Ҳар вақт таърихро варақгардон кунем,  воқеияти хунини солҳои 37-уми қарни 20- ум чун гуноҳи давлати Шӯравӣ пеши назарамон ба ҷилва меояд. Аммо набояд инҷо давлат, балки мансабдорони онро гунагор бояд кард. Пеши пой додан  ва афтодаро зери пой кардан шояд одати мо шудааст? Чаро дар арсаи таърих доимо бузургонро пеши пой додаем? Аз дасти мо ва садди роҳ шуданҳоямон на устод Айнӣ, на аллома Бобоҷон Ғафуров, на устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода дар канор намемонданд…

Бо вуҷуди бузургӣ ва сарояндаи мумтоз буданашон Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Муродов, Зафар Нозимро пеши пой додем ва нисбаташон овоза ва афсонаҳои бардурӯғ паҳн кардем. Чунин пеши пой доданҳои моро устодон Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир… дар ҷисму ҷони хештан борҳо санҷидаанд. Ҷое хондам, ки бузурге бо дард гуфтааст: “Афсӯс, ки мо зиндабузургон нашиносем…” Одати аҷибу ғарибу “ҳасанае” дорем, ки гуноҳро худ мекунему ба сари дигарон бор карданро дуст медорем.  Ҷанги шаҳвандиро худ сар кардему гуноҳро аз дигар ҷой ҷустем. Бузургонро овора месозем, рӯзноманигоронро таҳқир мекунем…

Хайрияти он аст, ки дунё аз одамони нек, бохирад, соҳибтадбир ва соҳибақл холӣ нест ва эшон садди роҳи ҳасудону бахилон ва нотавонбинон мегарданд. Барои устодони каломи бадеъ ва хунёгарони бузург – Мӯмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Одина Ҳошим, Зафар Нозим ва Ҷӯрабек Муродов  устод Турсунзода балогардон ва пушту паноҳ буданд. Устод Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров низ пушту паноҳ ва балогардони истеъдодҳо буданд.

Шукри худо хиради азим ва чаҳонбинии амиқи Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон боиси он гашт, ки муносибати бародаронаи тоҷикону ӯзбекон барқарор гардид. Иқдомҳои шоистаи Ҷаноби олиро Президенти Ӯзбекистон Мирзиёев Шавкат Мирамоновиҷ дастгирӣ карданд. Дар чунин замонаи каҷ дору марез, бояд кулли мардумони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна қатъи назар аз миллату халқият яктану якҷон бошанд. Чунки дар дарозои таърих мо дӯш ба дӯши якдигар дар ҳамсоягӣ зистаем ва ва урфу одатҳои муштарак дорем…

Имруз дар замоне, ки кӯчаҳои кмшвари ҳамсояи мо Афғонистон пурхун асту аз ҳар дару девор садои нолаи ҷонсӯз меояд, ҳар яки моро имони мустаҳакам мебояд, то хонаву дарамон ва аз ҳама бештар, кишварамон ободу осуда бошад.

Бубинед, қувваҳои бадхоҳ байни русҳо ва украинҳо тухми низоъ коштанд ва кинаву адоват рӯз то рӯз аланга мезанад… Аз ин рӯ, моро низ зарур аст, бештар пайи дӯстӣ, ваҳдатофаринӣ, осоиштагӣ, оромии на танҳо кишвари худ, балки дар тамоми Осиёи Миёна масъулият дошта бошем. Барои ҳамаи ин моро имони пурқувват мебояд, ки тамоми гуфтаҳо, фармудаҳо, талаботҳои Пешвои миллатро дар бораи ваҳдату субот амалан пиёда созем.

Холмурод Сафарзода, узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь