Ҳар гоҳе ба чойхонаи хушманзару овозадори  “Роҳат” дароед, мебинед, ки дар ду- се миз калонсолон нишаста, машғули суҳбату истироҳатанд. Ин анъана аз замони бунёди чойхона то ҳол идома дорад. Инҳо нафароне мебошанд, ки то нафақа дар корҳои давлатӣ буданд. Омӯзгор, адиб, табиб, рӯзноманигор, муҳандис, ҳунарманд, яъне зиёӣ, ки нури маърифат аз чеҳраҳояшон ҳувайдост ва шояд ҳамин аломати зиёӣ буданашон бошад, ки олуфтанамо менишинанд, суҳбатҳои ширину хотираҳои ҷолиб нақл мекунанд ва машғули шоҳмотбозӣ ҳам мешаванд.  Радиои чойхона бо садои нарму ором сурудҳои классикиву халқӣ мешунавонад.

Аз маълумотномаи таърих Чойхонаи “Роҳат”  бо ташаббус ва иқдоми Котиби якуми Кумитаи Марказии Партияи Комунистии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев соли 1958 бунёд шудааст. Нақл аст, ки вақте падари Ӯлҷабоев ба Душанбе меояду чанд вақт меҳмони писар мешавад, Душанберо тамошо мекунад. Ӯлҷабоев аз падар мепурсад, ки  падар оё Душанбе ба Шумо маъқул шуд? Падар ҷавоб медиҳад, ки бале, Душанбе шаҳри зебову нозанин, лекин чойхона надорад. Ӯлҷабоев хандида мегӯяд, ки чойхона ҳам месозем ва ҳамин тавр Чойхонаи “Роҳат” дар шафати бинои Кумитаи марказии ҳизб сохта мешавад.

Толори дохилии чойхона дар ҳақиқат бо нақшу нигор ва кандакориҳои зебои худ таҷассумгари дастони сеҳрофарини хунармандони мардуми тоҷик аст. Чӣ қадар заҳматаҳо барои сохтмони он сарф шудааст. Замон дар гардиш аст, айём дигар аст, ҳама чиз пирӣ ҳам дорад.

Имрӯз дар пушти чойхонаи номдор бинои нави баландошёнаи замонавӣ қомат афторохтааст, ки чойхона намои онро зер мекунад. Аз ин рӯ, маълум аст, ки чойхонае, ки ба он сахт дилбастаему хотираҳои зиёдеро аз солҳои ҷавониву донишҷӯӣ дорем, тахриб карда мешавад. Аммо ҷойи дигаре чунин чойхона сохта мешуда бошад? Ин номаълум. Шарқро бе бозору чойхона тасаввур кардан номумкин аст, ки он рамзи миллӣ ҳам дорад. Яке аз омилҳои ба якдигар меҳру муҳаббат доштани мардуми тоҷик ин нишастҳои дӯстонаву суҳбати сари як пиёла чой мебошад. Аз қадим чойхона хоси мардуми Шарқ, ба хусус тоҷикон мебошад. Чойхона бренди тоҷикон аст. Ҳангоми вохӯрӣ ҳатман ин ҷумлаҳоро ба забон меоранд: Марҳамат як пиёла чой нӯшем, ё сари як пиёла чой суҳбат кардем, ё мекунем.

Дар маркази шаҳр ҳатман як чойхонаи миллӣ бо нақшу нигори кандакорӣ бояд бошад. Ин анъана ҳоло дар шимолӣ ҷумҳурӣ мондааст, ки пирони барнодил чун субҳ фаро мерасад, ба чойхона омада то ғуруб онҷо нишаста вақтгузарониву хушҳолӣ мекунанд. Кохи “Наврӯз” мавзеъи хело зебост, аммо барои калонсолон ҷойи номувофиқу нохушоянд аст.

Агар Чойхонаи “Роҳат” тахриб карда шавад, биёед ҷойи дигаре онро аз нав бо тарҳи замонавӣ бисозем. Ман бовар дорам, ки шаҳрдори шаҳрсози  шаҳрофари азизи мардум ин пешниҳодро ба инобат мегиранду пиронро шод мегардонанд. Барои ин ҷойи ҳозираи Театри тобистона “Амфитеатр”, ки дар нишебии хиёбони И. Сомонӣ, рӯ ба рӯи Осорхонаи миллӣ қарор дорад, мувофиқ мебошад. Дар ин Театр соле ҳамагӣ ду- се чорабинӣ гузаронида мешаваду халос. Аз ин рӯ, мавзеъи пешниҳодшуда, басо мувофиқ ва дилрабо аст. Онро  навсозӣ кардан лозим меояд. Зербинои онро ҳамчун истгоҳи нақлиёт ва аз болои он ду ё се ошёна, чойхонаи миллии замонавӣ бо тарҳи шарқӣ бунёд сохт. Дигар ошёнаҳои онро метавон меҳмонхона кард. Чӣ манзараи зебое хоҳад шуд ва тамоми шаҳр анқариб аз баландӣ намоён аст. Дар як гӯшаи он ҳатман китобхона, сартарошхона, ҷойи шоҳмотбозӣ ва дигар намудҳои бозиҳои варзишӣ ва дар ҷойи махсусаш дӯконҳои сабзавоту меваҷот сохтан имкон дорад. Каме ҳам бошад ҷойи кору манбаи даромадаи молиёт ҳам мешавад.

Дар деҳот муйсафедон дар хонаҳои якдигар ва ё дар масҷид ҷамъ омада, суҳбат меороянд. Аммо муйсафеди зиёии шаҳр, ки идоранишин буд, куҷо меравад? Ӯ ба масҷид равад ҳам зиёд шишта наметавонад, чун суҳбати он табъи онҳо нест. Шояд хонандаро ин пешниҳод хуш ояд, умеди бисёр аз шаҳрдори хушзавқу шаҳрофар дорем, ки маҳз бо ҷидду ҷаҳду талошҳояш дар як муддати кӯтоҳ симои Душанбешаҳр ба кулли дигар шуд.

Сайдулло Мирзоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь