Имрӯз зеҳни сунъӣ аз ҳар ҷиҳат нишон медиҳад, ки ӯ аз инсон бартар мебошад, ҳарчанд худи ӯ маҳсули зеҳни инсон аст. Аммо ба фарқ аз инсон қобилиятҳои беназирро доро мебошад, ки инсон тавони анҷом додани онҳоро надорад. Зеҳни сунъӣ дар як вақт қобилияти таҳлил намудани трилионҳо иттилоотро доро буда, дар як сония метавонад баъд аз таҳлили ин миқдори иттилоот ба хулосаи ниҳоӣ омада, қарор қабул намояд ва ҳадафмандона амал намояд. Агар қобилияти ӯро бо инсон муқоиса намоем, мебинем, ки зеҳни сунъӣ метавонад шароит фароҳам биоварад, то дар оянда техналогия бар инсонҳо мусаллат бигарданд ва ба ҷойи инсонҳо қарор қабул намоянд. Шояд дар ояндаи наздик зеҳни сунъӣ нисбат ба ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон тасмим бигирад. Алббата, бо натиҷагирии раванди рушди технология рӯзе ин фарзия ба ҳиқиқат табдил хоҳад ёфт. Зеро чанд даҳсолаи ахир аст, ки дар бозори меҳнат  инсон ва технология дар рақобат бо ҳам қарор доранд. Технологияҳои муосир метавонанд бо истифода аз зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун инсонро иваз намоянд. Раванди худкоргардонии техналогия, мавқеи инсонро дар бозори меҳнат танг менамояд, вале дар баробари ин боиси пайдоиши касбҳои нав мегардад. Аммо дар ин ҷараён зеҳни сунъӣ метавонад дар ҳаёти инсонӣ тағйироти амиқеро ба вуҷуд биоварад. Ин ки дар оянда ҳаёти инсон пурра зери таъсири техналогия қарор мегирад, ва ё не, инро раванди ташаккули технология ба мо нишон медиҳад. Рушди босуръати илм ва технология инсонро бо зеҳни сунъӣ боз ҳам наздиктар месозад. Имрӯз инсон метавонад таввасути барномаҳои махсус бо зеҳни сунъӣ дар рақобат қарор бигирад. Он бозии шоҳмот, ки дар телефон ва компиютерҳо истифода мешаванд, шумо метавонед, бидуни ҳузур доштани рақиби инсонӣ шоҳмот бибозед. Яъне дар ин бози рақиби шумо зеҳни сунъӣ хоҳад буд. Бозии шоҳмот, ки дар ин авохир таввасути зеҳни сунъӣ барномарези шудааст, имкони таҳлили 70 милион иттилоотӣ вобаста ба бозии шоҳмотро доро мебошад. Инчунин метавонад дар як соня 70 ҳазор амалёти вобаста ба бозии шоҳмотро таҳлил намуда, амал намояд. Барои як инсон таҳлили чунин миқдори иттилоот номумкин аст ва аз ин ҷо бармеояд, ки дар муқобили инсон рақиби шикастнопазир қарор дорад. Пас дар оянда чиро метавон аз ин рақиб интизор гашт? Оё инсон тобеи ин рақиб мегардад ва ё натиҷаи ин рақобатҳо дар оянда чӣ хоҳад буд? Ба ин суол ва дигар масъалаҳои норушан метавон дар натиҷаи таҳлили раванди рушди илм ва  техналогия дар таърихи начандон дур ва имрӯзу ояндаи наздик ҷавоб пайдо намуд.

Бо ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа тавсея ёфт ва дастрасӣ ба махзанҳои илмӣ осон гашта, имкониятҳои фаровоне ҷиҳати донишомӯзӣ фароҳам сохта шуд. Дар ин замина бо истифода аз технология коркарди иттилооот, тавлидоти он ва паҳн намудани он дар ҷомеа ба роҳ монда шуда, андеша ва назаряҳои илмӣ сол то сол такмил ёфтанд. Ин аст, ки дар чанд садсолаи ахир рушди илм ба ташаккулии техналогия замина фароҳам овардааст. Ҳамзамон техналогия барои суръат бахшидан ба рушди илм  ва паҳн намудани он мусоидат менамояд. Маҳз чунин раванд шароит фароҳам овард, то инсонҳо таввасути технология ба илму афкори донишмандони асрҳои пеш дастрасӣ пайдо намуда, ҳамзамон дар заминаи таҳлилу баррасӣ онҳоро такмил ва коркард намоянд. Масалан, аввалин бор дар бораи лифт муҳандиси Римӣ – Витрувӣ дар соли 236 қабл аз мелод навишта буд. Танҳо дар соли 1787 аввалин лифт дар заминаи дастовардҳои технологӣ ихтироъ шуд, ки он бо ёрии инсон идора карда мешуд. Яъне дар марҳилаи аввали пайдоиш ва ташаккули технология он таввасути инсон идора мешуд. Аммо баъд аз гузашти чанд муддат дар шаҳри Нью-Йорк соли 1872 аввалин лифти электронӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт, ки бидуни мудохила ва ё назорати махсус аз суйи инсон ҳаракат менамуд ва ҳамзамон суръати баландро доро буд. Аз ин бар меояд, ки инсоният бо кашфу ихтироъ дар самти технология, барои ба вуҷуд омадани тамаддуни нисбатан нав шароит фароҳам овардааст. Махсусиятҳои ин марҳилаи минбаъдаро мо дар раванди ташаккули технология натиҷагирӣ намуда, муайян намудан мумкин аст, ки дар ин марҳила на фақат арзиши меҳнати ҷисмонӣ коҳиш меёбад, балки дар заминаи барномарезии зеҳни сунъӣ ва истифодаи он дар раванди истеҳсолот ба қувваи кории инсонӣ дигар эҳтиёҷ намемонад. Инчунин дар бозори меҳнат ба зарфияти зеҳнии инсонҳо, ки бо илмҳои муосир шакл гирифтааст, эҳтиёҷ бештар мегардад.  Аз ин рӯ дар раванди ташаккули технология ба инсонҳои донишманд бештар такя карда мешавад, аммо дар ҳама давлатҳо дар самти омода намудани мутахасисони сатҳи баланд мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд дорад. Ба ҳамин хотир мумкин аст дар чанд даҳсолаи оянда дар бисёр соҳаҳо технология ҷойи инсонро иваз намояд. Зеро технологияи имрӯза бидуни масрафи қувваи инсонӣ метавонад он кореро, ки даҳҳо инсон анҷом бидиҳанд, дар як муддати кӯтоҳ иҷро намояд. Ва чунин ҳолатҳо на фақат дар соҳаи истеҳсолот, балки дар самти хизматрасонӣ низ дида мешаванд. Имрӯз шумо ба лифт медароед ва зарурат нест, ки бо мудохилаи касе он ба ҳаракат дарояд ва ё таввасути қувваи ҷисмонии инсон он ҳаракат намояд.  Ҳамчунин шуморо зарурат пеш намеояд, то  тугмачаро пахш намоед, то лифт шуморо ба ҷойи лозими барад, балки лифт бо истифода аз зеҳни сунъӣ қобилияти шинохт ва дар хотир нигоҳ доштани симои шуморо дорад ва беихтиёр шуморо ба ошёнаи зарурӣ, ки он ҷо зиндагӣ мекунед, бурда мерасонад. Ва ё аз шумо ба кадом ошёна ҳаракат карданро мепурсад, зеро зеҳни сунъӣ қобилияти шунидани овоз, дарки сӯханро доро буда дар заминаи таҳлил,  қобилияти тасмим гирифтану мутобици амри шумо амал карданро доро мебошад.  Яъне зеҳни сунъӣ тибқи дастуре, ки шумо ба ӯ медиҳед, амал хоҳад кард. Ҳамин тариқ техналогия марҳила ба марҳила қоидаҳои зисту зиндагӣ ва кору фаъолияти инсонҳоро иваз менамояд. Бо рақамикунонӣ, инсонҳо дар аксари соҳаҳо кори худро аз даст медиҳанд, зеро имрӯз роботҳо ба фарқ аз инсон дар як муддати кӯтоҳ ва бо арзиши ниҳоят кам корҳои гуногунро анҷом медиҳанд.

Дар гузашта техналогия бо қувваи ҷисмонии инсонҳо дар рақобат буд, аммо имрӯз бошад бо зарффияти зеҳнии инсон. Имрӯз техналогияи худкор на фақат дар соҳаи истеҳсолот истифода мешаванд, балки дар оянда дар соҳаҳои хизматрасони, ки зарфияти зеҳниро талаб менамояд истифода хоҳанд гашт. Зеро компиютер ва ё зеҳни сунъӣ беҳтар аз инсон қобилияти коркард, ҳифзу нигоҳдорӣ ва таҳлили иттилоотро доро мебошад. Ва ин имкон медиҳад, ки дар бисёр соҳаҳо робот ва ё зеҳни сунъӣ инсонро иваз намояд. Дар ин сурат дар ояндаи наздик шумораи зиёди кормандони фабрикаю корхонаҳо, ронандагон, табибон, ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон, муҳандисону дизайнерон ва ҳатто омӯзгорон аз кор маҳрум мегарданд.  Дар оянда роботҳо қобилияти анҷом додани ин қабил фаъолиятҳоро бо истифода аз зеҳни сунъӣ пайдо хоҳанд кард, ки ба ин васила метавонанд дар бисёр соҳаҳо инсонро иваз намоуда, вазифаи муқарар шударо сари вақт, дурусту самаранок ва бидуни танафус иҷро намоянд.

Ба таври мисол дар Чин мутахасисон робот прокурорро ихтироъ карданд, ки он қобилияти пешбурди тафтиши парвандаи ҷиноятиро дорад. Ба гуфтаи коршиносон ин робот бо ёрии зеҳни сунъӣ қобилияти муайян намудани ҷинояткорро бо дурустии 97% доро мебошад. Нуктаи муҳим ин аст, ки имрӯз робот метавонад дараҷаи хавфнокии амали инсон нисбат ба ҷомеаро муайян намуда, нисбати ӯ ва ҳуқуқу озодиҳояш хулоса барорад. Шояд дар оянда ин қабил роботҳо барои танзим ва назорати рафтору амали инсонҳо истифода шаванд. Аммо ин аввалин роботест, ки дар як соҳаи калидии ҷомеа, ки функсияи назоратиро аз болои тамомои сохторҳои иҷтимои дорад, метавонад фаъолият намояд. Ин робот дар рафти пешбурди тафтиши парвандаи ҷиноятӣ коркарди иттилоот оид ба 17 000 парвандаи ҷиноятӣ ва истифода аз онҳоро дорад. Қабл аз ин дар Чин дар телевизион робот барои анҷоми вазифаи хабарнигор истифода бурда шуд. Бартарияти истифодаи роботҳо дар ин соҳаҳо дар он аст, ки робот ҳангоми тафтиши парванда пора намегирад, инчунин аз ниёзҳои модди мисли хӯрок хӯрдан муназзаҳ аст. Ҳамчунин маош талаб наменамояд, ба тамаъҷӯйи роҳ намедиҳад, аз мансаби давлатӣ сӯистифода намекунад, дар раванди кор ба танафус эҳтиёҷ надорад, хаста намешавад ва дигар махсусиятҳоеро, ки роботро дар фаъолияти корӣ нисбат ба инсон бартар нишон медиҳад, доро мебошад. Аммо дар навбати дигар як қатор мушкилоти ҳалталаб дар ин самт боқӣ мемонад. Ҳамчунин лозим аст, то ба якчанд саволе, ки дар ҷараёни таҳлили раванди ташаккули технология ба миён меоянд, ҷавоб пайдо намуд. Оё роботҳое, ки фаъолияти онҳо бевосита ба ҳаёт ва озодии инсонҳо равона шудааст ва дар ин самт онҳо дар ростои ҳаёт, озодӣ ва саломатии инсонҳо тасмим мегиран, оё имкони хато кардан доранд? Ва агар ба иштибоҳ роҳ диҳанд кӣ ин иштибоҳи онҳоро ба ӯҳда хоҳад гирифт? Ва ё кӣ зарари расонидаи онҳоро ҷуброн хоҳад кард? Масалан, агар муфаттиш дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз рӯйи бесалоҳиятӣ ва ё бепарвоӣ бидуни ҷой доштани асос ва далелҳои қонеъкунанда шахсро бегуноҳ маҳкум намояд, дар сурати ошкор гардидан нисбати ӯ чораҳои қонунӣ андешида мешавад. Вале агар чунин як иштибоҳро робот прокурор анҷом диҳад, нисбати ӯ чӣ чора дида мешавад? Аммо масъалаи аз ин ҳам ҷиддӣ дар соҳаи тандурустӣ метавонад ба миён биёяд. Дар ин самт зеҳни сунъӣ на фақат зарфияти анҷом додани якчанд намуди ҷароҳиро пайдо месозад, балки дар як вақт метавонад инсонро ташхис намуда, бемории ӯро муайян созад. Ва  дар асоси навъи беморӣ рӯйхати доруҳоро тартиб дода, барои бемор табобат муқарар намояд. Дар ин самт мавзӯъ каме мураккаб аст, зеро дар соҳаи тандурустӣ фаъолияти ин қабил роботҳо ва ё зеҳни сунъӣ мумкин аст ба таври сестематикӣ ва ё фаъолияти умумӣ ба роҳ монда шавад. Агар табиби инсон дар рафти ташхису табобат ба иштибоҳ роҳ диҳад, пас дар натиҷаи он танҳо як бемор зарар мебинад. Аммо ба иштибоҳ роҳ додани зеҳни сунъӣ, ки чунин функсияро иҷро менамоянд, метавонад дар як вақт зарараи он ба якчанд бемор таъсиргузор бошад, зеро фаъолияти он ба таври системавӣ ба роҳ монда мешавад.  Вале  дар раванди ба роҳ мондани фаъолияти нақлиёти бесарнишин, шояд дар роҳҳои автамабилгард, хатар нисбат ба ҳаёту саломатии инсонҳо коҳиш биёбад. Зеро шумораи истифодабарандагони нақлиёт дар ҷаҳон миллионҳо нафарро ташкил медиҳад ва ҳамасола дар садамаҳои нақлиётӣ наздик ба  1,2 милион нафар ба ҳалокат мерасанд. Қариб тамоми  ин садамаҳо бо гуноҳи худи инсонҳо рух медиҳад. Тибқи як назарсанҷӣ аксари садамаҳои нақлиётӣ бо сабаби сархушии ронанда, дар сари чанбарак хоб бурдани ронанда, дар натиҷаи асабоният аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадан, надонистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар омилҳое, ки бевосита аз худи ронанда вобата мебошанд. Танҳо шумораи хеле ками садамаҳои нақлиётӣ бо сабаби техникӣ рух медиҳанд. Ба ҳамин хотир имкони дучор гаштан ба садама дар  нақлиётҳои худҳаракат ва ё бесарнишин нисбат ба инсон ниҳоят кам аст. Агарчанде якчанд мушкилии хурд дар ин самт ҷой доранд, вале имкон аст, ки дар оянда бартараф гарданд. Вале муҳим ин аст, ки фаъолияти нақлиётҳои бесарнишин нисбатан бехатар буда, имкони рух додани садамаҳои нақлиётӣ қариб, ки вуҷуд надорад. Дар ин сурат бо роҳандозии фаъолияти нақлиётҳои бесарнишин метавонем ҷони миллионҳо нафарро, ки ҳамасола дар садама ҳалок мегарданд, ҳифз намоем. Зеро дар ин самт зеҳни сунъӣ нисбат ба ронандаи инсон вазифаи дар назди ӯ гузоштаро дурусту беҳтар ва бехатар анҷом медиҳад ва ба ҳеҷ ваҷҳ қодир ба онҷом додани амалҳое, ки боиси сар задани садама мегарданд, намебошад. Чунки зеҳни сунъӣ хоб намекунад, асабӣ намешавад ва мисли инсон дар сари чамбараки мошин бо телефон сӯҳбат намекунад, балки он вазифаи муқураршударо бевосита таҳлил ва татбиқ менамояд.

Бо назардошти ин ҳама, тамоми тадқиқот ва омӯзишу пажӯҳишҳое, ки олимону муҳақиқон онро анҷом медиҳанд, дар оянда имкон медиҳад, то зеҳни сунъӣ бо истифода аз онҳо аз ҳар ҷиҳате аз инсон бартар бошад. Зеро зеҳни сунъӣ бо истифода аз ин дастовардҳои илмӣ ва қобилияти ҳифзу таҳлили миқдори зиёди иттилооту маълумот зарфияти анҷом додани амалҳое, ки инсон дар анҷом додани он оҷиз аст, соҳиб мегардад. Чунин як зарфият имкон медиҳад, то дар бисёр соҳаҳо зеҳни сунъӣ инсонро иваз намояд.

Андешаҳое, мисли он ки рӯзе роботҳо ба инсоният меҷанганд ва ё онҳо ҷаҳонро идора мекунанд, то ояндаи дур ҳамчун тахайюл ва афсона боқӣ хоҳад монд.  Аммо аз он лиҳоз, ки зеҳни сунъӣ дорои як қатор қобилиятҳои беназир ва аз инсон беҳтарро доро мебошад, шояд аз сӯйи як гӯруҳ аз одамон ба хотири таҳти таъсир идора ва ба танзим даровардани рафтори одамони дигар истифода шаванд. Зеро имрӯз роботҳо ба ҷойи инсонҳо қарор қабул менамоянд, дар майдони ҷанг ба ҷойи инсонҳо меҷанганд. Шояд дар оянда дигар усули ҷангҳои инсон бо инсон ба тариқи рӯёруи ва ё дар майдони ҷанг истифода нахоҳанд шуд ва ба ҷойи онҳо робот ва ё технология хоҳад ҷангид. Яъне инсонҳо бо ёрии техналогияи ҷангӣ барои нобуд кардани якдигар хоҳанд ҷангид. Имрӯз инсонҳо технаогияи ҳарбии бесарнишинро ихтироъ кардаанд ва бидуни ҳузури худ дар майдони ҷанг аз он истифода менамоянд.

Нусратуллои НАЗАРИЁН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here