Ба таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Ба таваҷҷуҳи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ

Ба таваҷҷуҳи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод

Ба таваҷҷуҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Шоҳиён Шермуҳамаад

Бо салом ва иродати фаровон аз олимақомон! Бо камоли адаб хоҳиш мешавад, пеш аз баррасии ин матлаб мақолаҳое, ки дар ҳафтаномаи “Фараж” 21.12.2023 ва 07.03.2024 чоп шудааст, мутолиа фармоянд, то асли рухдод ва идомаи талхи он, ки то имрӯз давом дорад, барояшон равшан шавад.

 Як рӯз пеш аз рӯзи фархундаи Наврӯзи соли ҷорӣ, яъне 19.03.2024, наздикии соати 9 саҳар буд, ки занги телефони ҳамроҳам ба садо даромад ва аз он сӯйи хат садои омиронае хабар дод:

-Пагоҳ, 20-уми март, суди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор мешавад ва Шумо, даъвогарон, бояд соати 09:00 дар ҷаласа ҳозир шавед. Судя ба таври мухтасар дар як соат даъвои шумоёнро мебинад, зеро расо соати 11:00 маросими “наврӯзӣ” дорад.

Писарам ҳайрон монда буд, ки чӣ кор кунем: 20.03.2024, соати расо 09:00 ба ҳеч ваҷҳ мо ба суди ноҳияи Ҳамадонӣ расида наметавонем. Бояд далел меовардем, то табъи судя аз мо нороҳат нашавад.

Гуфтем: -Намояндаи ваколатдори (адвокат, вакили додгустарӣ) мо то соати 09:00 ба ноҳияи Ҳамадонӣ омада наметавонад, зеро аз Хуҷанд то ноҳияи Ҳамадонӣ дар ин муҳлати муайянкардаи шумо расида омаданаш душвор аст.

Аз он сӯи хат: -Чӣ мо дар ин ноҳия адвокат надорем, ки шумо аз Хуҷанд адвокат гирифтед?! Адвокат дар ин ҷо пур аст.

-Ба ҳар ҳол мо даъвогарон – ҷабрдидаҳо бе намояндаи ваколатдор дар ҷаласаи судӣ ҳозир шуда наметавонем…

Ба вакили додгустарӣ занг зада, вазъияти ногаҳон пешомадаро хабар медиҳем ва хоҳиш мекунем, то коре кунад, ки муҳокимаи судӣ ба рӯзҳои пас аз таътилоти наврӯзӣ интиқол ёбад…

Муҳокимаи нахустини парвандаи ҷиноятии “гӯшти уштурхӯрда” дар додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки аз 04.10.2023 сар карда, то ин сана, яъне беш аз ним сол аст, тӯл мекашид, дар таърихи 29.03.2024 баргузор мешавад ва бо хеле таъхир.

Дар ошёнаи дуввуми бинои бонки “Тоҷиксодиротбонк” судшаванда Тиллоев М. М. ба сӯйе нигоҳ дорад ва аз салом ё узрхоҳӣ аз рух додани фоҷеа, кушта шудани ду нафар ва ҷароҳати ваҳмангез бардоштани ду нафари дигар хабаре нест, ки нест. Чанд нафари дигар маълум нест, чӣ кораанд, андар гирду атрофи мо ҷуфтак мезананд.

Ҷаласае, ки бояд ба таври мухтасар пеш аз маросими “наврӯзӣ”-и ҷаноби Раиси судяи ноҳияи Ҳамадонии минтақаи Кӯлоб Шукурзод Н. Т. дар як ё якуним соат хотима пайдо мекард, пас аз қолу мақол ба даври дигар вогузор мешавад.

Пас аз хотимаи ҷаласаи нахусти додгоҳ бародари судшаванда Тиллоев, ки “Саймуҳаммад” ном доштааст, аз ман шумораи телефони ҳамроҳро мехоҳад ва ман бе ҳеч андешаи бад рақамҳоро барояш мегӯям (ва ин иштибоҳи бузург аст, ки аз ман сар мезанад).

Даври дуюми муҳокимаи додгоҳӣ ба рӯзи 07.04.2024 рост омад. Дар роҳи болои обанбори Норак будем ва наздики соатҳои 11:00 аз шумораи телефони 918202691 Саймуҳаммад (бародари судшаванда Тиллоев) ба ман занг мезанад ва мепурсад:

-Имрӯз ба Ҳамадонӣ меоӣ ё не?

Ман посух медиҳам:

-Ҳатман меоем. Дар роҳем. Сари вақти таъйиншуда дар ҷаласаи додгоҳ ҳозир мешавем…

Дар ошёнаи дуввуми додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ боз ҳамон манзара ва чеҳраҳои ноошно. Муҳокима боз тӯл мекашад. Судшаванда айби худро ба гардан намегирад ва дигаронро айбдор мекунад. Аз суханони ин судшаванда ба забони худаш чизеро фаҳмидан душвор аст. На танҳо ин судшаванда, балки судя ва айбдоркунандаи давлатӣ заррае ҳам қавонини забони давлатиро риоят намекунанд. Милисае, ки судшавандаро бо дастбанд ба маҳкама овардааст, мушовир ва адвокати бепули судшаванда аст ва ба ӯ ёд медиҳад, ки аз назари ҳуқуқӣ чӣ тавр ва чӣ гуна бояд ба суолҳои судя ва прокурор ҷавоб диҳад, то аз чанги қонун халос шавад… на судя на додситон ба ин кори хилофи қонуни милиса халал намерасонанд.

Ин даври муҳокима низ бе ягон натиҷа ба поён мерасад. Ман дар Майдони Исмоили Сомонии ноҳияи Ҳамадонӣ мунтазири писарам ва ёронаш истодаам. Ҷабрдидагон ва вакили додгустарӣ бо дасти холӣ аз бинои додгоҳ берун шуда, аз роҳи асосӣ (мошингард) ба тарафи Майдони Исмоили Сомонӣ мегузаранд ва ин ҷост, ки юриш бар сари ҷабрдидагон ва вакили додгустарӣ сар мешавад. Ман дар ҳайратам, ки дар як они воҳид ин қадар одам аз куҷо пайдо шуд ва чаҳор нафар: писари ман, Миртоҷиконшоҳ, бародари ҳамсараш Бобоҷон, боҷааш Саидалӣ ва вакили додгустариро дар як ҳалқа зич печонида мегиранд ва бар сари онҳо дашному тӯҳмат бор мешавад. Занги пагоҳии бародари судшаванда, ки “Саймуҳаммад” ном дорад, ба ёдам расид, ки бесабаб аз омадани мо ба ин даври ҷаласаи додгоҳро напурсида будааст…

Ва ҳол худи Саймуҳаммад ҳам кам намеорад ва сари писари ман дод мезанад:

-Ту бисту панҷ ҳазор сомонӣ аз ман пул гирифтаӣ! Мана, ин ҳуҷҷат!

-Кадом пул? Ман аз касе пул нагирифтаам. Ин пуле, ки муфаттиш Чиллазода ҳамроҳ бо писархолаи ту ба Душанбе рафта, ба Наргис Шафиева ва шавҳараш додаанд, то онҳо аз даъвояшон даст бикашанд. Ин пул ба ман дахле надорад, пулат саратро хӯрад…

Як ришдор, ки ҳангоми дод задан аз даҳонаш кафк мепарад, бар сари писари ман ҳуҷум оварда, гуфт:

-Ту дар ҷойи ҳодиса набудӣ. Пойятро дар ягон ҷои дигар зада шикастӣ ва ҳоло ин ҷо даъво мекунӣ?! Ман он ҷо будам… ман нишон медиҳам… Ту кистӣ, ки ба ҳамсояи ман даъво мекунӣ…

Писарам, ки ба душворӣ бо асобағал (чигас) ҳаракат мекунад, бо азобе аз даъвои ин мард халос мешавад ва он ҳам танҳо замоне ки ман бо гӯшии телефони ҳамроҳ ба аксбардорӣ аз ин манзараи хавфнок сар мекунам…

Муҳокимаи додгоҳӣ ба рӯзи дигар ва даври дигар вогузор мешавад. Бори севвум (17.04.2024) судя барои судшаванда ҳукми бисёр инсондӯстона содир мекунад ва бо ваҷҳе, ки дар авфи оянда, яъне “Соли маърифатӣ ҳуқуқӣ”, ки бахшида ба сисолагии Қонуни Асосӣ (06.11.2024) эълон шавад, заминаи хуберо барои ба таври комил озод кардани судшаванда аз чанги қонунро муҳайё созад.

Ҳангоми баррасӣ дар додгоҳ чунин ба назар мерасид, ки судя парвандаи ҷиноиро дуруст мутолиа накардааст ва таваҷҷӯҳ нафармудааст, ки ҳол ин Тиллоев аз ҷойи ҳодиса фирор карда, наздик ба се моҳ, яъне аз таърихи 04.10.2023 то 29.12.2023 гуреза буд ва худро ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим накард. Танҳо замоне ки мақолаи мо дар санаи 21.12.2023 бо титри “Номаи саркушода. Лутфан ба муфаттиш Чиллазода “Беҳтарин муфаттиши соли 2023 диҳед!” дар ҳафтаномаи “Фараж” (№50(880), с. 4-5) чоп шуд ва пас аз кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо шармандагӣ ва “гардани баста” Тиллоевро дастгир карданд ва муфаттиши номуҳтарам Чиллазода “аз хоби гарон” хеста, рӯзи 01.01.2024 (рӯзе, ки Назирмад Шафиев олами фониро падруд гуфт) барои таҳқиқи парванда даст ба кор шуд ва мехост ба Душанбе барои бозпурсии Н. Шафиев ташриф биёварад (вале онро ба охир нарасонида, корномаи номуборакашро аз дасти ӯ гирифтанд. Дар ин боб нигаред ба акси садо дар ҳафтаномаи “Фараж” /№10(899), с. 11/ дар таърихи 07.03.2024 посухи Прокурори вилояти Хатлон Назарзода А. Н. бо номи “Парванда ба дигар кас вогузор шуд”).

Муфаттиши парванда аз камсаводии ҳуқуқии писар ва келини марҳум Назирмад Шафиев сӯистифода ба амал оварда, барои бомор будани марҳум дақиқан чунин “делел” овардааст: “дар рафти тафтишоти пешакӣ хешовандони наздики марҳум Шафиев Н. О., яъне писараш Ояҳамад Назирмадович ва ҳамсараш Табарова Назокат Сайфуддиновна пурсида шудаанд, ки номбурдагон сабаби марги марҳум Шафиев Н. О.-ро дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ нею, балки дар натиҷаи бемории равонии худ фавтидааст”.

Ин даъвои парвандадӯз-муфаттиши “мутахассис” (милиса) далел мехоҳад ва мувофиқи қонуни расмии кишвар онро бозраси босавод ва ҳуқуқбадаст бояд бо тасдиқнома аз идораи мӯътабари бемориҳои равонӣ бо имзо ва мӯҳри таъйид дар парванда медӯхт. Аммо муфаттиши мӯҳтарам ҳеч далели мушаххасе барои таъйиди бемор будани марҳум наёовардааст. Бар замми ин прокурори вилояти Хатлон дар шаҳри Леваканд аз муфаттиши парванда далел напурсида, парвандаро бо имзои мубораки хеш ба додгоҳ фиристодааст. Барои маърифати ҳуқуқии муфаттиши парванда, додситон ва судяи муҳтарам лозим ба тазаккур аст, ки ин санад (яъне парвандаи мазкур) 70 (ҳафтод) сол дар бойгонӣ маҳфуз мемонад ва худое нокарда, агар шахсе барои иншои матлабе онро ба даст бигирад, дар зеҳнаш ин пурсиш матраҳ мешавад, ки “чӣ тавр як бемории равонӣ дар сохти конститутсионӣ ва кони намаки шаҳраки Восеъ ва пасон директори коллеҷӣ кӯҳӣ дар Душанбе ва ниҳоят “Аълочии маорифи халқ” шудааст ва дар охир ӯро бемории равонӣ гуфта ба гӯр фиристодааст!

Ман ҳамчун шоҳиди айнӣ ва зеҳнӣ пас аз садамаи нақлиётии 04.10.2023 борҳо бо қудоям, марҳум Назирмад Шафиев, дидорбинӣ доштам ва ҳар бор медидам, ки нафас дар қафаси синааш дармемонад ва дастонашро ба зӯр рост мекунад ва пойҳояш варам дошт ва аз дарди ҷонгудоз ранҷ мекашид, гоҳе мегирист, аммо ба пизишки муолиҷ муроҷиъат намекард. То замони садамаи нақлиётӣ Н. Шафиев шахси комилан солим, донишманд, хушҳол ва дар корҳои сохтмонӣ ҳунарманд буд.

Мо маҷбур шудем, ки барои рафъи ин гуфтаҳои муфаттиши парванда ба мақомоти расмии дармонгоҳи равонии ҶТ муроҷиъат кунем ва бубинем, ки оё Аълочии маъорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, райиси собиқи Корхонаи намаки ноҳияи Восеъ Назирманд Шафиев, ки дар замони душвор истеҳсоли намакро аз 32 ҳазор тонна ба 45 ҳазор тонна расонидааст ва пасон дар Коллеҷи кӯҳӣ солҳои сол  директор буд, касалии равонӣ дошт ё на…

***

Дар ҳукм омадааст: “Ҳамчунин ҳолатҳое, ҷазоро, ки тибқи моддаи 61 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон сабук мекунанд (?!) нисбати судшаванда Тиллоев М. М, ин оиладор ва соҳиби се фарзанд будан, бори аввал содир кардани ҷиноят, ба гуноҳаш иқрор шуда аз кирдори содиркардааш сидқан пушаймон шудан (кай ва дар куҷо пушаймон шуд?!-М.М.) ва аз ҷои зист хислатномаи мусбӣ доштани ӯро ба инобат мегирад”.

Ва ҳукми судя Шукурзод Н. Т. нисбат ба ҷинояткор Тиллоев М.М. бисёр “одилона” ва комилан ноодилона нисбат ба ҷабрдидагон бо чунин сархат ба ҳадаф мерасад: “Ба ӯ бо ин модда (шояд 212 қисми 2-М.М.) бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 3 (се) сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати 1 (як) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми сукунат, ҷазо дода шавад”.

Нахуст. Судшаванда Тиллоев М. М. се моҳ аз чанги қонун фирор кард, пас, суди зинаи аввал ин ваҷҳро ба инобат намегирад ва ӯро дар ин маврид намепурсад?! Судя Шукурзод Н. Т. дар муқаддимаи ҳукм дар мавриди ба ҳабс гирифта шудани судшаванда Тиллоевро дар таърихи “29.12.2023” қайд кардааст, вале қасдан “фаромӯш” кардааст, садамаи нақлиётӣ 04.10.2023 рух дода. Ҳар касе, ки (ҳатто дар олами ҳуқуқӣ тамоман бесавод!) ин парвандаро мутолиа фармояд, худ аз худ дар зеҳни ӯ суол пеш меояд, ки Тиллоев аз 04.10.2023 то 29.12.2023 дар куҷо буд ва ба чӣ кор машғул?! Аммо ба зеҳни судя Шукурзод Н. Т. ҳеч суоле пеш намеояд ва аз ин ваҷҳи қонунвайронкунии Тиллоев дидаву дониста чашм мепӯшад.

Дуввум: Чаро дар парванда нисбат ба марҳум Назирмад Шафиев тӯҳмат ворид шудааст ва судя далели онро аз бозраси ВКД ва оне, ки аз ин парванда дар додгоҳ “айбдоркунандаи давлатӣ” маҳсуб мешавад, суол намекунад?!

Севвум: Судя Шукурзод Н. Т. як соат пеш аз маросими “наврӯзӣ”-и хеш (20.03.2024) кулли парвандаро дар ним ё як соат хотима кардан мехост, ҳол чаро пас аз се ҷаласаи додгоҳ масъалаи ҷуброни хисорати моддӣ ва маънавии даъвогаронро ба ояндаи дур ва “истеҳсолоти дигар” ҳавола кард, дар ҳоле ки дар парванда бо санадҳо харҷи ҷарроҳӣ, табобат ва дигар хароҷот оварда шудааст ва дар аризаи даъвогӣ низ дар ин маврид таъкид шудааст?! Чаро суди зинаи аввал аз нияти дар як соат ё камтар аз он ҳамаи масъалаи парвандаро ба охир расонидани буд, вале яку якбора ақаб зад ва ҳол пас се ҷаласа ҳам онро ба поён нарасонида дар нимароҳа раҳо кард?!

Чаҳорум. Шунида шуд, ки судшаванда Тиллоевро чанде пеш аз кишвари Русия ихроҷ (депорт) кардаанд ва чаро пас аз чунин қонуншиканӣ дар хислатномаи ӯ авсофи муборакаш “мусбат ва фаришта” қаламдод шудааст?!

Панҷум. Дили судя Шукурзод Н. Т. барои “се фарзанд” доштани судшаванда Тиллоев сӯхтааст, вале як бор ҳам фикр накардааст, ки ҷабрдида М. М. Мирраҳим ду фарзанди ноболиғ дорад ва ҳамсараш низ хонанишин аст, ҳамаи ин харҷи барзиёд ва нони шабу оби хонаводааш аз куҷо таъмин мешавад?!

Шашум. Судшаванда Тиллоев рӯзи нахусти ҷаласаи додгоҳ рӯ дар рӯ бо ҷабрдидагон ҳатто як калима ҳам аз онҳо узр напурсид, аз ҷинояти содиркардааш пушаймон ҳам набуд, балки баръакс, ба сӯи онҳо тамасхур мекард, азоби виҷдон надошт ва ҳатто нисбат ба намояндаи ваколатдори мо беадабӣ зоҳир мекард. Чаро дар ҳукми суди зинаи аввал таъкид шудааст, ки судшаванда “ба гуноҳаш иқрор шуда аз кирдори содиркардааш сидқан пушаймон шуд” дар ҳоле на пеш аз мурофиаи додгоҳӣ ва на пас аз даргузашти чанд моҳ аз ҳукми додгоҳ як калима ҳам аз ворисони марҳум Л. Ҷалолова, Н. Шафиев ва ҷабрдида М. М. Мирраҳим узрхоҳӣ накардааст?!

Ҳафтум. Чаро судя Шукурзод Н. Т. ба худ иҷозат додааст, ки “Шикояти кассатсионии” моро нисбат ба ҳукми беадолатона лагадмол созад ва далеле ҳам наоварад, ки бо кадом ваҷҳ онро рад кардааст?! Шикояти кассатсионии мо дар вақти муқарраршуда, рӯзи поёнии (10 рӯз) ба додгоҳ ворид шуд, вале Шукурзод Н. Т. дар таърихи 28.05.2024 (№601) бо сарбории ҳукми содиршуда ба ҷабрдида чунин нома ирсол кардааст:

“Суди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аризаи Шуморо оид ба барқарор намудани мӯҳлати пешниҳоди шикояти кассатсионӣ мавриди омӯзиш қарор дод. Аз омӯзиши аризаи Шумо муайян карда шуд, ки ягон ҳолатҳои асосноккунӣ барои барқарор намудани мӯҳлати шикояти кассатсионӣ мавҷуд нест”.

Тибқи талаботи моддаи 350 КМҶ ҶТ супурдани нусхаи ҳукми суд на дертар аз 5 (панҷ) шабонарӯз баъди эълони ҳукм бояд анҷом пазирад. Нусхаи ҳукми мазкур бошад, санаи 14.05.24 сол бо воситаи шаҳрванд Муродов Сайдалӣ Раҳмонович ба писари ман дастрас гардид, зеро ҳукм танҳо пас аз 22 (бисту ду) шабонарӯз, яъне 09.05.2024 омода шудааст, ба воситаи намояндаи ваколатдори мо Ҷумъаев Ҷ. Ш. аз суди ноҳияи М. С. А. Ҳамадонӣ хабар дода мешавад, ки ҳукм тайёр аст, ҷабрдида метавонад омада нусхаашро бигирад. Ҷабрдида, ки аз садамаи 04.10.2023 ҷароҳати вазнин гирифта, то ҳол бо азобу машаққат таъмини рӯзғор ва ду кӯдаки ноболиғ Мирраҳим М. с. т. 2017, Мирбобо А. с. т. 2022 ва ҳамсараш, соҳибхоназан Шафиева Ф. с.т. 1985-ро ба дӯш дорад, ба ҷойи кор рафта меояд ва ҳам имконияти саломатӣ ва ҳам моддӣ надорад, ба вижа пас аз гузаронидани ду амали ҷарроҳӣ ва табобати то ба имрӯз давомкунанда, чӣ тавр метавонад, масофати наздик 230 км аз шаҳри Душанбе то ноҳияи Ҳамадонӣ дар замони муқарраркардаи ин судя мисли моку рафта, боз баргардад. Ҳарчанд шумораҳои телефонҳои дастии Мирраҳим М. М. ва ҷабрдидаи дигар Шафиев О. Н. аз давраи тафтишоти пешакӣ сар карда, то ба имрӯз дар парвандаи мазкури ҷиноятӣ сабт шудааст, мутасадии ин хабар аз суди ноҳияи Ҳамадонӣ метавонист огоҳ намояд, ки баъди 5 (панҷ) шабонарӯз тибқи талаботи қонуни мазкур ҳукм омода асту метавонед омада гиред, на бо ин таъхири тӯлонӣ пас аз 22-23 рӯз (яъне 09.05.20245) аз эълони ҳукм. Замоне ки мо мехостем шикоятии кассатсионии хешро ба тариқи е-майл ба нишонии Суди ноҳияи Ҳамадонӣ бифиристем, кордори суд ба таври қатъӣ монеъи ин амал шуд. Суол ин ҷост, ки чаро дар сарбарги Суди ноҳияи Ҳамадонӣ ин навиштаҳо омадааст: e-mail:hamadoni@sud.tj; web:http// hamadoni.sud.tj

Ҳол чанд нуктаи ҳуқуқӣ барои маърифати ҳуқуқии судя Шукурзод Н. Т.

Суди зинаи аввал дар ҳукми содиркардааш ваҷҳи овардаи намояндаи ваколатдори ҷабрдидаҳо Ҷ. Ш. Ҷумъаевро дар мавриди он ки то ба имрӯз аз тарафи судшаванда Тиллоев М. М. ва ё хешовандони ӯ ба марҳум Ҷалолова Л. ва марҳум Шафиев Н. О. ва ҷабрдида Мирраҳим М. М. ҳатто хабар нагирифтааанд, изҳори таслият ҳам накардаанд ва бо мақсади рӯпӯш кардани зарарҳои моддию маънавӣ ҳатто кӯшише ҳам накардаанд, аз ҷониби суд мавриди муҳокима ва дар ҳамбастагӣ бо дигар далелҳои дар маҷлиси судӣ тасдиқгашта баҳо дода шуд, ин ваҷҳро беасос ва хилофи ҳолатҳои воқеъии дар маҷлиси судӣ тасдиқгардида меҳисобад. Аммо бар хилофи ин дасткории судя дар ин барраси парванда асли ҳол ин аст, ки аз тарафи намояндаи ваколатдори ҷабрдидаҳо Ҷумъаев Ҷ. Ш. ва шахси ҷабрдидаҳо, аз ҷумла ҷабрдида М. М. Мирраҳим бобати гуфтаҳои боло бо истифода аз қонунҳои мурофиавӣ бо судшаванда Тиллоев М. М. суолу ҷавоб гузаронида шуда буд. Судшаванда Тиллоев М. М. иқрор шуд, ки дар ҳақиқат на ӯ ва на ягон нафар аз хешовандонаш назди ҷабрдидаҳо, оилаи марҳумон Ҷалолова Л., Шафиев Н. О. ва ё ҷабрдида М. М. Мирраҳим рафта ҳамдардӣ ва аҳволпурсӣ накардаанд (то ҷое, ки маълум аст, судшаванда Тиллоев М. М. то санаи 29.12.2023 дар озодии комил ба сар мебурд ва ҳамаи имкониятҳоро дошт, ки ин корро анҷом бидиҳад). Аммо судя Шукурзод Н. Т. ба ҷойи он ки ба ин ҳолатҳо баҳои ҳуқуқӣ диҳад ва ҳангоми баровардани ҳукм ҷазои сазоворро дар раводиди моддаҳои 212 қ. 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Тиллоев М. М. таъйин намояд, баръакс ҷазои ниҳоят сабукро ҳам дар мавриди маҳкум сохтан аз озодӣ ва ҳам маҳрум гардонидан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба ҳамаи намуди воситаҳои нақлиёт таъйин кард. Судя Шукурзод Н. Т. ваҷҳи овардаи намояндаи ваколатдор ва шахси ҷабрдидаҳоро дар мавриди ҳолатҳои воқеъии дар маҷлиси судӣ тасдиқгардидаро дидаву дониста хилоф дониста, бо кадом асосҳои ҳуқуқӣ ва санаду меъёрҳо мавҷуда онҳоро беасос меҳисобад, ба таври возеҳу равшан наовардааст, беҳтар аст гуфт, хости хешро бар парванда эъмол кардаасту халос.

Суди зинаи аввал инчунин асос бар тибқи талаботи моддаи 46, қ. 2 ҚҶ ҶТ ҷазо бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшуда (яъне ҷинояткор), ҳамчунин барои пешгирӣ аз содир накардани ҷиноятҳои нав татбиқ мешавад, дуруст таваҷҷӯҳ накардааст. Пас, суоле ба миён меояд, ки оё бо 1 (як) сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум кардани ҷинояткор ва “адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми сукунат, ҷазо дода шавад” Тиллоев М. М. ислоҳ мегардад?

Суди зинаи аввал ҳангоми таъйини ҷазо инчунин асос ба моддаи 61 ҚҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ҳолатҳои сабуккунандаи ҷинояти аз беэҳтиётӣ содиркардаи судшаванда Тиллоев М. М. ба қалам дода, ҳолатҳои воқеии имрӯзаи ҷабрдидаҳо О. Н. Шафиев ва М. М. Мирраҳим, ки нахустин дар як они воҳид падар ва модарашро аз даст дод ва дуввумӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст, ки табобаташ то имрӯз давом дорад, ду кӯдаки ноболиғ, ҳамсари хонанишин дар таъминоташ ҳастанд, аслан мадди назар нагирифтааст. Пас, аз судя Шукурзод Н. Т. пурсида мешавад, ки куҷост адолати судӣ ва адолати иҷтимоӣ?

Судя Шукурзод Н. Т. дар раводиди моддаи 212 қ. 2 КҶ Ҷумҳурии Товикистон ҳангоми таъйини ҷазо ҳадди камтарини онро татбиқ карда, хавфнокии ҷинояти содиршуда аз тарафи судшаванда Тиллоев М. М.-ро нисбат ба ҷомеъа ва шаҳрвандон ба ҳеч ваҷҳ дар назар нагирифтааст.

Дар асл судя ҳангоми баровардани ҳукм нисбат ба судшаванда Тиллоев М. М. хилофи моддаи 377 КМҶ ҶТ амал карда, ки он “Номувофиқии ҷазои таъиннамудаи суд” мебошад. Зеро дар раводиди ин модда омадааст: “Ба вазнинии ҷиноят ва шахсияти маҳкумшуда чунин ҷазо номувофиқ дониста мешавад, ки агар аз доираи пешбиннамудаи қонуни ҷиноятӣ берун набаромада бошад ҳам, вале аз рӯи намуд ва андозаи худ чӣ аз ҷиҳатӣ сабукӣ ва чӣ аз ҷиҳати вазниниаш баръало беадолатона мебошад”.

Бубинед: судшаванда ду нафарро кушт, ду нафари дигар ҷароҳати сахт бардоштаанд ва судя ҳатто ба гӯши хаёлаш ҳам намеояд, ки як бор андеша кунад: чаро Тиллоев М. М се шабонарӯз кам се моҳ фирорӣ буд; агар худро бегуноҳ мешуморад, чаро дар ҳамдастӣ ва бо роҳнамоии муфаттиш Чиллазода бо ришва, яъне пардохти 25 (бисту панҷ) ҳазор сомонӣ ба ҷабрдида Наргис Шафиева даъвои ӯро аз парванда хориҷ кард; чаро ин парванда аз 04.10.2023 то ба имрӯз “футбол” шудааст; чаро судя рӯзи 20.03.2024 дар як соат ҳамаи масъалаи баррасии парвандаро ба охир расонида, ҳукмашро баровардан мехост ва ҳол якбора пас аз кашол додани се ҷаласа барои чӣ даъвои ҷабрдида М. М. Мирраҳимро дар мавриди ҷуброни хисорати моддӣ ва маънавӣ ба пули пуччак ҳам баробар намедонад?! Ин чӣ маънӣ дорад, ки судя Шукурзод Н. Т. ба вакили додгустарӣ чунин мегӯяд: “даъвои ҷуброни хисорат ба истеҳсолоти дигар гузаронида шуд”.

Мо дуогӯ ҳастем ва таманно дорем: рӯзе расад, ки ин ҳукми ноодилона нисбат ба ҷабрдидагон, ки дар баррасии суди аввал ҳеч суде ҳам дар барқарор кардани адолати судӣ ва адолати иҷтимоӣ дар бар надошт.

Ҳамин матлаб ҳамчун аризаи даъвогӣ барои ҷуброни хисорати моддӣ ба андозаи 37 (сиву ҳафт) ҳазор сомонӣ ва ҷуброни хисорати маънавӣ ба андозаи 120 (яксаду бист) ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ҷинояткор Тиллоев М. М ситонида, ба ҷабрдида Мирраҳим М. М пардохт гардад, ба суди ноҳияи М. А. Ҳамадонӣ ва Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон пешниҳод мешавад!!!

Дар асоси овардаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 357, 371 банди 3, 372 ва 382 КМҶ ҶТ ва моддаи 18 Қонуни асосии ҶТ аз Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон ва Додситони кулли Ҷумҳурии Товикистон ва раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камол эҳтиром хоҳиш мешавад, ки ҳукми суди ноҳияи Мирсайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон аз таърихи 17.04.2024 нисбат ба маҳкумшуда Тиллоев М. М. бо моддаи 212 қисми 2 КҶ ҶТ бинобар сабук таъйин гаштани ҷазо тағйир дода шуда, дар раводиди ҳамин моддаи 212 қисми 2 КҶ ҶТ ҷазои вазнин ба Тиллоев М. М бо маҳрум сохтани ӯ аз озодӣ ва маҳрум намудани ҳуқуқи ронандагӣ дар ҳамаи воситаҳои нақлиёт таъйин карда шавад ва судя Шукурзод Н. Т. аз ҳаққи доварӣ дар ин парванда маҳрум гардад.

Мирбобои МИРРАҲИМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь