадди аввал мегузошт. Кӯшиш менамуд, ки дастгоҳҳои овоз ва нафас дар вақти ифодаи сухан мутобиқи талаботи суханронӣ овоз ва нафасро таъмин намояд. Бояд қайд намуд, ки метод ва системаи К.С. Станиславскийро яке аз муҳаққиқони рус В.К. Прокофьев дастгирӣ  намуда, чунин менависад. “То ки сухан ба аслиҳаи асосии амалиёт табдил дода шавад, ровӣ баъди мустаҳкам кардани мантиқи амалиёти ҷисмонӣ, ки он аз сухан гуфтан пеш меистад, таъсиррасонӣ бо суханро пеш гирифтан даркор. Пеш аз он ки сухани муаллиф аз бар карда шавад, сабабҳои ба вуҷудоии онро фаҳмида, мантиқи фикрҳои ашхоси иштироккунандаро аз худ карда, барои гуфтани онҳо дар худ талаботро ба вуҷуд овардан лозим”. Талаботи пешниҳод кардаи муҳаққиқ барои хониши бедеӣ қобили қабул аст. Чунки дар ин пешниҳод ровӣ ва ё актёр  матнро пурра омӯхта, вобаста ба талаботи матн амалиёти чисмонӣ ва фикриро ба ботин ҷойгир намуда, онро иҷро мекунад. Яке аз вазифаҳои асосии ровӣ дар вақти тайёр намудани матн аз он иборат аст, ки ибораҳои феълии ҷумларо ба худ муайян намояд. Нависандаи рус А. Толстой чунин қайд мекунад: “Ба ҳар қисм вобаста ба мазмуну мундариҷа ва кайфияту ҳолатҳои дар он тасвир шуда, ном-  сарлавҳа гузоштан лозим аст. Аз баски мазмуни қисм аз тасвири воқеъа, яъне амалиёт иборат аст, бинобар ин, дар шакли калимаву ибораҳои феълӣ сохта шудани ном мувофиқи мақсад мебуд. Чунки ҳаракат ва шакли ифодаи он- феъл асосии забон ба шумор мееравад.Барои ҷумлаҳо феъли мувофиқро интихоб кардан маънои ба ҳаракат овардани онҳоро дорад. Дар нутқи бадеӣ чизи асосӣ феъл аст ва ин фаҳмост, чунки тамоми ҳаёт аз ҳаракат иборат аст… Ҳамин тавр пеш аз ҳама, ҳамеша феълро ҷустуҷӯ карда ёфтан лозим,ки предметро дуруст ба ҳаракат оварад”. Дар ҳақиқат ровӣ ва ё ҳунарпешаи театр дар вақти тайёр намудани матн:  шеър, порчаи насрӣ ва ё  монолог кӯшиш кунад, ки феълро аз ҷумлаи қироат мекардааш дарёфт намуда, болои он андеша намояд, то дар порчаи ӯ амалиёти сухан ва амалиёти фикрию ботинӣ пайдо гардад.

Маҳмудҷон Воҳидов ҳунарпешаест, ки ӯ талаффузи хоси худашро дошт. Ӯ тарзи талаффузи  садонок ва ҳамсадоҳои хоси худашро бо тарзи худ талаффуз мекард. Мисол: Садонокҳои Ӣ, О, Ӯ, ҳамсадоҳои Р, В, М, ғайраҳоро дарк намуда, чунон таъсирбахш талаффуз мекард, ки ба гӯши шунаванда ҳаловат мебахшид ва маънии шеърро пурқувват мекард.

Ибриқи майи маро шикастӣ, раббӣ,

Бар ман дари айшро бубастӣ, раббӣ.

Бар хок бирехти майи гулгунро,

Хокам ба даҳан магар ту мастӣ, раббӣ.

Дар ин рубоӣ Маҳмудҷон Воҳидов задаҳои мантиқиро ба калимаҳои шикастӣ, раббӣ, бубастӣ, бирехтӣ, мастӣ мегузошт, ки ифодаи маънии рубоиро кушода медод. Артист Маҳмудҷон Воҳидов тобишҳои фонетики садонокҳои дарозу кӯтоҳ; пеш ва ё пас аз садонок омадани ҳамсадо, дароз ва ё кӯтоҳ талаффуз шудани ҳиҷо, ба вуҷуд омадани ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳро мушоҳида намуда, дар вақти иҷро онро истифода менамуд, ки ин ҳама ба хушоҳангию хушхонии ӯ кумак менамуд. Ровӣ бояд баробари меъёри талаффузи овозҳо ба артикуляция ва суръату сифати садоҳоро низ ба инобат гирад. Ӯ кӯшиш намояд, ки шунавандаи худро тарбия намояду муҳимтарин шарти шеърро дарк ва эҳсос намояд.Ба ҷуз ин ровӣ ва ё актёри театр мунтазам машқҳои лафзӣ, овозию ҳиҷоӣ,задаҳои мантиқӣ, ист, оҳанг ва ғайраҳоро ба зери назорати худ бигирад. Бояд кӯшиш намояд,ки андешаву гуфтори ӯ дар саҳна табиӣ, латифу нозук, шевову хушоҳанг садо диҳад, ки дили шунавандаро ба ваҷду ҳаяҷон оварда, ба андеша ғӯтавар гардонад:

Рӯзе, ки гузаштаст, аз ӯ ёд макун,

Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.

Бар н-омадаву гузашта бунёд макун,

Ҳолӣ хуш бошу умр бар бод макун.

***

Аз омадану рафтани мо суде ку?

В-аз тори вуҷуди умри мо пуде ку?

Чандин сару пойи нозанинони ҷаҳон

Месӯзаду хок мешавад, дуде ку?

***

Бингар, зи сабо домани гул чок шуда,

Булбул зи ҷамоли гул тарабнок шуда,

Дар сояи гул нишин, ки бисёр ин гул

Аз хок баромадасту бар хок шуда.

Маҳмудҷон Воҳидов актёри хушовоз ва касбияташ фаррох буд, ки дар саҳна озод шеърро қироат менамуд. Ӯ дар ҳар шеъре, ки қироат менамуд, ба эҳсосу андешаи шоир бештар ғӯтавар гардида, маънӣ ва дарди шоирро мекушод. Дар ин рубоиёти зикргардида Маҳмудҷон Воҳидов маъниро ҷустуҷӯ намуда, задаҳои мантиқии ҳар як мисраро, ки ифодагари мақсад аст дарёб намуда, мувофиқи мақсади гузошташуда амалро ба анҷом мерасонд.

Онон, ки муҳити фазлу одоб шуданд,

Дар кашфи улум шамъи асҳоб шуданд.

Раҳ з-ин шаби торик набурданд бурун,

Гуфтанд фасонаеву дар хоб шуданд.

***

Ку маҳрами роз, то бигӯям як дам,

К-аз гоҳи нахуст чӣ будаст одам:

Меҳнатзода, сириштае аз гили ғам,

Якчанд ҷаҳон бигашту бардошт қадам.

***

Пок аз адам омадему нопок шудем,

Шодон ба дар омадему ғамнок шудем.

Будем зи оби дида дар оташи дил,

Додем ба бод умру дар хок шудем.

Маҳмудҷон Воҳидов дар вақти қироати шеър дар саҳна ба маънии он эҳтибор дода, барои исботи маънӣ фикри шоирро бо заҳрханд, баъзан бо нигоҳи некӣ, баъзан бо лабханди таънаомезона,баъзан бо қаҳру ғазаби ботинӣ, дандонҳоро бо ҳам зич карда баён менамуд,ки тамошобин мақсадро пай бараду хулосабарорӣ кунад. Ровӣ дар вақти қироати шеър бояд ба ҳар як мисръа бо ҳунари худ ранг ва тобиши тозае ворид намояд, ки аз он тобиш тамошобин кайфияте бардорад. Дар вақти шеър хондан Маҳмудҷон Воҳидов бо ҳар васила тамошобинро ба дунёи андеша ғӯтавар мегардонд. Донишманди тоҷик Камол Айнӣ меорад: «Ҳангоме, ки бо ишораи дирижёр Мухтор Ашрафӣ, Маҳмуд Воҳидов бо суханони Фирдавсӣ:

Биноҳои обод гардад хароб,

Зи борону аз тобиши офтоб.

шурӯъ кард, дар толори консертии «Баҳор» хомӯшии мутлақ ҳукмфармо гардид. Ровӣ на фақат суханро оғоз кард, балки то анҷоми оратория бо ҳунари зебояш ва овози форами махмалинаш, ки бо суханони Фирдавсии мӯъҷизаофар ҷӯр омада буд, тамошобинонро ба ҷаҳони пуррамзурози Ҳаким Фирдавсӣ ворид кард». Оре, дар ҳақиқат ҷӯр кардани овоз ба маънии шеър,ифодаи сухан бо тарзи оҳанг кори басо мушкил аст. Аммо Маҳмудҷон Воҳидов мазмуни ҳакимонаи шеъри Фирдавсиро бо тамоми нозукиҳояш дарк намуда,овозро мутобиқи мазмуни шеър менамуд, ки хеле ҷолиб ба гӯш мерасид. Вақте ки ровӣ вориди саҳна мегардад, ҷозиба ва нерӯи ӯ якчанд дақиқа диққати ҳозиринро ба худ ҷалб намояд. Гӯё дар нигоҳи ӯ ҷозибае ба мананди оҳанрабо вуҷуд дошт, ки тамошобинро ба худ мекашиду диққаташро ҷалб менамуд. Дар ҳақиқат, дар саҳна фикр рондан, андеша кардан, аз самими дил шеър хондан хеле мушкил аст. Вале Маҳмудҷон Воҳидов ин корро хеле хуб ба анҷом мерасонд,чунки шабона соатҳои дароз болои матн кор мекард, мағзи асосии матнро меёфту онро ҳазм намуда ба шунавандагонаш мерасонд.

К. С. Станиславский гуфта аст:  «Ман, на театри такрори ҳарф ба ҳарф, балки театри фикру андешаро мехоҳам». Ин ҷо К.С. Станиславский санъатеро дар назар дошт, ки дар вақти қироати шеър ва ё порчаҳои насрӣ, воқеъа ва рӯйдодҳои ҳаёт фикран ҳазм шуда самимӣ ифода ёбанду фикру андешаи тамошобинро ба фикр кардани мазмуни порчаи қироатгардида бедор намояд он лаҳза болои матн андешаронӣ ва хулосабарорӣ кунад. Дар ҳақиқат М. Воҳидов дар вақти қироати монологҳо кӯшиш менамуд, ки шавқу завқи ҳақиқии тамошобинро бедор намояд. Ӯ дар саҳна қарор надошт, доимо дар фикр буд ва ҷон мекоҳонид, ки аз ҳунари ӯ тамошобин ба илҳом ояд ва андешааш дар толор парвоз намояд. Маҳмудҷон Воҳидов дар «моноспектаклҳояш фикру андешаҳои фалсафиро бо образи шоиронааш тавъаманд намуда, вазифаи гузошташударо кушода медод. Ӯ монади актёрони қарни ХХ рус И. Смоктуновский, О. Ефремов,, Е.Евстигнеев, М. Улянов, К. Лавров, С. Юрский, Ю. Борисова, Т. Доронина, А. Фрейндлих ва дигарон, ки солҳои 50-60 ба олами ҳунар омада, ҳоло чун устодони номдор эҳтироф шудаанд, амалиётро, маъниро ва фикрро амалӣ ифода мекарданд». Илҳоми хониши ҳунарпеша Маҳмудҷон Воҳидов ҳама вақт дар саҳна ҳукумфармо буд. Ӯ дар лаҳзаҳои мушкилтарин дар саҳна таносуби суръатро риоя мекард. Ин суръат ба ӯ имконият медод, ки дар саҳна барои дуруст ба роҳ мондани эҳсосоту ҳаяҷон, андешаву гуфтор барои офаридани хислати қаҳрамон кумак  менамуд. Бояд хотиррасон намуд,барои ровӣ ақл, дониш, ҷосорат,ҷаҳонбинии фаррох кумак мерасонад. Аз ин лиҳоз, барои ровии хуб шудан мутоила китоб, машқҳои овозу нафас, ба мазмуни матн диққат додан ва пайваст намудани имову ишора, дар сухан ғунҷондани андешаро дар рафти хониш сайқал додан лозим меояд. Он гоҳ ровӣ  оҳиста-оҳиста ба мақсади гузоштааш мерасад.

Рустамҷон ВОҲИДӢ,

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь