Дар миёни 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон аввалин шуда шаҳри Левакант аз иҷрои пурраи нақша баромад.

Тибқи иттилоъ соли равон дар шаҳри Левакант дар майдони 1030 гектар пахта кишт шуда, меҳнаткашон тавонистанд аз ҳар як гектар 24 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд. Меҳнати босамари барзгаронро ба назар гирифта, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант хоҷагиҳои пешсаф ва роҳбарони корхонаҳои саноатии коркарди пахта бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Дӯстӣ, Кӯшониён, Ҷайҳун, Вахш, Шаҳритус, Бохтар, Қубодиён, Данғара ва Ёвон нақшашонро аз 42 то 80 дарсади таъмин кардаанд.

Ноҳияҳои Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Кӯлоб, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Восеъ, Панҷ  ва Ҳамадонӣ аз 11 то 38 дарсад нақшаро иҷро кардаанд.

Дар умум нақшаи ҷамъоварии пахта дар вилояти Хатлон то имрӯз 38,86 дарсад таъмин карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь