Ана ҳамин тавр барои мову шумо ваъда дода буд Аҳмад Зоҳир: «Агар баҳор мерасад, таронаҳо хоҳам хонд…». Вале, акнун сиюнуҳум баҳор аст, ки мерасаду Аҳмад Зоҳир барои мо тарона намехонад. Мо муштоқу пазмони таронаҳои наваш ҳастему ӯ ба ҷое рафта, ки садою навоҳои ширину дилпазирашро наметавонад ба гӯши ҷонҳои мо расонад. Мухлисони ӯ танҳо аз сабти навоҳояш, ки домани чил сол пеш эҷоду суруда шудаанд, истифода мебаранду халос. Он навою садоҳои ҷовидонае ҳастанд, ки ҳаргиз аз шуниданашон сер намешавему ҳар кадоми онҳо руҳу ҷони моро оромиш мебахшаду парвариш мекунад.

Дар олами мусиқӣ Аҳмад Зоҳир нобиғае буд, ки чун истораи дурахшоне падид омаду мисли шиҳоби парроне зуд гузашт. Осмони дунёи савту наво аз омаданаш рӯшан шуд ва аз рафтанаш дунёи дили мухлисону фазои савту наворо зулмат фаро гирифт…

Ва акнун сивунуҳум баҳор аст, ки мерасаду Аҳмад Зоҳир барои мо тарона намехонад. Вале мухлисону ҳаводоронаш то кунун умедворона интизори онанд, ки Аҳмад Зоҳир барояшон гуфта буд:

Агар баҳор мерасад, таронаҳо хоҳам хонд,

Таронаҳои хуши ошиқона хоҳам хонд…

Аҳмад Зоҳир 4-уми июни соли 1947 дар шимолу шарқии кишвари Афғонистон, дар шаҳри Лағмон таваллуд шуда буд. Ва дар рӯзи зодрӯзаш, яъне 4-уми июни соли 1980 вафот кард, аниқтараш бо амри ҳокими золиме аз дасти нокаси ноҷавонмарде ба қатл расид. Ҳанӯз сию се соли умраш гузашта буд ва як тори мӯяш ҳам сафед нашуда буд, ки навниҳоли умрашро решакан карданд. Овози ширину ширадору гуворояшро замоне дар гулӯяш фушурдаву хомӯш намуданд, ки дар айни камолоти эҷодӣ буд ва ҳар лаҳзаю ҳар соат оҳангу таронаи наве эҷод мекард.

Дар ин умри кӯтоҳ Аҳмад Зоҳир зиндагии пуршӯреро аз сар гузаронид. Айёми бачагияш барои таҳсил ӯро ба литсейи Ҳабибияи шаҳри Кобул супориданд. Дар ин литсей ӯ ба гуруҳи санъаткорон шомил шуд ва аввалин таронаҳояш он ҷо садо доданд. «Гар кунӣ як назора, мезебад», «Эй гулъузори ман», «Дарахти ёс», «Дарё» аз аввалин сурудҳое мебошанд, ки Аҳмад Зоҳир онҳоро дар ҳамин литсей эҷод кардаю суруда буд. Ва ҳанӯз аз рӯзҳои аввалу аз таронаҳои нахустинаш мардум ӯро ба хушӣ пазируфтанду дар симояш ситораи дурахшонеро диданд, ки акнун тулуъ мекунад. Дар литсейи Ҳабибия ба Аҳмад Зоҳир унвонҳои «Булбули Ҳабибия» ва «Ситораи Ҳабибия»-ро доданд.

Агарчанде Афғонистон кишвари қафомонда ва ҳаёти сокинонаш вазнину тираю тор буд, вале ин сокини ҷавонаш, яъне Аҳмад Зоҳир ба дунёву аҳли он нигоҳи тоза дошт. Аҳмад Зоҳир мехост бо савту садо ва мусиқиҳои нав руҳи шикаста ва мурдахоби миллатро бедор кунад, миллати худ, хусусан ҷавононро аз ҳалқаи ғуломию бардагӣ берун кашад.

Падараш Абдулзоҳир, ки яке аз вазирони давлати Афғонистон буд, бисёр мехост писараш Аҳмад духтур шавад. Ва бо ин мақсад ӯ писарашро барои таҳсил ба Ҳиндустон фиристод.

Ҳиндустон, ки бо табиати зеботарину обу хоку ҳавои ҷонпарвараш машҳури олам аст, дар замири ҳар як сокини худ нозуктарин эҳсоси дарку эҷоди сухан ва мусиқиро пайдову парвариш мекунад. Ин муҳит барои Аҳмад Зоҳири ҷавону ҷӯянда созгор омад. Ӯ на аз пайи омӯзиши илми тиб, балки дар ҷустуҷӯи оҳангу навоҳои руҳнавозу ҷонпарвар талош мекард. Аҳмад Зоҳир мусиқии классикии тоҷикию дариро, ки аз Борбади Марвазӣ сарчашма мегирад, хуб медонист. Ва он мусиқии олиро бо мусиқии Ҳинду Ғарб омезиш дод. Аз он пас оҳангҳои эҷодкардааш нодиру ғалатӣ баромаданд. Ҳар як оҳанги ӯ вижагиҳои худро дошт ва аз дигараш ба куллӣ фарқ мекард. Дар интихоби матн Аҳмад Зоҳир хеле дақиқназару нуктадон буд. На ҳар шеър метавонист дар хотири ӯ хуш ояд. Бо ҷустуҷӯву омӯзиш матни таъсирбахше пайдо мекард, то оҳанги қудсиеро ба вожаҳои он пайванду ошно созад. Ва аз ин ҷо буд, ки ба ҳар матне оҳанге месохт, ҳеҷ навою оҳанги дигаре наметавонист дар он матн ҷойи оҳанги ӯро иваз кунад. Худи ӯ дар ин бора гуфта будааст: «Ман ба ибтикор ва навоварӣ арзиш мегузорам, намехоҳам оҳангҳоям шабеҳи ҳам бошанд, дӯст надорам бо куҳна бисозам ва ҳамеша барои бофтани тозаҳои дигар равонам».

Аҳмад зоҳир ашъори Фаридаддуни Аттор, Саноӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Бедил, Амир Хусрави Деҳлавӣ ва аз муосирон Халилуллоҳи Халилӣ, Нодирпур, Симин, Фаррухзод, Соя, Ризо, Зиё Қоризода, Лоҳутӣ ва Мирзо Турсунзодаро бештар қироат мекарду аз онҳо шеърҳои ҷудогонаро интихоб карда, оҳанг месохт. Ҳар матнеро, ки Аҳмад Зоҳир интихоб мекард, бо назокати мусиқии офаридаи худ пироҳане аз маъно ба он мепӯшонид. Ӯ аз Ҳиндустон бо як ҷаҳон ҳунару истеъдодҳои хунёгарӣ ба Кобул баргашт, ки ҳазорон мухлисонаш онро интизор буданд. Аҳмад Зоҳир ба олами мусиқӣ ва дунёи савту наво барқсон ворид шуд. Тамоми Афғонистонро шуҳрати овозхонияш фаро гирифт ва ба кишварҳои ҳамсоя убур кард. Наворҳои ӯро, ки ба фурӯш мебароварданд, дар муддати як-ду рӯз аллакай камчину ноёб мегардиданд. Дар радиои Афғонистон ҳамарӯза сурудҳои ӯ пахш мешуданд. Аз соли 1971 то соли вафоташ ҳамасола ӯро ғолиби Озмуни «Беҳтарин овозхони сол» эътироф карданд. Суруди тозае, ки ӯ эҷод мекарду мехонд, дарзамон таронаи рӯз мешуд ва кулли мардумон онро замзама мекарданд.

Тамоми мардум, хусусан ҷавонписарону ҷавондухтарон барномаҳои мусиқии ӯ ва ба саҳна баромаданашро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Дар Кобул ва дигар шаҳру вилоёти Афғонистон села-села ҷавонону духтароне пайдо шуда буданд, ки ба Аҳмад Зоҳир сахт дил бохта буданд. Ба саҳна баромаданашро бо ҳуштаку кафкӯбиҳо пешвоз мегирифтанд ва дар кӯчаю хиёбонҳо ӯро интизор буданд, вале Аҳмад Зоҳир ин ҳамаро дӯст намедошт. Ӯ нофору нороҳат мешуд, вақте дар баромадҳояш пойкӯбию доду фиғон мекарданд ва ҳуштак мекашиданд. Аз оғози намоиш такрору батакрор хоҳиш мекард, ки ҳангоми сурудхонияш шӯру мағал наандозанд, вале мухлисон аз оҳангҳои хушу садои дилнишинаш сабру тоқатро аз даст дода, боз ҳам муҳаббату дӯстдории худро бо фиғону пойкӯбӣ ва ҳуштаккашиҳо ошкору ифшо мекарданд.

Ӯ ҳаргиз намехост, ки дар ҷомеа ихтилофҳои қавмию нажодӣ бошанд. Чунин зиддиятҳо ӯро хеле нороҳат мекард ва боре дар ин маврид гуфта буд: «Эътибору шуҳрати удабо ва ҳунармандони асил бояд миллатро ваҳдату якпорчагӣ бахшад, на ҷудоиву ихтилоф».

Аҳмад Зоҳир медонист, ки маҳбубияташ миёни мардум нафаронеро нороҳат мекунад. Бо вуҷуди он, ки меҳри ӯ дар дили миллионҳо нафар ҷой гирифта буд, худхоҳию ғурур ҳаргиз дар вуҷуди ӯ роҳ наёфт. Кибру ғурур надошту ҳавобаландӣ намекард, оддию хоксор ва хокию заминӣ буд. Бо ҳамон дилсофиҳои кӯдаконааш навҷавони соддадилу меҳрубон ва дилсоф боқӣ монд.  Агарчанде шуҳрату овоза ва эътибори баланду беандоза дошт, ҳаргиз аз мардум дурӣ намеҷуст. Ва ҳаргиз бо санъаткорон рақобати сиёҳ надошт. Рақобати ӯ рақобати солим буд ва барои рушди ҳарду ҷониб мусоидат мекард.

Рафиқону дӯстон ва пайвандону наздиконаш чунин мегӯянд, ки Аҳмад Зоҳир дар манзили худ хонаи алоҳидае дошт, ки он ҷо танҳо китобҳо мавҷуд буданд. Ҳазорон китоб аз сухансароёни гузаштаю муосир. Ҳафтае як бор ба он хона медаромад. Саҳарӣ барвақт ба он макони илму маърифат ворид мешуд ва бегоҳӣ бо таронаи наве аз он ҷо бурун меомад. Аз байни ашъори шуаро шеъреро ҷустуҷӯ ва интихоб намуда, дар ибтидо ба умқи маънои он фурӯ мерафт ва сипас савту навои дилангезеро ба он мепайваст, ки ба ҳама калимаву ибораҳои он пайванди ногусастанӣ мегирифт. Ва аз он макон бо дастовезе бурун меомад, ки ҳадяи қиммате буд барои мухлисонаш.

Дар суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳир мавзуи ишқ яке аз мавзуҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Навою нолаи ҷонгудози най ва садои маҳини ситор дар таронаҳояш аз оташи сӯзони дили ошиқ хабар медиҳанду зарбҳои сахти таблак нозу итоби маъшуқаро тараннум мекунанд. Ҳама оҳангҳояш бо сюжети хосае маъно доранду манзараҳоеро пеши назар меоранд. Ва дар навбати худ гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки офарандаи ин савту наво нобиғаест дар олами мусиқӣ.

Бо он ки сурудаҳояш олию аълост, намояндагони дигар миллату забон низ аз таронаҳои ӯ лаззат мебаранду дарки маъно мекунанд, зеро мусиқии асил ниёз ба тарҷума надорад.

Аҳмад Зоҳир медонист ва ифтихор ҳам мекард, ки дар Тоҷикистон низ мухлисони зиёд дорад. Ва ҳам медонист, ки дар ин кишвари хушобу ҳаво ҳаммилатони ӯ зиндагӣ мекунанду ташрифи ӯро бесаброна интизоранд. Ва худ низ бисёр мехост, ки ба Тоҷикистон биёяд, бо дастовези суруду таронаҳояш биёяд ва мухлисону ҳаводоронашро шод намояд. Вале ӯ ба ин муроду орзуҳояш нарасид. Ва ё шояд расиду баъди маргаш расид, яъне фиттаҳои сабти садои хушаш ба тамоми хонаҳои аҳолии Тоҷикистон чун меҳмони олию олиқадре омаду хуш омад.

Ва инак сиюнуҳум баҳор мерасад, ки Аҳмад Зоҳир барои мо таронаҳои нав   намехонад. Ва ё шояд ин ваъдаашро фаромӯш карда, ки гуфта буд:

Агар баҳор мерасад, таронаҳо хоҳам хонд…

 

Муҳаммади ШОҲ, ноҳияи Балҷувон

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Ёди Аҳмад Зоҳир гиромӣ ва рӯҳаш шод бод! Навиштаи муаллиф дар мавриди ин ҳунарманди ҳанҷараи ҷодӯӣ пур аз иштибоҳу пур аз таноқузот аст: муаллиф ҳатто торихи таваллуду марги ӯро ғалат зикр кардааст ва намедонад ки вай на 4 июни 1980, балки 14 июни соли 1979 даргузаштааст. Унвони мақола ки аз таронаи ҳунарманд иқтибос шуда низ ғалат аст. Агар баҳор биёяд таронаҳо ҳоҳам хонд, на “агар баҳор мерасад”???? Дар мавриди консертҳои Зоҳир низ муаллиф чаранду паранд мегӯяд. Зоҳир мегуфт баръакс, агар дар консертҳоям тамошобинон агар шӯру ҳаяҷон нишон надиҳанд, ба рақс наоянду пойкуби накунанд, ман овоз намехонам. Дар як мусоҳибааш мегӯяд ” агар як нафар дар консертам бинам пинак рафта бошад, дигар ман намехонам”.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь