Яке аз рӯзҳои аввали тобистон рӯзи якшанбе бо духтарчаам Ганҷина савори дучарха ба боғи машҳури Япония ба номи «Олимпик парк», ки он на чандон дур аз макони истиқоматии мо ҷойгир буд, омадем.
Дар ноҳияи Сетагаяи Токио, ки боғ бунёд шуда, аз маркази шаҳр нисбатан дуртар аст, хориҷиён камтар вомехӯранд ва ин омил боиси интихоби ман барои иқомат шуда буд, то ки наздиктар ба ҳаёти ин мардуми наҷиб ошно шавам. Дучархаро дар ҷои махсусе, ки барои ин намуди нақлиёт пешбинӣ шудааст, гузошта, бо қулф бастам ва ба сайругашт пардохтем. Ҳар вақте ки дучархаамро дар ин ё он мавзеи Токио «қулф мезадам», мисли ҳамаи дигар бошандагони Япония дар тааҷҷуб будам, ки чаро дар ин кишвар новобаста аз набудани дуздӣ ҳама чизҳояшонро эҳтиёт мекунанд. Аммо ин мавзуи дигарест, ки тавзеҳи бештар мехоҳад ва шояд оянда сари он баргардам. Ҳаво нисбатан гарм ва намнок буд, гирду атроф пур аз гулу дарахтону роҳравҳо тозаю озода.
Дар як роҳрав ҳам пиёдагардон ва ҳам дучархасаворон сайругашт мекунанд ва он ба ду қисм ҷудо ва аломатгузорӣ шудааст. Тӯли се сол боре надидам, ки садамае рух дода ва пиёдагарде зарар дида бошад, гарчанде суръати дучархаронон хело баланд аст ва дар баъзе мавридҳо роҳ танг шуда, ҳарду тоифа аз як роҳ убур мекунанд.
Агар шумо япониҳоро донистан хоҳед, ду мафҳум: тарбияи атфол ва ҳурмати якдигар, ба назар гирифтани кайфияти шахси дигар хислати хоси ин мардум аст. Ҳар қадаме (бо мафҳуми томаш), ки дилхоҳ японӣ гузоштан хоҳад, пеш аз ҳама ба он андеша аст, ки ин қадам, ин иқдом, ба ҳамсояи ӯ, яъне шахсияти дигар созгор аст ё боиси нороҳатии онҳо мегардад. Агар “ҳа”, ҳеҷ гоҳ ин корро нахоҳад кард. Ин муносибатро ман ҳамеша медидам, таҷриба кардам ва бо назардошти он ки дар тӯли ҳаёт зиёда аз нисфи дунёро дидааму бо зиндагии мардуми зиёд ошно ҳастам, мисли япониҳо мардуми бофарҳанг, хоксор, нексиришт, хушрафтору покизакорро надидаам.
Тарбияи фарзанд барои онҳо якуминдараҷа аст ва дар бисёр мавридҳо япониҳо агар барои тарбияи фарзанд бо ин ё он сабаб шароити муносиб надошта бошанд, аз тавлиди фарзанд дар оила худдорӣ мекунанд. Маҳз ба ҳамин хотир оилаҳое ҳастанд, ки орзуи фарзанд доранд, то насле пас аз худ боқӣ гузоранд, аммо масъулият дар назди ҷомеа ва пеш аз ҳама, дар назди фарзанд онҳоро аз он ки ақаллан як фарзанд дошта бошанд, бозмедорад. Тарбияи шахсияти солим аз хурдӣ сар мешавад ва он аз ҳама бештар ба модар рабт дорад. Яке аз асосгузорони корпоратсияи байналмилалии «Sony» Масару Ибука дар китоби машҳураш «Баъди се солагӣ дер мешавад» дар масъалаи тарбияи фарзанд маслиҳатҳои басо судманд додааст. Ин китоб бо забони русӣ аз сомонаҳои интернетӣ низ ёфт мешавад, ки мутолиаи ҳар падару модар аз манфиат холӣ нест. Чун пойдевори ҳар давлат аз тарбияи фарзанд сар мешавад. “Фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар аст” мегӯянд дар урфият. Ва ин ҳикоят тасдиқи ин воқеият аст.
Пешопеши мо ду писарбача, яке тахминан 10-13 сола ва дигаре 5-7 сола сайругашт мекарданд. Калонӣ гарданбанди сагчаеро эҳтиёткорона ба дасти рост гирифта, аз қафои он бодиққат назорат мекард ва дуввумӣ дар даст халтачаи начандон калони селофанӣ дошт. Баногоҳ сагча бесаранҷом шуд ва дар назди симчӯбе истода як почаи қафояшро боло бардошта эҳтиёҷи «хурдашро» ба он симчӯб пошид. Писарбачаҳо бозистода назорат мекарданд, то дучархаронон фавқулода кучуки онҳоро бесаранҷом накунанд. Чун «кор» анҷом ёфт, писарчаи калонӣ бандро ба дасти хурдӣ дод ва аз дасти ӯ халтачаи селофаниро гирифта, аз дохили он як зарфи пластикии нимлитраро берун овард. Дастпӯшакҳои яккаратаи резиниро ба даст кашид ва сарпӯши пластикро кушода ба ҷои он сарпӯши дигарро тоб дод, ки он сӯрохии хурде дошт ва мисли обшапак пластикро зер карда, тамоми он ҷои симчӯбро, ки саг аломатгузорӣ карда буд, шуст. Баъд аз халтача ду намуд сачоқҳои хушк ва тарро (салфеткаҳо) берӯн овард, бо сачоқи тар симчубро пок кард, баъдан ба сачоқи хушк онро хушк намуд. Ин манзараро дида, ман бо духтарчаам канортар рӯи сабза нишастем, то кору кирдори бачаҳоро то охир тамошо кунем. Бароям муҳим буд, ки Ганҷина онро бубинад.
Баъди анҷоми кор писабачаҳо аз чӣ сабабе бошад, роҳро давом намедоданд ва чизеро интизор буданд. Баъди чанд лаҳза кучук канортари роҳ рафт ва заминро бӯйкунон пасу пеш медавид, ҳар буттаеро бӯ мекард, аз пешина ҳам безобитатар буд. Оқибат ҷое нишаст ва «кори» калонтареро анҷом дод. Писарбачаи калонӣ аз халтача боз як халтачаи шаффофро берун оварда, ба дасташ пӯшид ва эҳтиёткорона он «коро» ба он ҷо карда, даҳонашро маҳкам баста, ба халтачаи калон андохт. Мисли пештара бо пластик роҳравро шуст ва пок намуд. Ҳамаи коғазҳои истифодашударо низ ба халтача андохт, ба гирду атрофро бодиққат назар андохт, то чизе боқӣ намонда бошад. Баъд аз он дастпӯшакҳоро низ кашида ба халта андохт ва аз писарчаи хурдӣ хост, ки аз он пластик ба дастонаш об резад. Саранҷом ҳамаи «таҷҳизот» дохили халтаи сарбаста шуд. Кучук ба ҷасту хез даромад, хело хушҳол менамуд. Бачаҳо ба роҳ даромаданд, боз гарданбанд дар дасти калонӣ ва халтача дар дасти хурдӣ. Тӯли понздаҳ-бист дақиқае, ки онҳо машғули кор буданд, роҳгузарони зиёд аз бари онҳо мегузаштанд ва ҳар маротиба писарбачаҳо аз онҳо бо ишораи нимхам кардани сар таъзим карда, узр мепурсиданд…
Хонандаи азиз! Шояд шумо фикр кунед, ки ин як ҳаводиси хурд метавонад мисоли ҷолиб дар тарбияи фарзанд бошад? Агар не, тасаввур кунед, ки то кадом андоза ҳисси масъулият, дарки риояи шаҳрвандӣ дар тамиз нигоҳ доштани муҳити зист, одоби ҷамъиятӣ дар мафкураи ин ду кӯдак ҷо шудааст, ки чунин рафтор мекунанд! Пеш аз оне, ки бо саг ба сайругашт бароянд, чӣ қадар омодагӣ мегиранд, то чӣ андоза дастури волидайнро дар мавриди тозагӣ, рафтор дар ҷойи ҷамъиятиро риоя мекунанд.
Дар Япония партовро дар ҳар ҷо партофтан мумкин нест. Қуттиҳои партовпартоӣ на дар ҳама ҷо вомехӯранд, мардум бошад одатан ҳар куҷое, ки сайругашт кунанд, партовҳои худро ба халтачаҳи селофанӣ андохта, бо худ ба хона мебаранд ва дар хона онҳоро ба намудҳо ҷудо намуда, пагоҳии барвақт дар рӯзҳои муаяйн дар ҷойҳои махсус мегузоранд ва мошинҳои боркаш онҳоро барои коркард, истифодаи такрорӣ ва истеҳсоли барқ ба фабрика мебаранд.
Ҳамрохон ЗАРИФӢ