Ҳамсояи мо гушнаву мо сер бихобем

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар қонунҳои мутааддиде ба тавсиб расидаву мавриди амал қарор гирифтанд, ки дар беҳбуд бахшидани ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва арзишгароии миллат нақши муассир доранд. Бешак, аз миллитарин, мардумитарин ва муҳимтарин қавонине, ки қабул ва амалӣ гашта истодаанд, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба шумор мераванд.

Ҳарчанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8-уми июни соли 2007 қабул гашта бошад ҳам, аз назари инҷониб   ҳанӯз  вазъи сиёсӣ-иҷтимоии кишвар ба эътидол наомада буд, ки Президент бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ ва маърифати волои иқтисодӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоии мардуми кишвар аз байн бурдани ҳамагуна падидаҳои зоҳирпарастиву низоъангез дар ин самт иқдомҳои саривақтӣ намуда, 9-уми июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тавсиб расонида буданд, ки заминаи муҳиме барои қабулу батасвибрасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардид. Пешвои миллат  Фармони худро бо мақсади «танзими ҷашну маъракаҳои серхарҷ ва расму оинҳое,  ки ба  сатҳи  зиндагии  мардум таъсири манфӣ мерасонанд ва боиси пайдоиши низои иҷтимоӣ дар байни шаҳрвандон мешаванд, инчунин ба хотири таблиғу ташвиқи расму оинҳое, ки ба инкишофи шахс, тарбияи ахлоқи ҳамида ва эҳтироми арзишҳои миллию  умумибашарӣ  мусоидат мекунанд» содир намуда буданд, ки ҳамчун меҳвари таҳияву тасвиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардид.

Воқеан, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» на танҳо дар қонунгузории амалкунандаи кишвар, балки дар навъи худ дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ таҷрибаи комилан нав буда, маҳз ба хотири посдории анъанаву арзишҳои миллӣ дар доираи манфиатҳои мардум, хусусан ҷилавгирӣ аз хисорот ёфтани иқтисоди ҳар хонавода ва хати бутлон кашидан ба ҳама гуна исрофкориҳову худнамоиҳо таҳия шудааст.

Чи тавре ишора шуд, қонуни мазкур анъанаву маросим ва одатҳои миллиро ба танзим дароварда, бад-ин гуна дар маҳбубияту мондагор гаштани онҳо таъсиргузор мебошад. Ба ин маъно, ки нукоти мазкур (урфу одатҳо)-и миллӣ бинобар авҷ гирифтани таассуботи хурофотию «мусобиқаҳо»-и худхоҳонаву худпарастона ба гунае ба «дарди сар», ҳатто мусибати миллат бадал гашта буд, ки мутаассифона, имрӯзҳо боз чунин саҳнаҳо ба чашм мерасанд. Чунончи пеш аз қабули ин қонун аз хароҷоти сафар ба ҳаҷ дида хароҷоти маросими он: маъракаҳои гуселу пешвози ҳоҷӣ ва ҳоҷиталбону ҳоҷиошӣ ба маротиб бештар буд. Ва ё бештари хонаводаҳо баъди гузаронидани тӯю маъракаҳо зери бори қарзҳои ҳангуфте қарор мегирифтанд, ки ҳатто боиси хонавайрониҳои бархе аз мардум гашта буданд. Ин гуна хароҷотҳои ноҷо гоҳе ба даст задани мардум ба қонуншиканиҳову амалҳои номатлуб замина мегузошт, ки боз аҳён-аҳён ин воқеаҳо дида мешаванд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои охир сафари бархе аз ҳамватанон ба Ҳаҷ ба таври назаррас зиёд шуда, хайрхоҳӣ хеле ва хеле кам гардидааст. Баъзан тибқи иттилои шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ мешудем, ки иддае аз зоирон маблағи сафари худро барои ободии маҳали зисташон ҳамчун хайри ҷория сарф мекарданд, аммо ҳоло ин мавзӯъ ба гӯши фаромӯшӣ рафтааст. Хурду бузург маротибаҳо, яъне такрор ба такрор қарз карда ба Ҳаҷ мешитобанду аз кори хайр, тарбияи фарзанду таъмини рӯзгори ӯ кор намегиранд.

Ҷойи афсус аст, ки баъзе нафарон сафар ба Ҳаҷро ба ҳукми анъана дароварда, пайдарпай рафтан ба Ҳаҷро шиор ва ё “муд” сохтаанд. Аммо тибқи таълимоти динӣ  Ҳаҷ барои инсони тавонманд дар тӯли ҳаёт як маротиба фарз аст. Ба ҷойи чору панҷ бор рафтан ба зиёрати Каъба беҳтар аст, ки он нафар ҳиссае аз молу сарвати худро  ба ҳамсояи худ, ки дастнигар аст ва ё дар ободонии деҳа, овардани хати оби нӯшокӣ, бунёди роҳу пул, таъмири муассисаи таълимӣ ва амсоли ин сарф намояд, то аз он дар баробари ӯ аҳли ҷомеа низ баҳравар гарданд.

Ҳанӯз 24-уми майи соли 2007 Пешвои миллат дар робита ба урфу одатҳо ва маросимҳои миллӣ таъкид намуда буданд: «Қисме аз мардуми мо ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад».

«Исроф ҳаром аст» – таъбире, ки барои хурду калон ва хосу ом ошност. Вале ҷойи таассуф аст, ки таъбири мазкур дар доираи гуфтор маҳдуд гаштааст. Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки мо сидқан дар доираи Қонуни мазкур амал намоем ва аз хароҷоти зиёду худнамоӣ дурӣ ҷӯем. Баҳри ободии хонадони худ, таълиму тарбияи фарзандон ва оилаҳои ҷавон, дастгирии ятимону эҳтиёҷмандон ва дар умум ободии хонадону диёр саҳмгузор бошем.

Саидраҳмони МАРДОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь