Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли ҷорӣ 3 ҳазору 654 омӯзгор аз курси такмили ихтисос гузашта, донишу малакаи худро такмил додаанд.
Директори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Муҳаммадҷон Шарипов, гуфт, таваҷҷуҳи омӯзгорон ба курсҳои тагмили ихтисос зиёд шудааст.
Ӯ афзуд, ки гузаштан аз курси такмили ихтисос барои омӯзгорон хуб аст, зеро онҳо донишу малакаи худро такмил дода, аз навгониҳое, ки дар соҳаи моарифи кишвар ба амал омадаанд, огоҳ мешаванд.
– Шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Норак, Кӯшониён, Вахш, Қубодиён, Носири Хусрав, Ёвон, Балхӣ ва чанд ноҳияи дигар нақшаи курси такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгоронро аз 95 то 126 дарсади иҷро кардаанд, – қайд кард номбурда.