Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30.05.2024).

Ба гуфтаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар ҷумҳурӣ қариб 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо доктори илм (аз ин 146 нафар ё 16 фоиз занон), 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд.

То замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3300 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ, аз ҷумла 229 нафар докторҳои илм ва 3074 нафар номзадҳои илм фаъолият мекарданд.

Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ 1,8 баробар, аз ҷумла докторҳои илм қариб чор баробар ва номзадҳои илм 1,6 баробар зиёд гардидааст.

Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар 30-юми майи соли равон изҳор доштанд, ки дониши тахассусии баъзе довталабоне, ки рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро тибқи низоми докторантура аз рӯйи ихтисос ҳимоя мекунанд, ҷавобгӯи талабот ва дараҷаи илмии дарёфтшаванда нест.

Ҳанӯз 18-уми марти соли 2020 Сарвари давлат дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат таъкид карда буданд, ки вақтҳои охир довталабони дараҷаҳои илмӣ ҳангоми таълифи диссертатсияҳо ба камбудиҳои ҷиддӣ ва ҳатто асардуздӣ роҳ медиҳанд. Он вақт пойгоҳи «Диссернет» ҳамагӣ 40 нафар олимони тоҷикро дар асардуздӣ муттаҳам карда буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти имсола изҳори нигаронӣ карданд, ки то имрӯз аз ҷониби шабакаи «Диссернет» 150 нафар олимони тоҷик (номзадҳо ва докторҳои илм) зимни таҳияи рисолаҳои илмӣ ба асардуздӣ гунаҳкор дониста шудаанд.

Дипломи 7 нафари онҳо бо пешниҳоди «Диссернет» аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия беэътибор эълон гардидааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми марти соли 2020 дар мулоқоти солонаашон бо зиёиён гуфтанд, ки аз ин ба баъд ҳар мансабдоре, ки майли навиштану дифои рисолаи илмиро дорад, бояд аввал аризаи истеъфояшро нависад ва сипас ба илм машғул шавад.

Ҷамъияти озоди шабакавии «Диссернет», ки бо асардуздӣ дар рисолаҳо ва асарҳои илмӣ мубориза мебарад, моҳи феврали соли 2013 дар Россия таъсис ёфтааст. «Диссернет» дар 6 соли аввали фаъолияташ беш аз 10 ҳазор асардуздиро ошкор кардааст, ки соҳибонашон бо роҳи фиреб ба дараҷаҳои илмӣ ноил гаштаанд. Дар 5 соли охир боз чӣ қадар асардуздӣ ифшо шудааст, маълум нест.

Яке аз бунёдгузорони «Диссернет» доктори илмҳои физикаву математика, профессор Андрей Ростовсев дар мусоҳибааш ба рӯзномаи интернетии «Реальное время» 12-уми сентябри соли 2019 гуфтааст, ки онҳо ҳар рӯз асардуздии 2 нафарро дар сомонаашон мегузоранд. Аз ин рӯ, агар «Диссернет» фаъолияташро қатъ бикунад ҳам, боз камаш 10 соли дигар сомона холӣ намемонад. Яъне ифшо кардани асардуздӣ идома дорад.

Бояд гуфт, ки асардуздии олимон танҳо дар Тоҷикистон нест. Чунин амали номатлуб дар собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳатто дар Аврупо низ ба чашм мерасад. Масалан, соли 2011 Донишгоҳи Байройти Олмон дараҷаи илмии вазири вақти ҶФО Карл – Теодор су Гуттенбергро барои асардуздӣ бекор кард.

Ҳамчунин асардуздӣ дар рисолаи номзадии собиқ вазири фарҳанги ФР Владимир Мединский, рисолаи доктории вакили Думаи давлатӣ Ришат Абубакиров ва даҳҳо нафар мансабдорони дигари Россия ифшо шудаанд. Ҳамчунин «Диссернет» то соли 2019 танҳо аз ҳисоби кормандони Донишгоҳи гуманитарии Москва 34 рисолаи қалбакӣ ифшо кардааст.

Ба гуфти яке аз муассисони «Диссернет», профессор Андрей Ростовсев дар Россия 40 фоизи асардуздӣ дар улуми иқтисодӣ ва баъд дар ҳуқуқу педагогика ба мушоҳида мерасад. Дар Тоҷикистон чунин пажӯҳиш гузаронида нашудааст. Вале метавон гуфт, ки асардуздӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм ба назар мерасад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз охири соли 1997 ё аввали соли 1998 дар яке аз ҷаласаҳои ҳукумати кишвар ба киноя ба сарвазири вақти ҷумҳурӣ Яҳё Азимов, ки дар мавзуи «Организационно-экономические основы интеграции промышленности Таджикистана в хозяйственный комплекс СНГ» (Асосҳои иқтисодиву ташкилии ҳамгироии саноати Тоҷикистон дар комплекси хоҷагидории ИДМ) рисола навишта, дар Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург номзади илмҳои иқтисод шудааст, ба ин маъно гуфтанд, ки ту рӯзи дароз дар кор банд ҳастӣ, кай фурсати навиштани рисолаи илмӣ кардӣ?

Воқеан ҳам, мансабдороне, ки доим аз субҳ то шом ва аз ин дертар дар кор ҳастанд, кай вақт ба пажӯҳиши илмӣ меёбанд? Маълум, ки барояшон касе рисола менависад.

Бояд гуфт, ки аксари мансабдорони довталаби дараҷа ва унвони илмӣ барои он ба ин амал мекӯшанд, ки имиҷи худро дар ҷомеа ҳамчун олим боло баранд. Аз ҷониби дигар, ба гуфти яке аз муассисони «Диссернет», профессор Андрей Ростовсев мансабдорони беҳунар медонанд, ки баъди аз вазифа рафтанашон бекор мемонанд. Дараҷаву унвони илмӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки ба роҳбарии ягон макотиби олӣ ё омӯзгорӣ дар он умед банданд.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ҳанӯз соли 2015 иштироки мансабдоронро дар интихоботи узви вобаста ва узви пайвастаи Академияи илмҳои Россия манъ карда буд. Вале баъзе аз мансабдорони дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур, вазоратҳои умури дохила, дифоъ, хадамоти амнияти федералӣ ва ғайра моҳи октябри соли 2016 узви вобаста ва пайвастаи Академияи илмҳои Россия шуданд. В. Путин 23-юми ноябри соли 2016 дар ҷаласаи Шурои илм ва таҳсилот ин амали онҳоро танқид карда, гуфт, ки мансабдорон, аз ҷумла губернаторон барои иҷрои хизмати давлатӣ ва ҳамзамон фаъолияти илмӣ вақт надоранд. Мансабдорон бояд бевосита ба вазифаи худ машғул бишаванд.

Дар ин ҷаласа В. Путин ба роҳбари Академияи илмҳои Россия В. Фортов гуфт: «Маълум мешавад, ки онҳо олимони барҷаста ҳастанд. Дар ин ҳолат бояд ман ба онҳо имконияти ба илм машғул шуданро фароҳам бикунам. Зеро барои онҳо фаъолияти илмӣ аз хизмати давлатӣ муҳимтар аст». Президент В. Путин таъкид кард, ки касе софдилона вазифаашро иҷро мекунад, ба фаъолияти илмӣ вақт надорад. Пас аз чанде ин олимони «бузург» аз мансабҳояшон барканор гардиданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти 30-юми майи соли 2024 таъкид карданд, ки як қисми унвонҷӯён рисолаи илмии номзадиро худашон наменависанд ва ҳатто моҳияти онро дарк намекунанд.

Имрӯз довталабони дараҷаи илмӣ ба се тарз ба ин хостаашон мерасанд. Аввалиҳо худашон ба пажӯҳиш машғул шуда, рисолаашонро менависанд. Барои дуввумиҳо роҳбарии илмиашон рисола менависад. Дар ин ҳол роҳбари илмӣ пажӯҳиши нав анҷом медиҳад. Дар ҳолатҳои дигар, роҳбар ба асардуздӣ даст зада, як бахши рисолаи доктории худро барои шогирдаш рисолаи номзадӣ мекунад. Масалан, аз 120 саҳифаи рисолаи номзадии собиқ вазири фарҳанги Россия В. Мединский 87 саҳифааш аслан рисолаи доктории роҳбари илмиаш мебошад. Ҳамчунин чунин роҳбарон бо усули нусхабардорӣ аз рисолаҳои дигар барои шогирдонашон рисола менависанд. Албатта, дар вақти тафтиш асардуздӣ ифшо мегардад ва шогирду роҳбар агар номус дошта бошанд, шарманда мешаванд.

Дар усули сеюм, довталаб касеро барои навиштани рисолаи номзадӣ ё докторӣ кироя мекунад. Дар ин ҳол «нависандаҳои бовиҷдон» воқеан ҳам, рисолаи нав менависанд ва дар он асардуздӣ мушоҳида намешавад. Вале қаллобоне низ ҳастанд, ки бо усули асардуздӣ барои муддаии дараҷаи илмӣ рисола пешниҳод мекунанд. Агар ин амал ифшо нашавад, дар натиҷаи қаллобӣ олими хасакӣ соҳиби дараҷаи илмӣ мегардад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар хотирнишон карданд, ки дар арзёбии фаъолияти илмии ҳар як олим ва махсусан, доктори илм ду меъёр бояд асосӣ ва аслӣ бошад: аввал, натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ, ки посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон бошанд ва дуюм, тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми кишвар қодир бошанд.

Воқеан, имрӯз теъдоди нафароне, ки хоҳиши дараҷаи илмӣ гирифтан доранд, зиёданд. Вале на ҳамаи онҳо тавоноии бурдани пажуҳиши илмиро доранд. Дар натиҷа бо роҳҳои гуногун ашхоси беҳунар аспиранту унвонҷӯ мешаванд ва бозори рисоланависонро гарм мекунанд.

Дар доираҳои илмӣ хуб медонанд, кӣ олими ҳақиқӣ асту кӣ олими хасакӣ? Ҳамчунин аксари олимон рисолафурӯшонро хуб мешиносанд. Ҳастанд ҳатто олимони номӣ, ки ба ин амали номатлуб худ машғул мешаванд ва бо ин кирдорашон ба илми тоҷик хиёнат мекунанд.

Ҷовид МУҚИМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь