Соҳаи маорифи шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 пурра омода шуда, ба қадри кофӣ маводи сӯхт харидорву захира карда шудааст.
Раиси шаҳри Левакант Мастура Табарӣ гуфт, таваҷҷуҳи МИҲД-и шаҳр ба соҳаи маориф зиёд буда, барои дар фасли зимистон гарм кардани синфхонаҳо аз ҳама имкноиятҳо истифода карда, муаҳассилинро дар шароити хуб ба таълиму тарбия фаро мегиранд.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Левакант Раҳимзода Файзулло иттилоъ дод, дар муассисаҳои таълимии шаҳр 145 тонна ангишт, 243 метри кубӣ ҳезум ва 300 литр сӯзишвории дизелӣ харидорӣ ва захира карда шудааст. Ҳамчунин, шишабандӣ дар муассисаҳои соҳаи маориф 100 фоиз таъин гашта, беш аз 300 бухории аловиву барқӣ омодаанд.
Гуфта шуд, ки дар шаҳри Леваакант 15 муассисаи таълимӣ ва 3 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 5 мактаб ва 3 кӯдакистон пурра бо барқ таъмин буда, дар 12 муассиса гармидиҳӣ дар фасли зимистон тариқи бухориҳои аловӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар муассисаҳои таълимии шаҳр 14 ҳазору 111 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 829 омӯзгор дарс мегӯянд.