Ёде аз коргардони зинданоми синамои тоҷик Тоҳир Собиров

Коргардони маъруфи синамои тоҷик, устод Тоҳир Собиров таҳсилкардаи факултаи актёрии Донишкадаи театриву рассомии шаҳри Тошканд мебошад. Аз ин рӯ, фаъолияти ҳунарии ӯ дар синамо аз иҷрои нақшҳо дар филмҳои сохтаи студияи “Мосфильм” оғоз ёфтааст. Баъдан, фаъолияти ҳунарпешагиаш дар студияи “Тоҷикфилм” бо иҷрои нақшҳои Ёдгор дар филми “Дохунда”, Олим дар филми “Ман бо духтаре вохӯрдам”, Шоҳзода дар филми “Насриддин дар Хуҷанд”, Усто Калон дар филми “Аспҳо дар маҳтобшаб”, Рустамбек дар филми “Манзилат обод бод”, Насимбек дар филми “Вохӯрӣ дар дараи марг”, Халифа дар филмҳои “Афсонаҳои нави Шаҳрзод” ва “Шаби охирини Шаҳрзод” густариш ёфт.

Тавре, ки аз зиндагиномаи Тоҳир Собиров ба мушоҳида мерасад, баъд аз хатми факултаи коргардонии Донишкадаи санъати театрии шаҳри Маскав, фаъолияти ҳунарпешагӣ ва коргардонии ӯ дар синамо таҳти роҳбарии Юрий Завадский, коргардони маъруфи шӯравӣ ҳамзамон ҷараён гирифтааст. Дар канори кори ҳунарпешагӣ, ӯ дар таҳияи бисёр филмҳо ҳамчун ёвари коргардон фаъолият кардааст, то таҷрибаи кофӣ андӯзад ва ҳамчун коргардони синамо ба камол бирасад. Аз ин ҷост, ки филмҳои офаридаи Тоҳир Собиров “Вақти зангирии писар расид”, “Фидокорон”, “Шоҳсанам ва Ғариб” (“Туркманфилм”), “Марги судхур”, “Хиёнат”, “Кашфи асрор”, “Тӯфон дар водӣ”, “Зане аз диёри дур”, “Вохӯрӣ дар дараи марг”, “Хати парвоз”, “Боз як шаби Шаҳрзод”, “Афсонаҳои нави Шаҳрзод”, “Ашк ва шамшер” дар хазинаи тиллоии синамои тоҷик ворид шуда, аксари онҳо дар ҷашнвораҳои ватанию байналмилалии синамо соҳиби ҷоизаю мукофотҳои олӣ шудаанд.
Таваҷҷуҳи Тоҳир Собиров ба осори ҷовидонаи устод Садриддин Айнӣ ва инъикосу бозтоби он дар пардаи синамо воқеан шоистаи ситоишу ифтихор аст.
Филми “Марги судхур”-ро, ки бар асоси қиссаи ҳамноми устод Садриддин Айнӣ сохта шуда, аз лиҳози мавзуъ, бадеият ва тасвир (образ)-ҳои барҷаста, дар канори беҳтарин филмҳои синамои ҷаҳонӣ метавон гузошт. Устод Собиров дар заминаи романи “Ғуломон” ва “Ёддоштҳо”-и С. Айнӣ аввалин филми рангаи телевизионии иборат аз шаш қисматро ба номи “Ҳеҷбудагон ба ҳар чиз расиданд” таҳия кард, ки он мисли филмҳои шӯравии “Дони Ором”-и М. Шолохов ва “Ҷанг ва сулҳ”-и Л. Толстой бо лоиҳаи азим, шукуҳу шаҳомат, бо ранҷу заҳмати гарони эҷодӣ рӯи навор омадааст.
Устод Тоҳир Собиров дар ҳаёти эҷодии нависандаи ин сатрҳо як марҳилаи тозаеро пойдевор гузошт. Маҳз ба шарофати ин марди ҳунар, ман бо синамо ва заҳмати синамогарон ошно шудам. Тирамоҳи соли 1996 устод маро ба студияи “Тоҷикфилм” даъват карда, ба ман иҷрои нақши шогирди Камоли Ҳуҷандиро дар филми “Пайроҳаи қисмат” (аз рӯи романи Аъзам Сидқӣ) пешниҳод кард. Филм аз рӯзгори Шайх Камоли Хуҷандӣ буд ва ба ифтихори бузургдошти 780 солагии ин шоир ва орифи бузурги тоҷик бояд филмбардорӣ мешуд. Зимнан, дар ибтидо қарор буда нақши Камоли Хуҷандиро дар филм ҳунарманди театр ва синамо Муҳаммадҷон Шодиев иҷро кунад, аммо ба далели носозгорие миёни коргардон ва ҳунарманд ин кор амалӣ нашуд.

Баъд аз хондани филмнома ба ин хулоса расидам, ки бар асоси он шахсияти Камоли Хуҷандӣ ҳамчун як қаҳрамони асари саргузаштӣ ва моҷароҷӯӣ тасвир ёфтааст. Роман аз ирфон, таълимоти тариқати тасаввуф ва шахсияту андешаи Камоли Хуҷандӣ, ориф, сӯфӣ, зоҳид ва шоири форсу тоҷики қарни 14 бӯйе набурда буд. Ҳангоме, ки устод Тоҳир Собиров маро дубора даъват кард ва иҷрои нақши Камоли Хуҷандиро пешниҳод намуд, андешаҳоямро аз заъфу комил набудани филмнома баён доштам. Устод иброз дошт, ки ӯ ва ҳайяти эҷодии филм инро медонанд ва барои тағйиру такмили филмнома аз донишмандон ва камолшиносони Хуҷанд машварату роҳнамоӣ хоҳанд гирифт. Ба вуҷуди пофишориҳои банда, ки мехостам нақши дуюм, яъне шогирди Камолро иҷро кунам, устод Тоҳир Собиров ва ҳайати эҷодии филм иҷрои нақши асосиро ба банда вогузор карданд…
Филмбардорӣ баҳори соли 1997 дар шаҳри Исфара оғоз шуд. Ҳукумати вақти вилояти Суғд замонат дода буд, ки шароити комилу мусоидро барои таҳияи филм фароҳам меоварад ва харҷи тамоми маводу ашёи заруриро мувофиқи тақозои коргардон ва ҳайати эҷодии филм пардохт хоҳад кард. Бояд зикр кард, ки филми мазкур охирин филми синамои тоҷик буд, ки рӯи тасма (лента) тасвирбардорӣ мешуд.

Бисёр саҳнаҳои ҷолиби филм дар ҳавлию хонаҳои қадимаи шаҳри Исфара, чойхонаи хуштарҳи осоишгоҳи “Зумрад”, осорхонаи шаҳри Конибодом, мавзеъҳои сарсабзу зебо дар дашти Лайлаки Қирғизистон, соҳилҳои Баҳри тоҷик (Қайроқум), масҷиду мадрасаҳои қадимаи шаҳри Истаравшан ва дигар маконҳои дидании вилояти Суғд филмбардорӣ шуданд…

Ду моҳро дар осоишгоҳи “Зумрад”, дар ҳуҷраҳои барҳавою роҳат сипарӣ кардем. Рӯзҳои боронӣ ё лаҳзаҳои фориғ аз филмбардорӣ, бо лутфу инояти сарвари фарҳангдӯсти осоишгоҳ Мирзо Олимов дар “Зумрад” машғули дармону табобат будем.
Бояд гуфт, ки тоҷики асил, фарзанди Сухи Фарғона Мирзо Олимов дар бунёду ободии осоишгоҳи “Зумрад” ва боло бурдани нуфузу эътибори он дар ҷумҳурӣ ва берун аз Тоҷикистон хидматҳои басо пурарзише карда, ҳамчун вориси лоиқу сазовори Пури Сино ба аҳли илму маърифат, фарҳангу адаб ва зиёиёни асил таваҷҷуҳу ихлос ва меҳру муҳаббати беандоза дошт… Мо ҳунармандон, субҳона, хӯроки нисфирӯзӣ ва шомро дар ошхонаи осоишгоҳ, дар канори муштариёни сершумори он сарф мекардем. Кормандони осоишгоҳ нисбат ба ҳамаи мо бисёр меҳрубон буданд ва фарҳангу одоби олӣ доштанд.

Ҳар бегоҳ, баъд аз сарфи шом, бо пешниҳоди устод Тоҳир Собиров дар гулгаштҳои зебову барҳавои осоишгоҳ сайру гашт мекардем, ки бароямон хеле хушоянду гуворо буд. Ҳар моҳ, ду ё се бор дар толори осоишгоҳ маҳфилҳои фарҳангӣ баргузор мешуданд ва мо, аҳли эҷодии филми “Пайроҳаи қисмат” ва гурӯҳи мақомсароёни Исфара дар саҳна суҳбату ҳунарнамоӣ мекардем. Истироҳаткунандагони осоишгоҳ, ки ҳар ҳафта ё ду ҳафта пас иваз мешуданд, ба офарандагони филм, ҳунармандони дӯстдоштаи худ, устодон Тоҳир Собиров, Заур Дахте, Ҷамшеди Ромишгар, ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Амон Қодиров, Нурулло Абдуллоев, Аҳмадшоҳ Улфатшоев, Гулсара Абдуллоева, Фирӯз Умаров, Асалбек Назриев, Мавлуда Обидова, Даврон Алиматов ва дигарон саволу дархост пешниҳод мекарданд. Маҳфилҳо бо ҳузури мардуми истироҳаткунанда ҳамеша ҷолибу муфид баргузор мешуданд.

Устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ва ҳамсарашон Дилафрӯз Икромӣ, олими маъруф Валӣ Самад меҳмонони ҳамешагии маҳфилҳои “Зумрад” буданд. Онҳо бо дастури раиси вақти ноҳияи Исфара, Абдуҳаким Ҳалимов ва лутфу инояти сардухтури осоишгоҳ Мирзо Олимов барои кори эҷодӣ ва навиштани асарҳои илмии худ дар оғӯши пурмеҳри ин соишгоҳ қарор доштанд. Суҳбатҳои гарму пурзарофати устод Тоҳир Собиров, ки ба саволҳои зиёди мухлисонаш роҷеъ ба рӯзгори эҷодиву нақшҳои иҷрокарда ва филмҳои офаридааш посух медод, маҳфилҳоро рангину ҷолиб мекард. Ман ҳамчун ровӣ ва гардонандаи он барномаҳо аз ҳузур ва суҳбати устодон баҳраҳои зиёде бардоштаам…

Кори филмбардорӣ беш аз ду моҳи дигар дар шаҳрҳои Конибодому Қайроқум ва Истаравшан идома ёфт ва кӯлвори хотироти моро бо лаҳзаҳои басо рангину ҷолиб ғанитару пурбортар гардонд. Шиноварию офтобхӯрӣ дар соҳили Баҳри тоҷик, моҳидории бачаҳо бо роҳбарии Амон Қодиров, моҳипазии устод Тоҳир Собиров ва Заур Дахте бо шеваи яҳудиёни Бухоро, таббохиву дӯлмапазии устод Ҷамшеди Ромишгар (киношиноси маъруф Ҷамшед Раҳматов) ва дигар машғулиятҳои аҷибу шавқовар дар вақту соатҳои фориғ аз кор, лаҳзаҳои рангину баёдмондании рӯзгори мо дар мусофират буд. Сардори “тим”-и мо, устод Тоҳир Мухторович гули сари сабади ҳамаи нишасту маҳфилҳо буд. Суҳбатҳои ширину зарофатҳои намакини ӯ ранҷи дурӣ аз хонавода ва хастагии кори рӯзонаро рафъ мекард. Хотираҳои басо ҷолибу рангини ӯ аз рӯзгори шахсиву эҷодиаш, лаҳзаҳои хеле шавқовару нотакрори ҳаёташ дар раванди таҳияи филмҳо, ҳамкорӣ бо ҳунармандони ватаниву хориҷӣ, коргардонҳо ва таҳиякунандагон, саҳифаҳои пурҳикмати китоби зиндагии устодро гӯё барои мо варақгардон мекарданд…

Чун “муште аз харвор” қиссаеро аз филмбардории “Марги судхӯр” мисол меоварам. Ҳангоми наворбардории саҳнаи бонк, ки дар Когон ба муштарии бонк, яъне Қорӣ Исмат қанду чой пешниҳод мешавад, коргардон Тоҳир Собиров ба иҷрокунандаи нақши Қорӣ, Зоҳидҷон Дӯстматов амр медиҳад, ки қисмате аз қандҳоро ба истакони чой, қисмати дигарашро ба даҳон андохта бо чой фурӯ барад. Ҳунарпешаи маъруф Зоҳидҷон Дӯстматов дастури коргардонро тибқи хислату рафтори қаҳрамони баднафсу хасисаш хеле олӣ иҷро мекунад. Тамошогарон ин лаҳзаи басо ҷолибу шавқовари филмро борҳо дида ва ба хуби дар ёд доранд. Аммо онҳо намедонанд, ки ҳангоми филмбардории ин саҳна пораҳои қанди сафед дар гулӯи ҳунарпеша дармонда ва ӯ нафасгир мешавад. Ҳоли Зоҳидҷон Дӯстматов, ки аз бемории қанд ранҷ мебурд, пас аз ин ҳодиса хеле бад мешавад ва ночор барояш мошини “Ёрии таъҷилӣ” даъват мекунанд.

-Кам монда буд, ки дар майдони филмбардорӣ ҳунарпешаи асосиро аз даст бидиҳем. То ба худ омадани Зоҳидҷон Дӯстматов чанд муддат филмбардорӣ мутаваққиф шуд,- бо таассуф ба ёд меовард Тоҳир Собиров. –Даъвогарону талабгорони ин нақш (нақши Қорӣ Исмат) аз зумраи ҳунармандони номии тоҷик,”аждаҳо”-ҳои театр хеле зиёд буданд. Баъзеҳо аз Худо мехостанд, ки Зоҳидҷон Дӯстматов дигар ба майдони филмбардорӣ барнагардад, аммо иродаву матонат, фидокориву шавқи бепоён ӯро боз ба саҳнаи филмбардорӣ баргардонд. Ба андешаи ман, ҳеҷ кадоме аз он “аждаҳоҳо” нақши Қорӣ Исмат, як марди хасису судхурро мисли Зоҳидҷон Дӯстматов мондагору барҷаста иҷро карда наметавонистанд, – бо меҳру самимият иброз медошт устод Тоҳир Собиров…

Ҳамин тавр, филми “Марги судхур”, яке аз шоҳкорҳои синамои тоҷик тавлид ва ба хазинаи тиллоии синамои ҷаҳонӣ шомил шуд. Тавассути ҳамин филм, устод Тоҳир Собиров бори нахуст гули худрӯйи боғи ҳунар, яъне устод Ато Муҳаммадҷоновро кашф кард ва ӯ баъдан ба яке аз ситораҳои дурахшони синамои тоҷик табдил шуд.
Устод дар ҳама филмҳояш ба ҳунарпешагони маҳаллӣ (манзурам ҳунармандони аҳли Тоҷикистон) эътибору таваҷҷуҳи бештар мекард…

Тоҳир Собиров пайваста бо ҳарорату зиндадилӣ дар талошу такопӯ ва ҷустуҷӯҳои эҷодӣ буд ва оромию фориғболӣ ва коҳилиро намеписандид.
-Ҳой, ҷумбидан даркор! Агар наҷумбӣ, намеҷумбад!- нидо мекард устод. Дар ҳолатҳои нобарорӣ: “-Мурад камбағалӣ!” “-Гӯрба равад камбағалӣ!”- аз гуфторҳои бозарофату пурҳикмати устод буданд…

Сад афсӯс, ки охирин гули умеди устод Тоҳир Собиров, яъне таҳияи филми даҳқисматаи “Камоли Хуҷандӣ (“Пайроҳаи қисмат”) дар тасма (лента)-и кино ба далели бухлу ҳасодат ва дарди ҷонкоҳи маҳалгароӣ ношукуфта монд… Баъд аз филмбардории наздики панҷ қисмати он, маблағ барои харидории тасма (лента) пайдо нашуд. Аз даҳ-понздаҳ шутури ваъдашуда барои наворбардории ҳаракати корвон ҳатто як шутур ҳам пайдо накарданд… Чанд сол баъд, аз забони ҳамсабақам, зиндаёд Абдураҳмон Ашӯров ва Даврон Алиматови раҳматӣ шунидам, ки гуфтанд, амали ҳунарпешаҳои хуҷандие, ки дар саҳнаҳои гуногуни филми “Камоли Хуҷандӣ” (“Пайроҳаи қисмат”) ширкат доштанд, ҳамчун “хиёнат” ба арзишҳои маҳал маҳкум шуда ва наздик буда, ки онҳо аз театр ихроҷ шаванд.

Соли 1999, ҳафтодсолагии устод Тоҳир Собировро дар ошхонаи студияи “Тоҷикфилм”, дар ҳалқаи ҳунарпешагону шогирдон ва ҳамкорону пайвандонаш хеле хоксорона, аммо бисёр самимӣ ҷашн гирифтанд…

Устод бо ҳарорату нерӯ, зиндадилӣ ва шавқу рағбати ба худ хос умед дошт, ки идомаи филми “Камоли Хуҷандӣ”-ро рӯи навор оварда, ормони худро амалӣ мекунад. Вале баъд аз оғози кор, нобасомониҳои ҷомеъа ва ноҷавонмардиҳои айём ӯро тадриҷан ноумеду рӯҳафтода карда буданд…

Якуми июни соли 2002, қалби инсони шарифу фарзона, коргардони барҷастаи синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, устоди бузурги синамо Тоҳир Собиров дар 73-солагӣ аз тапидан бозмонд. Ҳунарманде, ки дар дафтари рӯзгор аз худ нақши мондагоре бар ҷо гузошта. Ба қавли устод Рӯдакӣ:

Ҳар киро рафт, ҳамебояд рафта шумарӣ,

Ҳар киро мурд, ҳамебояд мурда шумаро!

Равони устод шод ва ёди накӯяш ҷовидона гиромӣ бод!

Ортиқ ҚОДИР,

 Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь