Аҷаб давру замонаест, ки дар он зиндагӣ дорем. Бо вуҷуди пешрафту фанновариҳои ҷадид, шабакаҳои иҷтимоӣ ва абзорҳои ҳамрасонӣ аксарият ҳамоно ба гузаштаи даҳҳо сол қабл дилбастагӣ доранд ва кӯшиш мекунанд сабку салиқаи қарнҳои гузаштаро бо ҳар роҳе ба мардум бор кунанд. Дар чунин шароит суоле дар зеҳни ман давр мезанад: чаро имону эътиқоди мо ҳамеша атрофи намуди зоҳирии афрод мечархад?

Чаро мусалмон буданро танҳо дар рӯймолу пойҷомаи занону риши мардон мебинем? Оё дар 1400 соли гузашта наметавонистем фаротар аз ин зоҳирпарастӣ пешрафте дошта бошем ва ба маънавият, ахлоқ ва амали инсонҳо таваҷҷуҳи бештар дошта бошем? Оё мусалмон будан танҳо ба намуди зоҳирӣ вобаста аст ё ин ки бояд ба амалҳои неку рафтори дуруст равона шавад?

Пайғамбар ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд:

“Худованд ба намуди зоҳирии шумо ва молу мулки шумо нигоҳ намекунад, балки ба дилҳо ва амалҳои шумо нигоҳ мекунад” (Саҳеҳ Муслим, ҳадиси 2564).

Ин ҳадис нишон медиҳад, ки дар ислом муҳимияти бештар ба ахлоқ ва амалҳои нек дода мешавад, на танҳо ба намуди зоҳирӣ. Мусалмон будан бояд дар рафтор ва кирдори инсон ифода ёбад.

Шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз ҳама касро насиҳатгару таҳлилгар кардаанд. Ҳар кас дар бораи ҳар мавзуе, ки худаш сарфаҳм меравад ва ё на, изҳори назар мекунад, вале оё ин назарҳо бо дониши кофӣ ва тафаккури амиқ пайвастагӣ доранд? Оё бо ин васила ба мо ёрӣ мерасонанд ё танҳо фурсатталабӣ аст, ки баҳонаи хубест барои ҷалби таваҷҷуҳ кардан аз тариқи дунёи маҷозӣ?

Мо бояд ба худ савол диҳем: чаро имону эътиқодро ба зоҳири инсонҳо маҳдуд мекунем? Имон бояд дар дил ва рафтори инсонҳо ифода ёбад, на фақат дар либос ва намуди зоҳирӣ.

Хулосаи калом, бояд кӯшиш кунем, ки бо ҳамдигар бо эҳтиром, ахлоқи нек ва бо садоқату самимият муомила кунем. Шояд пас аз он мо метавонем ҷомеае созем, ки дар он на фақат зоҳирпарастӣ, балки ботини инсонҳо ҳам муҳим бошад. Шояд он вақт фаҳмем, ки имону эътиқод бояд дар амал ва рафтори мо намоён шавад, на танҳо дар риш ва рӯймол.

Зеваршо МУҲАММАД

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь