Шоми 23 июн, баъд аз ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба калисо ва куништ дар Дарбанд ва ҳамчунин ба посгоҳи пулиси роҳ дар Махачқалъа, Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия парвандаҳои ҷиноӣ дар робита ба терроризм боз кард.

Дар Дарбанд афроди номаълум ба калисои православӣ ва куништ ҳамла карданд. Пас аз ҳамла дар куништ оташсӯзӣ сар зад.

Раиси Комиссияи назорати ҷамъиятии Доғистон Шомил Ҳадулоев гуфт, ки дар ҷараёни ҳамла ба калисои Дарбанд як рӯҳонӣ кушта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, гулӯи рӯҳониро буридаанд.

Бар асари ҳамла ба посгоҳи пулиси роҳ дар Махачқалъа ва мавзеъҳои мазҳабӣ дар Дарбанд 6 афсари мақомоти интизомӣ кушта ва 12 нафар маҷруҳ шуданд.

Дар ҳамла ба Махачқалъа ду писари раиси ноҳияи Сергокалински Доғистон Мауҳаммад Умаров – Усмон ва Одил – ширкат доштанд. Онҳо кушта шуданд, ки як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ инро тасдиқ кардааст.

Кумитаи миллии зиддитеррористӣ хабар додааст, ки дар Доғистон тадбирҳо барои ҷустуҷӯ ва безарар гардонидани тирандозон дар Маҳачқалъа ва Дарбанд идома доранд. Дар ин ҷумҳурӣ режими амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ шудааст.

Вазорати умури дохилии Доғистон хабар дод, ки ду ҳамлагар ба посгоҳи пулиси роҳ дар Махачқалъа кушта шудаанд. Дар ҳудуди соҳили Берёзка дастикам ду нафари дигар боздошт шуданд.

Роҳбарияти шуъбаи маҳаллии Кумитаи тафтишоти Русия ба Дарбанду Маҳачқалъа рафтанд. Дар робита ба ин ҳодисаҳо парвандаи терроризм боз шудааст.

Сергей Маликов, раҳбари Доғистон, ҳамлаҳо дар Дарбандт ва Махачқалъаро “кӯшиши ноором кардани вазъи иҷтимоӣ” номид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь